Главная / Чамъият / Химояи хукуки истеъмолкунандагон

Химояи хукуки истеъмолкунандагон

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН

 Дар бораи имояи хукуки истеъмолкунандагон  

(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон  с. 2004, №12, к.1, мод. 699;

с. 2008, №10, мод. 805; мод. 817; с. 2013, №12, мод. 896;

Конуни ЧТ аз 18.03.2015 с., №1193)

 Конуни мазкур муносибатхои байни истеъмолкунандагон ва истехсолкунандагон, ичрокунандагон, фурушандагонро хангоми фуруши мол (ичрои кор, хизматрасони) ба танзим дароварда, хукуки истеъмолкунандагонро барои харидани моли (кори, хизматрасонии) дорои сифати муносиб ва барои хаёту саломатии истеъмолкунандагон бехатар, гирифтани маълумот оид ба мол (кор, хизматрасони) ва истехсолкунандагони (ичрокунандагони, фурушандагони) он, химояи давлати ва чамъиятии манфиати онхоро мукаррар ва тарзи татбики ин хукукхоро муайян мекунад.

БОБИ 1.

МУКАРРАРОТИ УМУМИ

Моддаи 1. Мафхумхои асоси

Мафхумхои асосие, ки дар Конуни мазкур истифода мешаванд:

– истеъмолкунанда – шахси вокеи ё хукукие, ки ният дорад мол (ичрои кор, хизматрасони) – ро фармоиш дихад ё харидори намояд, ё худ онхоро танхо барои эхтиёчоти шахси, оилави, рузгор ва гайра, ки бо анчом додани фаъолияти сохибкори алокаманд намебошанд, истифода намояд;

– истехсолкунанда – ташкилоте, ки новобаста аз шакли ташкилию хукукии он, инчунин сохибкори инфиродие, ки молро чихати фуруш барои истеъмолкунандагон истехсол мекунанд;

– ичрокунанда – ташкилоте, ки новобаста аз шакли моликият, инчунин сохибкори инфиродие, ки корро барои истеъмолкунандагон тибки шартномаи бемузд ё музднок ичро мекунанд ё хизмати онхоро ба чо меоваранд;

– фурушанда – ташкилоте, ки новобаста аз шакли ташкилию хукукии он, инчунин сохибкори инфиродие, ки молро тибки шартномаи хариду фуруш ба истеъмолкунанда мефурушанд;

– чеки молталони хазинадори бо сурогаи фурушанда ва сабти маблаг, ки ба мол, истехсол, нигохдори ва хариду фуруши он мансуб мебошад;

– чеки хазинадори – талони дар мошини назоратии хазина чопшуда бо зикри маблаги гирифташуда, санаи фуруш, номи ташкилоте (сохибкори инфиродие), ки молро барои фуруш истехсол мекунад;

– стандарт – стандарти давлати, меъёру коидахои санитари, бинокори ва дигар хуччатхои меъёрие, ки тибки конун талаботи хатмиро ба сифати мол (кор, хизматрасони) мукаррар менамояд;

– сифати мол (кор, хизматрасони) -мачмуи хусусиятхои моле (коре, хизматрасоние), ки ба талаботи мукарраргардида ва ё эхтимолии истеъмолкунанда (бехатари, коршоями, хусусиятхои истифода, боэътимоди, камхарчи, талаботи иттилоотии завки ва гайра) – ро конеъ гардонидани он нисбат дорад;

– мухлати кафолат– мухлати таквими (ба хисоби мох) ё кор (ба хисоби соат, давраи хизмат, километри гашт ва хоказо), ки дар ин муддат мол (натичаи кор, хизматрасони) бояд ба тамоми талаботи сифате чавобгу бошад, ки бо тартиби мукарраргардидаи конунгузори муайян карда шудааст;

– мухлати коршоями – даврае, ки баъди гузаштани он мол (натичаи кор) барои истифода кардан аз руи таъиноташ корношоям дониста мешавад;

– мухлати хизмат – даврае, ки дар чараёни он истехсолкунанда ухдадор мешавад ба истеъмолкунанда имконияти аз руи таъинот истифода бурдани мол (натичаи кор)-ро мухаё намояд ва бехатарии мол (ичрои кор)-ро барои хаёт ва саломатии истеъмолкунанда ва хамчунин барои мухити зист кафолат медихад;

– мухлати нигохдори – даврае, ки дар рафти он мол (натичаи кор, ё хизматрасони), дар сурати риоя шудани шартхои мукарраргардидаи нигохдори, хусусиятхои дар хуччати меъёри ва ё дар шартнома зикршуда, ки талаботро нисбати мол (кор, хизматрасони) мукаррар кардааст, нигох медорад;

– нуксони мол (кор, хизматрасони) ё худ моли дорои сифати номатлуб номувофикатии мол (кор, хизматрасони) ба стандарт, ба шартхои шартнома ё худ ба талаботи оддии сифати мол (кор, хизматрасони);

– нуксони чиддии мол (кор, хизматрасони) – нуксоне, ки истифодаи мол (кор, хизматрасони) – ро мутобики таъиноташ номумкин ё нораво мегардонад ё онро бартараф кардан мумкин нест ва ё баъди рафъаш боз зохир мешавад, ки барои бартараф кардани он маблаги калон лозим аст ё худ бар асари он истеъмолкунанда ба андозаи зиёдтар аз бахрае махруммешавад, ки хангоми имзои шартнома ба он умед баста буд;

– бехатарии мол (кор, хизматрасони) – бехатарии мол (кор, хизматрасони) барои хаёт, саломати, амволи истеъмолкунанда ва мухити зист хангоми истифода, нигахдори, интикол ва нобудкунии он, инчунин бехатарии чараёни ичрои кор (хизматрасони) вобастаги дорад.

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар сохаи химояи хукуки истеъмолкунандагон

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар сохаи химояи хукуки истеъмолкунандагон ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ва аз санадхои хукукии байналмилалие, ки Чумхурии Точикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Хукуки истеъмолкунанда

Истеъмолкунанда хукук дорад:

– ба маърифатноки дар сохаи химояи хукукхои истеъмолкунандагон;

– ба маълумот доир ба мол (кор, хизматрасони) ва хамчунин доир ба истехсолкунандагони (ичрокунандагони, фурушандагони) он;

– ба бехатарии мол (кор, хизматрасони);

– ба интихоби озоди мол (кор, хизматрасони);

– ба сифати муносиби мол (кор, хизматрасони);

– ба чуброни пурраи зараре (зиёне), ки бинобар нуксони мол (кор, хизматрасони) расидааст;

– ба суд ва дигар макомоти ваколатдори давлати барои химояи хукук ва манфиатхои худ мурочиат намояд; (КЧТ аз 18.03.15с., №1193)

– ба таъсис додани иттиходияхои чамъиятии истеъмолкунандагон;

– ба пешниход кардани таклифу дархостхо оид ба бехтар кардани сифати мол (кор, хизматрасони) ба истехсолкунанда (фурушанда).

 

Моддаи 4. Таъмини хукуки истеъмолкунанда ба маърифатноки дар сохаи химояи хукуки

                    истеъмолкунанда

 

Хукук доштани истеъмолкунанда ба маърифатноки дар сохаи химояи хукуки истеъмолкунандагон бо рохи ба барномаи муассисахои тахсилоти умумии асоси, миёнаи умуми, ибтидоии касби, миёнаи касби ва олии касби дохил намудани масъалахо оид ба асосхои дониши истеъмоли (матлуботи) ва хамчунин бо рохи ташкили системаи огохонии истеъмолкунанда аз хукукхояш ва амалхои зарурии химояи ин хукукхо таъмин карда мешавад. (КЧТ аз 18.03.15с., №1193)

Дар фанхои таълими мавзуъхо оид ба асосхои хукуки истеъмолкунандагон аз чониби макоми ваколатдори давлати дар сохаи маориф муайян карда мешаванд. (КЧТ аз 18.03.15с., №1193)

Моддаи 5. Хукуки истеъмолкунанда ба интихоби озоди мол (кор, хизматрасони)

Истеъмолкунанда дар вакти барояш муносиб бо назардошти тартиботи кори фурушанда (истехсолкунанда, ичрокунанда) ба интихоби озодонаи моли (кори, хизматрасонии) хушсифат хукук дорад.

Фурушанда (истехсолкунанда, ичрокунанда) ухдадор аст ба истеъмолкунанда дар интихоби озодонаи мол (кор, хизматрасони) ёри расонад.

Ба баъзе гуруххои истеъмолкунандагон дар хизматгузории тичорати, маиши ва дигар намудхои хизматгузории истеъмолкунандагон бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон имтиёз ва бартарият дода мешавад.

Ба мукаррар намудани бартариятхо, махдудиятхои бевосита ё худ бавосита хангоми интихоби мол (кор, хизматрасони), гайр аз бартарие ё махдудиятхое, ки конунгузории Чумхурии Точикистон пешбини намудааст, рох дода намешавад.

 

Моддаи 6. Сифат ва микдори мол (кор, хизматрасони)

Фурушанда (истехсолкунанда, ичрокунанда) ухдадор аст ба истеъмолкунанда моле фурушад (кореро ичро намояд, хизмате расонад), ки сифат ва микдори он ба шартнома мувофик бошад.

Хангоми дар шартнома мавчуд набудани шартхо оид ба сифати мол (кор, хизматрасони), фурушанда (ичрокунанда) ухдадор аст барои максадхое, ки чунин мол (кор, хизматрасони) одатан истифода мешавад, ба истеъмолкунанда мол фурушад (корро ичро намояд, хизмат расонад).

Агар фурушанда (ичрокунанда) хангоми бастани шартнома доир ба максадхои мушаххаси харидории мол (ичрои кор, хизматрасони) аз чониби истеъмолкунанда огох шуда бошад, фурушанда (ичрокунанда) ухдадор аст ба истеъмолкунанда молеро дихад (кореро ичро намояд, хизмате расонад), ки он мувофики ин максадхо барои истифода коршоям бошад.

Хангоми фуруши мол аз руи намуна ва ё тавсиф фурушанда ухдадор аст ба истеъмолкунанда моли ба намуна ва ё тавсиф мувофикро фурушад.

Агар бо стандарт нисбати сифати мол (кор, хизматрасони) талаботи хатми пешбини шуда бошад, фурушанда (ичрокунанда) ухдадор аст ба истеъмолкунанда молеро супорад (коре, хизматеро ба чо оварад), ки он мувофики ин талабот бошад.

Истеъмолкунанда факат маблаги микдори муайяни моли гирифтааш (кори, хизмати ба чо овардааш) – ро пардохт менамояд.

Бахисобгирии моли (кори, хизматрасонии) хаккони гирифтаи истеъмолкунанда (кору хизмати хаккони барояш ичрокарда) – ро фурушанда бо воситахои ченаке, ки макомоти давлатии стандартизатсия ва метрология санчида, тамга задаанд, таъмин менамояд. Ин асбобу анчомхо ва дигар асбобу анчомхои хисобгирии инфиродии микдори моли гирифтаи истеъмолкунанда (кору хизмати расонида) моликияти фурушанда (истехсолкунанда, ичрокунанда) буда, аз тарафи онхо хизматгузори мешаванд. (КЧТ аз 6.10.08с., №424)

Агар фурушанда (истехсолкунанда, ичрокунанда) ба истеъмолкунанда назар ба микдори пешбининамудаи шартнома камтар мол супурда (кору хизматро ба чо оварда) бошад, пас фурушанда (истехсолкунанда, ичрокунанда) ухдадор аст, ба шарте, ки дар шартнома тартиби дигар пешбини нашуда бошад, зарари аз ин кашидаи истеъмолкунандаро пурра чуброн намояд.

Дар шартнома пешбини намудани шартхое, ки хукукхои истеъмолкунандаро нисбат ба хукукхои мукарраркардаи конунгузори махдуд месозанд, манъ аст.

 

Моддаи 7. ухдадорихои истехсолкунанда (ичрокунанда, фурушанда) чихати мукаррар намудани

                    мухлатхои хизмат, коршоями ва кафолати мол (кор)

                                        (КЧТ аз 18.03.15с., №1193)

 

Истехсолкунанда (ичрокунанда) ухдадор аст мухлати хизмати моли (кори) истифодааш дарозмуддат, аз чумла маснуоти комплекти (чузъу кисмхо, агрегатхо) – ро, ки бо мурури замон барои хаёт, саломатии истеъмолкунанда хавфнок шуда, ба амволи у ё ба мухити зист зарар расонда метавонад, мукаррар намояд.

Мухлати хизмати мол (кор) бо вохиди вакт ва хамчунин бо вохидхои дигари ченак (километр, метр ва гайра) вобаста ба таъинот ва хусусияти мол хисоб карда мешавад.

Истехсолкунанда (ичрокунанда) ухдадор аст ба махсулоти озука, ороишиву атриёт, дорувори, молхои кимиёви, рузгор ва ба дигар молхои хаммонанд мухлати коршоями мукаррар намояд.

Фурухтани мол (ичрои кор) баъди гузаштани мухлати мукарраршудаи коршоямиаш ва хамчунин моле (ичрои коре), ки бояд ба он мухлати хизмат ё мухлати коршоями мукаррар карда шавад, вале мукаррар нагардидааст, манъ аст.

 

Моддаи 8. Хукуки истеъмолкунанда ба бехатарии мол (кор, хизматрасони)

Истеъмолкунанда хангоми риояи шартхои мукарраршуда истифодабари, нигохдори, интикол ва нобудкунии мол (кор, хизматрасони), ки барои хаёт, саломатии истеъмолкунанда, мухити зист бехатар бошад, инчунин ба амволи у зиён нарасонад, хукук дорад.

Талаботе, ки бехатарии мол (кор, хизматрасони) – ро барои хаёту саломатии истеъмолкунанда, мухити зист таъмин месозад, инчунин расидани зарарро ба амволи истеъмолкунанда пешгири менамояд, хатми буда, тибки конун мукаррар карда мешавад.

Истеъмолкунанда хукук дорад бо воситахои ахбори умум дар бораи моле (коре, хизматрасоние) , ки барои хаёт, саломати, амвол ва мухити зист хавфу хатар дорад, аз хисоби фурушанда (истехсолкунанда, ичрокунанда) иттилоот дошта бошад.

Истехсолкунанда (ичрокунанда) ухдадор аст дар давоми мухлати мукаррарнамудаи кафолат ё мухлати коршоямии мол (кор) бехатарии мол (кор) – ро таъмин намояд.

Зараре, ки дар натичаи таъмин накардани бехатарии мол (кор) ба хаёт, саломати ё амволи истеъмолкунанда расонида шудааст, бояд мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон чуброн карда шавад.

Агар барои бехатарии истифодаи мол (кор, хизматрасони) нигохдори, интикол ва нобудкунии он риояи коидахои махсус (минбаъд – коидахо) зарур бошад, истехсолкунанда (ичрокунанда) ухдадор аст ин коидахоро дар хуччатхои хамрохикунандаи мол (кор, хизматрасони) дар тамгакогаз, зикр намояд, нишонагузори кунад ё ба дигар тарз зикр намояд ва фурушанда (ичрокунанда) ухдадор  аст, ки ин коидахоро ба маълумоти истеъмолкунанда расонад.

Агар ба мол (кор, хизматрасони) тибки конунхо ё бо стандартхо талаботи хатми мукаррар шуда бошад, ки бехатарии онро барои хаёт, саломатии истеъмолкунандагон, мухити зист ва пешгирии зарарро ба амволи истеъмолкунанда таъмин мекунанд ва хамчунин воситахое, ки бехатарии хаёт ва саломатии истеъмолкунандаро таъмин менамоянд, бояд бо тартиби пешбининамудаи конунхо ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон хатман сертификатсия карда шавад. Номгуи мол (кор, хизматрасони), ки бояд хатман сертификатсия карда шаванд, аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

Фуруши мол (ичрои кор, хизматрасони), аз чумла моли (кори, хизматрасонии) воридоти, бидуни маълумоти сертификати хатми бо забонхои давлати ва руси ва дар мавриди зарурат бо хулосахои санитарию эпидемиологи ва мутобикати он ба талаботи зикргардидаи кисми шашуми хамин модда, инчунин бидуни маълумоти алифбои раками ва хатхои рамзи манъ мебошад. (КЧТ аз 18.03.15с., №1193)

Агар мукаррар карда шавад, ки хангоми аз чониби истеъмолкунанда риоя гардидани коидахои мукаррарнамудаи истифода, нигохдори ё интиколи мол (кор) он ба хаёт, саломати ва амволи истеъмолкунанда, мухити зист зарар мерасонад ё расонда метавонад, истехсолкунанда (ичрокунанда, фурушанда) ухдадор аст, истехсоли (фуруши) онро то бартараф намудани сабабхои зарар фавран ва дар холатхои зарури барои аз муомилот ва аз истеъмолкунанда (истеъмолкунандагон) бозпас гирифтани он тадбирхо андешад.

Агар бартараф кардани сабабхои зарар гайриимкон бошад, истехсолкунанда (ичрокунанда) ухдадор аст, истехсоли чунин мол (кор, хизматрасони)-ро катъ намояд. Хангоми аз чониби истехсолкунанда ( ичрокунанда) ичро нашудани ин ухдадорихо бо супориши макомоти босалохияти идоракунии давлати, ки сифат ва бехатарии мол (кор, хизматрасони) – ро назорат мекунанд, истехсоли ин мол (кор, хизматрасони) катъ гардида, аз истехсолот, муомилот ва аз истеъмолкунандагон бозпас гирифта мешавад.

Зараре, ки ба истеъмолкунанда дар натичаи бозпас гирифтани мол (кор, хизматрасони) расидааст, бояд аз тарафи истехсолкунанда (ичрокунанда) пурра чуброн карда шавад.

Агар мукаррар карда шавад, ки фурушанда (ичрокунанда) молеро мефурушад (кореро ичро менамояд), ки барои хаёт, саломати ва амволи истеъмолкунанда зараровар мебошад, чунин мол (кор) бо тартиби мукаррарнамудаи конун аз фурушанда (ичрокунанда) бозпас гирифта мешавад.

Тартиби аз муомилот гирифтани молхои гайрихурокворие, ки барои хаёт, саломати ва амволи истеъмолкунанда зараровар мебошанд ва мухлати коршоямиашон гузаштааст ё бе маълумот барои истеъмолкунандагон ба муомилот бароварда мешаванд, аз чониби макоми  ваколатдори давлати дар сохаи бамеъёрдарории техники мукаррар карда мешавад. (КЧТ аз 18.03.15с., №1193)

Моддаи 81. Хукуки истеъмолкунандагон ба гирифтани чеки мол, чеки хазинадори ва ё дигар хуччати

                    тасдиккунандаи пардохти мол

 

Истеъмолкунанда хангоми хариди мол ва ичрои кор хукук дорад, ки чеки хазинадори, чеки мол ва ё дигар хуччати тасдиккунандаи пардохти молро аз истехсолкунанда (ичрокунанда, фурушанда), ба истиснои сохибкорони инфиродие, ки бо патент фаъолият мекунанд, талаб намуда гирад.

Хангоми фуруши мол, ичрои кор ва хизматрасони  истехсолкунанда (ичрокунанда, фурушанда) ухдадор аст, ки ба истеъмолкунанда чеки мол ва чеки хазинадориро дихад. Дар сурати пешниход накардани чеки мол ва чеки хазинадори, истехсолкунанда (ичрокунанда, фурушанда) тибки конунгузории Чумхурии Точикистон  ба чавобгари кашида мешавад.

(КЧТ аз 18.03.15с., №1193)

 

Моддаи 9. Маълумот дар бораи мол (кор, хизматрасони)

Истеъмолкунанда хукук дорад талаб намояд ва истехсолкунанда (ичрокунанда, фурушанда) ухдадор аст сари вакт ба истеъмолкунанда дар бораи мол (кор, хизматрасони) маълумоти зарури ва боэътимоде пешниход намояд, ки имконияти интихоби дурусти онро таъмин созад. Номгуи намудхои алохидаи мол (кор, хизматрасони) ва тарзи расонидани маълумот ба истеъмолкунанда аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.

Маълумоти дар кисми якуми хамин модда зикршуда рушану возех ва фахмо ба маълумоти истеъмолкунандагон хангоми бастани шартномахои хариду фуруш ва карордодхои ичрои кор (хизматрасони) бо тарзхои маъмули баъзе сохахои хизматрасони ба истеъмолкунандагон ба забонхои давлати ва руси расонида мешавад.

Маълумот оид ба мол (кор, хизматрасони) ба таври хатми бояд холатхои зеринро дар бар гирад:

– зикри стандартхое, ки мол (кор, хизматрасони), нишони мол ё нишони хизматии ба кайд гирифташуда (патент кардашуда) бояд ба талаботи хатмии ин стандартхо мувофикат намояд;

– маълумот оид ба хусусиятхои асосии истеъмоли мол (кор, хизматрасони), нисбати озука – маълумот оид ба таркиб (аз чумла номгуи дигар маводи хурок ва иловаи хурок, ки дар чараёни тайёр кардани онхо истифода шудаанд), вазн ва хачми мавод, калорияи (кувваи) озука, таркиби моддахои барои саломати зарарнок дар мукоиса бо талаботи стандартхо, инчунин кобили истеъмол набудани истеъмоли он дар мавриди баъзе беморихо. Номгуи моле (коре, хизматрасоние), ки маълумот дар хусуси он дар мавриди баъзе беморихо бояд дорои нишондоди гайри кобили истифода бошад, аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик карда мешавад;

– нарх ва шартхои ба даст овардани мол (кор, хизматрасони);

– мухлати кафолат, агар он мукаррар шуда бошад;

– коида ва шартхои истифодаи самаранок ва бехатари мол (кор, хизматрасони);

– мухлати хизмат ва мухлати коршоямии мол (кор, хизматрасони), ки мутобики санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон мукаррар карда шудааст ва хамчунин маълумот дар бораи амали зарурии истеъмолкунанда баъди гузаштани мухлати мазкур ва окибати имконпазир дар сурати ичро накардани чунин амал, ба шарте, ки мол (кор, хизматрасони) баъди гузаштани мухлати зикршуда барои хаёт, саломати ва амволи истеъмолкунанда хавфу хатар пеш оварад ё худ барои истифода аз руи таъинот корношоям шавад;

– ишораи тарзи тайёр кардани маводи хуроквории зудтайёршаванда (нимтайёр) дар борчомаи онхо;

– махалли чойгиршави (сурогаи хукуки), номи фирмавии (номи) истехсолкунанда (ичрокунанда, фурушанда) ва махалли чойгиршавии ташкилот (ташкилотхо), ки барои кабули шикоятхои истеъмолкунандагон, таъмиркунандагон ва хизматрасонии техникии мол (кор) аз чониби истехсолкунанда (фурушанда) ваколатдор карда шудаанд;

– маълумот оид ба сертификати хатмии мувофикати мол (ичрои кор, хизматрасони), инчунин дар мавриди зарурат маълумот оид ба хулосахои санитарию эпидемиологи;

– маълумот дар бораи коидахои фуруши мол (кор, хизматрасони);

– зикри шахси мушаххасе, ки кор (хизматрасони) – ро ичро мекунад ва агар ин ахамият дошта бошад, маълумот дар хусуси у бо назардошти хусусияти кор (хизматрасони);

– зикри истифодаи фонограммахо хангоми хизматрасонии фарогати аз чониби ичрокунандагони асархои мусики.

Агар моли харидаи истеъмолкунанда истифода шуда бошад ё нуксони (нуксонхои) он бартараф шуда бошад, бояд дар ин хусус ба истеъмолкунанда маълумот дода шавад.

Истеъмолкунанда аз маълумоти пешбининамудаи моддаи мазкур дар хуччатхои замимашавандаи техникии мол (кор, хизматрасони) дар тамгакогазхо, нишонагузори ё ба тарзи дигари барои намудхои алохидаи мол (кор, хизматрасони) кабулгардида огохонида мешавад.

Маълумот дар бораи сертификати мувофикати мол (кор, хизматрасони) дар шакли нишонагузории мол (кор, хизматрасони) бо тартиби мукаррарнамудаи аломатхои мувофикат ба кайди маълумот дар хуччати техники оид ба гузаштани сертификат, раками сертификат, мухлати амали он ва доир ба ташкилоте, ки онро додааст, иборат мебошад.

Агар хуччатхои техникии мол (шиносномаи техники, дастурамали истифода ва гайра) ба забони хоричи тартиб дода шуда бошанд, тарчумаи онхо ба забони давлати ё ба забони руси хатмист.

Маводи хуроквории дар худуди Чумхурии Точикистон бастабанди ё дар куттихо чойгир кардашуда бояд дорои маълумоти махалли истехсоли он бошад.

 

Моддаи 10. Маълумот дар бораи истехсолкунанда (ичрокунанда, фурушанда)

Истеъмолкунанда хукук дорад доир ба истехсолкунанда (ичрокунанда, фурушанда) маълумоти зарури ва боэътимод талаб намояд.

Хангоми бастани шартномахои хариду фуруш ва шартномахои ичрои кор (хизматрасони) бо тарзхои кабулнамудаи сохахои алохидаи хизматрасонии истеъмолкунандагон, маълумоти мазкур дар шакли аёни ва дастрас бо забони давлати ва бо хохиши истехсолкунанда (ичрокунанда, фурушанда) ба таври илова бо забони руси ва дигар забонхо ба маълумоти истеъмолкунандагон расонида мешавад.

Истехсолкунанда (ичрокунанда, фурушанда) хамчунин ухдадор аст, ки номи фирмавии (номи) ташкилоти худ, махалли чойгиршави, сурогаи хукуки ва низоми кори онро ба маълумоти истеъмолкунанда расонад.

Агар намуди (намудхои) фаъолияте, ки истехсолкунанда (ичрокунанда, фурушанда) анчом медихад литсензия карда шавад, бояд ба истеъмолкунанда оид ба раками литсензия, мухлати амали он, инчунин доир ба макоме, ки ин литсензияро додааст, маълумот пешниход намояд.

Маълумоти пешбининамудаи кисмхои сеюм ва чоруми моддаи мазкур аз тарафи истехсолкунанда (ичрокунанда, фурушанда)  хангоми савдо, хизматрасонии маиши ва дигар намудхои хизматрасони дар бинохои муваккати, ярмаркахо, дуконхо, инчунин хизматрасонихое, ки берун аз махалли доимии мавчудияти истехсолкунанда (ичрокунанда, фурушанда) анчом дода мешаванд, бояд ба маълумоти  истеъмолкунанда расонида шаванд. (КЧТ аз 18.03.15с., №1193)

 

Моддаи 11. Тартиби кори фурушанда (ичрокунанда)

Тартиби кори ташкилотхои давлатии савдо, хизматрасонии маиши ва дигар намудхои хизматрасони бо карори макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати мукаррар карда мешавад. (КЧТ аз 18.03.15с., №1193)

Тартиби кори ташкилотхое, ки дар сохахои савдо, хизматрасонии маиши ва дигар намудхои хизматрасони фаъолият мекунанд ва дар кисми якуми моддаи мазкур зикр нагардидаанд, инчунин сохибкорони инфироди аз чониби онхо дар мувофика бо макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати муайян карда мешавад. (КЧТ аз 18.03.15с., №1193)

Тартиби кори фурушанда (ичрокунанда) ба маълумоти истеъмолкунанда расонида мешавад ва бояд ба тартиби мукарраршуда мувофикат кунад.

Барои вайрон кардани тартиби кори корхонаи давлатии савдо, хизматрасонии маиши ва дигар намудхои хизматрасони шахсони мансабдор ва сохибкорони инфироди мувофики мукаррароти конунгузории Чумхурии Точикистон чавобгар мебошанд. (КЧТ аз 18.03.15с., №1193)

 

Моддаи 12. Масъулияти истехсолкунанда (ичрокунанда, фурушанда) барои маълумоти нодуруст доир ба

                     мол (кор, хизматрасони) ва оид ба истехсолкунанда (ичрокунанда, фурушанда)

 

Агар хангоми бастани шартнома ба истеъмолкунанда оид ба мол (кор, хизматрасони) имконияти фавран ба даст овардани маълумот мухаё карда нашуда бошад, вай хукук дорад аз фурушанда (ичрокунанда) товони зарареро талаб намояд, ки дар натичаи саркашии беасос аз бастани шартнома расидааст ва агар шартнома баста шуда бошад, онро дар мухлати муносиб бекор кунад ва баргардонидани маблаги барои мол (кор, хизматрасони) пардохташуда ва чуброни дигар зарархоро талаб намояд.

Хангоми бекор кардани шартнома истеъмолкунанда ухдадор аст мол (натичаи кор, хизматрасони) – ро, агар аз руи хусусияташ он имконпазир бошад, ба фурушанда (ичрокунанда) баргардонад.

Фурушандае (ичрокунандае), ки оид ба мол (кор, хизматрасони) ба харидор маълумоти пурра ва боэътимод пешниход накардааст, мутобики Конуни мазкур ва конунгузории амалкунандаи Чумхурии Точикистон барои нуксони мол (кор, хизматрасони), ки баъди ба истеъмолкунанда фурухтани он ба сабаби дар дасти вай мавчуд набудани чунин маълумот пайдо гардидааст, чавобгар мебошад.

Бо сабаби пешниход накардани маълумоти пурра ва боэътимод оид ба мол (кор, хизматрасони), ки дар натичаи он ба хаёт, саломати ва амволи истеъмолкунанда зарар расидааст, вай хукук дорад чуброни чунин зарари пешбининамудаи Конуни мазкурро, аз чумла чуброни пурраи зарархои ба иншоотхои табии расидаро, ки моликияти (дар ихтиёри) истеъмолкунанда мебошанд, талаб намояд.

 

Моддаи 13. Масъулияти фурушанда (истехсолкунанда, ичрокунанда) барои вайрон кардани хукуки

                      истеъмолкунандагон

 

Фурушанда барои вайрон кардани хукуки истеъмолкунанда (истехсолкунанда, ичрокунанда) тибки Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ё шартнома чавобгар мебошад.

Агар тибки конун тартиби дигар мукаррар нагардида бошад, зарари ба истеъмолкунанда расида дар хачми пурра, бо замми ноустуворонаи (пушаймонаи) мукаррарнамудаи конун ё шартнома чуброн карда мешавад.

Пардохти ноустуворона (пушаймона) ва чуброни зарар фурушанда (истехсолкунанда, ичрокунанда)-ро дар асл аз ичрои ухдадорихои дар назди истеъмолкунанда доштааш озод намекунад.

Агар фурушанда (истехсолкунанда, ичрокунанда) исбот намояд, ки ухдадорихояшро бинобар кувваи рафънопазир ичро накардааст ё номатлуб ичро кардааст ва дар ин бобат у гунохе надорад, аз чавобгари озод карда мешавад.

Талаботи истеъмолкунанда оид ба пардохти ноустуворонаи (пушаймонаи) пешбининамудаи конун ё шартнома аз чониби фурушанда (истехсолкунанда, ичрокунанда) ихтиёри конеъ гардонида мешавад.

Дар сурати аз чониби суд конеъ гардонидани талаботи тибки конун мукарраршудаи истеъмолкунандагон, суд хукук дорад аз фурушандае (истехсолкунандае, ичрокунандае), ки хукуки истеъмолкунандагонро поймол кардааст, барои риоя накардани тартиби ихтиёран конеъ гардонидани талаботи истеъмолкунанда дар хусуси руёнидани чарима ба андозаи арзиши даъво карор барорад.

 

Моддаи 14. Чавобгарии амволи барои зараре, ки дар натичаи нуксони мол (кор, хизматрасони) расидааст

Зарари ба хаёт, саломати ё амволи истеъмолкунанда расонидашуда дар натичаи нуксони сохт, истехсоли, дастури ва дигари мол (кор, хизматрасони) пурра чуброн карда мешавад.

Хар як чабрдида, сарфи назар аз он ки бо фурушанда (ичрокунанда) муносибатхои шартномави дошта буд ё не, барои талаб кардани чуброни зараре, ки дар натичаи нуксони мол (кор, хизматрасони) расонида шудааст, хукук дорад.

Агар зарар дар мухлати мукарраршудаи хизмат ё коршоямии мол (кор, хизматрасони) ба хаёт, саломати ва амволи истеъмолкунанда расида бошад, он чуброн карда мешавад.

Агар мутобики санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон ба мол (кор) аз чониби истехсолкунанда (ичрокунанда) бояд мухлати хизмат ё мухлати коршоями мукаррар карда мешуду вале он мукаррар карда нашуда бошад, ё худ истеъмолкунандае, ки мол ба у фурухта (кораш ба чо оварда) шудааст, аз ичрои амалхои зарурии баъди гузаштани мухлати хизмат ё мухлати коршоями ва аз окибати эхтимолии ичро накардани ин амалхо огохонида нашуда бошад, товони зиён, катъи назар аз вакту соати расиданаш, бояд пардохта шавад.

Агар мутобики хамин Конун истехсолкунанда (ичрокунанда) ба мол (кор) мухлати хизмат мукаррар накарда бошад, дар сурати зарар дидан он бояд дар давоми дах соли ба истеъмолкунанда супурдани он ва агар рузи супурдани мол (кор) – ро мукаррар кардан гайриимкон бошад, аз рузи тайёр намудани мол (анчоми ичрои кор) бояд чуброн карда шавад.

Зарари бинобар нуксони мол расида аз чониби фурушандаи мол чуброн карда мешавад.

Зарари дар натичаи нуксони кор ё хизматрасони расидаро ичрокунанда чуброн менамояд.

Истехсолкунанда (ичрокунанда) барои зараре, ки дар натичаи истифодаи маводу тачхизот, асбобхо ва дигар воситахои зарурии истехсоли мол (ичрои кор, хизматрасони) ба хаёт, саломати, мухити зист ё амволи истеъмолкунанда расидааст, сарфи назар аз он ки дарачаи дониши илмию техникиаш барои ошкор намудани хусусиятхои хоси онхо имконият медод ё не, ба чавобгари кашида мешавад.

Агар истехсолкунанда (ичрокунанда, фурушанда) исбот намояд, ки мол (кор, хизматрасони) дар натичаи таъсири кувваи рафънопазир ва ё аз тарафи истеъмолкунанда бинобар вайрон кардани коидахои истифодабари, нигохдори ё интиколи он зарар дидааст, у аз чавобгари озод карда мешавад.

 

Моддаи 15. Чуброни зарари маънави

Зарари маънавие, ки истехсолкунанда (ичрокунанда, фурушанда) дар натичаи риоя накардани хукукхои бо конунгузори пешбининамудаи истеъмолкунанда ба у расондааст, аз чониби гунахкор чуброн карда мешавад.

Зарари маънави сарфи назар аз пардохти товони зиёни амволи чуброн карда мешавад. Зарари маънави бо пул чуброн карда мешавад.

Хачми чубронпулии зарари маънавиро суд муайян мекунад.

 

Моддаи 16. Беэътибор донистани шартхои шартномае, ки хукуки истеъмолкунандагонро махдуд месозад

Шартхои шартномае, ки хукуки истеъмолкунандаро махдуд месозанд ва хилофи меъёру коидахое мебошанд, ки бо конунгузории Чумхурии Точикистон дар сохаи химояи хукуки истеъмолкунандагон мукаррар карда шудаанд, беэътибор дониста мешаванд.

Агар дар натичаи ичрои шартхои шартнома хукуки истеъмолкунанда махдуд карда шавад ва ба у зарар расад, истехсолкунанда (ичрокунанда, фурушанда) онро дар хачми пурра чуброн мекунад.

Зимни харидории як мол гузоштани шарти хатман харидани моли дигар манъ аст. Зараре, ки дар натичаи вайрон кардани хукуки интихоби озоди мол (кор, хизматрасони) ба истеъмолкунанда мерасад, аз чониби фурушанда (ичрокунанда) дар хачми пурра чуброн карда мешавад.

Фурушанда (ичрокунанда) хукук надорад, ки бе розигии истеъмолкунанда кору хизматрасонии иловагии музднокро ичро намояд. Истеъмолкунанда хукук дорад аз пардохти чунин кор (хизматрасони) даст кашад ва агар он пардохта шуда бошад, истеъмолкунанда хукук дорад аз фурушанда (ичрокунанда) баргардонидани маблаги пардохташударо талаб намояд.

 

Моддаи 17. Химояи судии хукуки истеъмолкунандагон

Хукукхои дар конунгузории Чумхурии Точикистон пешбинигардидаи истеъмолкунандагонро суд химоя мекунад.

Даъвохо ба суди махалли зисти даъвогар ё махалли чойгиршавии чавобгар ва ё махалли зарари расида пешниход карда мешаванд.

Макоми давлатии зиддиинхисори (сохторхои минтакавии он), макомоти давлатии ваколатдор (сохторхои минтакавии онхо), ки ба сифат ва бехатарии мол (кор, хизматрасони) назорат мекунанд, макомоти махаллии хокимияти давлати, иттиходияхои чамъиятии истеъмолкунандагон (иттифокхо ва ассотсиатсияхои онхо) доир ба даъвохое, ки ба манфиати истеъмолкунандагон, гурухи истеъмолкунандагон, гурухи номуайяни истеъмолкунандагон пешниход мекунанд, бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон аз пардохти бочи давлати озод карда мешаванд. (КЧТ аз 18.03.15с., №1193)

БОБИ 2.

ХИМОЯИ ХУКУКИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН ХАНГОМИ ФУРуШИ МОЛ

 

Моддаи 18. Окибати фуруши моли дорои сифати номатлуб

Истеъмолкунандае,ки ба у моли дорои сифати номатлуб фурухтаанд ва уро фурушанда пешаки аз он огох накардааст, хукук дорад бо хости худ талаб намояд, ки:

– он ба моли дигари хамин хел тамга (модел, артикул) ё ба хамон хел моли тамгаи (модели, артикули) дигар бо хисобу китоби дахлдори нархи хариди мол иваз карда шавад;

– нуксони молро бемузд бартараф намуда ё маблаге, ки барои ислохи он аз чониби истеъмолкунанда ё шахси сеюм харч шудааст, чуброн карда шавад;

– шартномаи хариду фуруш бекор карда шавад;

– нархи хариди мол мутобикан кам карда шавад.

Хамзамон истеъмолкунанда хукук дорад чуброни пурраи зарари дар натичаи фурухтани моли дорои сифати номатлуб ба у расидаро талаб намояд.

Истеъмолкунанда хукук дорад иваз кардани молхои мураккаби техники ва гаронбахоро дар сурати ошкор шудани нуксони чидди (чиддан риоя нашудани талабот нисбати сифати мол) талаб намояд. Номгуи молхои мураккаби техникиро Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик мекунад.

Талаботи дар кисми якуми хамин модда зикргардидаро истеъмолкунанда ба фурушанда ё ташкилоте, ки вазифаи фурушандаро дар асоси шартномаи хариду фуруш ичро мекунад, пешниход менамояд.

Дар сурати ошкор шудани нуксони мол, ки хусусияти он имкон намедихад ин нуксон бартараф карда шавад, истеъмолкунанда хукук дорад бо хости худ чунин молро ба моли дигари сифатнок иваз намояд ё кимати фуруши онро мутаносибан паст намояд, шартномаро бекор кунад.

Истеъмолкунанда хукук дорад моли дорои сифати номатлубро ба истехсолкунанда баргардонад ва маблаги барои он пардохташударо талаб намояд. Хангоми ба истеъмолкунанда баргардонидани пули мол фурушанда хак надорад аз у маблагеро, ки арзиши мол дар натичаи пурра ё кисман истифода кардан ба ин андоза паст шудааст, хуснаш кохидааст ё худ бинобар холатхои дигари ба ин монанддошта гирад.

Хуччати тасдиккунандаи харидории молро надоштани истеъмолкунанда барои конеъ нагардонидани талаботи у асос шуда наметавонад.

Барои тасдики харидории мол шаходат, нишонахои унсурхои маводи борпечони (зарф), ки аз хамин фурушанда харида шудани молро тасдик менамоянд ва хамчунин хуччатхо ва дигар воситахои исботкунандае ки аз хамин фурушанда харидори шудани молро нишон медиханд, истифода шуда метавонанд.

Фурушанда (истехсолкунанда) ё ташкилоте, ки вазифаи фурушанда (истехсолкунанда) – ро ба чо меоварад, дар асоси шартномаи байни худ ухдадоранд моли дорои сифати номатлубро аз истеъмолкунанда кабул карда гирад ва дар мавриди зарури сифати молро бисанчад.

Дар сурати сар задани бахс доир ба ошкор гардидани нуксони мол фурушанда (истехсолкунанда) ё ташкилоте, ки вазифаи фурушанда (истехсолкунанда)-ро ичро менамояд, дар асоси шартномаи байни худ ухдадоранд молро аз хисоби худ экспертиза кунанд. Истеъмолкунанда бояд аз чой ва рузу соати гузаронидани экспертизаи мол хатти огохонида шавад. Истеъмолкунанда хукук дорад дар санчиши (экспертизаи) сифати мол шахсан ё намояндааш иштирок намояд. Истеъмолкунанда хак дорад доир ба хулосаи чунин экспертиза бо эътироз ба суд мурочиат намояд.

Харочоти экспертизаро фурушанда (истехсолкунанда) медихад. Агар дар натичаи экспертиза мукаррар гардад, ки мол баъди харидани истеъмолкунанда бинобар риоя накардани коидахои истифода, нигохдори ё интикол нуксондор шудааст, харочоти гузаронидани экспертиза ва хамчунин харочоти ба сабаби гузаронидани он интикол додани молро ба фурушанда (истехсолкунанда) бояд истеъмолкунанда чуброн намояд.

Фурушанда (истехсолкунанда) ва ё ташкилоте, ки вазифаи фурушанда (истехсолкунанда)-ро ба чо меоварад, дар асоси шартномаи байни худ барои нуксони моле, ки барояш мухлати кафолат мукаррар нашудааст, ба шарте, ки истеъмолкунанда исбот намояд, ки мол то замони ба истеъмолкунанда супурда шуданаш ва ё худ ба сабабхои то ин лахза нуксондор шудааст, чавобгар мебошад.

Агар фурушанда (истехсолкунанда) ё ташкилоте, ки дар асоси шартномаи байни худ вазифаи фурушанда (истехсолкунанда)- ро ичро мекунад, исбот карда натавонад, ки моли дорои мухлати кафолат баъди фурухтан ба истеъмолкунанда бо сабаби коидахои истифодабари, нигохдори ё интиколи онро риоя накардани истеъмолкунанда ва бинобар, амалхои шахсони сеюм ва ё кувваи рафънопазир нуксон пайдо кардааст, чавобгар мебошад.

Дар холати аз ду сол камтар будани мухлати кафолати дар шартнома пешбинигардида ва нуксони молро баъди гузаштани мухлати кафолат ошкор кардани истеъмолкунанда, ба шарте, ки нуксони мол дар давоми ду соли ба истеъмолкунанда супурда шуданаш ошкор шуда бошад ва харидор исбот кунад, ки нуксони мол пеш аз супурдани он ба истеъмолкунанда ва ё бо сабабхои то ин лахза ошкор гардидааст, фурушанда чавобгар мебошад.

Моли калонхачм ва моли вазнаш зиёда аз панч килограмм барои таъмир, паст кардани нарх, иваз намудан ва баргардонидан ба истеъмолкунанда бо кувва ва аз хисоби фурушанда (истехсолкунанда) ё ташкилоте, ки дар асоси шартномаи байни худ вазифаи фурушанда (истехсолкунанда) – ро ичро мекунад, интикол дода мешавад. Агар ин вазифа ичро нагардад, инчунин хангоми набудани фурушанда (истехсолкунанда) ё ташкилоте, ки дар асоси шартномаи байни худ вазифаи фурушанда (истехсолкунанда) – ро ичро мекунад, худи истехсолкунанда метавонад молро ба махалли истеъмолкунанда расонад ва аз он чо баргардонад. Хамзамон фурушанда (истехсолкунанда) ё ташкилоте, ки дар асоси шартномаи байни худ вазифаи фурушанда (истехсолкунанда) – ро ичро мекунад ухдадоранд харочоти истеъмолкунандаро, барои интикол ва баргардонидани моли мазкур чуброн намоянд.

 

Моддаи 19. Мухлати пешниходи талаботи истеъмолкунандагон нисбати нуксони мол

Истеъмолкунанда хукук дорад нисбати нуксони мол талаботи пешбининамудаи моддаи 18 Конуни мазкурро, ба шарте, ки он дар давоми мухлати кафолат ё мухлати коршоямии мол, ки истехсолкунанда муайян кардааст, ошкор гардида бошад, ба фурушанда ё истехсолкунанда пешниход намояд.

Нисбати моле, ки мухлати кафолат ё мухлати коршоямиаш мукаррар нагардидааст ва агар нуксони мол дар мухлати мувофик, вале дар давоми ду соли фурухта шуданаш ошкор гардида бошад ва агар Конун ё шартнома мухлати дарозеро пешбини накарда бошанд, истеъмолкунанда хукук дорад талаботи мазкурро пешниход кунад.

Агар дар шартнома тартиби дигар пешбини нагардида бошад, мухлати кафолати мол аз рузи ба истеъмолкунанда фурухта шуданаш хисоб карда мешавад. Агар рузи фурухтани молро муайян кардан гайриимкон бошад, он аз рузи истехсоли мол хисоб карда мешавад.

Барои моли мавсими (пойафзол, либос ва гайра) ин мухлатро аз лахзаи фаро расидани мавсими дахлдор, ки мухлати фарораси бо назардошти шароити иклимии махалли будубоши истеъмолкунанда муайян мегардад, хисоб мекунанд.

Хангоми фурухтани мол аз руи намуна, ба воситаи почта, инчунин дар холатхое, ки рузи бастани шартномаи хариду фуруш ва рузи ба истеъмолкунанда фурухтани мол мувофик наояд, он аз рузи ба дасти истеъмолкунанда расидани мол хисоб карда мешавад. Агар истеъмолкунанда хангоми холати вобаста ба фурушанда аз имконияти истифодаи мол махрум бошад, (чунончи, агар молро насб, пайваст ё васл кардан лозим бошад), мухлати кафолат аз рузи чунин холатхоро бартараф намудани фурушанда шуруъ мегардад. Агар рузи расонидан, насб, пайваст, васл кардани мол ва бартараф сохтани холатхои ба фурушанда вобастаро, ки дар асари онхо истеъмолкунанда наметавонад молро тибки таъинот истифода намояд, муайян кардан гайриимкон бошад, ин мухлатхо аз рузи бастани шартномаи хариду фуруш хисоб карда мешавад.

Ба маснуоти комплекти ва кисмхои таркибии мол низ мухлати кафолат мукаррар карда мешавад. Ба маснуоти иловаги ва кисмхои таркиби мухлати кафолат аз руи тартиби мухлати кафолати барои моли асоси мукарраргардида хисоб карда мешавад.

Мухлати кафолат ба маснуоти комплекти ва кисмхои таркибии мол, агар дар шартнома тартиби дигар мукаррар нагардида бошад, баробари мухлати кафолати маснуоти асоси хисоб карда мешавад.

Агар дар шартнома барои маснуоти комплекти ё кисми таркибии мол нисбат ба мухлати кафолати маснуоти асоси мухлати кутохтари кафолат мукаррар шуда бошад, истеъмолкунанда хукук дорад хангоми дар давоми мухлати кафолати маснуоти асоси ошкор гардидани нуксони маснуоти комплекти ё кисми таркибии мол талабот пешниход намояд, ба шарте, ки дар шартнома тартиби дигар пешбини нашуда бошад.

Агар барои маснуоти комплекти нисбат ба мухлати кафолати моли асоси мухлати дарозтар мукаррар гардида бошад, истеъмолкунанда хукук дорад нисбати нуксони мол, ба шарте, ки нуксони маснуоти комплекти дар давоми мухлати кафолати ин махсулот ошкор шуда бошад, сарфи назар аз гузаштани мухлати кафолати моли асоси, талабот пешниход намояд.

Дар холатхое, ки тибки шартномаи пешбинигардида мухлати кафолат на камтар аз ду солро ташкил дихад ва нуксони мол бо гузаштани мухлати кафолат, вале дар давоми ду сол аз чониби истеъмолкунанда ошкор гардида бошад, истеъмолкунанда, агар исбот намояд, ки мол пеш аз фурухта шуданаш ба истеъмолкунанда ё бо сабабхои то ин лахза фарорасида нуксондор шудааст, хукук дорад ба фурушанда (истехсолкунанда) талаботи дар моддаи 18 Конуни мазкур пешбинигардидаро пешниход намояд.

Дар сурати ошкор шудани нуксони чиддии мол, аз чумла нуксонхои истехсоли, сохти, дастури ва нуксонхои дигаре, ки бо фарсуда, кухна шудани мол ва дигар равандхои физикии он алокаманд нестанд, истеъмолкунанда хукук дорад ба истехсолкунанда талаботи пешбининамудаи моддаи 18 хамин Конунро пешниход кунад, ба шарте, ки исбот намояд, ки он мол то рузи ба истеъмолкунанда фурухта шуданаш ва ё ба сабабхои то ин лахза нуксондор шуда бошад. Агар нуксони мол баъди ба истеъмолкунанда фурухта шудан дар давоми мухлати хизмати дар мол мукарраргардида ва ё дар давоми дах соли фурухта шуданаш ошкор гардида бошаду мухлати хизматаш мукаррар карда нашуда бошад, ин талаботро пешниход кардан мумкин аст.

 

Моддаи 20. Аз чониби истехсолкунанда (фурушанда) бартараф намудани нуксони мол

Нуксони ошкоргардидаи молро истехсолкунанда (фурушанда) ё ташкилоте, ки дар асоси шартномаи байни худ вазифаи истехсолкунанда (фурушанда) – ро ичро мекунад, агар тибки созишномаи тарафхо мухлати дигари бартараф сохтани нуксони мол муайян нашуда бошад, бояд фавран бартараф созад. Мухлати нихоии бартараф намудани нуксони мол аз рузи бартараф намудани онро талаб кардани истеъмолкунанда аз чахордах руз дарозтар буда наметавонад.

Нисбати моли истифодааш дарозмуддатро истехсолкунанда (фурушанда) ё ташкилоте, ки дар асоси шартномаи байни худ вазифаи истехсолкунанда (фурушанда) – ро ичро мекунад, ухдадор аст хангоми аз чониби истеъмолкунанда пешниход гардидани талабот дар давраи таъмир моли хаммонандро ба истеъмолкунанда бемузд пешниход намуда, дар муддати се руз аз хисоби худ ба у расонад Номгуи молхои истифодаашон дарозмуддатро, ки талаботи мазкур ба онхо дахл надоранд, Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд.

Дар холати бартараф намудани нуксони мол мухлати кафолати он ба андозаи давраи истифода нагардиданаш дароз карда мешавад. Ин давра аз рузе, ки истеъмолкунанда барои бартараф намудани нуксони мол мурочиат намудааст, то рузи додани он пас аз анчоми таъмир хисоб карда мешавад.

Хангоми бартараф намудани нуксони мол бо рохи иваз намудани маснуоти комплекти ё кисми таркибии моли асосие, ки ба он мухлати кафолат мукаррар карда шудааст, барои маснуоти комплектии нав ё кисми таркибии маснуоти асоси мухлати кафолат ба хадди маснуоти комплектии ивазшуда ё кисми таркибии моли асоси мукаррар карда мешавад, агар мутобики шартнома тартиби дигар пешбини нашуда бошад ва мухлати кафолат аз рузи ба истеъмолкунанда баъди таъмир додани ин мол хисоб карда мешавад.

 

Моддаи 21. Иваз намудани моли дорои сифати номатлуб

Дар холати нуксони молро ошкор кардани истеъмолкунанда ва пешниход намудани талабот оид ба ивази чунин мол, фурушанда (истехсолкунанда) ухдадор аст ин молро фавран ва дар сурати зарурати тафтиши иловагии сифати чунин мол аз тарафи фурушанда (истехсолкунанда) дар давоми 14 рузи таквими пешниход кардани талаботи зикргардида иваз намояд.

Агар фурушанда (истехсолкунанда) дар рузи пешниход намудани талаботи мазкур моли ивазшаванда надошта бошад, чунин молро бояд дар давоми як мохи пешниход намудани талаботи мазкур иваз намояд.

Дар сурати моли чунин намуна (тамга, хел, артикул) – ро надоштани фурушанда (истехсолкунанда), ки ин ба у вобаста нест, у ухдадор аст дар давоми як мохи аз чониби истеъмолкунанда пешниход шудани талабот ба вай ин гуна моли намунаи (тамгаи, хели, артикули) дигарро бо розигии истеъмолкунанда пешкаш намояд.

Моли дорои сифати номатлуб бояд ба моли нав, яъне ба моли истифоданагардида иваз карда шавад.

Хангоми иваз намудани мол мухлати кафолат аз нав, аз рузи ба истеъмолкунанда фурухтани мол хисоб карда мешавад.

 

Моддаи 22. Мухлати конеъ гардонидани талаботи алохидаи истеъмолкунанда

Талаботи истеъмолкунанда оид ба мутаносибан кам кардани нархи хариди моли дорои сифати номатлуб, чуброни харочот аз тарафи истеъмолкунанда ё шахси сеюм барои рафъи нуксони мол, инчунин чуброни зараре, ки дар натичаи бекор кардани шартномаи хариду фуруш (ба истехсолкунанда баргардонидани моли дорои сифати номатлуб) ба истеъмолкунанда расидааст, аз чониби фурушанда (истехсолкунанда) бояд фавран конеъ гардонида шавад. Мухлати нихоии конеъ гардонидани талаботи истеъмолкунанда аз рузи пешниход намудани талаботи дахлдор аз хафт руз ва хангоми зарурати гузаронидани экспертиза аз чахордах рузи таквими зиёд буда наметавонад.

 

Моддаи 23. Масъулияти фурушанда (истехсолкунанда) барои таъхири ичрои талаботи истеъмолкунанда

Фурушанда (истехсолкунанда) ё ташкилоте, ки дар асоси шартномаи байни худ вазифаи фурушанда (истехсолкунанда) – ро ичро мекунад, барои риоя накардани мухлати пешбининамудаи моддахои 20, 21 ва 22 Конуни мазкур, инчунин барои ичро накардани (боздоштани ичрои) талаботи истеъмолкунанда, ки бояд моли хаммонандро дар давраи таъмир (иваз) кардан ба у пешниход намоянд, барои хар рузи таъхир ба андозаи як фоизи нархи мол ноустуворона (пушаймона) мепардозад.

Агар талабот ихтиёран конеъ гардонида нашуда бошад, нархи мол бо назардошти нархи дар рузи ноустуворонаро пардохтани фурушанда (истехсолкунанда) ё худ дар рузи баровардани карори суд мавчудаи моли намуна (тамга, хел, артикул ва гайра) муайян карда мешавад. Агар дар рузи ба истеъмолкунанда фурухтани мол нархаш назар ба чунин моли дар рузи пардохти ноустуворонаи он дар рузи баровардани карори суд баландтар бошад, пас андозаи ноустуворона бо назардошти нархи рузи ба истеъмолкунанда фурухта шудани мол муайян карда мешавад.

Агар талаботи истеъмолкунанда дар мухлатхои пешбининамудаи моддахои 20, 21 ва 22 Конуни мазкур ичро нагардад, истеъмолкунанда хукук дорад бо хости худ дигар талаботи мукаррарнамудаи моддаи 18 Конуни мазкурро пешниход намояд.

 

Моддаи 24. Хисоббаробаркуни бо истеъмолкунанда хангоми харидани моли дорои сифати номатлуб

Хангоми ба моли тамгаи хаммонанд (модел, артикул) иваз намудани моли дорои сифати номатлуб арзиши он аз нав хисоб карда намешавад.

Дар мавриди ба хамон хел моли тамгаи дигар (модел, артикул) иваз намудани моли дорои сифати номатлуб, ба шарте, ки нархи моли ивазшаванда аз нархи моли бар ивазаш пешниходгардида пасттар бошад, истеъмолкунанда фарки нарххоро мепардозад. Агар нархи моли ивазшаванда аз нархи моли бар ивазаш пешниходшаванда баландтар бошад, фарки нарххо ба истеъмолкунанда пардохта мешавад.

Хангоми аз чониби истеъмолкунанда пешниход намудани талабот оид ба мутаносибан кам кардани нархи хариди мол он дар лахзаи пешниход намудани чунин талабот оид ба паст кардани нарх ба хисоб гирифта мешавад ё ин ки агар он ба таври ихтиёри конеъ нагардида бошад, дар лахзаи баровардани карори суд оид ба мутаносибан паст намудани нархи харид ба хисоб гирифта мешавад.

Дар сурати бекор намудани шартномаи хариду фуруш истеъмолкунанда хукук дорад баргардонидани пули барои мол додааш ва хамчунин чуброни фарки байни нархи моли тибки шартнома мукарраргардида ва нархи моли дахлдорро дар лахзаи ба таври ихтиёри конеъ гардонидани чунин талабот, ё ки агар талабот ба таври ихтиёри конеъ гардонида нашуда бошад, дар лахзаи баровардани карори суд талаб намояд.

Ба истеъмолкунандагоне, ки мол ба карз фурухта шудааст, дар холати бекор намудани шартномаи хариду фуруш маблаг ба андозаи карзи дар рузи баргардонидани мол пардохташуда баргардонида мешавад, инчунин маблаги пешниходнамудаи карз чуброн карда мешавад.

 

Моддаи 25. Хукуки истеъмолкунанда барои иваз намудани моли дорои сифати матлуб

Истеъмолкунанда хукук дорад дар давоми чахордах рузи таквимии ба у супурдани моли гайриозукави, ба шарте, ки фурушанда мухлати аз ин дарозтарро таъкид накарда бошад, моли харидаашро дар чои харидааш ё худ дар чойхои дигари таъкиднамудаи фурушанда ба чунин моли андоза, сохт, хурд ё калон, духту шакл, ранг ва ё комплекти дигар иваз намуда, дар сурати фарк кардани нархаш онро бо фурушанда аз нав хисобу китоб кунад.

Талаби харидор дар бобати иваз кардан ё баргардонидани молбояд конеъ гардонида шавад, ба шарте, ки мол мавриди истифода карор нагирифта, хосиятхои истеъмолиаш осеб надида, далеле дар даст бошад, ки он махз аз хамин фурушанда харидори шудааст.

Номгуи молхоеро, ки тибки асосхои зикргардидаи моддаи мазкур иваз карда намешаванд, Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик менамояд.

Агар моли хаммонанд дар рузи ба фурушанда мурочиат намудани истеъмолкунанда дар фуруш набошад, истеъмолкунанда хукук дорад моли харидаашро ба фурушанда баргардонда, маблаги барои моли мазкур пардохташударо талаб кунад.

БОБИ 3.

ХИФЗИ ХУКУКИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН ХАНГОМИ ИЧРОИ КОР (ХИЗМАТРАСОНИ)

 

Моддаи 26. Мухлати ичрои кор (хизматрасони)

Ичрокунанда ухдадор аст кор (хизматрасони) – ро дар мухлати мукаррарнамудаи шартномаи ичрои намуди кор (хизматрасони) ба чо оварад.

Мухлати ичрои кор (хизматрасони) мумкин аст бо санае (даврае), ки бояд ичрои кор (хизматрасони) ба анчом расанд (ва) ё санае (даврае), ки ичрокунанда бояд ба ичрои кор (хизматрасони) шуруъ намояд, муайян карда мешавад.

Агар кор (хизматрасони) кисм ба кисм (расонидани нашрияхои матбуоти даври, хизматрасонии техники) дар давоми амали шартномаи ичрои кор (хизматрасони) ба ичро расад, бояд мухлати (давраи) дахлдори ичрои чунин кор (хизматрасони) пешбини карда шавад.

Моддаи 27. Окибати аз чониби ичрокунанда риоя нашудани мухлати ичрои кор (хизматрасони)

Агар ичрокунанда мухлати ичрои кор (хизматрасони) – мухлати огоз ва анчоми кор (хизматрасони) ва мухлати мобайнии ичрои кор (хизматрасони) – ро вайрон карда бошад ё хангоми ичрои кор (хизматрасони) маълум гардад, ки он дар мухлати муайян ичро намешавад, истеъмолкунанда хукук дорад:

– барои ичрокунанда мухлати нав таъин кунад, ки дар давоми он ичрокунанда бояд ба ичрои кор (хизматрасони) шуруъ кунад ва ё ичрои кор (хизматрасони) – ро анчом дихад ва пасттар кардани нархи ичрои кор (хизматрасони) – ро талаб намояд;

– ичрои кор (хизматрасони) – ро ба шахсони сеюм супориш дихад ё бо кувваи худ анчом дихад ва аз ичрокунанда чуброни зарари расидаро талаб намояд;

– пасттар кардани нархи ичрои кор (хизматрасони) – ро талаб намояд;

– шартномаи ичрои кор (хизматрасони) – ро бекор кунад.

Истеъмолкунанда хукук дорад чуброни пурраи зарари дар натичаи риоя накардани мухлати ичрои кор (хизматрасони) ба вай расидаро талаб намояд.

Мухлати нави ичрои кори (хизматрасонии) таъинкардаи истеъмолкунанда дар шартномаи ичрои кор (хизматрасони) зикр карда мешавад.

Хангоми гузаштани мухлати нав истеъмолкунанда хукук дорад ба ичрокунанда дигар талаботи мукарраргардидаи кисми якуми моддаи мазкурро пешниход намояд.

Хангоми бекор кардани шартномаи ичрои кор (хизматрасони), инчунин дар сурати паст кардани нархи ичрои кори (хизматрасонии) ба инобат гирифташаванда, музди ба истеъмолкунанда баргардонидашаванда кори (хизматрасонии) ичрогардида мутобики кисми сеюми моддаи 24 Конуни мазкур муайян карда мешавад.

Дар мавриди бекор кардани шартномаи ичрои кор (хизматрасони) ичрокунанда хукук надорад чуброни харочоти худро, ки дар чараёни ичрои кор (хизматрасони) анчом дода шудаанд, инчунин пардохти ичрои кор (хизматрасони) – ро ба истиснои холате, ки истеъмолкунанда кори (хизматрасонии) ичрогардидаро кабул карда бошад, талаб намояд.

Дар сурати риоя нашудани мухлати мукарраргардидаи ичрои кор (хизматрасони) ё мухлати нави дар асоси кисми якуми моддаи мазкур таъиннамудаи истеъмолкунанда ичрокунанда ба истеъмолкунанда барои хар рузи (соати, агар мухлат бо соат муайян гардида бошад) гузаштани мухлати ноустуворона (пушаймона) месупорад, ба андозаи як фоизи кор (хизматрасони) ва агар нархи ичрои кор (хизматрасони) дар шартномаи ичрои кор (хизматрасони) муайян карда нашуда бошад, нархи умумии супоришро пардохт мекунад. Бо шартномаи ичрои кор (хизматрасони) дар байни истеъмолкунанда ва ичрокунанда метавонад андозаи хеле баландтари ноустуворона (пушаймона) мукаррар карда шавад.

Агар ичрокунанда исбот намояд, ки кор (хизматрасони) дар натичаи кувваи рафънопазир ё бо гунохи истеъмолкунанда ба ичро нарасидааст, талаботи дар кисми якуми моддаи мазкур пешбинишудаи истеъмолкунанда конеъ гардонида намешавад.

 

Моддаи 28. Хукуки истеъмолкунанда хангоми ошкор гардидани камбудии ичрои кор (хизматрасони)

Истеъмолкунанда хангоми ошкор гардидани камбудии ичрои кор (хизматрасони) хукук дорад бо хости худ талаб намояд, ки:

– камбудии кори ичрошуда (хизмати расонида) бе музд бартараф карда шавад;

– нархи ичрои кор (хизматрасони) мутаносибан паст карда шавад;

– моли дигар бемузд тайёр намуда ё кор (хизматрасони) такроран бемузд ичро карда шавад;

– харочоти бартараф намудани камбудии кори ичрогардида (хизмати расонида) бо кувваи худ ё шахси сеюм чуброн карда шавад.

Конеъ гардонидани талаботи истеъмолкунанда оид ба бемузд бартараф намудани камбуди, оид ба тайёр намудани моли дигар ё оид ба ичрои такрории кор (хизматрасони) ичрокунандаро барои риоя накардани мухлати ичрои кор (хизматрасони) аз пардохти ноустуворона озод намекунад.

Агар камбудии ичрои кор (хизматрасони) дар мухлати мукарраркардаи шартномаи мазкур аз чониби ичрокунанда бартараф нашуда бошад, истеъмолкунанда хукук дорад шартномаи ичрои кор (хизматрасони) – ро бекор кунад ва чуброни пурраи зарарро талаб намояд. Агар истеъмолкунанда камбудии чиддии ичрои кор (хизматрасони) ё худ риоя нашудани шартхои дигари шартномаро ошкор намояд, хамчунин хукук дорад шартномаи ичрои кору (хизматрасони) – ро бекор кунад.

Истеъмолкунанда низ хукук дорад пурра чуброн намудани зарари аз камбудии ичрои кор (хизматрасони) ба у расидаро талаб намояд. Зарар дар мухлати мукарраргардидаи конеъ гардонидани талаботи дахлдори истеъмолкунанда чуброн мешавад.

Талабхое, ки бо камбудии ичрои кор (хизматрасони) вобаста мебошанд, метавонанд хангоми кабули ичрои кор (хизматрасони) ё дар чараёни ичрои кор (хизматрасони) ва ё агар хангоми кабул намудани ичрои кор (хизматрасони) камбудиро ошкор намудан имконнопазир бошад, дар давоми мухлати мукаррарнамудаи кисми шашуми моддаи мазкур пешниход карда шаванд.

Истеъмолкунанда хукук дорад талаботи ба камбудии ичрои кор (хизматрасони) вобастаро, ки дар муддати мухлати кафолат ошкор шудааст ва агар он ошкор нашуда бошад, дар давоми ду соли кабул намудани ичрои кор (хизматрасони) ё панч сол дар нисбати камбудии бинохо ё дигар молу мулки гайриманкул пешниход намояд.

Агар истеъмолкунанда исбот намояд, ки ин камбуди пеш аз корро кабул кардани у ё бо сабабхои то ин лахза рух додааст, ичрокунанда барои камбудии кор (хизматрасони), ки барои он мухлати кафолат мукаррар нагардидааст, чавобгар мебошад.

Агар ичрокунанда исбот карда натавонад, ки камбудии кори (хизматрасонии) дорои мухлати кафолат баъди кор (хизматрасони) – ро кабул намудани истеъмолкунанда, бинобар риоя накардани коидахои истифодаи натичаи кор (хизматрасони), амали шахсони сеюм ё кувваи рафънопазир рух додааст, чавобгар мешавад.

Дар холатхое, ки мухлати кафолати тибки шартнома пешбинигардида камтар аз ду сол (панч сол барои амволи гайриманкул) бошад ва истеъмолкунанда камбудии кор (хизматрасони) – ро бо гузаштани мухлати кафолат, вале дар давраи ду сол (панч сол барои амволи гайриманкул) ошкор намояд ва агар исбот намояд, ки чунин камбуди то кабул намудани кор (хизматрасони) ё бо сабабхои то ин лахза рух додааст, истеъмолкунанда хукук дорад талаботи дар кисми якуми моддаи мазкур пешбинишударо пешниход намояд.

Дар мавриди ошкор шудани камбудии чиддии кор (хизматрасони), агар истеъмолкунанда исбот карда тавонад, ки ин камбуди то кабул намудани натичаи кор (хизматрасони) ё бо сабабхои то ин лахза рух додааст, хукук дорад ба ичрокунанда талаботи бемузд бартараф намудани камбудиро пешниход намояд. Агар бо гузаштани ду сол (панч сол барои амволи гайриманкул) аз руи кабули натичаи кор (хизматрасони), вале дар доираи барои натичаи кор (хизматрасони) мукаррар намудани мухлати кафолат ё дар давоми дах соли аз чониби истеъмолкунанда кабул гардидани натичаи кор (хизматрасони), агар мухлати коршоями мукаррар нагардида бошад, чунин камбуди ошкор гардида бошад, ин талабот метавонад пешниход карда шавад. Агар талаботи мазкур дар мухлати бо Конуни мазкур мукарраргардида конеъ гардонида нашавад ё камбуди бартарафшаванда бошад, истеъмолкунанда бо хости худ хукук дорад талаб намояд, ки:

– нархи ичрои кор (хизматрасони) мутаносибан паст карда шавад;

– харочоти бартараф намудани камбудии кор (хизматрасони) бо кувваи худ ё шахсони сеюм чуброн карда шавад;

– шартномаи ичрои кор (хизматрасони) ва чуброни зарар бекор карда шавад.

 

Моддаи 29. Мухлати бартараф намудани камбудии кор (хизматрасони)

Камбудии кор (хизматрасони) бояд аз тарафи ичрокунанда дар давоми чахордах рузи таквими бартараф карда шавад, ба шарте, ки дар созишномаи тарафайн мухлати дарозтар мукаррар карда нашуда бошад.

Барои риоя накардани мухлати пешбининамудаи моддаи мазкур чихати рафъи камбудии ичрои кор (хизматрасони) ичрокунанда ба истеъмолкунанда барои хар рузи гузаштани мухлат ба андозаи як фоизи арзиши ичрои кор ноустуворона (пушаймона) мепардозад.

Дар холати риоя накардани ин мухлат истеъмолкунанда хукук дорад ба ичрокунанда дигар талаботи пешбининамудаи Конуни мазкурро пешниход намояд.

 

Моддаи 30. Мухлати конеъ гардонидани талаботи алохидаи истеъмолкунанда

Талаботи истеъмолкунанда чихати паст кардани нархи ичрои кор (хизматрасони), чуброни харочоти рафъи камбудии кор (хизматрасони) бо кувваи худ ё шахси сеюм, инчунин чуброни зарари дар натичаи бекор кардани шартномаи ичрои кор (хизматрасони) расида, ки дар кисми якуми моддаи 27 ва кисмхои якум ва чоруми моддаи 28 Конуни мазкур пешбини гардидаанд, бояд аз рузи пешниходи талаботи дахлдор дар мухлати дах руз конеъ гардонида шавад.

Талаботи истеъмолкунанда чихати бемузд тайёр намудани ашёи дигар аз маводи хаммонанди сифаташ якхела ё ичрои такрории кор (хизматрасони) бояд дар мухлати барои ичрои фаврии кор (хизматрасони) мукарраргардида ва агар ин мухлат мукаррар нагардида бошад, дар мухлати пешбининамудаи шартномаи ичрои кор (хизматрасони), ки ба таври матлуб ичро нагардида буд, конеъ гардонида шавад.

Барои риоя накардани мухлати конеъгардонии талаботи алохидаи истеъмолкунанда, ки дар моддаи мазкур пешбини гардидааст, ичрокунанда ба истеъмолкунанда барои хар рузи гузаштани мухлат ба андозаи як фоизи ичрои кор (хизматрасони) ноустуворона (пушаймона) мепардозад. Ба шартномаи ичрои кор (хизматрасони) байни истеъмолкунанда ва ичрокунанда фоизи зиёдтари ноустуворона мукаррар шуда метавонад.

Дар холати риоя накардани мухлати мазкур истеъмолкунанда хукук дорад ба ичрокунанда дигар талаботи дар Конуни мазкур пешбинигардидаро пешниход намояд.

 

Моддаи 31. Сметаи ичрои кор (хизматрасони)

Барои ичрои кори (хизматрасонии) пешбининамудаи шартномаи ичрои кор (хизматрасони) метавонад арзиши сметави ё калкулятсия тартиб дода шавад. (КЧТ аз 18.03.15с., №1193)

Бо талаби истеъмолкунанда ё ичрокунанда тартиб додани арзиши сметави ё калкулятсия хатми мебошад. (КЧТ аз 18.03.15с., №1193)

Ичрокунанда хукук дорад дар мавриди баланд шудани арзиши мавод ва тачхизоти аз чониби ичрокунанда пешниходшаванда, хамчунин арзиши хизмати аз чониби шахсони сеюм дар рафти ичрои шартнома расонидашаванда, ки дар мавриди бастани шартнома пешбини карданашон гайриимкон буд, зиёд кардани арзиши сметави ё калкулятсияро талаб намояд. Дар мавриди даст кашидани истеъмолкунанда аз ичрои ин талабот ичрокунанда хукук дорад шартномаро бо тартиби суди бекор кунад. (КЧТ аз 18.03.15с., №1193)

Агар зарурати ичрои кори (хизматрасонии) иловаги пеш ояд ва ба ин сабаб арзиши сметави ё калкулятсияро хеле зиёд кардан зарур шавад, ичрокунанда ухдадор аст истеъмолкунандаро дар ин хусус сари вакт огох намояд. Агар истеъмолкунанда барои баланд шудани арзиши арзиши сметави ё калкулятсия рози набошад, вай хукук дорад аз ичрои шартнома даст кашад. Дар ин холат ичрокунанда метавонад аз истеъмолкунанда пардохти музди кори ичрогардида (хизмати расонида) – ро талаб намояд. (КЧТ аз 18.03.15с., №1193)

Ичрокунандае, ки истеъмолкунандаро аз зарурати баланд шудани арзиши сметави ё калкулятсия сари вакт огох накардааст, ухдадор аст шартномаро ичро кунад, ки дар ин холат хукуки дар доираи арзиши сметави ё калкулятсия пардохтани музди кор (хизматрасони) барояш боки мемонад. (КЧТ аз 18.03.15с., №1193)

Дар сурати сарф нашудани воситахои пулии пардохташуда, ки бо арзиши сметави пешбини шудаанд ё калкулятсияи беасоси иктисоди тартибдодашуда барои кори ичрошуда (хизмати расонидашуда), фаркияти ошкоршудаи нарх бояд ба истеъмолкунанда баргардонида шавад. (КЧТ аз 18.03.15с., №1193)

 

Моддаи 32. Ичрои кор аз масолехи ичрокунанда

Агар дар шартнома тартиби дигар пешбини нашуда бошад, ичрокунанда ухдадор аст кори тибки шартномаи ичрои кор муайянгардидаро аз масолех ва маблаги худ ичро намояд.

Ичрокунандае, ки барои ичрои кор масолех пешниход намудааст, барои сифати номатлуби он аз руи коидахои масъулияти фурушанда барои моли дорои сифати номатлуб чавобгар мебошад.

Пули масолехи ичрокунанда хангоми бастани шартномаи мазкур аз чониби истеъмолкунанда пурра ё дар хачме пардохта мешавад, ки дар шартномаи ичрои кор бо шарти хисоби нихои кардан хангоми кори бачоовардаи ичрокунандаро кабул карда гирифтани истеъмолкунанда зикр гардидааст, ба шарте, ки бо мувофикаи тарафхо тартиби дигари хисоби маводи ичрокунанда пешбини нагардида бошад.

Дар холатхои пешбининамудаи шартномаи ичрои кор ичрокунанда метавонад ба истеъмолкунанда масолехро ба тарики кредит пешниход кунад. Тагйирёбии минбаъдаи нархи масолехи карздодаи ичрокунанда боиси хисобу китоби нав шуда наметавонад.

Масолехи ичрокунанда, воситахои техники, асбобхо ва маводи дигари барои ичрои кор зарурро ба махалли ичрои кор ичрокунанда мерасонад.

 

Моддаи 33. Ичрои кор аз масолехи (ашёи) истеъмолкунанда

Агар кор пурра ё кисман аз масолехи (ашёи) истеъмолкунанда ба чо оварда шавад, ичрокунанда барои эхтиёт кардани ин масолех (ашё) ва истифодаи сарфакоронаи он чавобгар аст.

Ичрокунанда ухдадор аст, ки:

– истеъмолкунандаро аз корношоями ё бадсифатии масолехи (ашёи) супурдаи у огох намояд;

– дар бораи сарфи масолех хисобот дихад ва бокимондаи онро баргардонад ё бо розигии истеъмолкунанда музди (сметаи) корро бо назардошти арзиши масолехи истифоданашудае, ки дар дасти ичрокунанда мондааст, камтар кунад.

Ичрокунанда ухдадор аст, ки дар сурати пурра ё кисман гум шудани (осеб дидани) масолехи (ашёи) аз истеъмолкунанда гирифтааш дар давоми се руз бо хамин гуна масолехи (ашёи) сифаташ якхела иваз намояд ва бо майлу хохиши истеъмолкунанда дар мухлати мувофикагардида аз масолехи (ашёи) шабехи он маснуот созад ва дармавриди ноилочи ба истеъмолкунанда арзиши дукаратаи масолехи (ашёи) гумшуда (осебдида) ва хамчунин харочоти истеъмолкунандаро чуброн намояд.

Арзиши масолехи (ашёи) гумшуда (осебдида) дар асоси нархи мавчудаи масолех (ашё) дар чое, ки талаби истеъмолкунанда бояд аз тарафи ичрокунанда дар рузи ихтиёри конеъгардони ё худ дар рузи баровардани карори суд конеъ гардонида шавад, муайян карда мешавад, агар талаби истеъмолкунанда ихтиёри конеъ гардонида нашуда бошад.

Дар шартномаи ичрои кор ва ё дигар хуччате (расидае супорише), ки далели баста шудани шартнома аст, бояд ному тавсиф ва нархи аники масолех (ашё), ки бо созишномаи тарафайн муайян карда мешавад, зикр шуда бошад.

Агар ичрокунанда исбот намояд, ки истеъмолкунандаро аз хосиятхои махсуси масолехе (ашёе) огохонидааст, ки боиси пурра ё кисман гум шудани (осеб дидани) он мегардад, аз масъулияти пурра ё кисман гум шудани (осеб дидани) масолех (ашё) озод мегардад. Агар савияи дониши илми ва техникии ичрокунанда барои ошкор кардани хосиятхои махсуси масолех (ашё) имконият надода бошад, у аз чавобгари озод намешавад.

 

Моддаи 34. ухдадории ичрокунандагон дар бобати огохонидани истеъмолкунанда аз холатхое, ки

                     метавонанд ба сифати ичрои кор (хизматрасони) таъсир расонанд ё худ боиси сари вакт ичро

                      нашудани он гарданд

 

Ичрокунанда ухдадор аст истеъмолкунандаро сари вакт хатти аз он огохонад, ки риоя кардани дастурхои истеъмолкунанда ва холатхои дигари вобаста ба истеъмолкунанда метавонад сифати ичрои кор (хизматрасони) – ро паст кунад ё худ боиси сари вакт ичро нашудани он гарданд.

Агар истеъмолкунанда, катъи назар аз сари вакт ва аз чониби ичрокунанда асоснок огохонида шуданаш масолехи корношоям ё бадсифатро дар мухлати мувофикашуда иваз накунад, дастурхоро доир ба тарзу усули ичрои кор (хизматрасони) тагйир надихад ё дигар холатхоеро бартараф нанамояд, ки сифати ичрои кор (хизматрасони) – ро паст карда метавонанд, ичрокунанда хукук дорад шартномаи ичрои кор (хизматрасони) – ро бекор кунад ва чуброни зарари ба у расидаро талаб намояд.

 

Моддаи 35. Тартиби пардохти музди кори ичрогардида (хизмати расонида)

Тартиби пардохти музди кори ичрогардида (хизмати расонида) бо шартномаи байни истеъмолкунанда ва ичрокунанда муайян карда мешавад.

Истеъмолкунанда ухдадор аст, ки музди кори (хизмати) дар хачми пурра бачоовардаи ичрокунандаро баъди кабул карда гирифтани он пардозад. Бо розигии истеъмолкунанда музди кор (хизмат) хангоми бастани шартнома дар хачми пурра ё ба тарики пешаки метавонад пардохта шавад.

 

Моддаи 36. Коидахои савдо, хуроки умуми, хизматрасонии маиши ва дигар намунахои хизматрасонии

                     истеъмолкунандагон

                                                        (КЧТ аз 6.10.08с., №424)

 

Коидахои савдо, хуроки умуми, хизматрасонии маиши ва дигар намудхои хизматрасонии истеъмолкунандагон (коидахои ичрои намудхои алохидаи кор ва коидахои хизматрасонии намудахои алохида) – ро Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик менамояд. (КЧТ аз 6.10.08с., №424)

Моддаи 37. Танзими намудхои алохидаи хизмат

Окибати вайрон кардани талабхои шартнома дар бораи намудхои алохидаи хизматрасони, агар чунин шартнома бо хусусияти худ ба доираи амали Конуни мазкур дохил нагардад, бо конунгузории Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

 

БОБИ 4.

ХИФЗИ ДАВЛАТИ ВА ЧАМЪИЯТИИ ХУКУКИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН

 

Моддаи 38. Ваколатхои макоми давлатии зиддиинхисори

Назорати давлати оид ба риоя ва ичрои талаботи конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи химояи хукуки истеъмолкунандагон аз чониби макоми давлатии зиддиинхисори (сохторхои минтакавии он) амали мегардад. (КЧТ аз 18.03.15с., №1193)

Макоми давлатии зиддиинхисори (минбаъд – макоми зиддиинхисори) дорои ваколатхои зерин мебошад: (КЧТ аз 18.03.15с., №1193)

– ба истехсолкунанда (ичрокунанда, фурушанда) чихати хотима додани хукуквайронкунихои истеъмолкунандагон, аз чумла оид ба нафурухтани моли мухлати коршоямиаш гузашта, инчунин оид ба нафурухтани моле (ичрои коре), ки бояд мухлати коршоямиаш мукаррар карда мешуд, вале он мукаррар нашудааст ва оид ба боздоштани фуруши мол (ичрои кор, хизматрасони) хангоми мавчуд набудани маълумоти дурусту кофи дар бораи мол (кор, хизматрасони), амрномахоро ирсол менамояд; (КЧТ аз 18.03.15с., №1193)

ба макомоти дахлдор оид ба вайрон шудани хукуки истеъмолкунандагон барои пеш аз мухлат бекор кардан ва ё боздоштани амали ичозатнома оид ба фаъолияти муайян мавод ирсол менамояд; (КЧТ аз 18.03.15с., №1193)

– маводро ба макомоти прокуратура, дигар макомоти хифзи хукук аз руи тобеият барои халли масъалахои огоз намудани парвандахои чинояти аз руи аломатхои чиноят, ки бо вайрон намудани хукукхои истеъмолкунандагон алокаманданд, пешниход мекунад. (КЧТ аз 18.03.15с., №1193)

Макоми зиддиинхисори хукук дорад дар холатхои ошкор гардидани вайронкунихои хукуки истеъмолкунандагон барои хифзи хукуки истеъмолкунандагон ба суд мурочиат намояд, ба манфиати гурухи номуайяни истеъмолкунандагон, аз чумла оид ба катъи фаъолияти истехсолкунанда (ичрокунанда, фурушанда) ё фаъолияти сохибкори инфироди барои вайронкунии бисёркарата ва дагалонаи хукукхои бо конун ва дигар санадхои меъёрии хукуки мукарраршудаи истеъмолкунандагон, инчунин ба сохибкорони инфироди оид ба мачбури ситонидани чарима барои саркаши аз ичрои амрияхо ё барои сари вакт ичро накардани онхо ба суд даъво пешниход кунад.

Макоми зиддиинхисори метавонад аз чониби суд барои иштирок дар мурофиаи суди чалб карда шавад ё бо ташаббуси худ бо максади химояи хукуки истеъмолкунандагон барои додани хулосахо аз руи парванда дар мурофиаи суди иштирок намояд.

 

Моддаи 39. Ваколатхои макомоти давлатие, ки назорати сифат ва бехатарии мол (кор, хизматрасони) –

                     ро анчом медиханд

                                         (КЧТ аз 6.10.08с., №424)

 

Бо максади таъмини бехатарии мол (кор, хизматрасони) макоми давлати оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои Чумхурии Точикистон, макомоти назорати санитарию эпидемиологи, макомоти экспертиза ва сертификатсияи махсулоти фармасевти ва молхои таъиноти тибби, макомоти хифзи мухити зист ва захирахои табии ва дигар макомоти идоракунии давлати, дар доираи салохияти худ назорати сифат ва бехатарии мол (кор, хизматрасони) – ро анчом медиханд: (КЧТ аз 6.10.08с., №424)

– назорати риояи талаботи бехатарии мол (кор, хизматрасони) – ро анчом медиханд;

– барои бартараф намудани талаботи бехатарии мол (кор, хизматрасони), талаботи аз истехсолот гирифтани чунин мол (кор, хизматрасони), истехсол накардан ва нафурухтани чунин мол (ичрои кор, хизматрасони), нафурухтани моли мухлати коршоямиаш гузашта ва моле (коре), ки бояд ба он мухлати коршоями мукаррар мешуду вале мукаррар карда нашудааст, инчунин талаботи боздоштани фуруши мол (ичрои кор, хизматрасони) хангоми мавчуд набудани маълумоти дурусту кофи оид ба мол (кор, хизматрасони), оид ба гирифтани онхо аз истеъмолкунандагон ва дар ин хусус хабардор намудани истеъмолкунандагон амрия ирсол мекунанд;

– хангоми аз чониби истехсолкунанда (ичрокунанда, фурушанда) риоя нагардидани талаботи бехатарии мол (кор, хизматрасони) нисбати онхо ба суд даъво пешниход мекунад.

Хамохангсозии фаъолияти макомоти давлати, ки назорати сифат ва бехатарии мол (кор, хизматрасони) – ро анчом медиханд, инчунин ташкил ва ичрои корхои тасдики хатмии мувофикати мол (кор, хизматрасони) ба талаботи мукарраршуда ба зиммаи макоми давлати оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои Чумхурии Точикистон гузошта мешавад. (КЧТ аз 6.10.08с., №424)

Макоми давлати оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои Чумхурии Точикистон дар доираи салохияташ чунин вазифахоро бачо меоварад: (КЧТ аз 6.10.08с., №424)

– тартиби сертификатсия кардани мол (кор, хизматрасони) – ро муайян менамояд;

– макомоти сертификатсияи намудхои мушаххаси мол (кор, хизматрасони) ва хамчунин лабораторияхои (марказхои) озмоиширо барои санчишхои дахлдор ваколатдор месозад;

– ба дуруст сертификатсия шудани мол (кор, хизматрасони) назорат мекунад;

– фехристонии давлатии моли (кори, хизматрасонии) сертификатсияшуда, макомоти ваколатдорро доир ба сертификатсия, лабораторияхои (марказхои) озмоиширо ба рох мемонад;

– дар бораи эътирофи сертификатсияхое, ки ба макомоти хоричи ва байналмилали додааст, карор кабул менамояд, дар муносибатхои мутакобила бо ташкилотхои хоричи ва байналмилали аз руи масъалахои сертификатсияи мол (кор, хизматрасони) аз номи Чумхурии Точикистон намояндаги мекунад;

– риояи коидахои савдо, хуроки умуми, сифат ва бехатарии молхои ниёзи мардумро назорат мекунад. (КЧТ аз 6.10.08с., №424)

 

Моддаи 40 бо КЧТ аз 28.12.13с., № 1052 хорич карда шуд

 

Моддаи 41. Аз чониби макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати химоя карда шудани хукуки

                     истеъмолкунандагон

 

Бо максади химояи хукуки истеъмолкунандагон дар назди макомоти ичроияи махаллии хокимияти давлати сохторхои дахлдор ташкил карда мешаванд, ки онхо:

– шикояти истеъмолкунандагонро барраси мекунанд ва ба онхо оид ба масъалахои хукуки истеъмолкунандагон маслихат медиханд:

– шартномахои бо фурушандагон (ичрокунандагон, истехсолкунандагон) бастаи истеъмолкунандагонро бо максади ошкор намудани шартхое, ки хукуки истеъмолкунандагонро махдуд месозанд, тахлил мекунанд;

– хангоми ошкор намудани моли (кори, хизматрасонии) дорои сифати номатлуб, инчунин барои хаёт, саломати ва амволи истеъмолкунандагон ва барои мухити зист хатарнок макомоти хокимияти ичроияро, ки назорати сифат ва бехатарии мол (кор, хизматрасони) – ро амали мекунанд, фавран огох месозанд;

– дар холати ошкор намудани фуруши мол (ичрои кор, хизматрасони), ки маълумоти дуруст ва кофи надорад ё мухлати коршоямиаш гузаштааст ё худ мухлати коршоямиаш зикр нашудааст, агар мукаррар намудани ин мухлатхо хатми бошад, фуруши мол (ичрои кор, хизматрасони) – ро то пешниход намудани маълумот боз медоранд ё катъ мекунанд;

– ба суд чихати химояи хукуки истеъмолкунандагон (доираи номуайяни истеъмолкунандагон) мурочиат мекунанд.

Моддаи 42. Хукуки иттиходияхои чамъиятии истеъмолкунандагон (ассотсиатсия, иттифокхои онхо)

 

Шахрвандон хукуки ихтиёран дар иттиходияхои чамъиятии истеъмолкунандагон (ассотсиатсия, иттифокхои онхо) муттахид шуданро доранд.

Иттиходияхои чамъиятии истеъмолкунандагон (ассотсиатсия, иттифокхои онхо) дар мавридхои пешбининамудаи оинномаи иттиходияхои мазкур (ассотсиатсия, иттифокхои онхо) хукук доранд, ки:

– дар тахияи талабот ба бехатарии мол (кор, хизматрасони) ва хамчунин ба стандартхое, ки талаботи хатмиро дар ин соха мукаррар менамоянд, ба лоихаи конунхо ва дигар санадхои меъёрии хукуки, ки муносибатхоро дар сохаи химояи хукуки истеъмолкунанда танзим менамоянд, иштирок кунанд;

– экспертизаи мустакилонаи сифат ва бехатарии мол (кор, хизматрасони) – ро аз руи супориш дар ташкилотхои дахлдор ё дар мавриди доштани лабораторияхои худи гузаронанд, ба шарте, ки макомоти дахлдор барои салохияти техники доштани онхо ичозат дода бошанд;

– риоя шудани хукуки истеъмолкунандагон ва коидахои хизматрасонии тичорати, маиши ва дигар намудхои ба истеъмолкунандагон хизматрасониро тафтиш намоянд, бо супориши истеъмолкунандагон дар гузаронидани экспертиза доир ба риоя нашудани хукуки истеъмолкунандагон иштирок кунанд;

– ба макомоти идоракунии давлати ва ташкилотхо доир ба бехтар кардани сифати мол (кор, хизматрасони), истехсол накардан, аз муомилот гирифтани моле (коре, хизматрасоние), ки барои хаёт, саломати, амволи истеъмолкунанда ва мухити зист хавфу хатар доранд, таклифхо пешниход намоянд;

– хамрохи макомоти идоракунии давлати дар назорати татбики нарххои идорашаванда ширкат варзад, тарифхоеро, ки макомоти давлати барои ба чо овардани хизмати ахоли (истеъмолкунандагон) мукаррар менамояд, мустакиман экспертиза кунад;

– ба макомоти прокуратура ва макомоти идоракунии давлати дар бораи ба чавобгари кашидани шахсони барои истехсолу фуруши моли (ичрои кори, хизматрасонии) ба талаботи мукарраргардида нисбати бехатари ва сифати мол (кор, хизматрасони) номувофик ва хамчунин барои риоя накардани хукуки истеъмолкунандагон айбдоранд, мавод пешниход намоянд;

– аз макомоти прокуратура хохиш намоянд, ки дар бораи беэътибор донистани санадхои макомоти идоракунии давлати ва санадхои макомоти худидораи махалли, ки хилофи конунхои танзимкунандаи муносибатхои сохаи химояи хукуки истеъмолкунандагонанд, эътироз баён кунанд;

– барои химояи хукуки истеъмолкунандагон ( доираи номуайяни истеъмолкунандагон) ба суд мурочиат намоянд.

Моддаи 43. Хифзи манфиати гурухи номуайяни истеъмолкунандагон

 

Макоми зиддиинхисори, макомоти идоракунии давлати, ки назорати сифат ва бехатарии мол (кор, хизматрасони) – ро анчом медиханд, хукук доранд дар бораи эътирофи амали фурушандахо (истехсолкунандагон, ичрокунандагон) ё ташкилоте, ки дар асоси шартнома бо онхо вазифаи фурушанда (истехсолкунанда) – ро ичро мекунад, нисбати гурухи номуайяни истеъмолкунандагон ва катъи ин амалхо ба суд даъво пешниход намоянд.

Хангоми конеъ гардонидани чунин даъво суд конуншиканро ухдадор месозад, ки дар мухлати мукаррарнамудаи суд аз тарики воситахои ахбори умум ё бо тарзи дигар карори судро ба маълумоти истеъмолкунанда расонад.

Карори эътибори конуни пайдокардаи суд нисбати гурухи номуайяни истеъмолкунандагон оид ба зиддихукуки эътироф намудани амалхои фурушанда (истехсолкунанда, ичрокунанда) ё ташкилоти тибки шартномаи бо у басташуда вазифаи фурушанда (истехсолкунанда) – ро ичрокунанда, барои суде, ки даъвои истеъмолкунандаро дар хусуси окибатхои хукукии граждании амали фурушанда (истехсолкунанда, ичрокунанда) ё ташкилоти дар асоси шартномаи бо у басташуда вазифаи фурушанда (истехсолкунанда) – ро ичрокунанда барраси менамояд, оид ба масъалахои чой доштан ё надоштани ин амалхо ва аз чониби шахсони мазкур содир гардидан ё нагардидани ин амалхо хатми мебошад.

БОБИ 5.

МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ

(КЧТ аз 18.03.15с., №1193)

Моддаи 44. Дар бораи беэътибор донистани Конуни Чумхурии Точикистон

                       «Дар бораи химояи хукуки истеъмолкунандагон»

Конуни Чумхурии Точикистон аз 15 майи соли 1997 «Дар бораи химояи хукуки истеъмолкунандагон» (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, с. 1997, № 10, моддаи 135) беэътибор дониста шавад.

Моддаи 441. Чавобгари барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур

 

Шахсони вокеи ва хукуки барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

(КЧТ аз 18.03.15с., №1193)

Моддаи 45. Мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

Президенти

Чумхурии Точикистон                   Э. Рахмонов

 

ш. Душанбе,  9 декабри соли 2004

№ 72

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …