Главная / Гуногун / Хикояи Гук ва Мохи (Афсона)

Хикояи Гук ва Мохи (Афсона)

Гуке (Курбока) аз чуфти худ чудо монду мехнати бечуфтияш бар канори дарьё нишонд: хар су назар меандохт ва хотири гамдидаро аз гами бечуфти мепардохт. Ногахон:

М а с н а в и

Мохие дид дар  миёнаи об,
Хамчун оби равон равон ба шитоб.
Ё чу микрозе аз сабикаи сим,
Атласи сатхи об аз у ба ду ним.
Ё чу эмин хилоле аз каму кост,
Мутамоил ба чунбиш аз чапу рост.

Чун гук вайро бидид, хотираш ба сухбати вай кашид. Киссаи бечуфтии худро дар мнён оварду аз вай талаби мусохабат кард.

КурбокаМохи гуфт:

— Мусохабатро муносибат дарбоист аст ва мусохиби номуносиб сухбатро ношоист. Маро бо ту чи муносабат?! Маро чо дар каъри дарёву туро манзил бар канори сохил, маро дахон хомушу туро забон пур аз хуруш; туро кубхи лико – сипари бало, хар ки шакли туро бинад, нахохад, ки бо ту нишинад; ва маро хусни манзар сармояи хавфу хатар, хар ки ба чамоли ман дида барафрузад, чашми тамаъ дар висоли ман дузад; мургони осмон дар хавои мананд ва вухуши сахро дар савдои ман; сайёдон гох чун дом дар чустучуи ман бо хазор дида ва гох чун шаст аз бори орзуи ман бо пушти хамида.

Ин бигуфт ва рохи каъри дарё бардошт ва гукро бар сохил танхо бигузош.

К и т ъ а

Бо касе маншин, ки набвад бо ту дар гавхар яке,
Риштаи пайванди сухбат иттиходи гавхар аст.
Чинсро бо чинсу бо ночинс агар гири киёс:
Ин ба сони обу равган в-он чу ширу шаккар аст.

 

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …