Главная / Гуногун / ХАЛКИ ТОЧИК ДАР АСРИ XVII ВА НИМАИ АВВАЛИ АСРИ XVIII ТАЪРИХИ СИЁСИ

ХАЛКИ ТОЧИК ДАР АСРИ XVII ВА НИМАИ АВВАЛИ АСРИ XVIII ТАЪРИХИ СИЁСИ

Низоъхои байнихуди. Абдуллохони II соли 1598 вафот кард. Ба чои у писараш Аблулмуъминхон ба тахти Бухоро нишасг. Баъд аз як чанд мох у кушта шуд. Хукмрони охирини намояндаи сулолаи Шайбониён – Пирмухаммадхони II низ халок гардид.

Хамсоягони хони Бухоро аз задухурдхо миёни Шайбониён истифода бурданд. Шохи Эрон Аббоси I кисмати зиёди Хуросонро забт кард. Балх зери таъсир гузашт. Казокхо водии Фаргона, шахри Тошканд ва хатто Самаркандро ишгол намуданд. Хоразм аз итоати Бухоро баромада дубора истиклолият ёфт.

Аъён ва ашрофи феодали маснади хони Бухороро ба Чонимухаммад Султон (Чонибек Султон) пешниход намуданд. Бинобар он сулолаи хонадони нав Чониёи ё Аштархониён номида шуд. Номи Аштархониёнро гирифтапи онхо аз он иборат буд, ки Чонибек Султон аз шахри Хочитархон (Астархони хозира) ба Бухоро омада буд.

10__04

Вале Чонибек Султон хон шудан нахост. Ба сари хокимият Бокимухаммад (1599-1605) омад. Ба у муяссар гардид. ки шахри Балхро тобеъи Бухоро гардонад. Аз хамин вакт валиахди хонн Бухоро дар Балх менишаст.

Баъд аз вафоти Бокимухаммадхон бародари “Валимухаммадхон хукмрон гардид. У аз ухдаи идораи давлат набаромад. Бинобар он аъёну атроф тахти хониро ба Имомкулихон (1611-1642) вогузоштанд. Дар соли хукронии у вазъият андаке бехтар шуд. Ба вай лозим омад, ки ба мукобили калмикхо ва казакко мубориза барад ва Тошкандро ба тасарруфи худ дарорад. Баъд аз забти ин шaхp ба хотири писари кушташудааш касос гирифтани шуда, Имомкулихон касам ёд кард, ки хуни кушташудагон бояд то узангуи аспаш бирасад. Кушокушни мислаш диданашуда cap шуд ва хазорон мардуми тамоман бегунох ба катл расид. Танхо бо илтимоси шахсони наздикаш, ки ончо аз чунин вакшиги ва берахми ба харос афтида буданд, хон рози шуд, ки катли одамонро бас кунад. Вале барои рафъи касамаш Имомкулихон аспсавор ба хавз даромад ва оби бо хуни одамон омехташудан oн то узангуи аспи у расид. Дар чангхои дигар хам хон берахмии мислаш диданашуда зохир мекард. Бо рохи катлу вахшиги ба Имомкулихон муяссар гашт, ки то як дарача хокимияти устувор баркарор кунад.

Баъд аз хукмронии сисола хони Бухоро кур шуда хокимиятро ба бародараш хокими Балх Нодирмухаммадхон (1642-1645) супурд. Хукмрнин у дер давом накард. Ба тахти салтанат писараш Абдулазизхон (1645- 1680) сохиб шуд. Baлe талоши хон шудан ва сохиби мулк гаштан байни бародарон давом мекард.

Нихоят давлатро Субхонкулихон (1680-1702) ба даст даровард. Дар ахди салтанати у вазъият душвортар гардид. Тохтутози хевагихо хамоно давом мекард. Онхо хатго Самаркандро забт карданд. Барои бархам задан ба тохтутози хевагихо Субхонкулихон ба карор омад, ки дар он чо мебояд коиммакоми худро таъин намояд. Ин кор окибат ба у муяссар гардид. Вале чангхои дохили хеч тамом намешуданд. Хатто писари Субхонкулихон Сиддикмухаммад худро дар Балх мустакил эълон карда, ба мукобили падар шуриш бардошт, вале шикаст хурд ва бо фармони падар ба катл расид. Аз задухурдхои байнихуди истифода намуда, як катор вилоятхо истиклолият ба даст дароварданд, ки Бадахшон аз чумлаи онхо буд.

Барои чангхои паихам маблаг лозим буд. Бинобар ин Субхоикулихон аз ахоли барои хафт сол пешаки андозхоро ситонид. Ии беалолати сабаби вусъат ёфтани норозиги ва бесарусомони дар давлати Чониён гардид.

Баъди Субхонкулихон ба тахти Бухоро Убайдуллохон (1702-1711) нишаст. Амирон худро тамоман сохибихтиёр медонистанд. Аксарияти онхо ба хамкабилахои худ такя карда, хокимияти марказиро тамоман ба эътибор намегирифтанд. Убайдуллохон дар назди худ вазифа гузошт, ки псши рохи исён ва чангхоро бигирад. Бинобар он хамаи солхои хукмронии Убайдуллохон дар чангхои зидди феодалон гузашт. Дар чунин шароит у ба хамон кисми феодалоне такя менамуд, ки ба баркарор кардани тартиботи муайян дар давлат ва пурзуршавин хокимияти маркази манфиатдор буданд..

Аз тарафи дигар, Убайдуллохон як катор чорабинихои мухим гузаронид. Вай тартиби идоракунии давлатро нав кардани шуд. Mexocт, ки ба он намояндагонн табакахои поёниро чалб намояд. Убайдуллохон чандин тадбирхо андешид, то ки хазинаи давлат пур шавад. Ба ин максад хон ислохоти пули гузаронд. Мутаассифона, чорахои андешидаи у вазъияти мавчударо чандон сабук карда натавонист. Соли 1711 Убайдуллохон дар натичаи суикасд куигга ва дарбори хони тороч карда шуд.

Пас аз у бародараш Абдулфайзхон (1711 – 1747) ба тахт нишаст. У охирон намояндаи сулолаи чониён дар тахти Бухоро буд. Дар солхои хукмронии хони мазкур хукумати маркази иктидори худро тамоман аз даст дода, давлати хони ба кисмхои мустакили чудогона таксим мегардад. Хокимони музофотхои алохила худсарихо мекарданд.

Вазъият дар нимаи аввал дар асрхои XVIII боз хам бадтар гардид. Дар натичаи тохтутозхои хафтсолаи казокхо (1723-1730) Миёнколот (байни Самарканду Бухоро) тамоман ба харобазор табдил ёфт. Кахти ва гуруснагии сахт cap шуд. Касони аз чанги фалокат рахоёфта ба хар тараф фирор мекарданд. Шахрхои номбурда бе одам монд. Ба хароби ру ннходани нохияхои марказии давлат ба тараккиёти нисбии гушаву канорхои мамлакат сабаб шуд. Зеро косибону хунармандон барои эмин мондан аз хавфу хатар ва пайдо намудани имкони кори осоишта марказхои бузурги касбу хунар ва тичоратро тарк карда, ба гушахои дурдаст панох мсбурданд. Шохи Эрон Нодиршох, аз ин вазъи мушкили Мовароуннахр исгифода бурда солхои 1739-1740 ба Бухоро хучум кард.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …