Главная / Гуногун / ХОЧИ САЛОМ

ХОЧИ САЛОМ

Субхи содик медамид. Партави хаётбахши офтоб оламро мунаввар менамуд. Мургони чаман аз шоди нагмасарои менамуданд. Баргхои дарахтон аз хурсанди чапак мезаданд. Дар хама чо нуру сафо ва шавку шоди тантана мекард. Нолидани Богигул ин хамаро барбод дод:

– Орд кам монд…

– Ором шав, ором! – гуфт Амон.

– Холамон чи мешавад?!.

– Ором шав, ором! – такрор намуд Амон.

– Наметавонам, – гуфт Богигул. – Ох, Худоё, ман чи мекунам?!.

musafesАмон аз ин гапхо чун муи оташдида ба худ печид. Охир, Худо надихад, чи кор кунад? Як мох боз чояш бозори мардикорон. Мисли чугз аз субх то шом мешинад. Касе уро киро намекунад. Ба умед мераваду ноумед меояд. Холаш танг, киса холи, дилаш пур. Намегиряду бас…

Аз сари рохаш гурбаи сип-сиёх баромад.

«Ух, шумру-е! – гузашт аз дили Амон. – Рузам бебарор мешавад».

Ва у кафо гашта ба хонаи мулло Табар рафт. Гушаш бод ёфта буд, ки у зур, мушкилкушо. Чун у бисёр будаанд. Навбат гирифт. Навбаташ расиду матлабашро изхор кард.

– Мехохед кор ёбед?

– Ха, ха! Албатта!

– Серпул бошад?

– Чаро не?! Албатта!

Мулло Табар ба у се дона когаз дод. Як калон, ду майда.

– Инхо чи?

– Дам шин! – танбехомез гуфт мулло. – Пешпуртаки накун! Осиё бо навбат. Хамаашро мегуям!

– Ха, хуб! – ду даст пеши бар бурд Амон.

– Инхо «чи» не. Инхо таштов. Дар онхо оятхои Куръони карим навишта шудаанд. Эхтиёт кун. Як майдаашро шом, дуюмашро хуфтан, калонашро бомдод дуд мекуни, – фахмонд мулло Табар. –  Ва пеш аз тулуи офтоб ру ба руи оинаи баркад меисти. Рост, чун алиф. Аз акси худ мепурси: «Ту кисти?» Ба чои акс хам худат чавоб медихи: «Ман одами зур! Кавииродаву бонизом! Боаклу доно! Хушёру окил! Хама кор аз дастам меояд! Ман метавонам! Метавонам! Метавонам!!!»

Бегох хеле дер, хаставу лакот, аммо хушхол ба хона омад. Ва садои шодонааш баланд гашт:

– Занак!

– Эй, ха!

– Тез инча биё!

– Омадам, як дам сабр кун! Чи гапай? – хозир шуд хамсараш. – Э…й. Омади, мардак? Хуби?

– Ман? Хеле хубам! Хуб не, олиям! Оли!

– Чи хел оли?! Наход ганч ёфти?!

– Имруз бахтам хандид, занак. Яксаду си сомони кор кардам. Мефахми? Як саду си сомони!

– Э, вой-е! Наход, ки рост?!.. Э хайрияте!..

Якбора губори андух аз чехраи Богигул нопадид гашт. Аз хурсанди дилаш бог-бог кушода шуд. Аз шавку шури ботин шавхарашро сахт ба огуш кашида, сару руяшро бусаборон кард. Чага дум чунбонда ба онхо нигох кард. Гуё ба шодии сохибонаш шарик шудан хост.

– Боз як хабари хуш. Амакам Хоча аз зиёрати хонаи Худо баргашт. Пагох ба деха меравем.

Амонро гуё ки замбур газид, ошуфтахолу бесаранчом гардид.

– Охир, маъракаи хочи маън карда шудааст-ку!

– Бале, гапат рост, лекин хочисалом расм шудааст. Ба зиёрати хочи рафтан бисёр кори савоб аст. Баракат меорад.

Амон хайрон монда рост ба чашмони у нигарист:

– Рост мегуи?

– Рости рост. Худо чунин шарафро ба хар кас насиб намегардонад.

Амон сахт хайратзада шуд. Тез-тез ба хамсараш дида духт, аммо чизе нагуфт, ки бе худо нахонадаш.

– Мо бояд хатман ба хочисалом биравем. Охир, чи хел намеравем? Хама хешу табор меравад. Нарафта намешавад. Хама айб мекунанд, механданд, таъна мезананд.

– Хайр хеч гап не, – охи сард кашид Амон. – Хочисалом бошад, хочисалом. Майлаш, меравем.

– Боракалло, мардакчон! Нав аклат даромад. Аммо дасти холи, ду даст дар бини рафта намешавад.

Аз сари Амон як сатил оби хунук рехтанд. То ин дам бардам буд. Аз ин сухани хамсараш хаста шуд. Хастае, ки дигар майли ягон кор надорад. Ба чехра ва чашмони хамсараш нигарист, сар чунбонд, лек чизе нагуфт. Богигул думболи суханашро гирифт:

– Барои ин бояд ду либос матои хушру пояндоз, як лаъли канду кандалоти кимат, як кутти сакич барои чочуки бигирем.

– Чи-и-и?! – Амон чунон бад-бад ба хамсараш нигарист, ки у кариб чо ба чо захракаф шавад. – Мехохи пули бо сад азоб ёфтаи маро ба бод пош дихи?!

Богигул бо холати эътироз гуфт:

– Чаро ба бод? Ба кори хайр сарф мешавад.

Дар пусти Амон мургак давида, як бор танаш ларзид. Сипас араки сард баровард.

– Охир, Хоча хешам, амаки хамхунам.

Амон чашми нафрат ба хамсараш духт ва андаке бадкахрона гуфт:

– Хешам! Хешам! Чи кор дорам ба хешат?!

Хамин басанда буд, ки Богигул хамчун барги хушки дар оташ афтода даргирад.

– Ха, хеши ту хешу хеши ман хеш не?! – дод зад у. – Барои ту шуда аз хешу таборам чудо шавам?! Кухри, раъди маърака гардам?! Э не-е! Ин пилтаи хома аз гушат каш!

– Э, шуд! Бас! Гушу майнаамро хурди-ку! – хамчунин овоз сар дод Амон.

Богигул хунгос зада паси гиряи шур ба кисмати талхи худ хазор лаънат хонд.

Аз чи бошад дили Амон тах нишаст. Ва беихтиёр чанд бор сулфид. Сипас канда-канда гуфт:

– Ором шав, Богигул… х-хохиш мекунам. Илтимос. Каме рохат кун. То-то… Токати дидани оби дидаи туро надорам.

Богигул аз гиря монд, кам-кам ором шуд. Амон сукутеро, ки муддате ба тул анчомид, шикаст ва сулхомез гуфт:

– Наход, ки бе чизу чора рафта нашавад?

Богигул нешханде зад ва таънаомез гуфт:

– Э мардак, магар чашм надори? Намебини? Ё худатро ба нодони мезани? Охир, одамон колин, бузу гусфанд мебаранд. Ба сари хочи пачка-пачка пул мечошанд.

– Во-о-х!

Лахзае лолу музтар монд. Баъд ба худ омада, бо киёфаи чидди гуфт:

– Киёмат наздик шудааст гуй!

Богигул чигот андохту гуфт:

– Киёмат? Ин чи гап?

– О, одамоне ки надоранд, чи кор мекунанд?

– Карзу кавола мекунанд.

– Во-о-х!.. Ох, Худо!.. Ё тавба! О, ба хонаи Худо барои адои карзи худ мераванд. Чаро ба мардум ин кадар чабрро раво мебинанд? Хеч чиро намефахмам. Худоё!.. Амаки ту барои номаш мондан рафт. Ёд дори, рузи рафтан чи гуфт. «О-дам як дам! – гуфтаанд. Ки медонад: имруз хастему пагох не. Аз худ бояд ном монем». О, ин хел ном мондан ба ки лозим?

Богигул нафаси чукуру вазнине кашида хомуш монд. Амон фурсатро ганимат дониста ба хучум гузашт:

– Гуш кун, Богигул! Ман гами туро мехурам охир! Орд нест, бачахо сару либос надоранд, мефахми ё не?! Агар ин пулро ба хочисалом сарф кунем, чи кор мекунем? Ба гадои мезанем. Ба гадои!

Богигул лахзае музтар монд. Гуё сухане наёфт. Баъди андаке таваккуф гулу рушан кард ва нигах ба руи шавхараш баст.

– Гуш кун, мардакчон! Пул худаш чист?

– Чист? Ту медони ки чист? Аз кучо? Ту ки хеч гох ранчи мардикори ва таъми араки чабинро начашидаи. Когазест, ки меояду меравад.

– Бале, меояду меравад. Зеро чирки даст аст. Ёфтанаш захмати казоие надорад. Вале обру ки рехт, тамом, дигар онро ёфта намешавад. Як умр догдор мешави. Зери бори таънаву маломат мемони. Ту хаминро мехохи? Ту мехохи ки дигар миёни мардум сар набардорем?

– Э, наход рохи халоси набошад-а, аз ин вабои аср?! – гуён Амон ба тангкучаи сарбаста ворид шуд.

Богигул бо садои баланд гуфт:

– Чи? Чи гуфти? Чи хел вабо?

Андаруни синаи Амон кахру газабе чуш мезад, худ ба худ бекарори дошт. Богигул мунтазири посух ба у нигох мекард. Хомушии тулоние дар миён буд. Нихоят Амон нафаси чукур кашида руй ба хамсараш овард:

– Гуш кун, занакчон! «Дуруги маслихатомез бех аз рости фитнаангез», мегуянд. Биё, намеравем. Осмон ба замин намечаспад-ку? Чи бисёр? – бахона. Масалан, мегуем, ки касал будем. Ё…

– Чи-и?! Ту девона шуди?! Ин чи гап?! Чаро нияти бад мекуни?!

– То бад нагуи, нек наояд, гуфтаанд.

– Номаъкул кардаанд! Фахмиди?!

Фикру хиссиёти вазнин Амонро азоб медод. Вай асабиёна ин су кадам мезад, он су кадам мезаду ох мегуфт, ух мегуфт. Дилаш сахт метапид.

Боз нолаи Богигул баланд шуд:

– Ох, Худо… Худо-е!.. Наход шарманда шавем?..

Амон ба хеч вачх намехост хамсарашро озор дихад.

– Ку, як хисобу китоб кун.

– Чиро?

– Харочоти хочисаломро.

– Ха, хуб шудаст мардак. Ин гапи дигар. Хозир… Ду либос пояндоз хаштод сомони, лаъли чил сомони, чочуки дах сомони, пули рохкирои рафту омад си сомони, хамаги як саду шаст сомони.

– Во-о-х! Як саду шаст сомони?!

– Як саду шаст сомони равад хам обру аз даст наравад. Пеши дусту душман, касу нокас сарамон хам нашавад.

Амон бо тунди гуфт:

– О, боз си сомони лозим-ку?!

Ва бе он ки мунтазири посух шавад афзуд:

– Аз кучо меёбем ?

Богигул бидуни андеша гуфт:

– Як рох аст.

Амон бо хайрати бештар пурсид:

– Кадом?

Богигул бо лахне котеъ посух дод:

– Карз.

Калбаш фуру рехт. Хун ба сураташ давид.

– Боз карз?! – кариб дод зад Амон. – Карз гирифтан осон. Чун ду карат ду. Аммо… Оё медони ки доданаш чи сангин аст?!

Богигул бо каме тамасхур ва пузханд гуфт:

– Хуб медонам. Асаби нашав, чаро дод мезани… Хеч гап не. Мард хасти-ку. Кор мекуни, карза мекани…

Богигул асири туфони мухит шуда буд.

Амон ох кашид ва начво кард:

– Худоё!..

Сипас сарашро пойин андохт ва лаб ба дандон газид. Сукути шавхар Богигулро меозурд.

– Хой! Чи, мотам гирифти?!

Нигохи зану шу чун тир ба хам бархурданд. Нигохи чашмони Амон хашму адоват доштанд, чашмони Богигул гаму гусса ва аламу илтичо. Амон дарк намуд, ки пойдевори хашму адовати вучудаш фуру рехт. Ва у охи бадарде кашид. Лаб таги дандон газида каме истод. Сипас хукми эъдоми пулро бароварду даст ба кисааш бурд. Бо дили нохохам пулхоро бароварда, ба хамсараш дароз кард:

– Ма, бигир!

Ранги руи Богигул даромад. Хамчун гули алов шукуфт. Вучудашро осоиш фаро гирифт.

 

*      *      *

 

Бод бо суръате зиёд дар кучахои холи ва хилвати деха медавид. Мепечид ва якмаром наво менавохт. Гаму алам дошт навояш. Ва боз ким-чи…

Оре, ким-чи!

Аммо чи?..

Дили Амон хам метапид, ором набуд. Ва ким-чи хел пешомади нохушеро эхсос мекард. Буи озоре ба машомаш мерасид. Гапи хамсараш рост баромад. Аз ин ру савготии онхо хуш наомад ба хочи Хоча. Руи хамсараш хам турш гашт. Ба якдигар ким-чи гушаки карданд ва кикир-кикир хандиданд. Хочи Хочаи магруру аз худ рафта бо ситеза пурсид:

– Ту аз кучо омади?

– Аз кучо? – бо тааччуб пурсид Амон. – Аз хона.

– Дар сари рохат магоза набуд? Ё бозори «Султони кабир» дур буд? Ё дар дари онхо саг баста буданд?

Амон бухтзадаву гич шуд. Хочи интизори чавоб нашуда, ба хамсараш пичирос зад:

– Тез бурда бачо кун, касе набинад, айб аст.

Гуё корд ба дили Амон халониданд. Пеш аз ин вай хеч гох чунин суханони берахмонаро нашунида буд. Чехраи Амон гули пахта барин зард шуд. Аз шарму хаё ба мурдани худ рози буд. Ва бо гиреви чон дар дил нидо зад: «Гунохамон чист?!» Чи бояд кард? Охир намешавад дили бандаи Худоро шикаст! Изои бандаи муъмин харом аст. Аз мо, ки гузашт, Худоро хуш намеояд.

Ба Богигул вазнинтар афтод. Дилу чигараш сухт, об шуд. Дар чашмонаш ашк халка зад.

– Мотам нагир! – бо нафрат чигот андохт хочи.

Онхоро ба дигар хона, хонаи кунчаки бурданд. Хонаи факирона. Аён ки хонаи шишт набуд. Норуфта, гажд, буе дошт нофорам. Ва хеле сард буд. Аз дару девораш оханги дарег ва дарду алам мечушид. Баъд хешашон Хасан бо хамсараш Рукия омад. Чашмонашон намнок буд. Харду аз чо бархоста, бе сухан салому алейк карданд ва нишастанд. Сари хам, хомуш буданд. Эхтиёчи харф задан набуд. Гуё ба чаноза омада буданд. Дар як чойник чой оварданд. Касе ба он нигох накард.

– Чойро каш, мардак. Ташна мондам.

Амон бесухан чойро гадонд. Чой ранг нагирифт. Як пиёла ба хамсараш дод. Хасан рад кард, нав чой нушидам гуфт. Аз дари кушода медиданд, ки табаки кабобу ош ба хонаи дигар мебурданд. Эхсосоти Амон мехурушиду аз дилаш газаб фавора мезад. Ачаб хулкест Хочаро! Барои чизу чора аз одаму одамгари дур шудааст. Чамъ карданашро медонаду халос. Оламеро чамъ кардаасту ба назараш кам менамояд. Хочи шуданашро хам барои чам овардан истифода мебарад.

«Ё тавба!.. Хазор тавба! О, чи маъно дорад ин хел зиндаги? Магар зиндаги чамъ овардан аст? Хушбахт онест, ки хурду бидод!»

Ох, кош намеомаду намедид. Чи илоч, тир аз камон част. Аз замири калбаш оханги дард мечушид. Чигараш месухт, тори чонаш ба наво меомад. Мехост чор дахан фалак бигирад. Бале, бале, мехост оху афгон, дарду алам ва хама сузашро бо фалак берун резад.

Аммо…

Ба онхо як косаи шурбо оварданд.

– Гушти букаи сесол аст.

Онхо ба косаи шурбо нигохе хам накарданд.

Гирех дар дил!

Гирех дар чабин!

Бугз дар гулу!

Бори дунё бар душ!

Хамчунон хомуш буданд.

Харфе барнамеоварданд.

Наметавонистанд.

Дар боз шуду чавонмарди гарибнамое дар остона хувайдо гардид.

– Тинчед?

Сипас бо ханда, бо сару садову шулуге гуфт:

– Ух, чаро ин тури нишастед? Магар чи иттифоке афтода?

Чун чавобе нашунид боз ба сухан омад:

– Волло-билло! Аз вакте биби мурд, шоди аз ин хона пар кашиду рафт.

Тири бехурмати аз чавшани чонашон гузашт.

– Чизе лозим шавад, садо кунед, – гуфт чавонмард ва кафо гашта дарро пушид.

Пас на у ва каси дигаре рангашро нишон надод.

Барк хомуш шуд. Хона якбора торик гашт.

Шурбо дар коса руи дастархон…

Нигарон ба мехмонон…

… охиста-охиста ях баст…

 

*      *      *

 

Сарди кам-кам то ба устухонашон расид. Амон охи сарде кашид. Богигул худро мехурд: «Кош, гуш ба гапи Амон медодам?! Охир сурати ин холро аз кучо медонистам, аз кучо?! Эх, одам шири хомхурда-да!»

Хасан эхсоси гарибе дошт. Намедонист чи фикр бикунад. Хамвора ранг аз чехрааш мебохт. Нигоххояш парешон ва бекарор мегашт. Дам ба Амон ва дам ба Богигул дуздона менигарист.

– Хааа-а…

Хомушии тулони ва хузноваре хукмрон гашт. Он мисли бори гароне бар души мехмонон сангини мекард. Богигул дигар натавонист он вазъро тахаммул кунад. Худро дар чанги худ нигох дошта ба азобе аз зери дандонхояш гур-гур кард:

– Мардак… омин кун… шох шудам…

Гуё ба худ гуфт Богигул. Аз чониби шавхараш садое наомад. Ночунбон нишаста буд. Гуйи колаб гирифта буд бар чои нишасташ. Богигул боз ба хамсараш руй овард.

– А?.. Чи гуфти?

– Бало гуфтам, – гуфт Богигул. – Омин кун, вакти хестан шуд.

Хасан хам ба худ омаду шитобзада хохиш намуд:

– Ха, ха, як омин кунед. Бихезем, ки руз рафт.

Хамон чавони гарибнамо пайдо гашт.

– Э кучо? Ош нахурда… Се дег рафт, нарасид. Чорумаш дам партофтаги.

– Ташаккур, лозим нест. Дер мешавад!

– Хайр, майлаш. Лозим набудааст.

Онхоро бе сухан, бо абруи гирехбаста гусел карданд. Акаллан аз руи дил «Хуш омадед! Боз биёед!» нагуфтанд.

– Ба мехмонон тасбех додед?

– Не, тамом шуд.

– Э, ха, ха, нав ба ёдам омад. Як дам истед. Писарам ба бозори Корвон барои тасбех рафт. Тез меояд. Акаллан як тасбех гирифта равед.

– Э ташвиш накашед. Ба «бачаи чайра» тасбех чи лозим?

У кох-кох хандид.

– Э шухи-да!

Осмон тирару буду офтоб махбуси абрхои сиёх. Садое шунида намешуд, деха гуё ях карда буд. Хар ду низ хомуш буданд, гуё кахри бошанд. Амон дар дил хайфи пулхо мехонд. Дигар чи чора хам дошт?!.

– Ё Худо!.. – асабиёна нолид Богигул.

Амон нигохе ба хамсараш карду гуфт:

– Ха, тинчи? Чи гап шуд?

– Ох, сарам-е! Гурс-гурс дилак мезанад.

У гумон дошт ё дилаш мекафад ё сараш.

– Дору дори?

– Дору? Дору дар дорухона. Бепул намедиханд.

– Ба гумонам табам мекунам.

– Холо ист, созтар табат мекунад!

– Э вой-э! Худоё, мемурам!

– Худкардаро даво нест.

Богигул бо асабоният гуфт:

– Э намак напош-ш!

Ногахон Амон бо садои баланд хандид: ках-кахаи тулони, ки тамасхуре бузург дар худ нихон дошт.

Богигул бо гайз пурсид:

– Чи механди?!

Чилави хандаро боздошт Амон ва гадуди нафрат гулуяшро чобачо гирифт. Ва бо гиреви чон нидо кард:

– Чохили хадду андоза дошта бошад ёне?!

– Ки чохил?

Бод ин суолро ба дурхои дур бурд.

Ки?..

Ки-и?..

Чох-и-и-л-л?…

Хи-и-и-л…

Бурду бурд ва ба чои чавоб буи барф овард.

Бале, шамол сард буд ва буи барф мекард.

 

13 декабри соли 2009

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …