Главная / Маданият ва санъат / ХИЧРАТИ МУХАММАД АЗ МАККА БА МАДИНА

ХИЧРАТИ МУХАММАД АЗ МАККА БА МАДИНА

Синни хазрати Мухаммад ба панчох расида буд, ки ду вокеаи гамангез дар хаёти у руй дод: аввал завчааш Хадича, баъд амакаш Абутолиб аз дунё чашм пушиданд.

hijrati-muhammadТо зинда будани ин ду шахс бадхохон ба Мухаммад ошкоро душмани содир карда наметавонистанд. Авлоди Хадича, ки аксаран ашрофони Макка буданд, ба хотири Хадича душмани худро ошкор намекарданд. Абутолиб бошад, яке аз мардони муътабари Макка дониста мешуд туи ва у сарпарасту хомии Мухаммад буд. Пас аз он ки Мухаммад аз дастгирию пуштибонии ин ду шахси бузург махрум шуд, душманию  озори ахли ашрофи Макка афзун гашт, Аммо Мухаммад ба тахдидхои онхо ахамият намедод, ба ин рухи бузург тарсу вахм бегона буд. Вай таргиботу даъвати мардумро ба дини ислом давом медод. Дар айёми зиёрат аз тамоми шахру махалхои Арабистон мардум ба Макка меомаданд.

Мухаммад, хамчун Пайгамбар, дар назди онхо баромад карда, онхоро ба тарк намудани бутпарасти ва кабули ислом даъват мекард. Овозаи дини ислом ба тамоми кабилахои араб пахн гашт. Хабари даъвати Пайгамбари ислом ба Ясриб хам расид. Як гурух аз мардуми он чо ба Макка, назди Мухаммад омаданд.

Пайгамбар таълимоти исломро ба онхо фахмонд, Таълимоти ислом ба онхо махкул шуда, хамаи онхо дини исломро кабул карданд ва ваъда карданд, ки ин динро дар Ясриб пахн мегардонанд. Мухаммад ба ёрони худ фармуд, ки гурух- гурух ба тарафи Ясриб мухочират кунанд. Мусалмонон ягон-ягон ё бо дастахои чанднафари мухочират огоз карданд ва дар Ясриб онхоро мухочир меномиданд.

Вакте ки хабар ба ходимони Каъба расид, хашму газаби онхо боз хам авч гирифт. Онхо карор доданд, ки Мухаммадро бикушанд. Вакте ки Мухаммад аз касди онхо огах шуд, шабона пинхони аз хонааш хорич шуд ва хамрохи Абубакр аз Макка ба Ясриб хичрат кард. Замени хичрати Мухаммад Пайгамбар барои мусалмонон ибтидои давраи нав дониста мешавад ва соли 622 соли якуми хичри мукаррар мегардад. Рузе, ки Пайгамбар /с/ вориди Ясриб мегардад, номи шахрро ба Мадинату – р – Расул, яъне шахри Пайгамбар табдил доданд, минбаъд дар шакли мухтасар – Мадина машхур шуд.

Мардуми Мадина Мухаммад /с/ -ро ба эхтироми зиёд истикбол намуданд. Мардуми Мадина аз ходисаи хичрати Мухаммад ва душманию таъкиби курайшихо огох шуда буданд. Аз ин чихат ба истикболи Пайгамбар на танхо онхое ки дини исломро кабул карда буданд, балки онхое хам, ки хануз шубха доштанд, шитофтанд.

Дар Мадина кабилахои арабии Авс ва Хазрач ва намояндахои динхои яхудию масехи икомат доштанд. Гайр аз ин кисме аз ахолии Мадина дини исломро пазируфта буданд,ки онхоро ансор меномиданд. Мухаммад /с/ дар фикри он буд,ки пайравони дини исломро зиёд намояд. Мухочироне, ки аз Макка омада буданд,бо ансор, яъне мусулмонони Мадина муттахид гардиданд. Онхо аввалин умматони Мухаммад пайгамбару дини ислом буданд.

Мухаммад бо пайравони хеш дар Мадина масчид сохтанд. Пайгамбар баробари хама дар сохмони масчид иштирок карда аз хеч кор руй намегардонд. Хоксорию мехнатдустии вай одамони зиёдеро дар атрофаш чамъ менамуд.

Мухаммад /с/ дар фикри чамъ намудани молу сарват набуд. У дар бораи оромии худ ва пайравонаш фикр мекард. Аз минбари масчид Пайгамбар ин акидахояшро ба мардум иброз медошт. Вай тарафдоронашро ба иттиход, баробари, гамхори дар хакки хамдигар ва афтодагону бенавоёну ятимон даъват мекард. Мухаммад /с/ нотики бомахорату оташсухан буд. У сохиби кудрату чозибае буд,мардумро ба суи худ чалб карда метавонист. Аз ин хотир як муддати кутох тамоми ахолии Мадина ва кабилахои атрофии он ба Мухаммад /с/ пайвастанд ва дини исломро кабул карданд.

Дигар максаду мароми Пайгамбар дар он буд, ки бо яхудиён, масехиён созиш кунад. Аз ин хотир даъват кард,ки дар ибрози акида яхудиёну масехиён ва мусалмонон баробар бошанд, зеро он чо, ки озодии акида нест, нобоварию тарсу вахм хукмфармо мегардад, чое,ки боварию эътикод аст, иттифокро мустахкам мегардонад.

Мухаммад /с/ миёни мухочирону ансор карордоде навишт, ки баробарию иттифоки онхоро мустахкам мекард ва хамкории онхоро дар амалиёти оянда таъмин месохт.

Супориш ва саволхо.

  1. Чаро хазрати Мухаммад аз Макка ба Мадина хичрат кард?
  2. Чаро ахолии Ясриб (Мадина) уро хуш истикбол намуданд?

 

 

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …