Главная / Чамъият / Хадди хукукхои суди мархилаи назорати

Хадди хукукхои суди мархилаи назорати

Моддаи 193-и Кодекси хукуквайронкунии маъмури. Хадди хукукхои суди мархилаи назорати

  1. Хангоми ба тарики назорати барраси кардани парванда амали суд бо вачххои эътироз ё шикоят махдуд карда намешавад ва суд вазифадор аст, ки хамаи маводи парвандаро дар хачми пуррааш санчад.
  2. Суд дар вакти ба тарики назорати барраси кардани парванда метавонад чазоеро, ки нисбати шахси хукуквайронкунии маъмури содиркарда таъин карда шудааст, сабуктар намояд ё конун оид ба хукуквайронкунии сабуктарро татбик намояд, масъалахои дигари вобаста ба тагйир додани санадхои судиро хал кунад, аммо хукук надорад, ки чазоро вазнин кунад ё  конун оид ба хукуквайронкунии маъмурии вазнинтарро татбик намояд.
  3. Агар суди мархилаи назорати эътироф намояд, ки дар суди мархилаи якум ё суди мархилаи кассатсиони парвандаи хукуквайронкунии маъмури нодуруст катъ карда шудааст, хамчунин чазои дар хакки шахси хукуквайронкунии маъмури содиркарда таъиншуда бо сабаби сабукиаш ба кирдори содиршуда номувофик аст, дар он сурат хукук дорад карор ё таъинотро бекор кунад ва парвандаи хукуквайронкунии маъмуриро барои баррасии нави суди мувофикан ба суди мархилаи якум ё кассатсиони равон кунад.
  4. Агар ба беасос катъ кардани парвандаи хукуквайронкунии маъмури ё гайриконуни сабук кардани чазои шахси хукуквайронкунии маъмури содиркарда дар вакти ба тарики назорати барраси кардани парванда рох дода шуда бошад, мархилаи болоии назорати хукук дорад, таъинот ё карори мархилаи поёнии назоратиро бекор кунад ва карорхои суди мархилаи якум ё таъиноти мархилаи кассатсиониро бетагйир мононад. 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …