Главная / Гуногун / Хиркапуше дар корвони Хичоз

Хиркапуше дар корвони Хичоз

Хиркапуше дар корвони Хичоз хамрохи мо буд. Яке аз умарои араб мар уро сад динор бахшид, то курбон кунад. Дуздони хафочах ногох бар корвон заданд ва пок бибурданд. Бозаргонон гиряву зори кардан гирифтанд ва фарёди бефоида хондан.

Гар тазарруъ кунию гар фарёд,
Дузд зар бозпас нахохад дод.

Магар он дарвеши солех, ки бар карори хеш монда буд ва тагьир дар у наёмада. Гуфтам:
– Магар маълуми туро дузд набурд?
Гуфт:
– Бале, бурд, валекин маро бо он улфате чунон набуд, ки ба вакти муфорикат хастадили бошад.

Набояд бастан андар чизу кас дил,
Ки дил бардоштаи корест мушкил.

Гуфтам:
– Муносиби холи ман аст он чи гуфти, ки маро дар ахди чавони бо чавоне иттифоки мухолитат буд ва сидки маваддат то ба чое, ки киблаи чашмам чамоли у буди ва суду самояи умрам висоли у.

Магар малоика дар осмон вагарна башар
Ба хусни сурати у дар зами нахохад буд.
Ба дусти, ки харом аст баъд аз у сухбат,
Ки хеч нутфа чун у одами нахохад буд.

То гахе пои вучудаш ба гили ачал фуру рафт ва дуди фирок аз дудмонаш баромад, рузхо дар хокаш мучовират кардам ва аз чумла бар фироки у гуфтам:

«Кош, к-он руз, ки дар пои ту шуд хори ачал,
Дасти гети бизади теги халокам бар сар.
То дар ин руз чахон бе ту надиди чашмам,
Ин манам бар сари хоки ту, ки хокам бар сар.

***
Он ки карораш нагирифтию хоб,
То гулу насрии нафишонди нахуст.
Гардиши гети гули руяш нахуст,
Хорбунон бар сари хокаш бируст.

Баъд аз муфорикати у азм кардаму ният чазм, ки бакияти зиндагони фарши хавас дарнавардам ва гирди мучолисат нагардам».

Суди дарё нек буди, гар набуди бими мавч,
Сухбати гул хуш буди, гар нести ташвиши хог
Душ чун товус менозидам андар боги васл,
Дигар имруз аз фироки ёр мепечам чу мор.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …