Главная / Чугрофия / ХУСУСИЯТИ ОБИ УКЁНУС

ХУСУСИЯТИ ОБИ УКЁНУС

Шурии оби укёнус. Шури яке аз хусусиятхои мухими оби укёнус ва бахрхо мебошад. Он дар хама чо як хал нест. Дар оби дарёхо ба хисоби миёна такрибан 0,2% намак мавчуд аст. Аммо дар оби укёнусхо ва бахрхо микдори он нихоят зиёд мебошад. Дарачаи шурии оби Укёнуси Олам ба хисоби миёна 35% (промил)-ро ташкил медихад. Яъне дар 1 литр оби Укёнуси Олам 35 грамм намак будааст. Оби сохилхои укёнусхо аз сабаби ба он чо чорй шудани оби ширипи дарёхо дарачаи шуриаш то 34- 32% кам мешавад. Дар хати истиво хам аз сабаби зиёд будани боришог шурии оби укёнус кам аст. Аммо дар нохияхое, ки боришот ва харорат баланд. бухоршави зиёд аст, шурии оби укёнус меафзояд. Дар Бахри Сурх шурии об 42% -ро ташкил медихад.

Дар оби укёнус гайр аз намакхо металлхои гуногун низ мавчуданд. Масалан, мис, нукра, платина, тилло (тиллои холис), алюминий (арзиз), калъаги, волфрам ва гайра. Аммо онхо дар об нихоят хиссаи камро ташкил медиханд. Як кисми  онхоро аз оби укёнус, кисми дигарашонро аз таркиби хуни хайвонхо ва тахшини каъри укёнус ёфтаанд.

sol-mertvogo-morya

Муайян намудаанд, ки аз як метри мукааби оби укёнус 0.008 мг тилло чудо кардан мумкин аст. Аммо шароити хозираи техники барои ба таври самарабахш истехсол кардани он имконият намедихад. Аз намакхо дар оби укёнус бештар намаки ош хал шудааст. Шурии об ба хамин вобаста аст. Аммо оби укёнус танхо шур не, балки шури талхмазза аст. Таъми талхи он ба намаки магний вобаста мебошад, ки дар таркиби оби укёнус ба микдори кофи вомехурад. Хангоми ба миён омадани зарурат аз оби укёнус ин намакхоро ба микдори зиёд чудо кардан мумкин аст. Дар як вакт дар таркибн оби укёнус моддахои зиёди халшуда мавчуданд, ки кисми зиёди онхоро ошкор намудаи осон аст. Таносуби ои моддахои халшуда нисбат ба якдигар хам дар сатх ва хам дар каъри оби укёнус як хел мебошад, Шурии об аз руи хамин конуният муайян карда мешавад.

Харорати оби укёнусхо. Харорати об дар сатхи укёнус ва бахрхо як хел нест. Ин ходиса ба арзи географи вобаста аст. Бинобар ин харорати оби сатхи укёнус дар назди хати истиво баланд, дар нохияхои кутбии он паст мебошад. Харорати аз хама баланд дар назди хати истиво 27-28 42 ва дар нохияхои наздикутбии укёнусхо 12°С аст. Харорати оби укёнус на факат ба тарзи арзи, инчунин вобаста ба самти харакати чараёнхо (гарм, хунук ва мобайни) ва аз каъри таркишхои зери укёнус баромадани обхои гарм (харорати баъзе чойхои онхо то 40°С баланд мешавад) тагйир меёбад.

Ин ходиса дар фаркияти харорати миёнаи Укёнуси Олам ва кисмхои он (укёнусхой алохида) баръало мушохида мешавад. Харорати миёнаи обии сатхи укёнус кариб 18° € буда, дар Укёнуси Ором 19.3” СЛ Укёнуси Хинд 17,2’ С. Укёнуси Атлантика 16.5″ С. Укёнуся Яхбастаи Шимоли ба 0.7“ С баробар аст. Тагйироти мавсимии-; харорати оби сатхи укёнус факат то чукурии 100 метр> мушохида карда мешавад. Аз ин поён харорати об паст шудад аз чукурихои 1500 2000 метр поён кариб дар хама чо, гайр аз Арктика як хел (аз 2″С то 3° С) мемонад. Дар фурурафтахо каъри укёнус такрибан то 0″ паст мешавад. Оби сатхи укёнус дар харорати – 2°С ях мекунад. Шурии об кам бошад, он нисбатан тез ях мебандад.

Савол ва сунориш

  1. Оби бахрхо ва укёнусхо чаро шуранд?
  2. Барои чи оби бахрхо як хел шур несганд?
  3. Дарачаи шури бо чй ифода карда мешавад?
  4. Харорати оби сатхи укёнус ба чй вобаста acт?
  5. Барои чи харорати оби укёнусхо аз якдигар фарк мекунанд? (». Укёнусхоро аз харита нишон дода. мавкеи географии онхоро муайян кунед.
  6. Укёнус аз кадом кисмхои таркиби иборат аст?

Инчунин кобед

zamin-1

КОМПЛЕКСХОИ ТАБИИИ МАХАЛ ВА ОНХОРО ТАГЙИРДОДАНИ ИНСОН

Шумо медонед, ки комплексхои табий дар натичаи робита ва таъсири мутакобилаи чинсхои кухй, хаво, об, …