Главная / Биология / Хароммагз чист?

Хароммагз чист?

Сохти хароммагз. Хароммагз яке аз кухантарин таркиби магзи сар ба хисоб рафта, аввалин маротиба дар хайвонхо бо пайдоиши хорда (сутунмухра) хосил мешавад. Хароммагз дар ковокии сутунмухра чойгир аст. Дарозии он 43-45см буда, пахниаш 12- 13мм, вазнаш 30-31гр-ро ташкил мекунад. Хароммагз аз се кабат: 

  • кабати берунии сахт;
  • кабати тори анкабутмонанд, ки дар зери кабати гафс чойгир аст ва
  • кабати нарм, ки асоси магзро ташкил мекунад, иборат аст.

harommagz-768x470

Дар сатхи пеш ва акиби хароммагз ду чуяки дароз мавчуданд, ки онро ба тарафи рост ва чап таксим мекунанд. Дар буриши кундаланги хароммагз аз ду модда иборат аст:

  • моддаи хокистарранг мачмуи нейронхо буда, дар кисми мобайни чойгир аст;
  • моддаи сафед, ки дар кисми пахлугии хароммагз чойгир аст, изофахои нейронхоро ташкил мекунад. 

Хароммагз аз пайдоиш то хол таркиби сегментарии худро тагйир надодааст ва аз 31 чуфт сегмент, ки аз решачахои пеш ва акиб мебароянд ва торхои асабхои омехтаро хосил мекунанд, иборат аст. Дар решачахои акиб нейронхои хиссиёт ва дар решачахои пеш нейронхои харакат чойгиранд. 

Вазифаи хароммагз. Хароммагз ду вазифаи асоси:

  • рефлектори ва
  • гузаронандагиро (нокилиро) ичро мекунад. 

Вазифаи рефлектории хароммагз харакатро таъмин мекунад. Аз хароммагз камонаки рефлектори мегузарад, ки кашишхурии мушакхои баданро таъмин менамояд. Ба рефлексхои харакат рефлекси зону мисол мешавад. Хангоми бо болгачаи неврологи ба пайи зери айнаки зону задан ростшавии соки пойро мушохида намудан мумкин аст. Хароммагз бо якчоягии магзи сар кори узвхои дохили: дил, меъда, узвхои таносули, масона ва гайраро танзим мекунад. Вазифаи гузаронандагиро моддаи сафеди хароммагз таъмин менамояд. Импулсхои асаби, ки аз ретсепторхо ба хароммагз мераванд, тавассути роххои болораванда ба магзи сар мегузаранд.

refleksi-zonuБаъд онхо аз магзи сар бо роххои поёнраванда ба хароммагз ва аз он чо ба узвхо мераванд. Кори хароммагзро нимкурахои калони магзи сар танзим мекунанд. Инро дар вакти осеб ёфтан ё кандашавии хароммагз мушохида кардан мумкин аст. Магзи сар муътадил кор мекунад, аммо аксар рефлексхои хароммагз, ки аз чои зарардида поёнтар мебошанд, нест мешаванд. Чунин одамон кобилияти коркуни, харакат кардани дастонро доранд, аммо кисми поёни бадани онхо бехаракат мешавад. 

  1. Сохти хароммагз чи гуна аст?
  2. Кадом вазифахои асосии хароммагз маълум аст?
  3. Хароммагз аз чанд модда сохта шудааст?
  4. Кори хароммагзро кадом кисми магзи сар танзим мекунад.

Кори амали

Рефлекси пай дар одам Тачхизоти амалиёт: болгачаи неврологи, курси, ташхисшаванда. 

Рафти амалиёт:

а) Ташхисшавандаро ба курси шинонед.

б) Пойи чапро болои пойи рост гузоред.

в) Бо болгача ба зери айнаки зону занед.

г) Харакати пойро мушохида кунед.

Инчунин кобед

prishi-ot-potseluev-na-litse-3

Собун барои доги руй

Агар шумо ба сини балогат расида ба гирифтори доги руй шуда бошед пас барои тоза …