Главная / Гуногун / ХАЧВУ МУТОЙИБОТИ РУДАКИ

ХАЧВУ МУТОЙИБОТИ РУДАКИ

Мавзуъи хачву хазлу танзу шухи низ дар абёти бокимондаи Устод Рудаки вомехуранд. Ба гуфти Саъид Нафиси, «ахочии Рудаки дар миёни сойири ашъори у бисёр кам аст, чунон ки дар миёни 1047 байт, ки аз у монда, танхо нух (9) байт дар хичост. Аз ин чо пайдост, ки шоъире бисёр хачву носазогу набудааст ва ин худ яке аз махосини бузурги уст».151 Албатта, гуфтаи устоди пажухишгар нисбист, зеро, чунончи мухаккики дигари Рудакишинос Абдулгани Мирзоев кайд менамояд, «мазмуни осори хачвии бокимондаи Рудаки асосан натичаи озурдагихои шахсии худи шоъир будааст. Дар мавзуъи танкиди нодурусти ва  разилатхои хаёти чамъиятии асри худ мумкин аст Рудаки бисёр шеърхои хачви навишта бошад, ки то давраи мо нарасидаанд. Аммо дар ин кисмати осори ба даст даромадаи у, мутаассифона, оид ба масъалахои хассоси хаёти чамъиятии асри X чизе пайдо карда наметавонем».152 Дар ин маврид хак ба чониби Абдулгани Мирзоев аст.

Устод Рудаки, масалан, ромишгареро, ки тарзи сурудхонии нофорами у ба гуши сомиъон бад мерасидааст, зарифона хачв мекунад, ки лабханду табассуми шунавандаро ба вучуд меорад. Махорати шоъир дар он аст, ки бидуни истифодаи ягон лафзи кабех ва каломи зишт матлабро ифода менамояд. Танхо вожаи «котура», ки маънои киноявиаш «дарди сар додан» аст, лахни хачвиро ба вучуд меорад. Дар асари А. Мирзоев «Абуабдулло Рудаки» (сах.225) ва тарчумаи русии он калимаи «котура» дар шакли «котуза» чоп шудааст, ки дар захираи лугати форси чунин калима вучуд надорад. Дар нашрияхои Точикистону Маскав, ба чуз Амон Нуров, хама ин вожаро дар шакли «котуза» сабт кардаанд. Лафзи «котура» дар осори Манучехри низ ба маънои «шефтасор», «саргашта» ва «хайрон» дучор меояд. Манучехри мефармояд:

Он булбули котура барчаста зи матмура,

Чун дастаи танбура гирад шачар аз чангал.

Байти хачвии Рудаки, ки мавриди бахс аст, ин аст: 

Хеч рохат менабинам дар суруду руди ту,

Чуз, ки аз фарёду захмат халкро котура хост!

Дар байти дигар Устод Рудаки намуди зохирии шахси хачвнамудаи худро бо вожахои мураккаби «пушткуж», яъне «букри», «сартавил» ба маънои «тоссар» ва ташбеххои «руй бар кирдори нил», яъне «кабуди сиёхчатоб», ба сухон монанд кардани сок ва мисли устура, яъне поку, пиндоштани дандонхояш тасвир мекунад:

Пушт кужу сар тавилу руй бар кирдори нил,

Сок чун сухону дандон бар мисоли устура.

Дигар, Рудаки дар мазаммати аспи худ, сифатхои хандаовари он (аъвар-якчашма, кусач-думу ёлбурида, ланг), яъне маъойиби он ва бар болои он   мисли зоги ало (калог)   нишастани    худи шоъирро    дар зайл тасвир мекунад. Албатта, чунин байт махз барои хазлу шухи гуфта шуда бояд бошад, чунки мумкин нест, ки Рудаки барин шахси муътабаре, ки сохиби дусад  (дувист)   гулом буду чахорсад шутур дар сафархо   сарвати  уро мекашид,    ба чунин  аспе сару   кор  дошта бошад:

Бувад аъвару кусачу лангу пас ман

Нишаста бар у чун калоге бар аъвар!

Дар  порашеъри  поён  хислатхои    пасту  нанговари хачвшаванда факат бо зикри сифати пасти у  (сифлаи дуну жакур, ки маънояш мумсику хасис аст)   ба маърази  мушохида гузошта  мешавад.  Сипас, хукми шоъир, ки харгиз  (!)  ёд надоштани чархи фалак ин хел шахси мумсику хасисро таъкид менамояд ва хатто ба гуфти Рудаки, Хоча Абулкосим ном шахс, ки аз акрабои у буд, аз холати нангини у шарм дошта, рузи киёмат хам аз зери хок сар намебарорад:

Чархи фалак харгиз пайдо накард

Чун ту яке сифлаи дуну жакур!

Хоча Абулкосим аз нанги ту

Бар накунад сар ба киёмат зи гур!

Ба Рудаки рубоъиеро    нисбат медиханд,    ки    ба василаи зикри касби пасти падар ва пешаи муфтхурона ва нописданди    модари шахси уро озордиханда холати хачвии он каси номатлубро баён мекунад:

Он харпадарат ба дашт хошок зади,

Момот дафу дуруя чолок зади.

Он бар сари гурхо «Таборак» хонди

В-ин бар дари хонахо табуррок зади!

Куръонхони дар сари гури мурдахо ва дафу накоразани дар маъракахо хар ду хам касбхои паст ба шумор рафта, дар айни замон яке бар дигаре мукобил буда, ба хам рост намеояд. Аммо падару модари шахси шоъирро озордиханда чунон беруву бешарме хастанд, ки аз мукобили якдигар будани он ду пешаи паст ибо накарда, ба чунин корхо машгуланд. Таборак хондан ва табуррок задан худ мазаммату хачв аст.

Ба хамин тарик, дар абёту ашъори бокимондаи Рудаки, бо вучуди мавчудияти баъзе байту китъахои хазломезу хачвгуна, хачви ичтимоъии сахт зананда ба назар намерасад.

Бо вучуди хеле кам боки мондани осори хачвии Устод Рудаки, маълум мешавад, ки у дар хачву хазл, шухиву мутоиба низ аз аввалин саромадони чунин навъи шеър дар адабиёти форсу точик буда, адибони номии хачвнигор Мунчик, Амъак, Сузани, Убайди Зокони, Абдуррахмони Мушфики, Шахоби Табрези ва дигарон мактаби адабии Устод Рудакиро давом додаанд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …