Главная / Илм / ХАНАФИЯ АЗ ОГОЗ НАДОРАД АЙБЕ…

ХАНАФИЯ АЗ ОГОЗ НАДОРАД АЙБЕ…

Як чиро бояд кайд кард, ки имрузхо байни баъзе аз уламо ва ахли фиркахои олами Ислом ва ба хусус байни баъзе аз гофилин акидае чой дорад, ки гуё фирка ё худ мазхаби мухаззаби ханафия тарикаест, ки хама чангхои равони, ки байни мазохибу чараёнхои дини Ислом чой дорад, махз аз у ва аз чониби тарафдорони ин мазхаб сар задаанд, ки ин фикр саропо дуруг ва галат буда, аз нигохи дини ва диди мантики бе асос буда, андешаи ифротист, ки аз чониби ахли ширку ахли риёву ахли фасод гуфта шудааст.

Зеро мазхабе, ки онро Хазрати Имом Аъзам Абуханифа /р/ асос гузоштааст, ягона фиркаест (яъне, хамон фиркае, ки каблан Хазрати Иброхими Халилуллох ва баъдан Хазрати Расули гироми Мухаммади Мустафо /с/ ва асхоби гиромии эшон бар он будаанд, ки бунёдаш ба адлу дод асос ёфтааст), ки бурхони раднопазири он Куръони Мачид ва сарчашмахои сунни, яъне, аходиси набави /с/ фикхи ханафия, осору афкор ва хаёти ибратбахшу боз хама он осори кудсии Хазрати Имом Аъзам /р/ ва осори шогирдону пайравонаш аст. Ва ин мазхаби мухаззаб сараввал такя ба таълимоти илохии Куръони карим дораду хам такя ба суннат, яъне, ба аходиси набавии Хазрати Афзалуланбиёъ Расулуллох-Мухаммади Мустафо /с/ ва акволи чамъи асхоби он Хазрат (с). Оре, Куръони Мачид ва аходиси Расули акрам /с/ сарчашмахои асосии фикхии ханафиён мебошанд ва ин сарчашмахо, яке амрхои Худованд ва дигаре аходиси Паямбар /с/ нерухои пешбаранда ва дастуроти рохнамоеанд, барои пешвоёну мутобеъону пайравони мазхаби ханафия ва хамчунин кулли он, осори безаволи фикхии дар заминаи ал-ъилм-ал калом ва хикмати калом нигоштаи Хаким Имоми Аъзам Абуханифа Ан-Нуъмон ибни Собит ибни Марзбон ибни Мох ибни Анушервон Сосон Ал-Форси /р/…

Хар айбе, ки аз чониби баъзе аз намояндагони авому курдилу ифротиву мушриктабъи кабойили ханафиямазхаби турк, ачами ва ашхоси мутааллик ба мазохиби дигари Ислом сар задаву боиси дар азобу шиканчаи сахту вахшиёна карор гирифтани уламо ва шуъарову урафои шахири мо, аз кабили Мансури Халлоч, Устод Рудаки, Фирдавси (Хакими тавхидгаро), Ибни Сино (пири хакимони машрикзамин), Умари Хайём, Хаким Носири Хусрави Кубодиёни (ки дар Юмгондара ба сахти, аз олам рафт)-Масъуди Саъди Салмон (ки азоби сангин кашид дар махбас), Адиб Собири Бухороии Тирмизи, ки соли 546 х.к- 1152 м, дар марзи Хоразм, аз тарафи хони атрокнажоди Хоразмшохи-Султон Отсизи Хоразмшох, бо китобхояш дар Ому гарк карда шуд), Бадриддини Хилоли, (ба дор кашида шуд гуё у шиъа бошад), Туграли Ахрори (бо игвои мушрикон ва курдилон, бо дасти русе кушта шуд), Саъдулло Рабии Аракчинии Варзоби табибони хозики даврони мо Юсуфхон Исхоки, Минхоч Гуломов, устод Мухаммад Осими ва даххо дигар гаштааст, на ба гунохи мазхаби ханафия ва мазохиби дигари Ислом сар задааст, балки бо гунохи шахсони алохидаи пастфитрату тихимагзу хунхоре рух додааст, ки кабойи мазхабиву никоби Ислом бар худ доштанду зери он чавлон мекарданд, ки аксари эшон намояндагони хукмрони газнави, карохони, салчуки, темуриён, шайбониён, аштархониён, мангитхо, узбакхонихо, лакай, барлос ва гайраи кабойили даштиву тихимагз ва камхиради атрок ва гургмичозони ба иборае-«худи»-и мо буданд. Ва айнан хамчунин буд дар хафтод соли империяи аз Худо мункири Шурави, ки бо игвои чанд бадгухари худи ва гуломони зархарид, кисми зиёди шахрхо ва марзхои кудсии точикон аз даст рафт ва бузургтарин уламову шуъаро ва кубарову фузалойи фарзонаи точик (мисли Аллома Туграли бедилбаён, Саъдулло Рабии ва даххо дигарон) дар гариби (яъне, дар сардистонхои Сибиру Шарки Дур, махбасхо ва дар сари дору зери табару оташи тир во хасрато чон супурданд), ки натичаи кулли он гуноххои пешиниёнро имрузиёни бечораву факир дида истодаанд.-Яъне, сиёсати хукамойи шурави ин буд, ки мардумро ба гусфандхо табдил дода буданд, яъне, аз чихати модди бони мекарданд, аммо аз маънавиёт ва дину дониш мардумро дур медоштанд… Ва агар хукумати Шурави мардумро «тройка»-«се шохид»-накардаву мардуми бечораро аз рохи Худшиносиву хештаншиноси, дур намекарданд ва торхои ногусастахои пайвандии инсон, бо асли худро нохун намезаданд, ва намеканданд, бе хеч муболигае зиндагии мардум, ба ибораи худи мардум-метавон гуфт  як «коммунизм»-и афсонавие мебуд, вале афсус…

Бояд дарч кард, ки дар садахои кабли хам мутаассифона чунин рафтори гайриинсониву гайридини, аз чониби баъзе аз мутаассибини курдили худи, яъне, форсиасл ва турк ва хам този сар зада, ки аксари эшон резахури хони сулолахои бо ном хукмрони турки будаанд, ки теша ба решаи фарханги миллати хеш задаанд (аз кабили Аллома Замахшарии Хоразми, ки худ точики хоразми буд, вале намехост, ки хатто дар оина симои худ, яъне, форсро бубинад, ки ин аз курии дили у буд (ва аз рухи ин аллома суол дорам, ки гунохи точику форс дар чист?!) ва даххо дигарон).

…Пас гунохи эшонро, набояд, ки ба души фиркахои Ислом ва мазхаби «Чароги уммат»-и Расули Худо /с/, яъне, ханафия бор кард. Хар гунохе, ки аз чониби шахси бо ном ва зохиран диндору зохиран мутааллик ба  мазхабе сар задаву мезанад,  бояд худи  он  шахс хунхор ва мунофику гунахкор эълон карда шавад, на ин ки дину ойин ва фиркаву мазхаб, ки мазхаб хамоно худ, як мактаби аз хишти адли Илохи, ва бар пояи аходиси рохнамо тармим шудааст ва на инки мактаби чангандоз. Хак гуфта, Аллома Сайид Чамолиддини Афгони, ки:

Ислом ба зоти худ надорад айбе,

Хар айб, ки хаст, дар мусулмонии мост!

Вакти он аст, ки ахли тахкик, ба дини мубини Ислом ва равияхову мазохиби он бахои одилона, олимона, ва орифона бидиханд. Барои он, ки хама он чангхои равони -психолужи- ва гайриравони ва хатто ахёнан низомиву харбие, ки имрузхо ба самъ мерасанду ба чашм мехуранд, дар олами Ислом, ин хама аз руйи умматонаву муъминона ва басо мушикофонаву факехона наомухтану надонистани вокеа ва одилона хулоса набаровардану бо муросову мадоро назистани худи мову шумост. Мо хама алхамдулиллох мусалмонем, аммо на хар яки мо муъминем. Эй кош хама муъмин мебудем ва гуломи хоричихо намешудем.

…Худованди мутаъол Куръони Мачид, яъне, Исломи бархак, бехпаёбар ва човидонпаёмбару охирпаёмбар ва бузургмуаллими башар, яъне, афзалул анбиёи вал мурсалин Хазрати Мухаммади Мустафо /с/ хулафойи бархак-Абубакр, Умар, Усмону Хайдар (Али) разиаллоху анхумро ва кулли асхоби кирому азизу авлиёъ/ инчо, ки сухан аз боби чахор ёри босафову асхоби киром разиаллоху анхум ва номи мубораки эшон рафт, як нуктаро бояд таъкид намуд, ки то хак ба хакдор бошад. Фиркахои залолат (мисли имрузихо) зиёд мекушанд, ки бо он дониши нисби, ки доранд ва ба ибораи Шайхурраис Абу Али Ибни Сино:

Бо ин ду се нодон, ки чунон медонанд,

Аз чахл, ки донои замон эшонанд.

Хар бош, ки ин чамоъа аз фарти хари,

Хар, к-у на харасту кофираш медонанд.

Зиёд мекушанд, ки нисбати бузургони олами Ислом, билохоса, дар бораи хулафойи рошиддин, яъне, бархак ва асхоби киром суханхои носазову тухматхои бебунёди тафрикаандозонаи хешро пеш оранд. Ахли чоху залолат ва фиркахои гутаваргашта, дар дарёи разолат, худ гофиланд, ки хама фиркахои ботиланд ва корашон ба чуз чун иблиси лаъин «озодандешист»-у далоили аклии бебунёди хешро баён доштан, дигар чизе нест, яъне, на тобу тавони сухани хакро доранду на кудрату тавони ба рохи рост рафтан.

Душманони Худо ба хотири тафрика андохтан байни мусалмонон, дар Мухаббат нисбат ба бехтарин дустони Паёмбар /с/ фарк гузоштаанд. Оё Расулуллох /с/ бо ёрони бад менишаст?! Наъузубиллох! Хеч гох, пири шариъат Расулуллох /с/ мебошанд ва пирони тарикат бошанд, чахор ёрони босафо /р/ махсуб мешаванд. Чунин амали тихимагзона шаръан харом ва норавост ва ин зумра ашхоси гумрох баякин душманони Худо ва хасмони Расул /с/-и У чалла чалолаху мебошанд.

Чуноне, ки хабар дорем, баъзехо Хазрати Али /р/-ро мазлум ва хеши дигари Расулуллох саллаллоху ъалайхи ва олихи ва саллам, яъне, аввалин амиралмуъминин (зеро, у аввалин касе аст, ки ба ин маком сазовор гардид) Хазрати Умар, кунияташ Абуханиф ва ё лакабаш Форук (хешии Хазрати Умар бо Хазрати Паёмбари гироми салъам, дар насаб аст, яъне, аз тарафи бобои хафтумаш Каъб ибни Луи, бо Расулуллох саллаллоху ъалайхи ва олихи ва саллам аст)-ро золим мегуянд, ки эшон бо чунин хукми ноодилона, худ золиманд. Ки хубтар аз Хазрати Али /р/ Хазрати Умар /р/-ро мешинохт?! Агар, дар вучуди у заррае инхироф ва ё ноодили дида мешуд, харгиз мисли Умар /р/ буданро орзу намекард ва духтари худро ба вай, ба зани намедод ва дигар ин, ки ин харду бузурги Ислом, бо хам аз чониби авлоди бобои падари хешанд ва дигар ин ки ин ду бузург пирони тарикат хастанду ахли хосулхос, на ин ки авоми тихимагз. Дар байни мардони хак хеч гох тафрика вучуд надорад ва нахохад дошт.

Хулоса, акидаи мо нисбат ба асхоби кирому басо гироми /р/ ин аст, ки бидуни тафовут тамоми эшонро дуст медорем ва аз руи кавли пирамон Хазрати Имоми Аъзам /р/ ва шогирдонаш, ки бузургтарин аимаи Ислом эшонанд, амал мекунем ва бад дидани яке аз ононро залолат медонем. Бехтарин башар -инсоният- баъди Хазрати Пайгамбарамон Мухаммади Мустафо /с/, ба хукми Худованд инхоянд, яъне, Хазрати Абубакри Сиддик /р/, баъдуху Хазрати Умар Ал-Форук /р/, баъди у Хазрати Усмон Ибни Аффон /р/ ва баъди вай Хазрати Али (ъ-м)-ро мегуему медонем ва хоханд донист, он касоне, ки рохи хакро интихоб кардаанд.

Он худобехабароне, ки «бебокона» чуръат карда, дар шаъни ёрони Хазрати Мухаммад /с/ забондарози мекунанд, мегуем: Агар се хазор вали ва хафтсадхазор имомону машоихро якчо карда шаванд, баробари пасттарин сахоба, дар кадру манзалат нахоханд шуд! Чи чои ашхоси хабису дунёпараст, ки динро василаи хаёт сохта, дониста ва ё надониста, ба дустону ёрони чонии Хазрати Мухаммад /с/ бадгуй мекунанд.

Касам ба Худо! Дусти Мухаммад /с/ ва уммати солеху пайрави вокеъии У (с) ва пайрави Имоми Аъзам Абуханифа (р)  касест, ки хама дустон ва ба иборае шогирдони Расулуллох (с)-ро дуст дорад ва душмани Мухаммади Мустафо /с/ касест, ки дусташро бад бинад ва нисбат ба эшон кина ва адоват дошта бошад. Ахли салафро (яъне, асхоби киром) набояд дашном дод!

Хар он вокеахои номатлубе, ки байни асхоби киром вокеъ гардидааст, тибки мукаддароти азали буда, барои хар мусалмон дарси ибратанд, ки аз он бояд панд бигирем. На ин, ки гурухеро хак гуфта ва гурухи дигареро айбдор бигирем якеро мусалмон ва дигареро кофир гуем ва дар мукобили хамдигар сангар гирифта, майдони нифоку шикокро гарм ва домани тафрика ва адоватро васеътар бисозем. Чунин рафтор ба чуз халокат, барбоди, гуломи ва бадбахти, самараи дигаре нахохад дошт. Ба хотири хубтар шинохтани ёрони Расулуллох /с/ зиёдтар бояд омухт, то хакикати хол ба мо мушарраф гардад, (валлоху аълам биссавоб) ва уламову шуъаройи асил ва фукахойи кабирро фиристодаву зухур кардаву ба дунё оварда, ки нигох дошта шавад муслимин ва кулли башарият аз шаррият ва шурият, аммо умматони имруза, дар аксойи олам бо «кумаки бародарон»-и худ теша ба решаи аслу пайванди хеш мезананд, ки мезананд (мисли доночахо ва муллочахои зархариди навбаромад).

…Бинобар ин, аз ин чангхои низоми, равони ва гайриравонии байнихамдигарии ахли мазохибу чараёнхои имрузаи Ислом ягон чизи некро мунтазир будан амри мухол аст, ки яъне, окибаташ ба чуз заволи давлату мубталойи бардаги, дигар чизе нест (яъне, шиками чаламулло, ки сер шуд, аз нони халк боз кораш найрангбозиву «мавлудхони»-ро бидъат шуморидану тафрикаандози, яъне то дируз «мавлудхони» дуруст буд, аммо бо «фатво»-и эшон нодуруст). Бузургтарин дин ва бехтарин мактаби тарбиятдиханда ва башардусту инсонпарвар ва  адолатхох ин дини мубину човидонии Ислом (ва мазохиби хак) аст. Мерасад рузе, ки кулли башарият, аз кардаи худ пушаймон, бахри начоти хеш (аз гаркшави ба дарёи нафс, яъне, шикампуркуни, рибоъхури, риёкори, фитнаангези ва шахватпарастии разилона) руй меоранд ба Исломи бархак-ойини баргузидаи Худованди мутаъол.

 Моро зарур аст, ки чомеаи оли (аз руи фалсафаи неки ориёиву имони поки исломии хеш) ва мутаракки барпо созем, ки бунёдаш адлу дод бошаду офтобаш нури маърифат, ки намунаи ахли башар бошад (ва шукр алхамдуллилох, ки бо инояти Худо ва аклу заковати худододи президентамон мухтарам Эмомали Рахмон чумхурии сохибистиклоли Точикистон остони сулху сафои чахон эълон шудааст). Вакти тармим аст ва кулли муслиминро зарур аст, ки тахтушшуъойи фалсафаи башардустона ва инсонгароёнаи Ислом ва тахтуддирафши Ислом ва мазхаби мухаззабаш-мазхаби Имоми Аъзам Абуханифа (р)ба тармими чомеъаи башар, эхё ва ободии чомеъа ва осоиштагии мардум бипардозем, ки вакти мадад аст, яъне, бо одоб, акл ва дониш ва хунар, даст ба ободи бояд бурд. Зеро башарият ба тамом бандаи нафс шуда аст (ва башарро махз Ислом начотбахш аст) ва дур нест, он рузгор, ки одамиро чахлу чохилияти худаш ва яроку аслихаи сохтаи худаш, уро ба коми нести хохад бурд. Аз рафтору кирдори инсонияти ба чохи залолат фурурафтаи асри XX модар-Замин, табиати зебову афсунгар ва кулли мавчудоту махлукоти замин, ба дод омадаанд ва дарёхои мусаффо хушк ва  гализ шуда, ба иборае ба фарёд омада, ки яъне, Инсон лонаи худро оташ мезанад! Яъне, вакти он аст, ки бо дониш ва аклу ройи хуби хеш, ба ибораи лисонулгайб Хофиз: «Фалакро сакф бишкофему тархи нав дарандозвм». Вагарна (агар чоиз бошад, бо ин байтгунаи банда):

Чанги хафтоду ду мазхаб окибат,

Тешае бар решаи худ мезанад.

Ва хулосаи калому поёнбахши фарозмонихои мавзуъ ин аст (агар чойиз бошад, бо байтгунаи банда мегуем), ки:

Ханафия аз огоз надорад айбе,

Хар айб, ки хаст, дар тихимагзии мост.

Ва бинобар хамин танхо ва танхо бахри бакои инсоният човидонагии хакикат ва пойдории адолат, дар байни башарият ва эхтироми шариъат, дури аз ширку шаррият ва катлу горат (чоиз бошад бо ин байтгунахои банда бигуем) ки:

Хазрати Нуъмон он форсинажод,

Кард тармим мактабе аз хишти дод.

То ки ёбанд рохи хакро умматон,

«Фикхи акбар»-ро ба мо бахшиду дод!

Дар таърихи башарият ва таърихи фарханги тамаддуни исломи ва ба хусус дар интишори адли Илохи, одаму одамгари, дар байни бани башарият ва тарикати имомат, Хазрати Имоми Аъзам /р/, хамчун чароги рохнамои умматони Расулуллох /с/ шахсияти нотакрор ва фарзонаи замон буд ва хохад монд, то човидон:

Шамъи уммат муаййиди Ислом,

Буханифа Имоми хосу ом.

…Хар ки у толиби латифа бувад.

Муктадояш Абуханифа бувад.

У дар Ислом суфию софи,

   Дар шариат вафию хам вофи.

66,41-45. Ё худ, Шайх Аттори Вали рахматуллоху алайх мефармоянд:

Буханифа бувад Имоми босафо,

Он сирочи умматони Мустафо.

Бод фазли Хак карини чони у,

Шод бод арвохи шогирдони у.

Бишнав аз ман, баёни мазхаби у,

3-он, ки софтар аст машраби у. 66, 46.

Оре, Хазрати Имоми Аъзам /р/ нахустин факехест, ки илми фикхро (яъне, илми дин, акоиди исломи – дар партави Куръон ва суннат, илми кавонин ва ахкоми шаръи, адли Илохи, илми масъала ё ин ки илми халли хикматхои Куръон, аходиси набави ва ичмоъ) асос гузошт. Ва у бузургфакехи ахли суннату чамоат, (баъди Хазрати «Паёмбар /с/ ва ёронаш /р/ ва асхоби Киром (р)) ва нахустолими сохибкитоби илми шаръиату тарикат ва хикмати калом аст, ки рохи соф, аз Куръону-Хадис ва ичмоъи уммат, яъне, аз чамъи сахобагони Расул /с/ ва шогирдону кубарои хешро бар муъминон бикшод, ки хикмати ин мактабаш бо номи «Рохи Имоми Аъзам» 1310 сол ин чониб байни муъмином шухрат дорад. Хулоса, Имоми Аъзам /р/ аз огози фаъолияти хеш то охири умр аз руи чахор санади раднопазир, яъне, «Куръон», «Хадис»-и Паёмбар /с/, «Ичмоъ»-и уммат ва хикмати баёнкардаи устодону фалсафаи мактаби худ ва андешахои худ амал кардааст. Ба ин хотир, аз хама мазхаби софтар ва адолатпарвар, дар Ислом-равиши Имоми Аъзам Абуханифа Нуъмон ибни Собит, яъне, мазхаби Имоми Аъзам /р/ аст, яъне:

Инчунин аст мазхаби Нуъмон,

У ба такво чу Бузару Салмон. 66, 92

Ва боиси фарахмандисту шодмонист, ки дар рузи мубораки чашни 17-солагии Истиклолияти кишварамон-Точикистони азиз, аз минбари баланди ориёи, яъне точики аз чониби Президенти чумхури Чаноби оли-амиралмуъминин ва пешвойи адолатхохону сулхпарварони олами муосир Эмомали Рахмон соли 2009-ум «Соли байналмилалии бузургдошти 1310-солагии абулмиллат-Хазрати Имоми Аъзам Абуханифа (р)» эълон гардид. Зихи, эй шоханшохи озодихох, ки дар хама кори нек фаросати Худодод дори!!!

Моро иттиход мебояд, яъне, иттиходи вокеъан исломиву инсондусту демократи, бунёдгаро прогрессиви ва инсонгаро, ки битавонад чавобгуи кулли мушкилоту хомии ахли башарият бошад. Ба хусус дар ин айёме, ки кавме дусти Худо ва Паёмбари Худоро баргалат ва мушрикона худояш эълон кардаанд (наъузубиллох).

Махалгароиву кавму кабилабози ва миллатгароиву нажодпарасти, хоси Ислом нест, ва муъмин бояд, ки бародар ва дусти муъмин бошад. Хамсоягонро бо назари нек бояд дид. Ва бархак Аллома Мухаммад Икболи Лохури таъкид ба мо карда, ки:

Калби мо аз Хинду Руму Шом нест,

Марзу буми мо ба чуз   Ислом нест.

Аз як ойине мусалмон зиндааст.

Пайкари миллат зи Куръон зиндааст…

«Холо мазхаби Имоми Аъзам /р/ дар Афгонистон, Точикистон, кулли чамохири Осиёи Маркази, Поволже, яъне, Тотористону Бошкирдистон; Кафкози Шимоли, Казокистон, Суриё, Покистон, Туркия, Хиндустон, Миср, Ирок, як кисмати Эрон, Индонезиё, Бангладеш, Арабистони Сауди, як кисми Чин ва Анатолиё ва Балкан, яъне, Югославиё, Албаниё ва каме дар Булгориё, сохилхои Бахри Сиёх ва гайра, дар масоили дини хукмрон аст-49,272. Ва бояд кайд кард, ки имруз, аз хама пахншудатарин ва чашмрастарин мазхабе, ки чомеъасозаш метавон шуморид, ин мазхаби Ханафист, яъне мазхаби Имоми Аъзам зеро, ки адл, адолат ва эхтироми башарият, шиор ва ормонхои олии башари, мароми уст, яъне «Бо дустон мурувват бо душманон мадоро». Яъне, ба гуфтаи шоир:

Харфи бадро бар лаб овардан хатост,

Кофиру муъмин хама халки Худост…

«Шурои муфтиёти Осиёи Маркази, Казокистон, Тотористону Бошкирдистон, Хиндустон, Афгонистон, Покистон, Миср, Ирок, Туркия, як кисми Чин ва гайра дар фатвою карорхои хеш ба фикхи ханафи истинод меоваранд. Бояд кайд кард, ки имруз дар баъзе кисматхои Индонезия, Хинд, Малайзиё, Югославиё, Булгория ва савохилхои Бахри Сиёх (Крим) хам мусалмонони ханафимазхаб икомат доранд. 48, 114-115.

Хулоса, Мазхаби ханафия рохест, ки шиораш адл асту адолат, яъне, мусалмонони мазхаби ханафия, ба пайравони хамаи динхои осмони ва кулли башар муносибати хуб доранд. Яхудихо ва насронихо-масехиён-ахли китоб хастанд ва ханафиён онхоро низ эхтиром мекунанд. Ва мусалмонони ханафимазхаб ба китобхои аз чониби Худованд ба онхо фиристодашуда имон овардаанду доранд ва паёмбарони онхоро-паёмбарони мотакадим- паёмбарони худ-медонанд. Хама анбиё аз тарафи Худо хастанд ва ханафиён ба хамаи он Расулон (ъ-с) имони комил доранд, зеро дар дини Ислом бе сабабе озор додани ахли китоб ва хатто фарди бедин, ба гайр аз холати харби-чанг-харом аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …