Главная / Чамъият / Харакати милли дар Испания дар огози асри XX

Харакати милли дар Испания дар огози асри XX

Аз даст додани мустамликахои америкои зарбае буд бар буржуазияи Каталония ва Басконияи Испания. Дар баробари тараккиёти саноатии Каталония ва Баскония буржуазияи миллии онхо ба максади хифзи манфиатхои худ ислохоти маъмури, нархнома (тариф)-хои имтиёзнок ва хукукхои сиёсиро талаб мекарданд. Соли 1901 аз якчанд гуруххои буржуазияи миллии Каталония бо номи “Лигаи минтакави” хизб ташкил карда шуд. Ин хизб зиёда аз ду дахсола ба харакати миллии Каталония рохбари карда, бо роху усулхои ошкоро мухторияти Каталонияро такозо менамуд. Соли 1906 “Лигаи минтакави” бо хамрохии хизбхои дигари буржуазияи милли блоки пешазинтихоботиеро бо номи “Якдилии Каталония” ташкил намуд. Дар натичаи ин “Якдилии Каталония” 44 ваколатномаи намояндагии Каталонияро дар кортесхо сохиб шуд.

cortes_de_cadiz-1

Хамин тарик, харакати милли дар Испанияи сермиллат мохияти сиёсию ичтимои дошт. Он дар шароити сол то сол ташаккулёбии бедори ва худшиносии миллии халкхои Испания сурат мегирифт. Дар он на танхо халки Каталония, балки халкхои Баскония, Кастилия ва гайра ширкат меварзиданд. То Чанги якуми чахони масъалаи худмухторияти халкхои Испания, ки чунин иттиходи давлати федеративиро сохтани буданд, хал нашуд.

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …