Главная / Гуногун / ХУСУСИГАРДОНИ

ХУСУСИГАРДОНИ

Баъд аз пошхурии Шурави хусусигардонии мулк ва корхонахо шуруъ шуд. Дар Точикистон ин маърака баъд аз оштии милли ривоч гирифт. Корхонахо аз тарики музоядахо ба фуруш бароварда мешуданд. Созмонхои байналмилалии моли ба хукумат фишор меоварданд, ки харчи зудтар корхонаву муассисахои давлатиро бифурушад ва моликияти хусусиро ривоч дихад. Ва аксаран ин хусусигардонихо саросема ва бе бар- номарезии лозима анчом мешуд, ки натичаи дилхохро надод.

Хукумати шурави занчираи кавии тавлиду истехсолотро бо харчхои сангин тули солхои дароз сохта буд. Албатта, фаъол нигох доштани хамаи он аз имкон хорич буд, вале аксари онхоро бо тагйири масири фаъолият мешуд зинда нигох дошт ва кор фармуд.

Дар сохаи кишоварзи низ ин ислохот кадам ба кадам рохандози мешуд. Сараввал корхонахои пахтатозакуни ба фуруш гузошта шуданд. Барномаи хусусигардонии сохаи кишоварзи ва корхонахои пахтатозакуни зери назари Бонки чахони ва намояндагони он амали мешуд. Дар замони шурави такрибан, хар нохияи пахтакори Точикистон як корхонаи пахтатозакуни дошт. Хамин корхонахо аз тарики музояда ба фуруш гузошта шуданд. Дар раванди ин маърака шохиди ходисахои ачибе шудам.

Мо бо сармоягузорони хоричи маслихат карда, онхоро рози кунондем, ки бо сармоягузории муштарак ду корхонаи пахтатозакуниро бихарем. Ширкати мо он замон дар нохияхои Шахритусу Кубодиён ба хочагихои пахтакор маблаггузори мекард. Мо бовар доштем, ки дар холи харидани корхонахои пахтатозакунии ин ду нохия, масъалахои зиёд халли худро меёбанд. Аввалин имтиёзе, ки ин корхонахо медоданд, ин буд, ки тамоми пахтаи чамъоваришудаи нохия ба анбори корхонаи пахтатозакуни ворид шуда, хамчун кафолати баргардонидани маблаггузории хоричи хизмат мекард. Дар ин хол хатари барнагаштани сармоя кохиш меёфт ва хоричиён метавонистанд ба хочагихо карзхои дарозмуддат ва бо имтиёз диханд, ки ба рушди соха мусоидат мекард.

Ман боре, ин андешаи худро ба намояндагони Бонки чахони ва Корпоратсияи байналмилалии моли арз карда, пешниход кардам, ки корхонахои пахтатозакуни факат бо хамин шарт, яъне кафолати маблаггузории сохаи пахтакори аз суи сохибони нави ин корхонахо фурухта шаванд, вале онхо ба ин хатто ахаммият надоданд. Ва вакте ман эътироз кардам, ки ин низоми ба захмати зиёд ва харчи миллиарди сохташуда аз кор хохад уфтод, рохбари он хайат «боиси таассуф хохад буд», гуфт. Нобуд шудани як сохаи мухимтарини хочагии халки кишвари ман, барояш хамаги «боиси таассуф» буд, на беш аз ин!

Мо ба музояда пешниходи хариди ин ду корхонаро ба маблаги ду миллиону дусад хазор доллар додем. Нархе, ки мо пеш- ниход кардем, баландтарин нарх дар музояда буд. То ин вакт хеч корхонаи пахтатозакуни ба ин нарх фурухта нашуда буд. Ин муомила, аз як су, маблаги калоне ба бучаи давлат ворид кунад, аз суи дигар, пешравии назаррасе дар сохаи пахтакории ин ду нохия эчод мекард.

Вале дар музояда ба чои ширкати мо як ширкати беноми дигар голиб омад, ки боиси хайронии хама шуд. Вакте ки ман пайгири кардам, маълум шуд, ки раисони он корхонахо бо раи- сони он нохияхо забон як карда, аз масъулони музояда хилофи коида, чузъиёти пешниходи моро фахмида, маблаги калонта- реро факат ба хотири коршикани пешниход карда буданд. Дар натича, онхо корхонахоро нахариданд ва он ба музоядаи нав гузошта шуд, вале сармоягузорони хоричи аз фасод огох шуда, дигар аз иштирок дар музояда даст кашиданд. Хамин тавр, як имкони хуби рушди ин ду нохия аз даст рафт.

* * *

Дар яке аз музоядахои баъди дар хариди корхонаи пахтато- закунии нохияи Кубодиён, айнан ба хамин минвол раиси вакти нохия баранда шуда буд. У ба мо пешниход кард, ки маблаги хариди корхонаро пардохт карда, онро бихарем. Ба махзи пар- дохтани маблаг, у ба фиребу найранг огоз кард ва ним сол моро дарди сар дод. Хушбахтона, мо карордоду аснодро дуруст тахия карда будем ва у ноилоч сахмияхои корхонаро ба ширкати мо дод. Вай як марди пасту сифла буд, ки бо овардани чузъиёти аъмолаш намехохам вакти пуркимати хонандаро зоеъ кунам. Албатта, муомилаи ин корхона чузъиёти чолибе хам дорад, ки шояд дар фурсати муносиб онро хам бинависам. Хамкори бо ин раис боиси дарди сар зиёд шуда бошад хам, нихоят мо сохиби сахмияи ин корхона шудем. Вале кош намешудем!

Он замон дар кишвар фармондехони зиёд фаъол буданд, ки кисмхои низомии нимашахси доштанд. Ин фармондехони ма- фиягуна минтакахои кишварро байни худ таксим карда гирифта буданд ва дар «каламрав»-и худ гайриконуни салохияти зиёд доштанд. Аз хама боч мегирифтанд, мардумро тороч мекарданд, хатто ба кори макомоти давлати дахолат мекарданд. Баъд аз он ки мо корхонаи мазкурро харидем, як гурух силохдорон ба офиси мо омада, тахдид карданд, ки ин корхона моли онхост ва харки онро харидааст, аз чонаш сер шудааст.

Ман ба макомоти давлати арз карда бошам хам, касе ёрои бо ин гурух сар ба сар шуданро надошт. Ман мачбур шудам, ки барои хифзи маблагхои сангини барои харидани ин корхона сарфкардаам, ба инхо боч дихам. Сахмияхои ин корхонаро ман як бор аз давлат, бори дувум аз инхо харидам. Вале маълум шуд, ки холо хам ман молики ин корхона нестам.

Он замон ман такрибан дар офис наменишастам, хамаи вактам дар бонку сахро мегузашт. Чандин бор, дар набудани ман, косиде аз номи он фармондех ба офис омада, маро сурог мекард. Албатта, ман аслан хохиши дидан ва сухбат бо онхоро надоштам, вале зангхои тахдиддори телефони огоз шуданд. Ночор будам, фарёдрасе надоштам ва тахдиди инхоро намета- вонистам нодида бигирам. Аз корномаи зулму хунхории онхо хуб огох будам. Бояд вомехурдам ва мушкилро хал мекардам. Нихоят рузе он косид омад ва амр кард:

  • Рафтем, командир нигахат дорад.

Ба мошин нишаста, аз Исмоил хохиш кардам, ки аз пасаш биронад. Ба назди дарвозаи кисми низоми дар Кулписта расида, мошинро гузоштем ва аз паси косид дохил шудем. Фармондехи манфур дар халкаи як гурух низомиён, ки хар гуна либоси низо- мии сахрои дар бар доштанд ва дар либоспуши аз Пакана кам фарк мекарданд, сухбат мекард. Дуртар, дар майдон каторхои сарбозон ба машк машгул буданд. Чанд зирехпушу тонк хам дар канори он майдон катор меистоданд ва дар атрофаш сар- бозон чунбучул доштанд. Командир моро дидан баробар, ба суи ман ишора карда, фарёд кашид:

  • Ин мухофизша овардай, ки мора битарсона?!

Намуди зохирии пахлавононаи Исмоил дар зехни у таваххум эчод карда буд. Шоеъоте, ки у муътоди маводи мухаддир аст, исботи худро меёфт. Вагарна, чи мантике метавонад пушти ин иддаъо бошад? У бо он хама сарбозу тонку туп ва ман бо як «мухофиз»-и дасти холи омадаам, ки уро тарс дихам?!

Ба атрофиёнаш дастур дод:

  • Баред, бифахмонедаш, ман баъд миём!

Чанд нафар атрофи моро халкавор печонда ба суи бино бурданд. Рахорах аз пушт тела медоданд, аз чапу рост бо оринч мезаданд ва тахдид мекарданд. Ман ба як зарра – лахти энерчи табдил ёфта будам. Ончунон рагу паям кашида шуда буд, ки фикр мекардам агар сар дихам, ба хаво мепарам. Холати ачибе даст дода буд, ки аз тасвираш очизам. Ман дар холати омода- боши тамом карор доштам. Медонистам, ки хатари вокеи ба хаётам тахдид мекунад. Вале, аслан хисси тарс надоштам. Хеле мунсачим будам, вале хунсард. Магзам алохида кор мекард. Ба ман машварат медод. Гуё ман ду нафар будам. Чисмам дар холати омодабоши шадид карор дошт, вале магзи сарам ко- милан равшан ва зуд кор мекард. Харакоту харфхои онхоро тахлил мекард.

  • Фикр карди, дунё бесохиб аст?
  • На, медонам, шумо фикр мекунед, ки сохиби дунё шу- моед, – чавоб медод майнаам ва факат гушхои ман чавобхои уро мешуниданд.
  • Эй, дар хамон чогахи хобат, дар Панчакентат ай тиреза мепаронемут, фикр мекуни, мо хоната дар уча намедонем?
  • Намедони, тирезаи хонаи хоби ман баланд аст, дар муко- билаш чизе нест, ки аз руи он баромада нишон гири. Лоф. Тарсондан мехохад, – гушзад мекард майна.
  • Ягон гапи командира нагири, хамин чо мепарронумта.
  • Туфангаш дар миён аст, тахдидаш вокеист, хуни нохак зиёд рехтаанд инхо, – хулоса кард майна. Муште сарамро такон дод.
  • Чавоб надех, вакташ нест, инхо хамаш тарсдихи аст, – фармон дод майна. Хамин тавр моро задаву тела дода, ба як утоки дароз, ки бо мизу курсихо мучаххаз буд дароварда, дар курсихои бехи девор шинонданд ва дугу пуписа идома ёфт.
  • Ба чашмони онхо нанигар, то командираш омада, сухбат накунад, намепарронанд, факат бо ин фишорхо тарсонда гап- даро кардан мехоханд, – дастур дод майна. Тахдид идома кард.

Пас аз муддате, «командир» даромад ва хама «смирно!» гуфта кад кашиданд.

  • Номут чияй, эшон? – нахуст ба Исмоил мурочиат кард у, аз назди мо гузашта ба сари мизи корияш рафта. Дар Точикистон хар каси ришдорро «эшон» меноманд. Мо хам дар корхона Исмоилро хама «Эшон» ном мебурдем.
  • Исмоил, – чавоб дод Исмоил.
  • Аслут ай чоай? – саволи хамешагии точикиро дод коман- дир. Махалли шахс барои мо точикон муайянкунандаи тамоми муносибати баъдиямон бо уст.
  • Аз Масчо, – кутох чавоб дод Эшон.
  • Ээ, ту ай худмон будай-ку! – бонги шоди зад муътод, гуё бо хамин Исмоилро ба гурухи худаш шомил карда, маро тан- хо гузошт.
  • Фахмонден ина? – бонг зад ба зердастонаш ба ман ишора карда.
  • Фахмид, командир, – кад кашида даст ба чакка бурд яке аз онхо. Нигохи командири дарандахуй ба суи ман гашт ва та- моми садояшро сар дода, дод зад:
  • Ту фикр карди дунё бесохибай? Заводи Кабодиён ай ма- най, уна ман ай дасти Махмуд Худойберди зада гирифтагиюм. Ун завод расходои (хазинахои) части (кисми низоми) мара мета. Ура мехаридаги ай очаш набромадай. Ту зури? Ба кадом акл заводи мара хариди?
  • Ором чавобашро дех,- фармон дод майна.
  • Ман хаки туро додам, – садоям гирифта баромад.
  • Тту… Ччи? Кадом хак?! Ба ки доди?! – телба шуд у.
  • Худат медони, – гуфта будам, ки у давоми гапамро бурида, ба зердастонаш дод зад:
  • Бирен ай ин чо!

Онхо утокро холи карданд.

  • Ба ки доди? – оромтар пурсид аз ман. Ба ки ва чи кадр пул доданамро гуфтам.
  • Мерави, хамонро ёфта хамрохат меори, бинем пула кучо кардаст, – гуфт у ба хаёл рафта.
  • Ман медонам кучо кард, – чавоб додам ман.
  • Кучо кард? – пурсид у.
  • Ба оилаат дод, рузи Рига рафтанаш, – ман дигар на хохиши инашро дидан доштам ва на онашро. Дар кашмакашу даъвои онхо ширкат кардан хам намехостам. Бояд хамин хозир хал кунам ва дигар руи инхоро набинам. Далели ман конеъкунанда буд, магар, ки у оханги гапашро комилан тагйир дод.
  • Ай хамин руз эътиборан, барои худут «зелений свет», ина хамича биё, мора хабар бигир, дига бихур бигард, саката гам набоша. Касе гамут дод, мара гап зан. Факат барои он ки касе гамут ната, хамин як баччаи мара дар завод раис мон, корот хуб мешава, – нихоят сари максад омад, мехост одами худашро ба тими ман ворид карда, маро ба бочдихандаи доими табдил дихад.
  • Ман шарикони хоричи дорам, онхо рози намешаванд, – чавоб додам ман. Ин чавобамро хам рад накарда кабул кард. Пас аз ин, харфхои зиёд дар бораи хамкори гуфту ба ман пуш- тибони пешниход кард ва моро бароварда, дар назди зердасто- наш эълон кард:
  • Ай хамин руз ино баччахои худмонанд, хеч кас чакашон нашава!

Мо оромона баромада рафтем. Ман дар давоми ду соле, ки молики он корхона будам, аз дахолати макомот ва дуздихое, ки дар он чо мешуд, ба дод омада, охир он корхонаро фурухта, халос шудам.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …