Главная / Чамъият / ХИФЗИ ВА ИСТИФОДАИ ОБЪЕКТХОИ МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРХАНГИ

ХИФЗИ ВА ИСТИФОДАИ ОБЪЕКТХОИ МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРХАНГИ

КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН ДАР БОРАИ ХИФЗИ ВА ИСТИФОДАИ ОБЪЕКТХОИ МЕРОСИ ТАЪРИХИЮ ФАРХАНГИ 

 (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, соли 2006, №3, мод. 168; с. 2012, №12, к. 1, мод. 1015; (Конуни ЧТ аз 30.05.2017 с., №1429)

Бо Карори Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон аз 8-уми феврали соли 2006, № 251 (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, соли 2006, № 2, моддаи 71) кабул гардидааст.

Бо Карори Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон аз 24-уми феврали соли 2006, № 194 (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, соли 2006, № 2, моддаи 56) чонибдори гардидааст.

12513707_1004681812935338_2788097049703747680_o

Конуни мазкур муносибатхои чамъиятиро оид ба хифз, истифода, нигахдори ва таргиби объектхои мероси таърихию фарханги танзим менамояд. (КЧТ аз 28.12.12с. №921; (КЧТ аз 30.05.17 с., №1429)

БОБИ 1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ

Моддаи 1. Максадхои  Конуни мазкур

Максадхои  Конуни мазкур аз инхо иборатанд:

– танзими хукукии таъмини хифз ва истифодаи самараноки объектхои мероси таърихию фарханги, рушди минбаъдаи онхо ба манфиати чомеа;

– муайян намудани низоми хукукии объектхои мероси таърихию фарханги хамчун намуди хоси молу мулки гайриманкул ва сарвати умумимилли;

– мукаррар намудани назорати давлати оид ба хифз ва истифодаи объектхои мероси таърихию фарханги;

– татбики сиёсати давлати оид ба хифз ва истифодаи объектхои мероси таърихию фарханги;

– таъмини ичрои ухдадорихои байналмилалии Чумхурии Точикистон оид ба хифз ва истифодаи самараноки объектхои мероси таърихию фарханги;

– химояи хукуки шахсони вокеи ва хукуки ва муайян намудани ухдадорихои онхо оид ба хифз ва истифодаи самараноки объектхои мероси таърихию фарханги;

– мухайё кардани шароити мусоид барои нигахдори ва баркарорсозии объектхои мероси таърихию фарханги;

– муайян намудани чавобгари барои амал ё беамалие, ки дар натичаи он ба объектхои мероси таърихию фарханги зарари мустаким ё гайримустаким расонида мешавад .(КЧТ аз 28.12.12с. №921)

 

Моддаи 11. Мафхумхои асоси

Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:

– объектхои мероси таърихию фарханги – объектхо ё ашёи таърихии фарханги модди ва маънави, ки ахамияти таърихи, илми ва фархангии умумибашари, умумидавлати ё махалли доранд;

– хифзи давлатии объектхои мероси таърихию фарханги – низоми чорахои хукуки, ташкили, молияви, иттилооти, моддию техники ва гайраи аз тарафи давлат амалишаванда, ки барои дарёфт, бахисобгири, омузиш, пешгирии вайроншави ва нобудшави, назорати нигахдори, истифода ва таргиби объектхои мероси таърихию фарханги равона гардидаанд;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1429)

– экспертизаи таърихию фарханги – тадбирхои ташкили, илми ва техники барои муайянкуни ва истифодаи объектхои мероси таърихию фарханги;

– Фехристи давлатии объектхои мероси таърихию фарханги – номгуи объектхои мероси таърихию фарханги, ки барои тахияи махзани маълумот ё низомхои иттилооти дар бораи объектхои мероси таърихию фарханги ва истифодаи онхо манбаи асосии иттилоот ба хисоб меравад; 

– минтакахои хифзи объектхои гайриманкули мероси таърихию фарханги – худуди тибки конунгузори муайяншудае, ки дар онхо объектхои мазкур чойгиранд ё корхо оид ба дарёфт ва муайянкуни чараён доранд;

– баркарорсозии объектхои мероси таърихию фарханги – мачмуи чорабинихо оид ба омода намудани объектхои мероси таърихию фарханги барои истифода, аз чумла омузиш, хифз, консерватсия ва таъмири онхо; (КЧТ аз 28.12.12с. №921)

 

Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи хифз ва истифодаи объектхои мероси таърихию фарханги

Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи хифз ва истифодаи объектхои мероси таърихию фархангии Чумхурии Точикистон ба Конститутсияи Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур, дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, хамчунин санадхои хукукии байналмилали, ки Чумхурии Точикистон онхоро эътироф кардааст, иборат аст.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1429)

 

Моддаи 3. Объектхои мероси таърихию фарханги

Ба объектхои мероси таърихию фарханги объектхои манкул ва гайриманкул, осори рассоми, мучассамасози, санъати амалии ороишии ба онхо марбут, инчунин дигар ашёи фарханги модди, ки аз назари таърих, бостоншиноси, фарханг, меъмори, шахрсози, санъат, эстетика арзиши муайян доранд, дохил мешаванд. (КЧТ аз 28.12.12с. №921)

 

Моддаи 4. Навъхои объектхои мероси таърихию фарханги

Объектхои мероси таърихию фарханги шомили ёдгорихои манкул ва гайриманкул мебошанд.

Ёдгорихои манкул иборатанд аз:  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1429)

– объектхои алохида – бозёфтхои бостоншиноси, ашёи кадими, унсурхои ба чузъхо таксимшавандаи ёдгорихои гайриманкул, маводи антропологи ва этнологи, мукаддасоти таърихи, асархои бадеии (мусавварахо, каламкорихо, санъати амали, синамо ва суратхо) махфуз дар осорхонахои гуногуни давлати ва гайридавлати, фондхо, китобхонахо, ганчинахо, коллексияхо, асноди шомили фонди миллии бойгони – дастнависхо, чопи мошини, осори калами, асноди филмбардори ва аккосишуда, осори тасвирию савти, нашрияхои нодир, хамчунин забонхо ва номхои чугрофии  таърихи;

– объектхои мачмаави – мачмаахои  таърихан ташаккулёфта, фондхо ва коллексияхои объектхои алохидаи мазкур ба сифати таркиби ягонаи кул,  хамчунин мачмаахо, фондхо ва коллексияхои дорои арзишхои илмию  табиатшиноси, ки  дар мачмуъ арзиши  таърихи доранд.

Ёдгорихои гайриманкул иборатанд аз:  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1429)

– ёдгорихои таърихи – бинохо, иншоот, чойхои ёдгори, дахмахои таърихи, мучассамахо ва ёдгорихое, ки ба мухимтарин руйдодхои таърихи хаёти халк, рушди чомеа, давлат ва зисту рузгори халкхо,  хамчунин ба хаёту фаъолияти  ходимони барчастаи чамъиятию сиёси ва илму фарханг алокаманданд;

– ёдгорихои бостоншиноси – горхо, бошишгоххо, димнахо, теппахо, бозмондахои чойгоххои бостони, истехкомхо, иншооти мудофиави, конхои кадими, корезхо ва шабакахои обёри, роххо ва пулхо, кургонхо ва  дахмахои чудогона,  тасвирхои руи  санг ва катибахо:

– ёдгорихои шахрсози ва меъмори – ансамблхо ва мачмаахои меъмори, марказхои таърихи, махаллахо, майдонхо, кучахо, осори тарху сохтмонхои кадими, шахрхо ва дигар махалоти маскуни, иншооти меъмории мулки, низоми, саноати, парастишгоххо, хунархои меъмории халки, хамчунин осори тасвири, ороишию амали, гулбогхо ва дигар навъхои ба онхо алокаманди санъат ва хунарро дар бар мегиранд;

– манзарахо – офаридахои муштараки инсон ва табиат, хамчунин мавзеъхо, аз чумла макони бостоние, ки аз нигохи таърихи, эстетики, этнологи ва антропологи арзиш ва ахамияти бузург доранд.

 

Моддаи 5. Дарачабандии объектхои мероси таърихию фарханги

Объектхои мероси таърихию фарханги дорои чунин дарачахо мебошанд:

– объектхои мероси таърихию фархангии ахамияти умумидавлати, ки дорои арзиши баланди таърихи, илми, меъмори ва бадеи мебошанд, аз он чумла объектхои бостоншиноси;
– объектхои мероси таърихию фархангии ахамияти махалли, ки дар худуди махал (шахр, нохия) дорои арзиши муайяни таърихи, илми, меъмори ва бадеи мебошанд;
– объектхои мероси таърихию фархангии ахамияти байналмилали, ки ба Номгуи мероси фарханги умумичахони дохил шудаанд. (КЧТ аз 28.12.12с. №921)

Дарачабандии объектхои мероси таърихию фархангии дорои ахамияти умумидавлати ва махалли дар асоси хулосаи экспертизаи таърихию фарханги аз чониби макоми ваколатдори давлати тасдик карда мешавад.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1429)

Дарачабандии объектхои мероси таърихию фархангии дорои ахамияти умумичахони тибки санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст, мукаррар карда мешавад.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1429)

 

Моддаи 51. Худуди объектхои мероси таърихию фарханги

Худуди объектхои мероси таърихию фарханги китъаи замине хисобида мешавад, ки аз чихати функсионали, банакшагирии меъмори, сохтори хатхои мухандиси ва марзхои каблан мукарраршуда ба объектхои мероси таърихию фарханги марбут аст. Худуди объектхои мероси таърихию фарханги кисми таркибии объектхои мероси таърихию фарханги буда, китъаи замини он таксимнашаванда мебошад.

Тархи худуди объектхои мероси таърихию фарханги тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ва бо назардошти санадхои таърихию хукуки (лоихахои меъмори, тасвирхо, хуччатхои расман тасдикшудае, ки ба истифодаи объектхои мероси таърихию фарханги хукук медиханд) муайян карда мешавад.

Дар худуди объектхои мероси таърихию фарханги сохтмони объектхои нав, ба истиснои объектхое, ки ба хифз ва истифодаи объектхои мероси таърихию фарханги марбутанд, манъ аст. Сохтмони объектхои наве, ки ба хифз ва истифодаи объектхои мероси таърихию фарханги марбутанд, бо розигии макоми ваколатдори давлати дар сохаи фарханг ва макоми ваколатдори давлати дар сохаи меъморию сохтмон анчом дода мешавад.  (КЧТ аз 28.12.12с. №921; (КЧТ аз 30.05.17 с., №1429)

 

Моддаи 6. Вазъи хукукии объектхои мероси таърихию фарханги

Эътирофи объектхо, хамчун мероси таърихию фарханги, бо ворид намудани онхо ба Фехристи давлатии объектхои мероси таърихию фархангие, ки  нашрашон хатми мебошад, муайян карда мешавад.

Номгуи объектхои манкули мероси таърихию фархангие, ки моликияти хусуси мебошанд, бо ризоияти молики онхо нашр мешавад.

Хама гуна ёдгорихои бостоншиноси, ки дорои арзиши таърихию фарханги ва илми мебошанд, дар макоми ёдгорихои таъриху фарханг карор  мегиранд.

Объектхои мероси таърихию фарханги дар Чумхурии Точикистон тибки конунгузори ба таври хатми хифз ва нигахдори карда мешаванд, дорои низоми махсуси хукуки истифода, тагйири хукуки моликият ба онхо ва махрум намудан аз вазъи хукуки мебошанд. (КЧТ аз 28.12.12с. №921)

 

Боби  2. Идоракунии давлатии хифз ва истифодаи

объектхои мероси таърихию фарханги

 

Моддаи 7. Макомоти идоракунии давлатии хифз ва истифодаи объектхои мероси таърихию фарханги

Идоракунии давлатии хифз ва истифодаи объектхои мероси таърихию фарханги аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон ва макоми ваколатдори давлатии Чумхурии Точикистон дар сохаи фарханг (минбаъд – макоми ваколатдори давлати) ва макомоти махаллии хокимияти давлати амали мегардад. (КЧТ аз 28.12.12с. №921)

 

 

Моддаи 8. Салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон оид ба хифз ва истифодаи объектхои мероси таърихию фарханги

(КЧТ аз 30.05.17 с., №1429)

Хукумати Чумхурии Точикистон:

– самтхои асосии сиёсати давлатиро оид ба хифз ва истифодаи объектхои мероси таърихию фарханги амали мегардонад;

– тартиби маблаггузори, сабт, кашф, тахкик, хифзу нигахдори, тармиму тачдид, таргиб ва ба осорхонахо табдил додани объектхои мероси таърихию фархангии дорои ахамияти умумидавлати ва байналмилалиро мукаррар менамояд; (КЧТ аз 28.12.12с. №921)

– барномахои хифзу нигахдори, тахкик, таргиб ва истифодаи объектхои мероси таърихию фархангиро тасдик мекунад;

– тартиби пешбурди Фехристи давлатии объектхои мероси таърихию фархангиро муайян менамояд;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1429)

–  низоми истифодаи худуд ва мавзеъхои мухофизати объектхои мероси таърихию фархангии дорои ахамияти чумхурияви, аз чумла объектхои ба номгуи мероси фарханги чахони шомилро тасдик мекунад;

– тартиби ташкил ва низоми нигахдории мамнуъгоххои таърихию фарханги, осорхонахо-мамнуъгоххо ва макони таърихиро муайян менамояд;

– тартиби анчоми экспертизаи таърихию фархангии объектхои мероси фархангиро мукаррар менамояд;

– дигар салохиятро тибки конунгузории Чумхурии Точикистон  амали мегардонад.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1429)

 

 

 

Моддаи 9. Ваколати макоми ваколатдори давлати

Макоми ваколатдори давлати:

– назорати давлатиро тибки конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи хифз ва истифодаи объектхои мероси таърихию фарханги аз чониби шахсони  вокеи  ва хукуки  таъмин менамояд;

– дар мувофика бо дигар шахсони манфиатдоре, ки объектхои мероси таърихию фархангиро дар ихтиёр доранд, хифз ва истифодаи онхоро ба рох мемонад;

– вазоратхо, идорахо, муассисахои илми  ва иттиходияхои чамъиятии  дахлдорро барои хифз, тармим ва истифодаи объектхои мероси таърихию фарханги чалб менамояд;

– барои ба чавобгари кашидани шахсони вокеи ва хукукие, ки  низоми конунгузориро оид ба хифз ва истифодаи объектхои мероси таърихию фарханги вайрон кардаанд,  тибки конунгузории Чумхурии Точикистон чора меандешад;

– бо супориши Хукумати Чумхурии Точикистон шартномахои байнихукуматиро ба имзо мерасонад ва ба созишномахои байнихукумати дар бораи  хифз ва истифодаи объектхои мероси таърихию фарханги хамрох мешавад;

– барномахои давлатиро тахия ва дар ташаккулу татбики сиёсати давлати оид ба хифз, нигахдори ва истифодаи ёдгорихои таърихию фарханги иштирок менамояд;

– дар мувофика бо макомоти махаллии хокимияти давлати рохбарони макомоти махаллиро оид ба хифз ва истифодаи объектхои мероси таърихию фарханги ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод менамояд;

– Фехристи давлатии объектхои мероси таърихию фархангиро тахия намуда, пешбурди онро таъмин менамояд ва ба объектхои мероси таърихию фархангии ба Фехристи мазкур воридкардашуда шиноснома медихад;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1429)

– экспертизаи таърихию фархангии объектхои мероси таърихию фархангиро ташкил ва дар амал татбик мекунад;

– чихати тайёр кардани мутахассисон, мухайё намудани шароит барои баркарорсозии объектхои мероси таърихию фарханги мунтазам чорахо меандешад; (КЧТ аз 28.12.12с. №921)

– дигар ваколатхоро тибки конунгузории Чумхурии Точикистон амали менамояд.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1429)

 

Моддаи 10. Ваколатхои макомоти махаллии хокимияти давлати, макомоти худидоракунии шахрак ва дехот оид ба хифз ва истифодаи объектхои мероси таърихию фарханги

(КЧТ аз 30.05.17 с., №1429)

Макомоти махаллии хокимияти давлати дар доираи ваколати худ:

– объектхои мероси таърихию фархангиро кашф ва сабт намуда, хифз, тармим  ва истифодаи онхоро таъмин мекунад;

– риояи конунгузории Чумхурии Точикистонро оид ба хифз ва истифодаи объектхои мероси таърихию фарханги таъмин менамояд;

– иттиходияхои чамъиятиро дар баргузории корхои тадорукоти оид ба хифз, нигахдори, таргиб ва истифодаи объектхои мероси таърихию фарханги чалб менамояд;  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1429)

– ваколатхои дигареро, ки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар кардааст, амали мегардонад.

Макомоти худидоракунии  шахрак ва дехот барои нигохдори, истифодаи максадноку босамар, пешгири намудан аз вайроншави ва нобудшави, таргиботи объектхои мероси таърихию фарханги, чалби шахрвандон ва ахли чомеа чорахо меандешанд.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1429)

 

Боби 3. Хифзи давлатии объектхои мероси таърихию фарханги

 

Моддаи 11. Таъмини хифзи давлатии объектхои мероси таърихию фарханги

Хифзи давлатии объектхои мероси таърихию фарханги аз мачмуи тадбирхои хукуки, ташкили, молияви, иттилооти, моддию техники ва дигар тадбирхое, ки макоми ваколатдори давлати амали мегардонад, иборат аст.

Хифзи давлатии объектхои мероси таърихию фарханги бо роххои зерин таъмин карда мешавад:

– сабти давлатии объектхои дорои арзиши таърихию фарханги ва танзими Фехристи давлатии объектхои мероси таърихию фарханги;

– анчом додани  экспертизаи таърихию фарханги;

– тахияи лоихахои минтакахои хифзшавандаи объектхои мероси таърихию фарханги;

– ичозатномадихи  барои фаъолияти баркарорсозии объектхои мероси таърихию фарханги тибки Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи ичозатномадихи ба баъзе намудхои фаъолият»;

– ичозат додан барои анчоми корхои тахкикоти дар объектхои мероси таърихию фарханги;

– гузоштани нишонахои хифозати;

– анчом додани мониторинги холати объектхои мероси таърихию фарханги.

 

Моддаи 12. Фехристи  давлатии объектхои мероси таърихию фарханги

Фехристи давлатии объектхои мероси таърихию фарханги маълумоти аввалияро дар бораи ном, макон, сана, дарачаи тахкик, холат, хачм, шакли моликияти объектхои гайриманкули мероси таърихию фарханги  дар бар мегирад.

Барои объектхои манкули мероси таърихию фарханги хамчунин дар  назар гирифтани навъ, мавод, усули истехсол ва хусусиятхои услуби истехсолкунанда  зарур аст.

 

Моддаи 13. Ворид намудани объектхои мероси таърихию фарханги ба Фехристи давлатии объектхои мероси таърихию фарханги

Объектхои дорои арзиши таърихию фарханги ба Фехристи давлатии объектхои мероси таърихию фарханги аз чониби макоми ваколатдори давлати дар асоси пешниходи макомоти хокимияти давлати ва хамчунин шахсони хукуки ва вокеи аз хисоби маблагхои давлати ворид карда мешаванд.

Объектхои мероси таърихию фархангии манкул, ки дар осорхонахо, хазинахо ва дигар чойхои махсуси нигахдошти давлати карор доранд, тибки фехристи тартибдодаи ин муассисахо ва ташкилотхо ба Фехристи давлатии объектхои мероси таърихию фарханги ворид карда мешаванд.

Объектхои дорои арзиши таърихию фарханги аз лахзаи додани хулосаи  экспертизаи таърихию фарханги дар бораи зарурати ворид намудани онхо ба Фехристи давлатии объектхои мероси таърихию фарханги хамчун объектхои кашфшудаи мероси таърихию фарханги хисобида мешаванд.

Ёдгорихои бостоншиноси аз замони кашфашон ба объектхои кашфшудаи мероси таърихию фарханги ворид карда мешаванд.

Макоми ваколатдори давлати вазифадор аст, ки молики объекти мероси таърихию фархангиро дар давоми дах рузи пас аз кабули карор дар бораи ворид намудани объекти зикршуда ба Фехристи давлатии объектхои мероси таърихию фарханги огох намояд. (КЧТ аз 28.12.12с. №921)

 

Моддаи 14. Шиносномаи объекти мероси таърихию фарханги

Ба объекти мероси таърихию фархангии ба Фехристи объектхои мероси таърихию фарханги воридшуда шиноснома дода мешавад, ки дар он  акс ва маълумоти асоси дар бораи хифзи объекти мазкур сабт карда мешавад. Барои сохибмулкони хусуси ба шиноснома хамчунин ухдадорихои мухофизати замима мегардад.

 

Моддаи 15. Хорич намудани объекти мероси таърихию фарханги аз Фехристи давлатии объектхои мероси таърихию фарханги

Объекти мероси таърихию фарханги аз Фехристи давлатии объектхои мероси таърихию фарханги аз чониби макоми ваколатдори давлати дар асоси хулосаи экспертизаи таърихию фарханги хангоме хорич карда мешавад, ки агар объект вокеан пурра нобуд гардида ва ё арзиши он хамчун объекти мероси таърихию фарханги аз байн рафта бошад. (КЧТ аз 28.12.12с. №921)

Карор дар бораи хорич кардани объекти мероси таърихию фарханги аз Фехристи давлатии объектхои мероси таърихию фарханги дар воситахои  ахбори омма нашр мегардад.

 

Моддаи 16. Назорати холати объектхои мероси таърихию фарханги

Макоми ваколатдори давлати, макомоти махаллии хокимияти давлати вазифадоранд холати объектхои мероси таърихию фархангии ба Фехристи давлатии объектхои мероси таърихию фарханги воридшударо назорат кунанд ва дар панч сол як маротиба бо максади тахияи барномахои чори ва дурнамои нигахдории объектхои мазкур холати онхоро тахкик ва муайян намоянд. (КЧТ аз 28.12.12с. №921)

 

Моддаи 17. Ворид намудани объектхои мероси таърихию фарханги ба Номгуи мероси фарханги умумичахони

Расмиёти ворид намудани объектхои мероси таърихию фархангии Чумхурии Точикистон ба Номгуи мероси фарханги умумичахони тибки санадхои хукукии байналмилалие, ки Точикистон онхоро эътироф кардааст, сурат гирифта, аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон ба ташкилоти дахлдори байналмилали пешниход карда мешавад.

Хуччатхо ва маводхои зарури вобаста ба ворид намудани объектхои мероси таърихию фарханги ба Номгуи мероси фарханги умумичахони аз чониби макоми ваколатдори давлати дар мувофика бо макомоти дахлдор омода карда шуда, харочоти он аз хисоби бучети давлати пардохт карда мешавад.  (КЧТ аз 30.05.17 с., №1429)

 

Моддаи 18. Экспертизаи таърихию фарханги

Экспертизаи таърихию фарханги бо максадхои зерин анчом дода мешавад:

– муайян намудани объекти мероси таърихию фарханги ва арзиши он;

– овардани далелу асосхо барои ворид кардани объекти мероси таърихию фарханги ба  Фехристи  давлатии объектхои мероси таърихию фарханги;

– муайян  намудани дарачаи объекти  мероси  таърихию  фарханги;

– овардани далелу асосхо барои тагйир додани дарачаи объекти мероси таърихию фарханги;

– овардани далелу асосхо барои хорич кардани объекти мероси таърихию фарханги аз Фехристи давлатии объектхои мероси таърихию фарханги;

– муайян намудани мутобикати лоихахои мавзеъхои мухофизати объектхои мероси таърихию фарханги, хуччатгузории шахрсози ва лоихакаши, хамчунин корхои заминсози, сохтмони, обёри, хочаги ва корхои дигари вобаста ба хифзи объектхои мероси таърихию фарханги;

“- пешниходи объектхои мероси таърихию фарханги барои дохил намудан ба Номгуи мероси фарханги умумичахони.(КЧТ аз 28.12.12с. №921)

 

Моддаи 19. Мавзеъхои мухофизатии объектхои гайриманкули мероси таърихию фарханги

Низоми хифз ва нигахдории объектхои гайриманкули мероси таърихию фарханги, мавзеъхои мухофизати, мавзеъхои танзими бунёди сохтмонхо, мавзеъхои мухофизати объектхои табии ё манзарахои таърихи тибки конунгузории Чумхурии Точикистон мукаррар карда мешавад.

Лоихахои мавзеъхои мухофизати бо супориши макоми ваколатдори давлати тибки конунгузории Чумхурии Точикистон тахия мегарданд. .(КЧТ аз 28.12.12с. №921)

Худудхои мавзеъхои мухофизати ва низоми нигахдории онхоро, тибки пешниходи макомоти ваколатдори давлати, Хукумати Чумхурии Точикистон мукаррар менамояд.

Анчом додани хама гуна корхои сохтмони ва хочаги дар худуди мавзеъхои зикршуда манъ аст.

Мавзеъхои мухофизати ба накшахои асоси, лоихахои муфассали банакшагири, обёри, сохтмони роххо, пулхо ва махалхои ахолинишин дохил карда мешаванд.

Объекти гайриманкули мероси таърихию фарханги ба шахсони хукуки ва вокеи якчо бо мавзеи хифзшаванда дар холате дода мешавад, ки агар кафолати риояи низоми нигахдории он мавчуд бошад.

Агар хатти харакати наклиёт аз мавзеъхои мухофизати гузарад ва он барои ёдгорихо хатарнок бошад, бо карори макомоти махаллии хокимияти давлати харакати наклиёт дар ин мавзеъхо махдуд ё манъ карда мешавад.

 

Боби 4. Маблаггузории хифзи  объектхои мероси таърихию фарханги

 

Моддаи 20. Маблаггузории хифз ва истифодаи объектхои мероси  таърихию фарханги

Манбахои маблаггузории хифз ва истифодаи объектхои мероси таърихию фарханги маблагхои бучети ва  гайрибучети мебошанд.

Маблаггузории  хифз ва истифодаи объектхои мероси таърихию фархангие, ки моликияти шахсони хукуки ва вокеи мебошанд, аз хисоби моликон ва истифодабарандагони онхо сурат мегирад.

Маблаге, ки аз хисоби истифодаи объектхои мероси таърихию фархангии давлати, хизматрасонии онхо, маблаггузорихои ихтиёри ва хайрияхои шахсони хукуки ва вокеи ба даст меояд, дар сметаи ягонаи даромаду харочоти макомоти ваколатдори давлвти пешбини шуда, дар хисоби бучети давлати инъикос меёбад. .(КЧТ аз 28.12.12с. №921)

 

Моддаи 21. Тадбирхои баркарорсозии объектхои мероси таърихию фарханги ва барои истифода омода намудани онхо

Тадбирхои баркарорсозии объектхои мероси таърихию фарханги ва барои истифода омода намудани онхо чунинанд:  (КЧТ аз 28.12.12с. №921)

– тахкики мукаддимавии объекти мероси таърихию фарханги – мачмуи корхои тахкикоти, лоихакаши ва истехсоли оид ба ошкор ва ташхис намудани сифат ва хусусияти объектхо;

– хифзи объекти мероси таърихию фарханги – мачмуи корхои тахкикоти, лоихакаши ва истехсоли, ки бо максади нигахдории холати кунунии объекти мероси таърихию фарханги ва пешгирии вайроншавии холати он анчом дода мешавад;

– таъмири объекти мероси таърихию фарханги – мачмуи корхои тахкикоти, лоихакаши ва истехсоли бо максади хифзи объекти мероси таърихию фархангии дар холати истифода бо дарназардошти хифзи хусусиятхои аслии он;

– тармими объекти мероси таърихию фарханги – мачмуи корхои тахкикоти, лоихакаши ва истехсоли, ки бо максади ошкор ва хифзи арзиши эстетики ва таърихии объекти мероси таърихию фарханги ва таъмини нигахдории он ичро мешавад;

– тачдиди объекти мероси таърихию фарханги – мачмуи тадбирхое, ки барои баркарор намудани умумият ва тархи гумшудаи сохт ва таркиби объектхо, асосан объектхои мачмаави, нигаронида шудаанд;

– бозсозии мероси таърихию фарханги – мачмуи корхои тахкикоти, лоихакаши ва истехсоли, ки бо максади бехтар намудани холати техники ва арзиши амалии  объектхо, бо дарназардошти ворид кардани дигаргунихои чузъи дар сохти он, ки хусусияти объектро чандон тагйир намедиханд, ба амал бароварда мешавад;

– барои истифодаи кунуни мутобикнамоии объекти мероси таърихию фарханги– мачмуи корхои тахкикоти, лоихакаши ва истехсоли, ки бо максади ба вучуд овардани шароити истифодаи кунунии объекти мероси таърихию фарханги, бидуни тагйир додани арзиш ва хифзи таърихию бадеии он, дар асоси тармими унсурхои он, ки арзиши фархангию таърихиро моликанд, ба чо оварда мешавад.

Бо дарназардошти хусусиятхои хоси анчоми корхо дар хифзи объекти мероси таърихию фарханги аз чониби макомоти ваколатдори давлати, дар мувофика бо идорахои дахлдор, меъёрхои муваккати ва арзиши ин корхо муайян карда мешавад. (КЧТ аз 28.12.12с. №921)

 

Моддаи 22. Бозсозии объекти харобшуда ва ё азбайнрафтаи мероси таърихию фарханги

Бозсозии объекти харобшуда ва ё азбайнрафтаи мероси таърихию фарханги дар холатхои истиснои, аз рохи тармим вобаста ба арзиши махсуси таърихи, илми, бадеи, шахрсози ва дигар арзиши чамъиятии объекти мазкур сурат мегирад.

Карори бозсозии объекти харобшуда ва ё азбайнрафтаи мероси таърихию фархангиро Хукумати Чумхурии Точикистон (барои ёдгорихои гайриманкул хатман дар чои пештараашон) бо пешниходи макоми ваколатдори давлати дар асоси хулосаи экспертизаи таърихию фарханги, дар мувофика бо макомот ва ташкилотхои манфиатдор кабул менамояд. (КЧТ аз 28.12.12с. №921)

 

Моддаи 23. Тахкики ёдгорихои бостоншиноси

Корхои тахкикотии (хафриёт ва чустучуи) ёдгории бостоншиноси танхо бо ичозати макомоти ваколатдори давлати, дар асоси пешниходи Академияи илмхои Чумхурии Точикистон, ба рох монда мешаванд.

Дар холати сохиби кардани худудхо (сохтмони манзилгох ва объектхои саноати, сохтмони канал ва роххо, зери об монондани худуд ва г.) ташкилоти сохтмони вазифадор аст ба макомои ваколатдор давлати барои тахкики худуди номбурда чихати хифзи объектхои мероси таърихию фарханги мурочиат намояд.

Шахсоне, ки тахкики ёдгорихои бостоншиносиро анчом медиханд,  вазифадоранд хифз ва нигахдошти аввалияи  онхоро таъмин намоянд.

Баъди анчоми корхои тахкикоти (хафриёт ва чустучу), вале на дертар аз замони ба поён расидани мухлати ичозат, шахсоне, ки тахкики ёдгорихои бостоншиносиро анчом медиханд, вазифадоранд аз натичаи кори худ ба макомоти ваколатдори давлати хисобот пешниход намоянд ва тибки мукаррарот ашёи дар натичаи хафриёт ва чустучу ёфтшударо, ки дорои арзиши таърихи, илми, фарханги ё арзиши дигар мебошад, баъди бакайдгири барои истифодаи минбаъда дар осорхонахои давлати ба макоми ваколатдори давлати супоранд. (КЧТ аз 28.12.12с. №921)

 

Боби  5. Хукуки моликият ба объектхои мероси таърихию фарханги

 

Моддаи 24. Хукуки моликият ба объектхои  мероси таърихию фарханги

Объектхои мероси таърихию фарханги метавонанд моликияти  давлати ва хусуси бошанд.

Хусуси кардани объектхои мероси таърихию фархангие, ки моликияти давлати мебошанд, манъ аст.

Шахсе, ки ашёи пуркиматро пайдо кардааст, ухдадор аст онро ба макоми ваколатдори давлати супорад. Подош барои бозёфт ва нигахдори аз чониби макоми ваколатдори давлати тибки конунгузории Чумхурии Точикистон пардохт карда мешавад. (КЧТ аз 28.12.12с. №921)

Истифодаи объектхои мероси таърихию фарханги ба максади низоми манъ аст.

 

Моддаи 25. Ухдадорихои молик

Моликони объектхои таърихию фарханги ухдадоранд аз макомои ваколатдори давлати шиносномахои мукарраршударо рочеъ ба хифзи ёдгорихо дарёфт намоянд.

Дар санади мухофизатии шиноснома  чунин ухдадорихои молик хатман бояд зикр гардад:

– таъмини хифзи пурраи ёдгорихо;

– тармими ёдгорихо аз чониби макомоти ваколатдори давлати: ёдгорихои манкул – дар чойи зисти молик, ёдгорихои гайриманкул – дар макони чойгиршавии онхо; (КЧТ аз 28.12.12с. №921)

– сари вакт огохонидани макомоти ваколатдори  давлати:

– эхтимоли ворид гардидани тагйирот дар хукуки молик, аз чумла дар шароити нигахдори ва истифодаи ёдгорихо;

– анчом додани корхо дар бозсозии ёдгорихо.

 

Моддаи 26. Махдудияти хукуки моликият ба объектхои мероси  таърихию фарханги

Шарти истифодаи объектхои мероси таърихию фарханги метавонад аз чониби макоми ваколатдори давлати ба хамон андозае махдуд карда шавад, ки он барои таъмини хифз, нигахдори, таргиб ва истифодаи объекти мазкур, мухити табии, риояи хукуку манфиатхои конунии шахсони хукуки ва вокеи ва хамчунин давлат зарур бошад.(КЧТ аз 28.12.12с. №921)

Хукуки истифодаи объектхои мероси таърихию фархангие, ки моликияти хусуси мебошанд, дар асоси мукаррароти конунгузори ва бо карори суд махдуд  карда мешавад.

Дар сурати бартараф намудани вазъият ё шароите, ки сабаби махдудияти истифодаи объектхои мероси таърихию фарханги гардидааст, хукуки пурраи истифодаи объекти мазкур баркарор карда мешавад.

 

Моддаи 27. Катъ гардидани хукуки моликият ба объектхои мероси таърихию фарханги

Хукуки моликият ба объектхои мероси таърихию фарханги тибки конунгузории Чумхурии Точикистон  метавонад катъ гардад.

 

Моддаи 28. Баровардан, ворид кардан ва баргардондани объекти  мероси таърихию фарханги

Тартиби баровардан, ворид кардан ва баргардондани объекти мероси таърихию фарханги тибки мукаррароти конунгузории Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

 

Боби  6. Худудхои таърихию фархангии  махсус хифзшаванда

 

Моддаи 29. Ташкили худудхои таърихию фархангии махсус хифзшаванда

Дар худуди объектхои мероси таърихию фарханги, ки дорои арзиши махсуси таърихи, илми, бадеи ва дигар арзишхо мебошанд ва ба Фехристи давлатии объектхои мероси таърихию фарханги ворид гардидаанд, метавонанд худудхои таърихию фархангии махсус хифзшаванда ташкил дода шаванд.

Худудхои таърихию фархангии махсус хифзшаванда дар шакли мамнуъгоххо, маконхои таърихи ва дигар шаклхо тибки мукаррароти конунгузори ташкил карда мешаванд.

Тартиби ташкил ва низоми нигахдории худудхои таърихию фархангии махсус хифзшаванда аз чониби Хукумати Чумхурии Точикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 30. Мамнуъгоххои таърихию фарханги

Мамнуъгоххои таърихию фарханги худуд ва ё як кисми худудест, ки дар он ёдгорихо ва манзарахо чойгир буда, дар он чо  речаи махсуси хифзи  объектхои мероси таърихию фарханги дар якчояги бо мухити таърихии атроф ва тамомияти  худуди мамнуъгохи таърихию фарханги мукаррар карда мешавад.

Дар мавриди таъсиси осорхонахо дар объектхои мероси таърихию фархангие, ки ба мамнуъгохи таърихию фарханги ва манзарахои табиии ба он алокаманд тааллук доранд, хамчунин хангоми зарурати  ташкил намудани  истехсолоти анъанави ва дигар навъи фаъолият дар худуди мамнуъгохи мазкур, вай ба худ макоми осорхона-мамнуъгохро мегирад.

 

Моддаи 31. Макони таърихи

Макони таърихи чоест, ки дар худуди он объектхои мероси таърихию фархангии дорои арзиши таърихи, эстетики, ичтимои, фарханги, бостоншиноси, меъмори ва шахрсози мавчуд буда, дар хифзи арзишхои суннатии мардум ахамияти  мухим ва дар тамаддуни чахони сахми муайян дорад.

Дар макони таърихи тамоми объектхои  арзишманди шахрсози  хифз карда мешаванд: тархрези, иморатсози, композитсия, манзараи табии, кабати бостони, таносуби байни фазохои гуногуни шахр (кушод, кабудизоршуда), сохтори хачму фазо, мероси чузъиёти харобахои шахрсози, шакл ва намуди берунии бинохову иншоот, андоза, хачм, сохтор, услуб, масолех ва рангу унсурхои ороиши.

Дар макони таърихи таносуби мухити табии бо мухити офаридаи инсон, макоми гуногуни макони таърихи, ки дар чараёни пешрафт ба даст омадаанд, хамчунин дигар унсурхои арзишманд нигохдори мешаванд.

 

Боби 7. Мукаррароти хотимави

 

Моддаи 32. Халлу фасли бахсхо вобаста ба хифз ва истифодаи объектхои мероси таърихию фарханги

Бахсхо вобаста ба хифз ва истифодаи объектхои мероси таърихию фарханги тибки мукаррароти конунгузории Чумхурии Точикистон халлу фасл  мешаванд.

 

Моддаи 33. Чавобгари барои вайрон кардани Конуни мазкур

Шахсони вокеи ва хукукие, ки мукаррароти Конуни мазкурро вайрон мекунанд, тибки конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешаванд.

 

Моддаи 34. Аз эътибор сокит донистани Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи мухофизат ва истифодаи  ёдгорихои таърих ва маданият»

Конуни Чумхурии Точикистон аз 19 июли соли 1978 «Дар бораи  мухофизат ва истифодаи ёдгорихои таърих ва маданият» (Ведомостхои Совети Олии РСС Точикистон, соли 1978, № 14, моддаи 138; соли 1984, № 3, кисми 1 моддаи 31) аз эътибор сокит дониста шавад.

 

Моддаи 35. Тартиби мавриди амал карор додани Конуни мазкур

Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.

 

 

Президенти

Чумхурии Точикистон                                                                                                 Э.Рахмонов

 

ш. Душанбе  3 марти соли 2006

№178

 

Инчунин кобед

Обро дар Душанбе кисман санахои 14, 15-ум октябр катъ мекунанд

Дар робита ба корхои таъмир дар кисматхои гуногуни Душанбе, обро бо навбат махкам мекунанд Шахрдори …