Главная / Гуногун / Хайкали Носири Хусрави Кубодиёни

Хайкали Носири Хусрави Кубодиёни

Носири Хусрав соли 1004 дар шахри Кубодиён, ки дар кисми чанубии Точикистони имруза чойгир аст, дар хонаводаи дехкон ба дунё омадааст. Номи пурраи у чунин аст: Абумуиниддин Носири Хусрави Кубодиёни. Аён аст, ки номаш Носир, номи падараш Хусрав, тахаллусаш Абумуиниддин ва Кубодиёни нисбааш мебошад. Падараш дехкон буд ва Носири Хусрав баробари ёд гирифтани кори дехкони, хату савод хам баровард. Кайд кардан лозим аст, ки дар он замонхо шахси бадавлату молдорро дехкон мегуфтанд ва онхо дар назди дигар табакахои чомеа обруи калон доштанд. Баъд аз ин Носир дар мактаб маълумоти ибтидоиро гирифта, пас аз он тахсилро дар мадрасаи Балх давом дод.

Хайкали Носири Хусрави Кубодиёни дар н. Кубодиёни
Хайкали Носири Хусрави Кубодиёни дар н. Кубодиёни

Дар давоми тахсил махсусан ба омузиши илмхои фалсафа, мантик ва табиатшиноси бештар майл зохир мекард. Носири Хусрав солхои 30-юми асри XI хамчун шоир ва олими забардаст ном баровард. Муддате дар даргохи Султон Махмуди Газнави дар корхои маъмурии молияви хизмат кардааст. Соли 1037 дар Хуросон табаддулоти давлати огоз ёфт. Носири Хусрав муддате дар девони молиёти Салчукиён хизмат намудааст. Носири Хусрав бар замми хизмати дарбор, бо корхои дехкони низ машгул буд. Охиста — охиста хизмати дарбори ба дилаш зад, чунки дар хизмат тазъику фишор ва аз фосидон бади медид.

Дусти хакикии бегаразро надошт, касеро ки медид, хушомадгую риёкор буда, барои худ бахрае мечуст. Носири Хусрав ин гуна дустони риёкорро чашми дидан надошт ва аз онхо худро дур медошт. Хамаи ин сабаб шуданд, ки у тарки хизмати дарбор намуда, ба сафар тайёри дид. Максади сафар карданаш шинос шудан бо хаёт ва зисту зиндагонии мардум, табиати кишвархо, шахрхо буд ва инчунин у мехост бо мундарича ва таълимоти мазхаби исмоилия дар минтакахои гуногун шинос шавад. Исмоилиён як шохаи машхури шииён дар асрхои X—XII буданд. Носири Хисрав ба ин мазхаб аз он сабаб майл дошт, ки онхо ба ривочи илму дониш диккат медоданд ва тарафдори озодфикри буданд.

Носири Хусрав молу мулкашро ба бечорагон таксим карда, соли 1045 бо бародараш Абусаид ба сафар баромад. Ин сафараш 7 сол давом карда, у аз Эрони Гарби, Ирок ва Арабистону Мисрдидан кард. Дар ин муддат Носири Хисрав чараёни исмоилияро бештар омухта, худ таргибгари ин чараён шуд. Соли 1052Носири Хусрав ба Хуросон баргашт. Вай боз кори дехкониашро ба рох монда, акнун пайваста дар байни мардум мазхаби исмоилияро ташвику таргиб мекард, ки ин кахру газаби суннипарастонро ба амал овард.

Носири Хусрав ба таъкиб дучор шуд ва дар Хуросон зистани у хавфнок гардид. Вай дар чанд чойгох панох бурда ва окибат ба кухистони дурдасти Бадахшон, дараи Юмгон, дар панохи мардуми олихиммати Бадахшон бокимондаи умрашро гузаронид. Носири Хусрав дар гариби ва дур аз ватани ачдоди худро норохат хис мекард, мулки Хуросонро ёд мекард, бар замми он дар ин чо имконияти шугли дехкони хам набуд. Носири Хусрав дигар ба Хуросон баргашта натавонист. Вай кариб хамаи асархояшро дар хамин чо навишта, онхоро ба мулкхои дигар равон кардааст. Соли 1088 Носири Хусрав дар Юмгон аз олам чашм пушид.

Харита аз Сафарномаи(форси: سفرنامه‎)-e Носири Хусрав

Эчодиёт[вироиш]

Китоби Сафарнома мушохидахои нависандаро аз сафари хафтсола бо насри равону сода инъикос кардааст. Ин асар ахамияти бадеию таърихи дорад, ходисахои он вокеи мебошанд. Нависанда хар он чизеро, ки дар сафар дидааст ва таассуроте, ки хосил кардааст, хамон хел айнан баён намудааст. Масалан, дар сифати шахри Байтулмукаддас (Иерусалим) менависад: «Шахрест бар сари кухе нихода ва об нест, магар аз борон ва дар рустохо об аст, аммо ба шахр нест. Ин шахр бар сари санг ниходааст ва шахри бузург аст, он вакт ки дидам, бист хазор мардум дар вай буданд. Ва бозорхои неку ва бинохои оли дорад ва хама замини шахр бар тахтасангхое фарш андохта ва хар кучо кух будааст ва баланди буридаанд ва хамвор карда чунон ки борон борад, хама замин покиза шуста шавад». Дар Сафарнома Носири Хусрав манзарахои табиати кишвархои гуногун, анъанахои мардум, ободии шахрхоро ба таври муфассал накл кардааст.

Девони ашъори Носири Хусрав аз касидахои мазхаби, фалсафави ва ичтимои, газалхо, рубоихо ва китъахо иборат буда, 11000 байтро ташкил медихад.

«Рушноинома» маснавиест иборат аз 592 байт ва он дар муддати як хафта эчод шудааст . Дар ин асар масъалахои ахлокию фалсафи инъикос гардидаанд.

«Саодатнома» аз 300 байт иборат буда, кисман такрор ва кисман давоми «Рушноинома» мебошад . Дар он акидахои панду ахлоки, дар бораи муносибати байни одамон, дар бораи мехнат ва ахли мехнат, авлиё ва хукамо, акл ва имон, дар бораи танхои, тарки дунё ва каноат, мазаммати синфи хоким ва муфтхурон акидахои арзишманд изхор шудаанд .

Дар эчодиёти Носири Хисрав панду насихат бисёр вомехурад:

Дар мавриди баёни ахамияти панду андарз:

 

Насихат бишнав ар талх ояд аз ёр,
Ки дар охир ба ширини расад кор.

 

Дар бораи айби худро дидан ва дигаронро айб накардан:

 

Макун айби касон, гар метавони,
Ки ту, эй дуст, айби худ надони.

 

Оиди некиро фаромуш накардан:

 

Касе, к-у бо ту неки кард як бор ,
Хамеша он накуи ёд медор .

 

Оиди донишомузи:

 

Сар андар чустани дониш ниходам ,
Накардам рузгори хеш бебар
Намонд аз хеч гун дониш, ки ман з-он
Накардам истифодат бешу камтар.

 

Андар сифоти касбу хунар:

 

Бех аз саннои олам дехкон аст,
Ки вахшу тайрро рохатрасон аст.
Чахонро хуррами аз дехкон аст,
Ки вахшу тайрро рохатрасон аст.

 

Хакими бузург[вироиш]

 

Носири Хусрави шохи банда навоз,
Искандараму саги туям аз дарвоз
Хар кас, ки ба даргохи ту ояд ба ниёз.
Навмед зи даргохи ту кай гардад боз.

(эчодиёти дахонии халк)

 

Ба пири хизмати модар падар кун,
Чавонию чунун аз сар бадар кун.
Мазан таъна бар эшон аз дили сер,
Ки то ёби замон гарди ту хам пир.

 

Зи паси Фотимиён рав, ки ба фармони Худо,
Умматонро зи паси чаду падар рахбаранд.
Эй писар, дини Мухаммад ба масал чун часадест,
Ки ба ин шухра часад Фотимиён хамчу саранд.

Носири Хусрав
 

Фузун хохи бако, дилхо маёзор,
Ки доим дерзи бошад камозор…
Хамша некхохи мардумон бош,
Ба неки куш в-он гах дар амон бош.
Мурувват нест, ар афтодагоне,
Ба рах биниву худ маркаб бирони.
Зи некон бош, андар некуи куш,
Макун некии кас аз дил фаромуш.
Ба некон умри созу барг хохад,
Бадонро халки олам марг хохад.
Рузе зи сари санг укобе ба хаво хост,
Аз бахри тамаъ болу пари хеш биёрост.
Ба ростии бол назар карду чунин гуфт:
«Имруз хама руйи замин зери пари мост!»
Гар авч бигарам бипарам аз назари шед,
Мебинам агар заррае андар таги дарёст.
Гар бар сари хошок яке паша бичунбад,
Чунбидани он паша аён дар назари мост.
Бисёр мани карду зи такдир натарсид,
Бингар, ки аз ин чархи чафопеша чи бархост.
Ногах зи камингох яке сахткамоне,
Тире зи казову кадар андохт бар у рост.
Бар боли укоб омада он тири чигарсуз,
В-аз абр мар-уро ба суйи хок фуру кост.
Бар хок биафтоду бигалтид чу мохи,
В-он гох пари хеш кашид аз чапу аз рост.
Гуфто: «Ачаб аст ин, ки зи чуб асту зи охан,
Ин тезиву тундиву паридан-ш кучо хост».
Бар тир нигох карду пари хеш бар у дид,
Гуфто: «Зи ки нолем, ки аз мост, ки бар мост».
Хуччат ту маниро зи сари хеш бадар кун,
Бингар ба укобе, ки мани карду чихо хост.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …