Главная / Чамъият / Хатархои азиме, ки дар пеши майит оянд

Хатархои азиме, ки дар пеши майит оянд

Хатархои азиме, ки дар пеши майит оянд

Бечора одами чахор хатари бузург дар пеш дорад, хар яке аз дигаре сахттару мушкилтар аст. Агар назари тахкик ба вай кунем ва тафаккур намоем дар вай, на парвои хурдану нушидан монад ва на хохиши гуфтану шунидан, аммо чи кунем, ки гафлат бар дилхо фаро гирифта, магар Хак таьоло огохи ва хушёри дихад. Аввал хатари марг. Дуюм хатари гур. Сеюм хатари кисмат. Чахорум хатари оташи дузах.

Расули акрам (с) фармуданд, хар руз ду фаришта аз осмон нидо мекунад, ки зи ахли дунё, шумо таваллуд шудаед аз барои мурдан ва иморатхо мекунед аз барои хароб шудан, яъне иморат мекунед чизеро, ки руй дар вайрони дорад ва он чи чамъ мекунед, насиби душманом хохад шуд. Хол он ки шумо хисоб ва азоб карда мешавед назди Парвардигори худ.

Эй бародар ва хохари азиз, назар кун, ки чи мекуни? Биандешу хушёр шав.

Расули акрам (с) харгиз дар кори дунё сангеро бор болои санге наниход, то он замон, ки аз олам сафар кард.

Хонаи гилро чанд иморат мекуни, як бор хонан дилро иморат кун.

Хона хap чанд куни махкаму пурнакшу нигор,

Малакулавт дар он хона дарояд рузе.

* * *

Эй бародар ва хохари азиз, агар дар деворхои оханин боши,  маргро аз худ дур карда натавони.

Расули акрам (с) ба гурухе аз одамон гузашт, ки ба пурии дахон механдиданд. Фармуд, ки агар шумо маргро ёд кунед, шуморо ханда наёяд.

Маргро бисёр ёд кунед, ки гур шуморо хонае аст. Ва он равзаеаз равзахои бихишт ё кандае аз кандахои дузах мебошад.

Эй мардумон, гурро бисёр ёд кунед, ки охирин хонаи шумо аст. Ва кафани худро ёд кунед, ки охирин чомаву либоси шумо аст.

Гур хонае аст, ки калидаш дар дасти Исрофил аст, то у сурро надамад, аз он хона берун омадан нест.

Эй бечора, аз хоби гафлат бедор шав, ки то чашм бикушои, худро дар гур бини.

♦ *

Ногох бувад, к-аз ин чахонат бибаранд,

Аз халкаи чамъи дустонат бибаранд.

Гофил манишин замон, замонат бибаранд,

Гар ту нарави, кашон-кашонат бибаранд.

Хаш вакт он набошад, ки ту ба чанозаи дигарои хозир шави,  рузе хохад расид, ки чамъе ба чанозаи ту низ хозир шаванд.

Ёд кун аз он соат, ки салоти чанозаи ту барояд.

Ёд кун он замоне, ки богу бустонро бигузори ва руй ба  гуристон ори.

Ёд ор он лахзаро, ки туро ба хоки тира бисупоранд ва дустон аз сари хоки ту боз гарданд ва туро дар он макоми пурвахшат бигузоранд.

Ёд кун из он соат, ки хуруши мусибат аз хонаводам ту  барояд, ахл ва фарзандони ту оху вохеро бароранд. Агар хазор сол умр ёби на хама лаззоти чахон туро бошад, хосили он чи хохад буд, чуз он ки шарбати марг мебояд чашид ва сахтии чон кандан мебояд дид?

Умри азидро дар талаби чизи дунё бехуда сарф куни ва ба машаккати тамом дирам ва динор чамъ  куни ва ба хавф нигох дори ва ба хасрат бигзори, балки аз у фоида ногирифга ба ворис бигзори ва худ бигзари.

Амирулмуъминин Усмон (р) анху чун бар сари гуре биистод, чандон бигирист, ки ришааш тар шуд. Аз вай пурсиданд, ки барои чи киёмату дузахро ёд мекуни, чандон намегирйи ва чун гурро мебини, чандин мегирйи?

Гуфт: – Агар киёмат бошад, халоик хама чамъ хоханд буд ва агар дузах acт, он чо низ гурухе хоханд буд, хеч чои  мушкилтар ва пурвахшаттар аз гур нест, ки дар ин чо танхо мемони то рузи киёмат.

Азизи ман, марги хама кас мушкил аст, аммо марги чавонон ва гарибон мушкилтар аст. Он гариби бечора дур аз ватану ёру дустон дар масчиде ё гушае бемор афтода, бар сари болинаш на падару на модар, на касе аз фарзандону хешони вай. Сар ба санге ё кулухе нихода бо ранги зард бар  гушае афтода. Ногох Малакулмавт бар вай зохир шавад, он бечора чун вайро бинад, аз хешони худ ёд кунад ва охи сард аз сина барорад. Дар он хол Хак таъоло фариштае бифиристад, то саломи Хак ба вай расонад ва гуяд: – Эй бандаи гариб, Худои таъоло салом мерасонад ва мефармояд, ки бандаи ман агар чи туро аз ватану дустони ту чудо кардам, валекин рахмати худро карини холи ту гардонидам.

Эй банда, матарс ва андухгин мабош, ки бихиштро барои ту омода кардаам ва хурхо дар интизори дидори туанд ва бо ин хама туро дарачаи шахиди каромат кардам. Ин банда чун ин ташриф биёбад, шоду хурсанд гардад ва чони вай ба рахмат ва ризвони Хак барояд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …