Главная / Гуногун / ХИКОЯ ВА ЗАМОН

ХИКОЯ ВА ЗАМОН

Масъалае, ки имруз мавриди мухокима карор гирифтааст, на танхо барои адабиёти точик, балки барои тамоми халки чумхури хам масъалаи беандоза мухим мебошад. Зеро, харчанд ногувори талх аст, бояд икрор шавем, ки имруз дар мамлакати мо бухрони шадид дар хуруш аст. Ва ин бухронро устод Урун Кухзод чунин ба калам додааст: “Хатаре, ки буду нобуди моро тахдид мекунад, аз шаш чихат хамла овардааст. Хам аз рост, хам аз чап, хам аз пеш, хам аз пушт ва хам аз боло ва аз поён. Хучум овардааст хам ба ахлоку одоб, хам ба хурданиву ошомидани, хам ба пушиданию густурдани, хам ба шавку завк ва хам ба чисму чон”.

Нависандаи халкии Точикистон Саттор Турсун бо нидои калб хушдор додааст: “Бемаънавияти мудхиштарин беморист, хатто мудхиштар аз вабо”.

Боист, ки адибони мо овози таъсирнокии худро баланд кунанд, то ки ба бефарханги нукта гузошта шавад!

Хочат ба шарху тафсили калом нест, сухан чунин кудратро дорост. Зеро сухан аз арши барин омадааст. Ва вокеан хам сухан нишони Худои таъолост. Аз хамин сабаб сухани хак ва судбахш, алалхусус хикоя ахамияти бузург дорад. Зеро ки хикоя жанри чанговар аст. Дар майдони хурди он хуву хислати инсон, муаммохо ва зидиятхои рузгор, тасвири хаёту табиат, бо образ ва манзарахои бадеи ѓунчоиш ёфта, хикматомез мегардад. Дар хикоя чехраи кахрамонхо дар робита бо хислату сифатхояш ва иртиботи кави бо хаёти сиёсию ичтимои ва манънавии мамлакат ба риштаи тасвир кашида мешавад.

Аз тарафи дигар хонандаи имруза барои мутолиаи роману повест фурсат надорад, телевизион ва видео диккати уро ба худ мекашад.

Ва махз барои хамин дар чамъияти имрузаи мо хикоя аз харвакта бештар мавкеи хоса пайдо мекунад.

Чун мавриди сухан аст, бояд арз кунам, ки камина ба жанри хикоя таваччухи хоса дорам. Агар гуям, ки хикояро дуст медорам муболиѓа наход шуд. Нашри хар як хикоя боиси шодмонии ман мешавад. Хар боре, ки ба дастам хикояи хубе меафтад, маро хисси беназири хушбахти фаро мегирад.

Хар руз хатман камаш як хикоя мехонам.

Шояд ягон адиби Точикистон нагуфта бошад, ки: “Ман хикояро дуст медорам”. Ё шояд гуфта бошад, аммо ман на шунидаам ва на хондаам. Танхо Бахром Фируз дар як мусохибааш чунин гуфта буд: “Дар адабиёти точик, ба гумонам, хеч адиби дигар ба андозаи ман хикоят нанавиштааст”.

Рухаш шоду гураш пурнур бод!

Ба кавли устод Кухзод: “Орзу умуман айб нест”. Ва ман бисёр орзу дорам, ки аз забони хамватанони худ бишнавам: “Ман хикояро дуст медорам!”. Вале мутаассифона имрузхо хатто тавассути телевизион мешунавем: “Ман пулро дуст медорам. Бе пул мемурам!”

Устод Мирзо Турсунзода ибтидои солномаи адабиёти советии точикро аз “Марши озоди”-и устод Садриддин Айни донистааст. Гумон мекунам, ки хикояии милли точик хам аз хамин суруди баландпарвоз ба вучуд омад, инкишофу такмил ёфт ва сабзиду ѓани гадид. Яъне, ки кариб 90 сол мешавад хикояи точик арзи вучуд дорад. Харчанд, ки аз назм кафо монда бошад хам, вале агар аз нуктаи назари дируз назар афканем, ба таври возеху равшан мебинем, ки дар ин давра рохи пуршараферо тай кардааст, ба комёбихои барчаста ноил гардидааст. Ва имруз бо камоли эътимод метавон гуфт, ки адабиёти точик хикояхои хуб, хамсанги хикояхои адибони чахон дорад.

Аз ин хол шукр ва ифтихор кунем, меарзад.

Устод Мирзо Турсунзода навиштаанд: “Насри мо анъанахои классики хам дорад, ки аз каъри асрхо ибтидо гирифтааст. Вале насри анъанавии точик бо мурури замон аз эхтиёчи халк дар канор монда, чунон мураккаб гардида буд, ки ба оммаи васеъи хонандагон дастрас набуд.

Шоири асри XIII Чалолиддини Руми тамсиле дорад дар боби бахси нахвию нохудо. Нахвии мутакаббир аз нохудо суол мекунад, ки оё нахв омухтааст. “Нахондаам”, – мегуяд нохудо. “Ин тавр бошад, нисфи умрат ботил”. “Ту чи, шино омухтаи?”, – суол мекунад дар навбати нохудо. “Не”, – мегуяд нахви. “Ин тавр бошад, тамоми умрат ботил – кишти ѓарк шуда истодааст”, – мегуяд нохудо.

Насри тоинкилобии мо чунон аз шинои бахри зиндаги махрум, чунон пойбанди коидаву суннатхо гардида буд, ки хамин тамсилро метавон ба он нисбат дод. Хатто осори маорифпарвари бузурги мо Ахмади Дониш танхо ба касони алохида дастрас буд”.

Дар ин чо сухани устод Мирзо Турсунзодаро зикр кардани ман тасодуфи нест. Имруз мебоист рохи такомули хикояро аз манбаъ ва сарчашмахои он сар карда, то вазъияти имрузааш аз назар мегузарондем.

Аммо насри кухнаи моро муфассал баён кардан босо мушкил аст.

Лекин лоики зикр аст, ки хикоя ба сифати жанри мустакили наср чунон ки устод Мирзо Турсунзода кайд карда “якчоя бо тамоми мамлакат рохи мубориза, пирузи ва корнамоихоро тай” карда, аз имтихонхои сахт гузаштааст ва вазифаи худашро сарбаландона ичро намуда, ба камолот расидааст.

Агар гуям, ки хама адибони чадид аз устод Садриддин Айни баромадаанд, хато намекунам. Зеро Садриддин Айни асосгузори назму насри реалистии точик, поягузори жанрхои нави адаби, илми, таъриху адабиётшиноси, педагогикаву забоншиноси, публиситика ва ѓайра мебошанд. Аслан у на танхо сардафтари адабиёти даврони шуроии точикон, балки кофиласолори кулли фарханги навини халки точик мебошанд.

Ба забон гирифтани номи устод Айни на танхо хисси часорату матонат, балки инчунин хисси нафосату ахлокро хам ба вучуд меорад.

Устод Садриддин Айни офтоб аст, ки бедареѓу бетамаъ нур медихад.

Садриддин Айни барои хамаи мо хамеша устод аст ва чуноне ки шоир гуфта: “Хакки устод аз падар беш аст, в-аз падар устод дар пеш аст”.

Бале, устод Садриддин Айни барои хамаи мо устод буд, хаст ва хохад монд!

Чунон ки дар боло кайд кардем, кариб 90 сол мешвад, ки хикояи точики арзи вучуд дорад. Яъне он солхои бистуми садаи бист ба майдон омад? Бале, хамин тавр. Вале боз ин тавр нест. Хамин тавр барои он аст, ки дар хакикат хам хикояи точики сохои бисти садаи бист ба майдон омад. Вале хамин тавр нест гуфтани мо барои он аст, ки он солхо республикаи чавони моро руйдодхои пурошуби инкилоби ва муборизаи шиддатноки синфи  фаро гирифта буд. Аз ин ру, мебоист, ки хикоя хамчун жанри чанговар аввалин шуда пайдо мешуд. Вале ин тавр нашуд. Ѓайричашмдошт повести устод Садриддин Айни “Чаллодони Бухоро” ба майдон омад.

Ва хеле хуб аст, ки хамин тавр шуд!

Махз дар хамин давра ба дунё омадани повести “Чаллодони Бухоро”, ки бо санаду далелхои таърихи разолат ва фочеахои рузхои вопасини аморатро фош мекард, ба насри точик такони бузурге дод. Ин буд, ки дар хамин давраи пурмочаро хикояи точики ба дунё омад. Ва ба олами наср нафас ва рухи тозае ворид гардид.

Ва инак, кариб 90 сол боз хикояи точики арзи вучуд дорад. Дар давоми ин солхо хикояи точики хамчун жанри мустакили наср рохи нохамвори ташаккули инкишофро тай намуда, ба куллахои баланд расидааст. Ва хамзамон дар инкишофи хамаи шохахои наср хиссаи арзандаю босазо гузоштааст.

Инкишофи хикояи точикиро метавон ба панч давра таксим намуд:

  1. Давраи ибтидо – солхои 1920 – 1940;
  2. Давраи Чанги Бузурги Ватани – солхои 1941 – 1945;
  3. Давраи баъди Чанги Бузурги Ватани – солхои 1946 – 1959;
  4. Давраи Шурави – солхои 1960 – 1990;
  5. Давраи истиколият – аз соли 1991 то холо.

Дар давраи ибтидо ба арсаи адабиёт чунин адибон ба монанди Али Хуш, Абдусалом Дехоти, Чалол Икроми, Хаким Карим, Хомид Обиди, Рахим Чалил, Бахриддин Азизи, Хочи Содик кадам гузоштанд. Адибони номбаршуда яке аз аввалин хикоянависон ва маърифатдустони он солхо ба шумор мераванд. Кобили кайд аст, ки онхо дар инкишофи маданияту адабиёти нави точик хиссаи арзандае гузоштаанд. Бе хеч мухобот онхо мардони дилсузу мушфик, часуру мубориз ва сохиби дили бузург буданд. Вагарна дар он солхои хатарнок каламро силох карда, ба чунин фаъолияти мушкилу сангин даст намезаданд.

Чолиби диккат аст, ки онхо ба ахлоки ичтимои руй оварда, инкилобу озодиро ситоиш мекарданд ва шарафу сарбаландии инсонро аз хама чиз авлотар медонистанд.

Ин талаби замон ва сарнакши насри он давр буд!

Ин буд, ки хикояхо ба дарди чамъият мехурд, барои решакан кардани нуксонхои чамъият, пойдор шудани ахлоки коммунисти кумаки чидди мерасонд.

Дар ин давра аввалин хикояхои Чалол Икроми,  Абдусалом Дехоти, Али Хуш чоп шуданд. Дар эчодиёти онхо мавзухои инкилоби мадани, мубориза ба босмачигари ва барои бархам додани бокимондахои хаёти феодали, фош намудани рухониён мавкеи намоёнро ишѓол менамуд.

Дар адабиёти бадеи офаридани сурату симои бадахлокону беорон, муфтхурону фиребгарон, чопсулулону лаганбардорон, порахурону бюрократхо кори хеле мушкил аст. Зеро ки хулку атвор ва хуву хислати онхоро амик омухтан ва дар образи типи мучассам намудан лозим меояд. Дар ин чода Рахим Чалил ва Бахриддин Азизи хидмати шоиста кардаанд. Кобили зикр аст, ки Рахим Чалил яке аз сермахсултарин адиб мебошад. Дар баробари иншои роману повестхо кариб 100 хикоя навиштааст, ки 83-тои он дар китоби “Хикояхо” соли 1984 аз тарафи нашриёти “Ирфон” ба табъ расидааст. Истеъдоди Рахим Чалил дар хикояхои оиди душманони синфи навиштааш рахшонтар ба назар мерсад. Вай дар ин хикояхо на танхо зохиру ботин, балки рухия муковимати онхоро низ кушодааст.

“Хикояхои Азизи, – хануз соли 1932 навишта буд Сотим Улуѓзода, – аз чихати сюжет мароковар ва бо тасвири кахрамони реали офарида шуда, ба соддагии забони тахрираш дастраси омма мебошад… Хато нахохем кард, агар бигуем: хеч як точики босавод нест, ки хикояхои Азизиро нахонда бошад…”. Нависандаи маъруфи точик Чалол Икроми инро таквият дода: “Мо дустдорони адабиёти точик ин хикояхоро бо завку шавк мехондем”.

Меарзад, ки дар бораи Хаким Карим пуратар накл намоям. Хам мунаккидон ва хам хамкасбон эътироф кардаанд, ки Хаким Карим дар иншои хикояхои марѓуб мумтоз буд. Ин адиб чахонро аз диду боздидхои хеш мешинохт. Хусусияти назарраси хикояхои Хаким Карим аввалан дар кутох ва муъчаз будани онхост, сониян онхо бофтаи хаёли муаллиф набуда, тасвири хаёт бо хама мушкилоту бурду бохташ мебошад. Аз ин ру хикояхо бо як нафас ва бо завку шавк хонда мешавад.

Яке аз бехтарин хикояхои у “Мархабо, бахор!” мебошад, ки хамаги 70 сатр аст. Дар ин 70 сатр ба кавли Саттор Турсун “чун дар мусаввара хама чизи даркори хаст”. Бале, дар он хаёти кахрамон аз кудаки то ба камолот тасвир ёфтааст. Падари Карим, ѓуломи зархариди бой хангоми чуфти замин аз гушнаги чон ба чонофарин месупорад.

Ин ходиса бахор ба вукуъ меояд.

Он замон Карим хамаги хафт сол дошт.

Дар марги падар Карим бахорро гунахгор дониста, онро бад мебинад, кин мегирад. Мегуяд, ки навозишам накарди, ба сарам куфти, намонди монанди дигарон болу пар занам, аз нашъаи кудаки бахраманд шавам. Ту маро ѓуломи дари хучаини падарам карди. Ба як мушт – як бурда нон хурдам!

Карим чи азобхо кашида, ба воя мерасад ва мефахмад, ки дар марги падараш бахор гунахгор нест. Акнун у кудаки гирёнчак, ѓуломи зархариди бой нест. Вай яктои миллионхо муборизони далер аст, ки зимистони кахратунро ба бахори абади мубаддал карда истодаанд. Дар охирин сатри хикоя кахрамон нидо мекунад: “Мархамат, бахористон!”.

Чолиби диккат ва шоистаи тахсин аст, ки Хаким Карим ба офаридани образи зан диккати махсус додааст. Хикояхои “Рашк”, “Мухаббат”, “Окшуда”, “Бева” аз он чихат чолиби диккат аст, ки дар онхо образи типии занони ботинан зебо ва мубориз офарида шудаанд.

Дар хикояи “Окшуда” Хаким Карим образи Захро, чехраи зебо ва дунёи ботинии у, таѓйироти фикру зикри у ва муносибати уро ба зиндаги мохирона тасвир намудааст. Муаллиф тавассути хаёлоти рангини кахрамони худ олами ботинии уро кушода, ба нихонхонаи дили у рох меёбад ва ишки покашро месарояд.

Дар хакикат Захро зани мубориз аст.

Вай на танхо ба мукобили душманони халк, балки ба мукобили урфу одатхои кухна, барои ишки поки худ мубориза мебарад. Зеро мохияти зиндагии уро оштинопазири ба конунхои махдуди чамъияти, кадр намудани шараф ва эътибори инсони ташкил медихад.

Хикоя хеле мохиронаву шавковар ба таври интернасионали чамъбаст мегардад, ки дар он замон хеле мухим буд.

“Фелдшери эскадрон аввал ангушти хуншори Захроро баст. Баъд Бобиро дид, ба синаи у карнайчаашро монда гуш андохт, як дам набзи дасти уро капида истод ва пас аз он ярахои Бобиро шуста ва баста шуд, ба Захро нигох карда:

– Апа, твой муж якхши булади! – гуфт.

Захро хандакунон калаашро чунбонида:

– Харашу! – гуфт”.

Кахрамони хикояи “Бева” капири Одинамох бо хама ѓаму ѓуссааш танхо мемонад, вале назди касе сар хам намекунад, пеши худ карор медихад: “То зиндаам, нонамро ёфта мехурам!”. Ин кампири барчомонда ба мукобили босмачихои хунхур бархеста, сарбози русро начот медихад.

Кахрамони хикояи “Рашк” Саодат ба мукобили рашки беасоси шавхараш, ин захри котил, ки оилаи чавони онхоро захролуд карда буд, мубориза бурда, ѓолиб меояд ва оилаашро пойдор нигох медорад.

Кобили зикр аст, ки Али Хуш, Абдусалом Дехоти, Чалол Икроми, Хаким Карим, Хомид Обиди, Рахим Чалил, Бахриддин Азизи, Хочи Содик дар тахаввулу инкишофи жанри хикоя хидмати босазо карда, карзи мукаддаси худро дар назди адабиёт шоиста ичро намудаанд.

Рухашон шоду гурашон пурнур бод!

Ба хамин тарик, агар давраи аввали хикояи точикиро чамъбаст кунем, метавон гуфт, ки он ба адабиёт бахористони хикояро пешкаш намуд.

Аммо…

Бале, аммо Чанги Бузурги Ватани осмони ин бахористонро тира гардонд. Ин чанг 1418 шабу руз тул кашид. Дар собик Иттиходи Шурави беш аз 27 миллион нафар, дар катори онхо аз Точикистон кариб 100 хазор нафар чанговарон халок гардиданд. Зиёда аз 1000 нафар шоирону нависандагон ба чанг рафта, 417 нафари онхо халок гардиданд, ба 5 нафарашон унвони Кахрамони Иттиходи Шурави доданд.

Чунон ки устод Мирзо Турсунзода баъди бисту як соли чанг, дар рузхои анчумани XXV КПСС навишта буд: “Дустии халкхо ва адабиётхои мо дар мухорибахои шадид ва хунин аз санчиши бузург гузаштаанд”.

Бале, ин чанги вазнину бехамто, ки онро бани башар ёд надошт, барои тамоми адабиёти мо имтихони чидди гардид. Дар рузхои аввали чанг сатрхои хаячонбахши Хабиб Юсуфи ба майдон омад:

      Вакти он аст, эй калам, буррандатар гарди зи теѓ,

      Вакти он аст, эй сухан, ѓуррандатар гарди зи барк.

Ин сатрхо шиори тамоми адибон гардид. Ин буд, ки онхо каламро ба теѓ баробар карда, дар сафи пеши майдон буданд ва оромиву танаффусро намедонистанд. Адибони точик Хабиб Юсуфи, Сотим Улуѓзода, Фотех Ниёзи, Хаким Карим, Хочи Содик дар майдони харбу зарбхои хунин хамрохи рафикони хамяроки гуногунмиллати худ ба мукобили душмани ѓаддору пурзур кахрамонона мечангиданд. Дар баробари ин каламро аз даст рахо намекарданд, рузноманигори харби буданд, шеъру хикоя менавиштанд.

Дар рохи дифои Ватан Хабиб Юсуфи ва Хаким Карим шахид шуданд.

Бояд икрор шуд, ки дар ин давра маколахои публисисти ва очерк як кадар майдони хикояро танг карданд. Бо вучуди ин устод Садриддин Айни як силсила хикояхо таълиф намуда, калби ватандустонаи точикро ба чушу хуруш меорад ва адовати онхоро ба мукобили фашизм меафзояд. Дар ин давра мачмуаи хикояхои Рахим Чалил “Хикояхои даври чанг” нашр мешавад, ки он асосан ба хаёти акибгох бахшида шудааст. Хикояхои “Телпакдуз”, “Ходисае дар фронт”, ”Комсомол”, “Химмати Халим-бобо” дар бораи мехнат ва химмати одамони акибгох накл мекунад. Кобили кайд аст, ки хикояхои Рахим Чалил шиори маъмули хамон замон “Ту барои фронт чи кор карди?”-ро тачассум мекунанд.

Ба фикри ман яке аз бехтарин хикояхои Рахим Чалил хикояи “Модар” мебошад. Модар писарашро ба чабха гусел мекунад. Баъди чанде ба модар ордени писарашро, ки вазифаи ватандустиро мардона анчом дода буд, месупоранд. Модарро андухи гароне фаро мегирад, дар чашмонаш ашк халка мезанад. Муаллиф менависад, ки: “Аммо дидахои пуроби у бо ифтихор буданд”. Сипас модар набераашро ба чанг гусел намуда, мегуяд: “Ту хам таѓоят барин чанг кун. Агар Худо насиб кунаду ба шахри немисхо зер карда дароию ба модари ягон салоти фашист ру ба ру шави, гуй: – Лаънат ба ту барин модар, ки бачакушу хонасуз калон кардаи! Лаънати модарони олам ба ту!”.

Муаллиф хикояро чунин чамъбаст мекунад: “Бузургии модарони мо, модароне, ки фарзандонашон барои саодати одамизод курбон шудаанд, дар ин пиразан мучассам гардида буд. Дар хакикат модарони мо чи кадар бузургвор, чи кадар мехрубон, то чи андоза босуботу тамкинанд! Ин хусусияти хоси модарони советист!”.

Дар баробари Рахим Чалил адиби чавон Фотех Ниёзи хам хеле часурона калам меронад. Фотех Ниёзи он чиро ки дида ва аз сар гузаронидааст, тасвир мекунад. Аз ин ру хикояхояш вокеи, шурангез ва хаячоновар мебошанд. Яке аз бехтарин хикояхои у “Руймолча” ба хисоб меравад. Кахрамони хикоя сержант Сафар Одинаев мебошад. Муаллиф дунёи ботини ва маънавии чанговари шуравиро нишон медихад. Сафар Одинаев ба Ватани худ мухаббати бепоёне дорад. Вай чони худро ба халокат андохта, худаш ба пешвози марг меравад ва ба хучум гузаштани чанговаронро таъмин мекунад.

Дар солхои Чанги Бузурги Ватани адабиёт ва санъати точик пеш рафт, оммаро чихати маънави-сиёси, дарки зебои дар акибгох ва чабха, ѓояхои дусти, механпарасти, диловари, шучоат ва кахрамони талкин намуд.

Аз рузи ѓалабаи оламшумули Куввахои Мусаллахи Шурави шаст сол гузашта бошад хам, суханони зерини И. В. Сталин: “Шаъну шараф абади бод ба чанговароне, ки барои озоди ва истиклолияти Ватани мо чони худро фидо карданд!” ахамияти бузурги худро гум накардааст. Ин аст, ки дар бораи мухорибахои шадид ва диловарони беназири Чанги Бузурги Ватани асархои бисёре навишта шудааст. Адабиёти точик хам карзи худро адо намудааст. Дар баробари роману повестхо хикояхои бисёре хам офарида шудаанд, ки онхо дар мачмуахои “Дар оташ” (соли 1975), “Дар оташи чанг” (соли1988), “Чакомаи пирузи” (соли 1990), “Шасти зафар” (соли 2006) ба табъ расидаанд.

Асархое, ки дар солхои Чанги Бузурги Ватани ва баъди он офарида шудаанд, барои дар рухи вафодори ба Ватан, тарбия намудани чавонони мо ахамияти калоне доранд.

Дар давраи баъди чанг адабиёти точик равнаки тоза ёфт ва адибон ба комёбихои нави эчоди ноил гаштанд. Зеро дар муборизаи чоннисоронае, ки халки шурави хам дар чабха ва хам дар акибгох бурд, одами наве ба вучуд омад. Онхоро кахрамон номем, хато намекунем. Ва онхо бо хамон рухи чанговарона ба баркарор кардани харобихои чанг камар бастанд. Чараёни хурушони баркароркуни ва обод кардани кишвар манбаи илхом ва чустучухои эчоди мегардад.

Бояд тазаккур дод, ки боз хам устод Садриддин Айни ба адабиёти баъдичанги такони бузурге медихад. Дар ин давра асари чорчилдаи тарчимаихолии устод «Ёддоштхо» ба табъ мерасад, ки дар он мухимтарин лахзахои таърихии хаёти халки точик дар охирхои асри XIX ва ибтидои асри XX инъикос ёфтааст. Ин асар на факат дар эчодиёти устод мавкеи марказиро ишѓол намудааст, балки яке аз муваффакиятхои ба назар намоёни адабиёти точик дар солхои пас аз чанг мебошад.

Сипас романхои «Шоди»-и Чалол Икроми, «Пулод ва Гулру»-и Рахим Чалил, повестхои «Вафо»-и Фотех Ниёзи, «Субхи чавонии мо»-и Сотим Улуѓзода адабиёти точикро бой гардонд.

Хикояи точики хам кафо намонда, ру ба пешрафт меорад. Ва дар ин давра хам Рахим Чалил, Чалол Икроми Фотех Ниёзи, Абдусалом Дехоти пешсафиро аз даст намедиханд. Осори онхо сахифахои адабиёти точикро зинат доданд ва ба адибони чавон рох кушоданд. Ин буд, ки адабони чавон Пулод Толис, Рачаб Амонов, Кодир Наими, Абдумалик Бахори, Ибод Файзулло, Болта Ортиков, Абдусалом Атобоев ба майдони адабиёт кадам ниходанд.

Дар бораи Пулод Толис мехохам кадре муфассалтар таваккуф кунам, зеро жанри асосии эчодиёти у хикоя мебошад ва ба майдон омадани хикояхояш ходисаи шоёни таваччухи он солхо ба шумор меравад. Пулод Толис дар синни 17 солаги ба майдони адабиёт ворид гашт ва хамаги понздах сол дар он калам ронд. Дар ин муддати кутох дар таърихи адабиёти точик накши абади гузошт. Пулод Толис бештар мутолиа ва тарчума мекард, худ кам менавишт, нисбат ба худ ва рафикони эчодкораш серталаб буд. Осори адабии уро шасту шаш хикоя, се повест, як очерк, чор фелетон ва як песача ташкил медихад. Таносуби жанрии эчодиёти нависанда собит месозад, ки махорати Толис пеш аз хама дар хикоянависи зохир гардидааст. Хикоёти Толис аз чихати мазмун ва шакли худ хеле гуногун буда, кариб, ки хамаи сохахои зиндагиро тасвир месозанд. Дар хикояхои Толис бехтарин хислатхои одамон, пеш аз хама модарон, насли калонсол ва чавонон тасвир ёфтаанд. Кобили зикр аст, ки Толис дар ду давра хикоя эчод кардааст. Давраи аввал аз соли 1945 то соли 1952 мебошад, ки он дар адабиёт хамчун давраи “назарияи беконфликти” эътироф шудааст. Мутаассифона адабиёти точик аз ин давра на танхо манфиат надид, балки ба кавли баъзе адабиётшиносон зарар хам дид. Соли 1952 бо карори анчумани XIX КПСС ба мукобили ин назария мубориза оѓоз меёбад. Хикояи бехтарин Толис, ки дар давраи аввал эчод шудааст, хикояи “Модар” мебошад. Хангоми дар чанг будани Саид, модари у Фазилатхола Павлик ном русбачаро ба фазанди мегирад. Пас аз анчоми чанг Саид бо рафикаш Савельев ба Точикистон бармегардад.

“Дар сари чой яке пурсид:

– Саидчон! Ин рафикатро хам бо худат оварди-а?

– Ха. Фамилияи рафикам Савельев аст. Вай хам пеш аз чанг зану фарзанд дошт. Вале немисхо оилаи уро нобуд карданд…

– Оббо…

– Афсус…

– Гури немис сузад!…

– Ман уро намонда ин чо гирифта омадам.

– Бисёр наѓз кардед, – гуфт Мехринисо, – дар шахри худашон хар чиз ба ёди рафикатон оилаашро меовард. Ба ин чо оварданатон бисёр аклона шудааст!”

Пас маълум мешавад, ки Павлик, ки хама уро Пулодчон мегуфтанд, писари Савельев будааст.

Хикояи “Духтар”-ро яке аз бехтарин хикояхои дар давраи дуюм эчодкардаи Толис шуморидан мумкин аст. Хикоя хеле хурд, хамаги панч сахифа аст, вале Толис мавзуи муносибати падару фарзандро хеле мохирона ба калам додааст. Кахрамони хикоя Саломат-апа сурати зебо дорад, вале ботинаш сиёх аст. Вай на танхо фарзанди сангдил, на танхо карзи фарзандии худро, ки видоъ кардан бо майит аст, ба чо наовард, балки барои ба даст овардани мерос ва аз худ кардани пуле, ки аз падар монда буд, кушиш мекунад. Толис образи фарзанди нохалафро мохирона тасвир карда, олами ботини ва рухияи уро кушода додааст.

Ба кавли олими шинохтаи точик Атохон Сайфуллоев: “Чумлахои Толис муѓлаку печ дар печ нест… вазн ва рукнхои ба худ хос дорад. Калимаю иборахо дар осори у вазифаи лангареро адо мекунанд. Бисёр образ ва санъатхои бадеии у табии ва дар айни замон оригтнали мебошанд, ки манзара ва предмети тасвирро ба пеши назар чилва медиханд. Тавсиф, ташбех, истиора, мачоз ва амсоли инхо хеле равшану конкрет, сараю зебо ва реалистонаанд”.

Хулоса, мавкеи Пулод Толис дар таърихи адабиёти точик калон мебошад. Вале мутаассифона то ба имруз эчодиёти у мавриди омузиши махсус карор нагирифтааст.

Дар ин давра дар ривочи жанри хикоя Абдусалом Атобоев низ сахми босазо гузоштааст. Ба кавли Абдували Давронов: “Абдусалом Атобоев аз чумлаи нависандагонест, ки адабиёт ва хусусан насри баъди Толисро бо таълифи хикояхои “Салом, эй мохи мунир!”, “Зистан лозим”, “Вакте ки бахр меѓуррид…”, “Вакти гули шафтолу”, “Дидори падар”, “Хирмани оташ” дар поя ва сатхи маърифати адабиёти бадеии нимаи дуввуми асри гузашта нигох дошт”.

Давраи чоруми хикояи точикиро давраи Шурави – солхои 60 – 90 ташкил медихад. Ин давра давраи рушду нумуи адабиёти точик ба хисоб меравад. Он ба замоне рост омад, ки баъзе колабхои замони шахсиятпарасти ва диктатураи Сталини шикаста шуд. Дар насри точики тахаввулоти кулли, як гардиши сифатан назаррас падид омад. Хикояи точики на танхо мазмуни бойи милли гирифт, балки бо рангхои наву чолиб чило дод.

Ба кавли устод Мирзо Турсунзода “нависандагони точик на танхо аз адабиёти хазорсолаи халки худ омухтанд, балки монанди ташнагони Сахрои Кабир аз сарчашмахои пурнеъмати адабиёти рус ва чахони муттасил бахраманд гардиданд”.

Аввали солхои 60: Фазлиддин Мухаммадиев.

Миёнаи солхои 60: Урун Кухзод, Сорбон, Мухиддин Хочаев, Саттор Турсун.

Охири солхои 60: Абдулхамиди Самад, Кароматуллои Мирзо, Маъруф Бобочон, Шоди Ханиф, Мубинчон Юсуфов, Бобо Насриддин, Насим Рачаб, Додочон Рачаби, Хабиб Имоди, Лутфи Саид, Аскар Хилолиён.

Солхои 70: Бахром Фируз, Чонибеки Акобир, Равшани Ёрмухаммад, Сайф Рахимизоди Афарди, Бахманёр, Абдурофеъ Рабизода, Барот Абдурахмон, Иноят Насриддин, Мухаммадзамони Солех, Нур Табар, Бахтиёри Муртазо, Курбон Али, Мухибуллохи Курбон, Мухаммадрахими Сайдар, Кодири Рустам, Муким Вохид, Давлатшохи Тохири, Субхон Эхсон, Карим Давлат, Нозир Ёдгори, Ѓайрат Хаким.

Солхои 80: Мансур Суруш, Махкам Пулод, Акбар Шариф, Рачаб Мардон, Салох Солех, Неъматулло Худойбахш, Абдуѓаффор Партав, Анвар Олими, Мухиддин Музаффаров, Хушбахт Хайдаршо.

Хар яке ба майдони адабиёт бо мавзу ва чахонбинии хоси худ, бо эхсоси нотакрори сухан ва дарду ѓами хеш ворид гардиданд. Онхо ба тадкики масъалахои чидди ва тезу тунди зиндаги, пахлухои мухталифи ахлоки ичтимои ру оварданд. Ва хушбахтона ба чамъбасти бадеии онхо муваффак гаштанд. Онхо ба умки хаёти чомеа назари тоза андохта, тавонистанд, ки хакикати бадеиро аз хакикати зиндаги боло гузоранд.

Дар ин давра накши Фазлиддин Мухаммадиев беназир аст. Махз бо ташаббуси Фазлиддин Мухаммадиев ва ворид шудани у хамчун адиби боистеъдод ба адабиёти точик дар ин солхо насри мо кадами катъи ба пеш ниход. Бояд зикр кард, ки аслан аввалин хикояхои Фазлиддин Мухаммадиев дар солхои 50 чоп шудаанд. Вале неруи суханварии у дар хама жанрхо аввали солхои 60 чун офтоб дурахшидааст. Устод Фазлиддин Мухаммадиев хикояро дар насри мо ба пояи устуворе расонидааст, яъне устоди жанри хикояи точики гардидааст. Дар баробари ин у бунёдгузори “насри андеша” дар адабиёти муосири точик мебошад. Ин хам аз тарафи адабиётшиносон ва хам аз тарафи шоирону нависандагон тавсиф гардидааст.

Асархои Фазлиддин Мухаммадиев монанди оинае буд, ки мардум инъикоси дармондагии худро дар он медиданд. Аз ин ру дар байни хамаи табакахои ахоли шухрати бепоён, махбубияту иззату эхтиром дошт. Бо чи сирре асархояшро руи коѓаз меовард, ки зуд ба дилхо рох меёфт?

Якум истеъдод, ки онро хама эътироф кардаанд.

Сирри дуввумашро устод Сотим Улуѓзода кушода: “Нависанда ба хамаи кору бори мамлакатамон, хох калон бошад ва хох хурд, хох давлати бошад ва хох чамъияти, худро на танхо шарик, балки масъул хам медонад ва аз руи хамин хисси ширкату масъулият амал мекунад”.

Сирри сеюмашро устод Мухаммадчон Шукуров кашф карда: “Ба фикри ман Фазлиддин Мухаммадиев ошики хаёт, дилдодаи одамизод ва начобати дили уст. Аз хар сухани у нисбат ба инсони хакики, нисбат ба корномахо ва фикру эхсосоти олию начиби вай дунё-дунё мехру мухаббат хувайдост”.

Сирри чахорум дили сафеди у мебошад. Худи устод менависад: “Хислати одам ба дилаш мувофик мешудааст. Дил сафед бошад, даст кушод, назар баланд мешудааст. Дигар гап не. Ба халк хар кадар зиёд бахши, ба худат хамон кадар зиёдтар мемонад”.

Сирри панчум аз илми эстетика бархурдор бадани уст. Дар ягон асараш сухани дурушту нозеб дида намешавад.

Ин сифати махсуси начиб – расми хуби точикон аст.

Устод Фазлиддин Мухаммадиев жанри хикояро то ба пояи оли бардошт ва чунон хикояхо навишт, ки назирашро дар адабиёти муосири точик надидаем. Дар хакикат хам Фазлиддин Мухаммадиев устоди бехамтои наср аст.

Бале, устод Фазлиддин Мухаммадиев яке аз бузургтарин нависандахои садаи бистум махсуб меёбад ва осори фаровонеро аз худ ба ёдгор монда. Хеч чои бахс нест, ки асархои Фазлиддин Мухаммадиев ба ганчинаи адабиёти точик ба таври абади дохил шудаанд. Аз ин ру бо ифтихор ва боварии катъи гуфтан мумкин аст, ки мероси адабии Фазлиддин Мухаммадиев ин сарвати маънавии Точикистон аст.

Бояд зикр кард, ки мутаассифона хикояхои Фазлиддин Мухаммадиев хадафи тадкикот ва баррасихои адаби карор нагирифтаанд. Омухтан ва ба хонанда дастрас кардани хикояхои у шояд кушишхои зиёди илмиро талаб менамояд. Вале ин корро хар чи тезтар бояд анчом дод. Ин дар замони мо хеле мухим аст. Зеро он метавонад ба адибони чавон хамчун манбаъи гаронбахо хидмат кунад.

Хеч чои бахс нест, ки таъсири эчодии Фазлиддин Мухаммадиев бустони насри солхои 60-80-ро файзу баракат ва нашъунамо бахшид. Абдулхамиди Самад дар як сухбат гуфтааст: “Устод Фазлиддин Мухаммадиев ба аксари адибон аз худ чавонтар, аз чумла камина хам, бо хислатхои хамида, дастгирихои чавонмардона, осори марѓубу хунармандона ва дардошноияш пири маънави хисоб мешуд”. Бесабаб нест, ки бисёре аз адабон хикоя ва киссахои худро “Ба ёди Фазлиддин Мухаммади” бахшидаанд.

Бешубха Фазлиддин Мухаммадиев рохнамои онхо буд, аммо худи онхо созандаи худ буданд. Асоси ин созандагиро истеъдод ташкил медихад. Агар истеъдод намедоштанд, таъсири устод наметавонист коре бикунад. Хамин истеъдод буд, ки худро кашф карданд ва ба майдони адабиёт кадамхои катъи гузоштанд. Маълум шуд, ки Урун Кухзод, Сорбон, Саттор Турсун, Мухиддин Хочаев, Абдулхамиди Самад, Кароматуллои Мирзо, Бахром Фируз, Чонибеки Акобир, Сайф Рахимзоди Афарди, Бахманёр, Равшани Ёрмухаммад, Абдурофеъ Рабизода, Барот Абдурахмон, Иноят Насриддин, Мухаммадзамони Солех дар эчоди хикояи ахлокии психологи хунари хосае доранд. Онхо бо хисси масъулият бори суханро кашида, ба хазинаи насри точик хикояхои чолибу мондагор ворид намуданд. Чакидахои калами онхо бустони насри моро ба кавли устод Мирзо Турсунзода “хамчун бахори сабзу хуррам ва мунаккаш дилкаш ва зебо” кард. Як зумраи онхо ба пояхои баланди эчоди расида, офаридахои онхо вирди забонхо гашт ва берун аз хоки Точикистон арзи хасти кард.

Хикояхои “Достони муаллим”-и Урун Кухзод, “Думбура”-и Саттор Турсун, “Кабутари сафед”-и Сорбон, “Мурофиа”-и Абдулхамиди Самад, “Гунчишки сафед”-и Сайф Рахимзоди Афарди, “Кадри модар”-и Кароматуллои Мирзо, “Кухистони”-и Чонибеки Акобир, “Киссаи шеърхои хунин”-и Мухаммадзамони Солех, “Гурков”-и Равшани Ёрмухаммад, “Нархи Одам”-и Бахманёр, “Чарохат”-и Иноят Насриддин, “Мохи ѓунудаи шаб”-и Бароти Абдурахмон, “Гунох”-и Абдурофеъ Рабиев бехтарин хикояхо ба шумор мераванд. Дар ин хикояхо адибон бо дили пурхарорат ва махорати калон сарнавишти инсони имрузаро бо хама дардхои зиндагию иллатхои рузгор, дарки масоили тезу тунди ахлоки ва камолоти маънавии уро мавриди тадкик карор додаанд.

Махдуд кардани таваччух ба эчодиёти Мубинчон Юсуфов, Додочон Рачаби, Неъматулло Худойбахш, Анвар Олими, Рачаб Мардон, Махкам Пулод, Субхон Эхсон, Карим Давлат, Мухибуллохи Курбон, Абдуѓаффор Партав, Мансур Суруш, Нозир Ёдгори ва Ѓайрат Хаким албатта сазовор нест. Хосса он ки онхо бо навиштахои худ собит сохтанд, ки дар чодаи хикоя каси тасодуфи нестанд. Сабки баёну хусни тасвир рангу чилои махсус дорад. Аз ин ру, хикояхо соддаю возех ва равону дилчасп мебошанд. Аксари хикояхо чанбаи ичтимои ва интикоди дорад ва гох низ бо пичингу кинояхои намаки ва танзхои газандаву талх, ки нишонрасу макбуланд хамрох аст. Зиёда аз ин аз чакидахои калами онхо таровати хозирчавоби ва хушгуихои мардум ба машом мерасад, ки ба кавли устод Асадулло Саъдуллоев: “…аз мушикофона мушохида намудани руйдодхои хаёти сар мезанад”.

Дар хама давру замон бори асосии наср бар души адибони насли калонсолу сохибтачриба будааст. Боиси каноатмандист, ки онхо дар даври истиклолияти давлатии Точикистон хам ин рисолатро аз даст надоданд. Бо осори пурмазмун ва хушсифти худ дар равнаку ривочи хикоя Абдумалик Бахори, Урун Кухзод, Саттор Турсун, Абдулхамиди Самад, Сорбон, Кароматуллои Мирзо, Чонибеки Акобир, Равшани Ёрмухаммад, Абдурофеъ Рабизода, Неъматулло Худойбахш, Иноят Насриддин, Рачаб Мардон, Додочон Рачаби, Насим Рачаб, Мухиддин Хочаев, Мубинчон Юсуфов, Субхон Эхсон сахми шоиста гирифтанд.

Ин шаходати он аст, ки онхо дарди чомеаро дар дилу чони худ хис карданд ва барои дармони он кушиданд.

Чунонки устод Худои Шарифов менависад: “…камолоти хунари ва суханвари интихои мутлак надошта, хама вакт нисбист”.

Сазовори таъкид аст, ки ба конунхои сахти даврони бозаргони нигох накарда ба майдони наср бисёр адибони чавони болаёкат кадам гузоштанд. Ин падидаи хеле мухим аст. Зеро аз як тараф чумхурии мо дар фазои Иттиходи собики шурави торафт бештар ба сифати механизми афзалиятноки хамгирои табдил меёбад. Аз чониби дигар, мо бо тахдидхои руз то руз афзоишёбандаи  иктисоди, экологи, ичтимои ва тахдидхои дигари чидди ру ба ру мешавем

Кистанд онхо?

Бо камоли мануният исми чанде аз онхоро, ки бо мавчи тозаи хикоянависи ба руи оби эчоди омадаанд арз менамоям: Юнус Юсуфи, Саидали Саид, Салими Аюбзод, Диловари Мирзо, Тохири Махмадризо, Садриддини Хасанзод, Давлатшохи Тохири, Сипехри Хасанзод, Равшани Махсумзод, Мачид Салим, Убайдуллои Мурод, Муродалии Чаббор, Акбар Шариф, Сирочиддини Шароф, Собирчони Иброхим, Зариф Ѓулом, Рахими Рафеъзод, Ѓани Чуразода, Абдурахмон Расули, Хуршеди Атовулло, Исфандиёр, Исмоили Иброхим, Хасан Боки, Саидмурод Расули, Нурмухаммад Исхоки, Нусратулло Абдулло, Хабиб Саид, Бахманёр Муроди…

Бисту хашт адиб. Бисту хашт хел сину сол. Бисту хашт хел мизоч. Бисту хашт забон. Бисту хашт тарзи баён. Бо вучуди ин, бе шакку шубха метавон гуфт, ки онхо бо ниятхои неки хизмат кардан ба адабиёт по ба майдони наср ниходаанд. Аз ин ру неруи тозаи насри бадеии точики, бахусус хикоя ба шумор мераванд.

Зимнан бояд гуфт, ки хакикати зиндагии вокеи манбаи илхоми онхо гаштааст. Хусни таваччухи онхоро на танхо вокеахо ва масъалахои доѓи хаёт, балки мохияти фалсафию ахлокии печидагихои зиндаги ба худ мекашанд. Аз ин ру онхо тавонистаанд, ки чехраи кахрамонхоро дар робита бо хислату сифатхояш ва иртиботи кави бо хаёти сиёсию ичтимои ва манънавии мамлакат ба риштаи тасвир кашида, ба хикояи муосир мавзуъ ва рангу бори тоза ворид намоянд.

Имруз меарзанд, ки дар бораи хар яки онхо сухан ронем. Вале тангии вакт ба ин имкон намедихад. Танхо дар бораи чанде аз онхо истода мегузарам.

Бо камоли эътимод метавон гуфт, ки Юнус Юсуфи, Саидали Саид, Салими Аюбзод, Диловари Мирзо нависандаи андешаманд, рухшинос, донистакор ва рангинбаён хастанд. Хар яке мавзуъ, сабки эчоди ва макоми хоси худро дорад. Он чи дар эчодиёти онхо чалби назар мекунад, завки навчуйи ва навандеши мебошад. Фаъолияти эчодии ин адибон тозагихое ба даст дода ва навихое падид овардааст. Дар хикояхои онхо нахваи диду бардошт ва париши тахайиул ва тарзи таъбир шоъирона аст.

Аз суи дигар, хикояхо содаву равон ва дилнишин, бахусус мазмун гуногун, рангин ва тару тоза аст.

Аз инхо гузашта, забони асархои онхо фарк мекунад, салису равон ва ба кавли устод Кухзод: “…сараву сершираву образдор” хастанд.

Мачид Салим ягона нависандаест, ки дар бораи табиат асар эчод мекунад. Табиате, ки тамоми хастиву нестии инсон буда, хаётро нотакрор ва зебову гуворо месозад. Чолиби диккат аст, ки кахрамонони хикояхои у хайвонхову паррандахо мебошанд. Дар мавзуи саг ва вафодории у ба одам хеле зиёд навиштаанд. То хадде, ки ин мавзуъ забонзадаву обшуста шудааст. Дигар ки чуръати ба он даст задан мекунад. Аммо Мачиди Салим чуръат кардааст. Ва на як хикоя, балки хафт хикоя иншо намудааст, ки хеле шавковару дилнишинанд. Дар пешгуфтори китоби “Зоѓеву доѓе” (соли 1995) нависандаи маъруфи точик Абдулхамиди Самад менависад: “Кахрамонхои хуб ёфтаи. Дар инзамон аз хама беозор хайвонхову паррандахоянд. Вокеан, инсон бояд аз онхо бисёр чихатхои зиндагиро биомузад, ягон хайвону парранда конун ва коидаи табии худро поймол намекунад. Аммо инсонхо…”.

Бале, аммо хастанд инсонхои берахму бешафкат!

Ва мутаассифона кам хам нестанд!

Онхо худро хокими табиат пиндошта, коидахои табии онро даѓалона поймол мекунанд ва ба сари инсоният чи кулфатхоеро намеоранд. Худованди бузург дар сураи лукмон дар ояти 20 ба одамон хушдор медихад: “Магар шумоён намебинед, ки худованд он чи ки дар осмонхову заминхост, тобеи шумо намуда, неъматхои зохиру ботини худро бароятон фаровон кардааст”.

Хусусияти назарраси баъзе хикояхои Мачид Салим дар он аст, ки онхо кутох ва муъчазанд. Ин як. Дуввум, дар онхо дарду доѓи дили нависанда эхсос мешавад.

Абдулхамиди Самад чихатхои хуби хикояхои уро равшану фахмо ба кайд овардааст, ки чолиби диккат мебошад. Хикояхои у “…аз дарду алам, шикасту мубориза, чузъиётхои ачоиб, эхсоси сузон, мушохидахои бикр саршоранд”. Вай “…мардиву поки, мухаббати самими, зебои ва иффатро дар инсону олами вухуш тараннум мекунад, ба руи аъмоли бад, кинаву кудурат, сияхдиливу хусумат хат мекашад”. Бо камоли эътимод метавон гуфт, ки хикояхои Мачид Салим хонандаро ба дуст доштан ва хифз намудани олами вухуш, гулу гиёх, долу дарахти Точикистони нозанин хидоят мекунад.

Равшани Махсумзод нависандаи пуркору сермахсул аст. Дар дах соли охир 56 хикояаш дар сахифахои рузномаву мачаллахо чоп шудааст, ки зикри он хама ин чо ѓунчоиш надорад. Ин, албатта, аз чихати микдор хеле хуб аст. Аммо ин нуктаро бояд таъкид кард, ки бартарии микдори на хамеша таѓйироти сифати ба вучуд меорад. Ман бо ин таъкид карданиам, ки образхои офаридаи Равшани Махсумзод аз чихати кувваи таъсири бадеи яксон ва дар як поя нестанд. Дар хикояхои у сужахои пурмочаро ба назар намерасад. Аслан кахрамонхои хикояхои у шахсонанд, ки мо онхоро хуб мешиносем. Тарчрибаи каламкаши ва мушохидахои амики нависанда ба у имкон додааст, ки характеру образхои мушаххас биофарад. Дар баъзе хикояхо кушидааст, ки пиромуни хаёт ва зиндагии гохо сангини мардуми як дехаи дурдати кухистон мулохиза ронда, хулосахои чолиб барорад. Дар аксари хикояхо кадру кимати инсон, макому мавке ва чидду чахди у дар чамъият, садокат ба ишк, пос доштани хотири гузаштагон ва эхтироми арзишхои милливу расму оинхои бобои инъикос ёфтаанд. Адиб дар хикояхои ишки бештар комёб гардидааст. Дар онхо эхсосоти кахрамонхояш амиктар ва пуратар кушода шудааст. Аз ин ру кас онхоро бо мароки афзоянда мехонад. “Асири лонаи ишк” ва “Духтари кухистон” ба фикри ман, аз хамин кабил хикояхои шавковавр мебошад.

Аз он хурсандам, ки Равшани Махсумзод суботкору захматдуст аст, харакату пешравие дорад ва аз чихати мавзуъ ва хунари адаби руй ба такомул дорад.

Адиби чавоне, ки бо як китоб хам ба майдони адабиёт ворид гашт ва хам ба узвияти Иттифоки нависандагони Точикистон пазируфта шуд Нурмухаммад Исхоки мебошад. Китобаш “Дарди номус” унвон дошта, бахори соли 2005 бо фотихаи устод Мехмон Бахти аз чоп баромад. Дар он 10 хикоя ва “Дилнома”-хои у фарохам омадаанд.

Мавзуи хикояхои Нурмухаммад Исхоки замонави мебошанд, ки такозои замонанд. Нурмухаммад Исхоки дар хикояхои худ пеш аз хама ба бадеият, равонии забону баён диккати махсус додааст. Аз тарафи дигар ба таклидкори рох надода, кутох, пухтаю рехта ва равшанандешона эчод кардааст.

Хеле мухим аст, ки Нурмухаммад Исхоки кахрамонхои худро дар мубориза сари хислатхои хамидаи инсони: чавонмарди, нангу номус тасвир намудааст.

Яке аз сифатхои хуби Нурмухаммад Исхоки он аст, ки вай эроду таклифхои рафикони хамкалами худро мардона кабул намуда, дархол аз паи ислохашон мешавад.

Масалан хикояи “Дарди номус” бо ду мисра шеър хулоса мешуд. Эрод гирифтам, ки он ночаспон омадааст. Вай охири хикояро ислох намуд. Сарлавхаи хикояи “Арвохзада” ба назарам забонзадаву бемавкеъ намуд. Вай онро ба “Шоири хушгил ва Шопури дангил” ном ниход.

Аз мутолиаи нахустин китоби Нурмухаммад Исхоки аён мешавад, ки у аз руи хавою хавас не, балки хеле чидди калам ба даст гирифта, ба чодаи адабиёт кадам гузоштааст.

Аммо аз як чихат чои афсус хам хаст, китоби у пеш аз чоп мухокима нашуд.

Аслан лоики зикр аст, ки имруз назорати ѓоявии асархо нест шуда. Пеш будааст. Устод Лоик дар як сухбат гуфта: “Он вакт дар мухити адабии мо китоби якум мухокима мешуд, китоби дуюм хам ва сеюм хам… Мухокима мухокимаи хакикикатан мардона ва холисона буд”.

Назари адибе, ки бори аввал китоби дигар адибро ба даст мегирад, махсусан тез мешавад.

Бо он хотир мегуям, ки идомаи кор нек ояд. Ва шоир низ хак барояд, ки дар ин хусус гуфтааст: “Наккош накши сони бехтар кашад зи аввал”.

Сазовори таъкид аст, ки дар фазои наср ду падидаи бисёр хам чолиб ва фарахбахш боли химмат кушодааст. Падидаи аввал ин дар чаманистони наср нашъунамо кардани як зумра занон мебошад. Дар замони шурави шоирахои маъруф Гулчехра Сулаймони ва Гулрухсор дар наср хам кувваозмои карда, асархои хубу марѓуб офарида буданд. Дар давраи истиклолияти давлатии Точикистон Гулрухсор фаъолияти худро дар чодаи наср бомуваффакият идома дод.

Хануз соли 1963 устод Фазлиддин Мухаммадиев навишта буд: “Нависандаги, шоири умуман кори захматталаби машаккатовар, аммо насрнависи дар адабиёт сохаи аз хама зурталаб мебошад. Ин ситоиши жанри худи не, хакикатест, ки хама эътироф мекунанд. Ба ин жанр дохил шудани духтарон, ба назари ман, парвози кайхонии Терешкова барин падидаи фараховарест”.

Ба ин нигох накарда Муаззама Ахмадова, Шамсия, Махбуба Турсунова, Мушаррафа Шарифова, Матлуба Ёрмирзоева, Марямбонуи Фарѓони, Гули Зард, Латофат Кенчаева, Ханифаи Мухаммадохир, Сафияи Носир, Точинисо Султони, Гулнора Усмонова, Нилуфари Равшанёр, Робияи Холмирзо ба майдони наср ворид гардиданд. Ва бо офаридахои худ ба адабиёти муосири точик хусну таровати тоза ато намуданд.

Олими маъруфи точик Атахон Сайфуллоев хеле дакик кайд кардааст, ки: “Ин раванди тозаи ичтимои ва фарханги кабл аз хама ба он вобаста аст, ки Президент Э. Ш. Рахмонов макоми занро дар чомеа баланд бардоштанд”.

Падидаи дуввум, ин ба наср, махсусан ба хикоя руй овардани шоирони шинохтаю чавони мо мебошад. Онхо – Ѓаффор Мирзо, Гулназар, Гулрухсор, Зулфия Атои, Мухаммад Ѓоиб, Абдулкодири Рахим, Мирзо Файзали, Абдучалил Воситзода, Салими Зарафшонфар хикояи муосирро чун шеърхои хеш муъчазу нишонрас, чолибу андешапарвар, хотирнишину рухафзо сохтанд. Офаридахои онхо хачман калон набошанд хам, мазмуну мухтавои амик доранд. Пеш аз хама ба маком ва арзишу сахми сухан, ки ягона василаи бадеии нависанда аст, эътибори чидди додаанд. Дар ин рох аз сухани зебо ва кутоху маънидор бо камоли хунар истифода бурдаанд. Ин аст, ки тарзи таркиббандии чумлахо табии ва суфтаю равонанд. Аз ин ру баробари мутолиа дар дилу дида чой мегиранд.

Ин ду падида чун офтоб чехра намуданд, ки на танхо боиси ифтихор, балки омузиш мебошад.

Аз фурсати муносиб истифода бурда пешниход мекунам:

  1. Рузи таваллуди устод Фазлиддин Мухаммадиев – 15 июн “Рузи хикоя” эълон карда шавад;
  2. Хар сол озмуни хикояи бехтарин сол гузаронида шавад;
  3. Мачмуаи бехтарин хикояхои точики бо унвони “Чашмаи чушон” дар се чилд руи чоп оварда шавад. Чилди якум бехтарин хикояхои точикиро аз соли 1920 то соли 1960, чилди дуввум аз соли 1960 то соли 1990 ва чилди сеюм аз соли 1991 то соли 2006-ро дар бар гирад.

Кас мехохад асархои тоза ба тозаи шоистаи даврон хар чи бештар ба майдон биёяд. Барои ин замина хаст. Зеро имруз идеологияи сиёсию фархангии хукумати чумхури  Точикистон маълум ва равшан аст: гуманизм, ватандусти ва вахдати милли. Аз ин ру мазмуну мундаричаи асархои адибон пеш аз хама бояд ба вахдати милии халкамон ва якпорчагии мамлакатамон равона карда шавад.

Он чи ману шумо набояд фаромуш кунем, ин аст, ки бо ѓайрату шиддат кор кунем. Ва нуктаи мухим он аст, ки масъулиятро дарк намоем. Хикояи талаби замон навиштан мухимтарин дастури ичтимои аст. Хикоя бояд ба хар хонадони точик ворид гашта, чону рухи уро навозиш ва парвариш кунад ва рахнамои эхсосоти бузург ва софу беѓубор гардад.

Умед аст, ки адибони мо бо хамин ѓайрату химмат, бахри ояндаи дурахшони Точикистони азизамон калам хоханд ронд.

Бигузор чашмаи илхоми адибони мо хамеша чушон бошад!

20 ноябри соли 2006

 

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …