Главная / Чамъият / Химоятгар ва намоянда

Химоятгар ва намоянда

Моддаи  29-и Кодекси хукуквайронкунии маъмури. Химоятгар ва намоянда 

  1. Дар пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури барои расонидани ёрии хукуки ба шахсе, ки нисбати у парвандаи хукуквайронкунии маъмури пеш бурда мешавад, мумкин аст, химоятгар ва барои расонидани ёрии хукуки ба чабрдида намоянда иштирок намояд.
  2. Ба сифати химоятгар ё намоянда барои иштирок дар пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури химоятгар ё шахси дигар рухсат дода мешавад.
  3. Ваколати химоятгар ё  шахси дигар, ки ёрии хукуки мерасонад, мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон тасдик карда мешавад.
  4. Ба химоятгар ва намоянда барои иштирок дар пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури аз лахзаи тартиб додани протоколи хукуквайронкунии маъмури ичозат дода мешавад. Хангоми дастгиркунии маъмурии шахси вокеи бинобар содир гардидани хукуквайронкунии маъмури ба химоятгар барои иштирок дар пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури аз лахзаи дастгиркунии маъмури ичозат дода мешавад.
  5. Химоятгар ва намоянда, ки барои иштирок дар пешбурди парвандаи хукуквайронкунии маъмури ичозат дода шудааст, хукук доранд бо хамаи маводи парванда шинос шаванд, далелхо пешниход кунанд, дархост ва раддия изхор намоянд, дар баррасии парванда иштирок намоянд, нисбат ба татбики чорахои таъминкунии пешбурди парванда шикоят намоянд ва мутобики Кодекси мазкур аз дигар хукукхои мурофиави истифода баранд.
  6. Иштироки химоятгар дар пешбурди парвандахои хукуквайронкунии маъмури хатмист,  агар:

– дар ин бора шахсе, ки нисбати у  парвандаи хукуквайронкунии маъмури пеш бурда мешавад, дархост пешниход кунад;

– шахсе, ки нисбати у парвандаи хукуквайронкунии маъмури пеш бурда мешавад, ноболиг бошад;

– шахсе, ки нисбати у парвандаи хукуквайронкунии маъмури пеш бурда мешавад,  бинобар  камбудихои чисмонию  рухи  хукуки  худро оид ба химоя мустакилона амали карда натавонад;

– шахсе, ки нисбати у парвандаи хукуквайронкунии маъмури пеш бурда мешавад, забони  пешбурди мурофиаро надонад.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …