Главная / Гуногун / Хисоботи молияви

Хисоботи молияви

Хисоботи молияви ба Вазорати молия

 ЧСП «Ало» вобаста ба мактуби  Вазорати Чумхурии Точикистон тахти раками 887892 аз 20-уми июли соли 2018 оид ба хисоботи молияви сатхи ичроиши карори дар Пайнавишти №12-и чаласаи васеи рохбарияти ЧСП, ки санаи 10-уми марти соли 2019 бо иштироки рохбарони ташкилотхои карзи оид ба вазъи низоми молияви Чумхурии Точикистон дар нимсолаи аввали соли 2018 ва вазифахо барои нимсолаи дуюми соли чориро мавриди барраси карор дода, аз натичааш чунин маълумот медихад.

Close up view of bookkeeper or financial inspector hands making report, calculating or checking balance. Marketing strategy brainstorming. Paperwork and digital in office.

Пеш аз хама бояд кайд намуд, ки рохбарияти ташкилот барои дар сатхи  зарури ичро кардани супоришхои аз пайнавишти дар боло зикргардида хамаи сардорони вохидхои сохтори шиносои карда шуданд ва аз онхо талаб карда мешавад, ки чихати ичроиши он пурмасъул бошанд.

Ба ин васила ташкилот аз аввали соли молияви то санаи 1-уми октябри соли чори ба як катор нишондихандахои назаррас ноил гардид, ки чумлаи онхо далелхои дар поён овардашуда мебошанд.

 Робита ба чалби бештари сармояи арзон ва дарозмухлат, бо ташкилотхои дохиливу хоричи пайваста гуфтушунид бурда истодааем ва холо тибки талаботхои сармоягузорони хоричи диккати махсус ба баланд кардани сифат ва хачми кор равона шуда истоддаст, ки хамчун унсурхои асосии чалбкунанда барои срмоягузори, махсуб меёбад.

Кобили кайд аст, ки дар натичаи гуфтушунид бо муассисон масъалаи равона намудани фоидаи соф ба сармояи ташкилот аз натичаи фаъолият дар соли 2017 карор кабул карда шуд ва ба ин васила сармояи ташкилотба маблаги 55 млн. сомони афзоиш дода шуд, ки аз он  50 млн. сомони ба худи ташкилотва 5 млн.  сомони ба ширкатхои фаръияш мутаалик аст.

Барои таъмини фаъолияти муътадили бозори дохилии асъор ва устувории курби пули милли ва беасос баланд кардани курби фуруши доллари ИМА дар бозори дохилии асъор, кайд менамоем, ки Ташкилот аз имкониятхои мавчуда истифода намуда, хар як хазинаи амалиётии худро, ки ба анчом додани амалиёти мубодилаи асъори машгул мебошанд, бо тачхизотхои видеои мучахаз гардонидааст. Хар як амалиёти ичрошуда саривакт, баъд аз талаб намудани хуччати шахсияти мизоч, ба барномаи кори ворид карда шуда, ба онхо хуччати тасдиккунандаи анчомдихии амалиёти мубодилави дода мешавад.

Хамаи амалиётхои мубодилави дар рузи хисоботи, дар асоси курбнома, ки хамаруза аз тарафи рохбарияти Ташкилот тасдик карда мешавад, ба рох монда шуда истодааст.

Бо максади баланд бардоштани фарханг ва савияи дониши кормандони ташкилот алалхусус, кормандони сохторхои хизматрасон пайваста семинар ва дарсхои омузиши бо чалби мутахассисони дохили ва беруна гузаронида мешаванд, инчунин санчиши тахассуси тибки талабот ва барномахои методии дохили гузаронида мешаванд. Дар 5-мохи соли чори 893 корманди ташкилот дар 116 семинархо иштирок карда ба ин васила донишхои касбии худро сайкал намуданд.

Масъалаи такмили низоми идоракунии хавфхо ва назорати дохили инчунин яке аз хадафхои стратеги ба хисоб рафта, дар ташкилот якчанд хуччатхои дохили ва накшахои кори тахия шуда, тасдик шудааст, ки фаъолияти ташкилотаз руи хуччатхои мазкур ба рох монда шудааст.   Дар мавриди такмили санадхои меъёрии дохили ва риояи онхо хадафхои стратеги ба хисоб рафта, дар ташкилот якчанд хуччатхои дохили ва накшахои кори тахия шудааст, ки фаъолияти  аз руи хуччатхои мазкур ба рох монда шудааст, ки чумлаи онхо Сиёсати карзи бо низомномааш, Сиёсати гарав, Сиёсати фоизи, Сиёсати идоркунии хавфхо ва дигарон.

Дар ташкилот бахри дуруст ба рох мондани масъалаи чобачогузории кормандон ва чалби кормандони баландихтисос тарики озмун, Комиссияи доимамалкунанда фаъолият менамояд ва кормандон танхо тарики озмун ба кор кабул карда шуда барои такмили ихтисоси онхо то се мох дарсхои махсус дар мавзуъхои сохаи молияви гузаронида мешавад.

         Тавре маълум аст, низоми ташкилот кишвар дар солхои охир ба як катор душворихо ру ба ру гардидааст, ки ба фаъолияти ташкилотхои карзии кишвар таъсири манфии худро мегузорад, аз чумла, бекурбшавии пули милли, кам шудани интиколи маблагхо, дар сатхи баланд карор доштани карзхои гайрифаъол ва гайра. Новобаста аз ин, ЧСП “Ало” дар нухмохаи соли 2018 ба натичахои  назаррас ноил гардида истодааст.

         Соли 2018 “Соли рушди сайёхи ва хунархои мардуми” аз тарафи Пешвои миллат мухтарам Эмомали Рахмон эълон гардид. Бо максади азнавсозии инфрасохтори сохаи сайёхи, муаррифии шоистаи имкониятхои сайёхии мамлакат, эхёи хунархои мардуми, дастгирии хунармандони кишвар ва вусъат бахшидан ба корхои созандагиву бунёдкори бо Карори Раёсати ЧСП “Ало” тахти №206 аз 10-уми феврали соли 2018 махсулоти карзии “Рушди махал” бо меъёри фоизии – 5% (бо асъори милли) рохандози гардид. Бояд кайд кард, ки максад аз махсулоти карзии мазкур гирифтани фоида набуда, танхо дастгири ва сахм гузоштан дар рушду нумуи хунархои мардуми мебошад. Карори дахлдор аз тарафи Раёсати ЧСП “Ало” чихати ба ширкатхои сайёхии мамлакат пешниходи як катор имтиёзхоро кабул кард, ки дар назар аст дар ин самт хамкорхои судманд бо ширкатхои мазкур ба рох монда шавад.

        Ба санаи 1-уми октябри соли чори аз тарафи сохторхои дахлдори ташкилот дар доираи махсулоти карзии “Рушди махал” 356 карз ба маблаги 24 млн сомони пешниход карда шудааст ва раванди карздихи идома дошта аз тарафи шахсони масъул маркетинги густурда рохандози мегардад.

        Барои баланд бардоштани боварии ахоли ба низоми молияви, принсипи шафофияти кори пеша гирифта дар васоити ахбор нишондихандахои молиявии даври нашр карда мешаванд ва яке аз бартариятхои нишондихандахо дар афзош ёфтани хачм, сифат ва бахусус фоидаи софи ташкилот мебошад. Холо шумораи мизочони ташкилот нисбати авваи соли чори 3 маротиба зиёд шудааст, ки ин хам бошад бе назардошти мизочоне, ки дар бахши интиколи маблагхо ва мубодилаи асъор хизматрасони карда мешаванд дар назар дошта мешавад ва ин ракамхо исботи афзоиши боварии ахоли ба фаъолияти ЧСП “Ало” мебошад.

Бо эхтиром,

    Раис                                                                Шамсиева Р.Д.

 

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …