Главная / Гуногун / Гурухи «Икбол» – киссаи хофизон аз Хучанд

Гурухи «Икбол» – киссаи хофизон аз Хучанд

Шухрати «Икбол» уро ба кучо бурд?
Нахустин эстрадаи даврони истиклолият, ки микдори зиёди мухлисонро дар муддати кутох сохиб гашт, ин «Икбол» буд. Ба рости нукта мавриди бахс хам нест. Танхо як барномаи консертии гурухи «Икбол» ба муносибати панчумин солгардаш, ки дар варзишгохи «Спартак»-и шахри Хучанд соли гузашта баргузор  гашт, ба он мисол шуда метавонад, ки  тамоми мухлисонашро аз гирду атрофи кишвар чамъ намуд ва  ин гуна мухлисони сершумор дар ягон консерти хофизи ватани чамъ нашуда буд.
Доираи фаъолияти эшон ботадрич васеъ мешуд. Онхо ба шахру нохияхои вилоят пайваста сафархои хунари ташкил мекарданд ва нихоят бо барномаи консерти озими пойтахт гаштанд. Фируз Юсуфов он рузхоро ба ёд оварда мегуяд:
 -«Бисёр мушкил буд. Ин кори нав буд, бароямон, мухити нав, мушкилоти нав ва гайраю хоказохо Ин сафари нахустин ва фаромушнашавандаи мо ба шахри  Душанбе  буд ва он 2002 сурат гирифт. Баъдтар куллахои баланди шухратро «Икбол» сохиб гашт, ки он солхои 2003-2004 буд
Овозхони шухратёри точик Фуркати Сайид доири обруву эътибори гурухи «Икбол» хамон солхо дар мусохибааш дар рузномаи «Оила» гуфта буд:
-«Модоме, ки як гурух аз Хучанд омада, тамоми гуруххои пойтахтро «забт» карда, хамагонро ба хайрат монда меравад, гайри ахсант чизе набояд гуфт. Кандашонро хуранд, ки чунин истеъдод доранд».
Хамин тавр ин гурух макбули хамагон гардид. Дар хар чой бозору куча, паскучаву танкуча, магозаву Донишгоххо ва хатто дар долонхои Хукумат хамин «Икбол»-ро гап мезаданд.
Вале гайричашмдошт бори аввал огози соли 2003 дар матбуоти точик акидаи бархилоф-зидди «Икбол» пайдо шуд. Журналисти сохибмактаби Точикистон, собик мухарири хафтаномаи «Точикистон», собик чонишини сармухарири «Рузи нав» сармухаррири феълии рузномаи «Фарач»  Хуршед Атовулло маводи танкидии зидди «Икбол» навишт.
Ки хак: Икбол ё Хуршед Атовулло?
          Хамин тавр ин гурух макбули хамагон гардид. Дар хар чой бозору куча, паскучаву танкуча, магозаву Донишгоххо ва хатто дар долонхои Хукумат хамин «Икбол»-ро гап мезаданд.
Вале гайричашмдошт бори аввал огози соли 2003 дар матбуоти точик акидаи бархилоф-зидди «Икбол» пайдо шуд. Журналисти сохибмактаби Точикистон, собик мухарири хафтаномаи «Точикистон», собик чонишини сармухаррири «Рузи нав» сармухаррири феълии рузномаи «Фарач» Хуршед Атовулло маводи танкидии зидди «Икбол» навишт.
Ин мавод дар хафтаномаи «Точикистон» , ки   дар  шумораи №2 – и соли 2003  тахти унвони  «Хушдор ба гурухи Икбол: Эстрадаи точикро тахкир накунед!» руйи чопро дидааст, дар шуморахои минбаъдааш вокунишхои ачибе ва хатто яке аз омилхои гузаронидани як озмуни калони фарханги шудааст, ки доири он поёнтар харф мезанем.
Химчакубии Хуршед Атовулло!
       Максади  навиштани маколаи хешро Хуршеди Атовулло дар  сархати аввал чунин зикр кардааст: «Аслан пайдошавии хама чиз ду омил дорад:«Бахона ва сабаб. Бахонаи навиштани ин номаи кушод ба як барномаи телевизонии «Гули махтоб» (28.12.02) бо иштироки гурухи «Икбол» буду сабабаш аз худ пайгамбари эстрада тарошидани наврохоне, ки ин гурухро таъсис додаанд.Шояд касе эрод хам бигирад, ки «шарт набуд бо онхо баробар шудан.Бо эхсоси гурури навраси каме аз худ рафтаанд, хеч гап не мегузарад».Аммо хангоме, ки кудак аз хад мегузаронад, волидайн мачбур ба чораи охирин-химчакубии вай мегузаранд.Вакте ин амалро волидайн бинобар рахмдили ё аз хад зиёд дуст доштани фарзанд раво намебинанд, аммо рузе барои густхохию  хадди худро надонистан дар куча ин кудакро дигарон чунон адаб ёд медиханд, ки рохи хонаи «очачон»-ро гум мекунад.Чун ман дидам, ки волидайни «мехрубон»  дар симои хунармандони касбии эстрада, мутахассисони соха, масъулини Вазорати фарханг ба чойи хушдори «фарзанд» мегуянд: «бале бачачон, офарин, зан, шикан»  мачбур калам бардоштам».
                  Такрор шавад хам,  боз таъкид мекунем, ки   ин  танкид танхо ба гурухи «Икбол» дахл дошт, ки имруз низ дар шахри Хучанд фаъолият доранд.То ин вакт матбуоти даври факат мадхи ин гурухро мекард. Баъдан, гарази журналист аз навиштани ин мавод дар поёни он маълум мегардад, ки онро гуфта мегузарем. Сониян ин гурух дар байни мардум хосса чавонон махбубияти зиёдеро  дошт. Ин навишта боиси на факат дастгири, балки эътирозу нофахмихои зиёд гардид.
Чаро «Икбол» чойи  «Гулшан»-ро намегирад?
                  Пас аз сархати аввали мавод журналист гузаре ба таърихи имрузу фардои эстрадаи точик кардааст: « Бадбахтона, дар Точикистон эстрадаи точик чун мактаби пуркуввати мусики хануз ташаккул наёфта, дар айни гом бардоштан дар ин чода чавонмарг шуд. Сабаби чавонмарги дар фурупошии гурухи тавонои эстрадии «Гулшан» буд. Аслан фочиаи ин даста тавъам бо ходисоти замона сурат гирифт.Чун мактаби пуркуввати эстрадаи мо ба шахсиятхои алохида вобаста буд, баъди марги шахсиятхо он хама муваффакиятхо хам аз даст рафт, яъне он чи эшон медонистанд, бо худ бурданд.Даъвохо дар мавриди абадан пойдор мондани  ин ё он мактаби  мусикии эстрада ба андешаи  ман  бебунёд аст, зеро мактаби мусикиро на як-ду шогирд, балки чараёни тавонои хунари идома медихад.Аз ин сабаб маргхои бармахал, шикастхои рухи, тарки Ватан кардани  ситорахои эстрадаи мо: Мукаддасу Точиддин,Магфирату Далер, Хурмои Ширину  Муборакшох, Кароматуллоху Субхонро имкон надоданд, то мактаби мусикии худро пуркувват созанд.Замон ба ин шахсиятхо танхо барои  тарбияи панч-дах шогирди таклидкор вакт доду бас! Агар кисме аз эшон холо дар сахнаи эстрадаи точик мебуданд, ин бесохибию бемаданияти, тахкиру туф кардан ба забони точики, дуздии бешармонаи оханги дигарон аз чониби чавонони имруза рух намедод!»
                    Дар вокеъ  ситорахои хунарии номбурда дар ташаккули эстрадаи точик сахми босазо гузоштаанд. «Чавонмарг» шудани эстрадаи точикро журналист  аз даргузашти чанд нобигаи номбурда медонад ва ин низ хакикати хол аст.
         Дар мукоиса  насли  имрузаи  эстрадаи точик  бо  насли пешин чунин маънидод  шудааст: «Насли имрузаи эстрадаи точик бе устод, бе тарбияи хунари, на бо захмату машаккат, балки тавассути маблаггузории баъзе сарватмандон, ки ин насл овозхони хонаводагиашон аст, ба сахна пой гузошт. Насли пешина, насли ситорахои бегуруб, насли чавонмарг, насли чонфидои миллати хеш буд. Махсусан Точиддину Мукаддас барои  точикихони дар эстрада  ранчи зиёд кашиданд…».
                     Дар матбуоти он давра, махз дар  ин маврид Салими Аюбзод мегуяд: «Он замон хатто кудакони хурдсол дар кучахо «Чакра—чакидан гирад»-и Мукаддасро замзама мекарданд. Шухрати таронахои точикии Мукаддас на ба хамаи мансабдорон писанд буд, зеро аз онхо буйи дигарандеши меомад. Аз у пайваста такозо  мешуд, ба забони руси тарона хонад, вале Мукаддас баръакс ба «Шашмаком» руй овард ва хост хамаи гушахои овозии ин низоми классики мусикии точикро ба сабки нав ва муосир бисарояд».
Ахмад Зохир ва «Икбол»
                 Вокеан хам дар  охири солхои хаштодум баробари вазиши насими  бозсози чараёни ворид шудани хунармандони точик  ба мактаби бузурги хунёгари  тавонои Шарк Ахмад Зохир  ба авчи аъло расид ва хамчунин тавассути филмхои хинди таъсири мусикии ин сарзамини афсонави ба мо афзуд… »
               Ба мактаби Ахмад Зохир  кадам гузоштани бархе аз санъаткорони моро журналист комёби медонад, чунончи:
 «Тавре маълум, Ахмад Зохир пайвандгар миёни  мусикии Шарк ва Fарб буду аз овозхонхои  камтарине ба дарки баланди шеърфахми. Касе кадам ба ин мактаб гузошт, на танхо комгор шуд, балки шарти асосии ин мактаб –риояи маъни, вазни шеър, хамнавои матну охангро  фаромуш накард.Махз дар ин давра дар Точикистон Точиддину Далер барои омезиш додани мусикии милли ва эстради кушиш карданд…».
                  Паст рафтани сатхи  эстрадаи точик дар замони даргирихои дохили ба хамагон мусаллам аст. Хунармандони асил тарки сахна карданд,ё ки онхоро куштанд, таъкиб намуданд, фишор оварданд.Хуллас  ахли зиё аз хама бештар талаф ёфт, ин маъниро журналист Хуршеди Атовулло дар навиштааш чунин зикр намудааст: « Агар дар чангал шер нест, харгуш хокими мутлак аст.Ин майдони бесохиб ба озмоишгохи завк бадал гардид.Андешаи хандаоваре пайдо шуд, ки эстрада танхо моли наврасон аст ва хар касе таргибу реклом шуд, ном пайдо кард. Ба кавли устод Лоик:
                  Номи баланду пастии фарханг,
                 Эй вой бар ман, эй вой бар мо !
               Насли айёми чанг дар кишвари мо бемактабу бесавод ба камол расид. Барои ин насл маъни, вазни шеър умуман ахамият надорад, танхо оханг бошад, ки худро ларзони, гушро кафонад, хонанда ё чавони зебо бошад ё духтари зебо.Агар эшон хангоми сурудхони  аз ухдаи чилва додани  чойхои барангезандаи шахват бароянд , нуран ало нур!..»
               Хамаи ин футурравии эстрадаро муаллиф дар чойе хатто  айби хамкасбони худ медонад: «… ва дар ин рох хизмати хирсонаи тамоми журналистони точик хаст.Зеро ин гулакони  чаласаводро аз зери хокрубахо (!) на хунарашон, балки хайкалтарошихои мо руйи об баровард ва холо  боре нашуда ,ки хунарманде аз ин асл гуфта бошад: «Ман  аз фалон журналист миннатдорам…»
                    Тавре дар боло гуфтем, максади журналист танкид ва тахлил кардани як баромади гурухи «Икбол» буд, ки дар поёни мавод бараъло он хис мешавад. Вай ба  гурухи «Икбол» маслихат медихад: «…Хуб нест хурдтаракони ширин дар намакдон туф кардан. Кучое меравед, ба журналист мухточед, хатто дар навиштани эълони консерт. Гиряи ман меояд ба холатон, ки таронаи «Бевафо ёрам»-ро  бо чандин хато , оханги тамоман  ночаспон мехонеду мегуед: –«Мо суруди Ахмад Зохирро зинда кардем!» Агар ба чойи он мегуфтед, ки : -«Мо суруди Ахмад Зохирро расво  кардем » дурустар мебуд…»
Журналист танкид кард ё тахкир?
                     Бояд кайд намуд, ки  танкид аз тахкир фарки калон дорад. Барои аввали чавоб менависанд, чора мечуянд, ислох мекунанд, аммо  барои дуюми бошад, чавобгарии яке аз модахои Кодекси чинояти интизор аст. Дар назар ин гуфторхо гуё тахкир метобанд. Хатто дар чанд чой ва сухбатхои гурух ва дар матбуот аъзои гурух доири ин гуфтор онро тахкир шумориданд, вале аз кадом хотир бошад бахри дифо ба суд мурочиат накарданд, муаллифро ба суд надоданд. Вале хукукшиносон ин иктибосро ягон тахкире надонистанд.
«Харчанд, ки  дар Точикистон чун дигар Кодекси «Одоби журналисти вучуд надошта бошад хам, вале одоби нонавиштаи шаркиёна бояд журналистро аз  хар сухани носазо гуфтан нисбати кахрамонаш боздорад -мегуяд химоятгари маслихатхонаи шахри Хучанд Зоирчон Исроилов. Вай андеша дорад, ки як банди навиштаи  маводи мазкури Хуршеди Атовулло пур аз тахкир аст, ки «кахрамон»-хо метавонистанд, ки ба додгох мурочиат кунанд ва голиб бароянд. Журналист менависад: «Хамчунин режиссёри  ин бачахо Фируз даъво дорад, ки «Ахмад Зохир ин сурудро суст хондааст, мо ба таври замонави хондем». Астагфируллох! Ту кучову Ахмад Зохир кучо?! (!) . Ба курпаат нигох карда пой дароз кун, ки биниатро мешикани (!) , Фируз! Агар барои ин чумла хар як мухлиси Зохири зебо якбори лаънатат хонанд (!) , барои хафт пуштат зиёдати мекунад. (!) …  »
                  Хушбахтона ва ё худ бадбахтона  пас аз ин тахкирхои беандозаи муаллиф, аз чониби мукобил  вокунише ба чашм нарасид. Ягон  муаллифи  баъдина навиштаи Хуршеди Атовуллоро танкид накард, баръакс хама  тарафгири намуданд. Метавон ба ин навиштахои  «Набурда ранчи шогирди зи устоди чи мелофи…» -и  Сулаймон Зиёев, Хар чи зуд барояд, дер напояд»-и Мухиддини Идизода, «Тухми мухаббати худшиноси»-и Мухаммад Гойиб, «Сайре дар базмгохи «ситорахо»-и  Хучанд»-и Маъмури Юсуфзод, «Аклхоро аклхо ёри дихад»-и Сайрам Бакозода, «Мо аз пайи Чексону Киркоров равонаем!»-и Каюмарси Ато  «Точикистон» , №7  аз 13 феврали соли 2003 ва гайрахоро мисол овард, ки дар радифи маводи номбурда навишта шудааст.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …