Главная / Маданият ва санъат / Гулзори Ирам – Маснавии Абдуррахмони Мушфики

Гулзори Ирам – Маснавии Абдуррахмони Мушфики

Абдуррахмони Мушфики на танхо дар эчоди газалу касида, рубоиву шеъри тасмит, мукаттаоту марсия ва г. машхур аст, балки у дар маснависарои низ табъи баланд доштааст. Шоир маснавихои «Сокинома», «Гулзори Ирам» ва «Чахоннамо»-ро эчод карда дар тахаввули суннати маснависарои низ сахми сазовор гузоштааст.

Маснавии «Гулзори Ирам» нахустин маснавии Абдуррахмони Мушфики буда, аз нигохи мавзуъ, мазмуну мухтаво, образхову кахрамонони асоси хеле чолиб мебошад. Таърихи таълиф, микдори абёти онро худи шоир чунин ишора кардааст:

Чун адад хостам аз ин ашъор,

Шуд хазору саду чихил ба шумор

Бахри таърихи ин сахифа калам,

Хафтро дар ду нух ниход ракам.

Яъне маснавии мазкур соли 1571/72 таълиф гардида, зохиран ба абдулоххони Шайбони эхдо шудааст:

Ай шахи нуктадон, ки хусни камол,

Аз ту дар мулки назм ёфт низом.

То ба номат сухан шудаст карин

Суфаи байт гашта шохнишин.

Маснави аз 24 фасл иборат буда, дар бахри Хафифи махбуни махзуф иншо шудааст, ки афоъили он чунин аст:

– V – – / V – V – / V V –

Яъне: фоъилотун, мафоъилун, фаъилун.

Асар ба таври анъанави: хамди Худо, наът, муночот, санои Пайгамбар (с.) ва ёрони у огоз мешавад. Баъд сабаби таълифт достон зикр мегардад, ки хохиши дустон будааст.

Достон аз накли шахси солхурдае, ки аз достонсароии гузашта хуб огохи дошт, шуруъ мегардад:

Дар Магрибзамин Акл ном шохе буд. Акл шохи одилу доност. У фарзанд надошт. Акл баъдтар сохиби фарзанд шуду тифлро Дил ном кард. Дил ба балогат расида хамаи илму хикмати замонро омухт. Падараш уро ба мулки Бадан калъае буд, ки Димог ном дошт ва Дил дар он чо зиндаги мекард. Халк аз усули мамлакатдории Дил рози аст. Надиме дар яке аз базмхо пинхони ба Дил дар бораи Чашмаи Хаёт хабар медихад. Дил баъдтар талаби чашмаро мекунад. Дил мамлакатро ба холи худ гузошта бо гаму гиря барои чашма дар пинхони менишинад. Дил дар кишвари худ Назар ном чосусе дорад. назар аз холи Дил пурсон мешавад. Дил ба Назар асрорро мегуяд. Назар Дилро мегуяд, ки ту оромона мулкро идора кун ва ман илочи Чашмаи Хаётро меёбам. Назар хангоми сайр ба мулке мерасад, ки ягон каси бегона ба ин сарзамин пой нагузоштааст. Мардумони он шоду ганианд ва ин шахр Офият ном дорад:

Муддате чун Назар сафархо кард,

Хар тараф, хар тараф назархо кард.

Суи шахре фитод чашми Назар,

Ки назираш надида буд дигар.

Халк бар вай зи фитнахо эмин,

Хама дар куи Офият сокин.

Назар аз номи шахр чун пурсид:

«Кишвари Офият»- чавоб шунид.

Хокими шахри Офият Номус ном дошта, Назар бо у хамсухбат мешавад. Номус мегуяд, ки оби хаёт нест ва ин хамон обруи инсони аст. Вале Назар ноумед нашуда, чустучуро давом медихад. У ба кухе мерасад, он укобон зиндаги мекунанд. Ранги кух сиёх ва хавлнок мебошад. Дар он кух калъаест, ки Зухву Риё ном дорад. хокими калъа Зарк аст. У шахси маккору дилозор аст. Назар ба назди Зарк омада киссаи оби Хаётро арз мекунад. Зарк бар хилофи гуфтаи Номус мегуяд, ки Оби Хаёт хаст, вале дар чаннат. Чамаеро, ки ин чо оби Хаёт мегуянд, хамон ашки чашмони инсон мебошад. Агар хохи, ки онро ёби гиряву зори бикун. Назар боз сафарро давом дода ба калъаи дигар дучор мешавад, ки хокими он Химмат буд. Химмат покдил, бофазлу камол буд.

Назар аз Химмат низ имдод мепурсад. Химмат мегуяд, ки он чашма пинхон нест, вале рох ёфтан ба он чо душвор аст, Назар зорихо мекунад. Химмат мегуяд:

– Дар мулки Шарк Ишк ном шох аст. Ишк духтаре дорад, ки Хусн ном дорад. ишк барои духтари худ аз нукраи шаффоф дар кухи Коф калъае бино кардааст. Ин калъа дар шахри Дидор мебошад. Дар шахри Дидор боге мавчуд аст, ки онро Гулшани Рухсор мегуянд. Чашмаи Оби Зиндагони он чост. Хусн пайваста аз он чашма менушад. Химмат боз мегуяд, ки: Эй Назар, ман чои Оби Хаётро гуфтам, вале рохи он пурхатар аст. Дар сари рох шахри Сагсор аст ва хокими он Ракиб мебошад ва у тобеи Ишк ва нигохбони Дидор аст. Пас аз Дидор човушон манзил доранду баъд манзили дигар аз хабашизодагони зангичехр аст. Ду камондор ончо торочгарони аклу дин хастанд. Химмат ба бародари худ Комат, ки сипахсолори Хусн аст, номае навишта ба Назар медихад. Човушони Ракиб-Чафо ва Ситам Назарро банди мекунанд. Назар хунари зарсозии худро ба Ракиб изхор мекунад. Ракиб мегуяд, ки сангро зар мекунад. Ракиб мегуяд, ки Лола аз Рум ва Сунбул аз Чин биёр ва то гули Форс аз наргиси Хабаши дар назар накаши кор душвор мешавад.

Инхо дар шахри Дидоранд. Пас назару Ракиз ба шахри Саломат меоянд, ки дар он чо бародари Химмат-Комат мезист. Дар шахри саломат Ракиб хоб меравад. Комат аз Назар максад мепурсад ва Назар рамаи Химматр ба Комат медихад. Комат назарро ба шахри Дидор равон мекунад. Яке аз амирони Хусн, ки Зулф ном дошт, аз Хиндустон ба Туркистон омада буд, аз гармои хаво дар камари кух истикомат мекард. Назар, ки падараш аз Туркистон ва модараш аз Хиндустон буд, бо Зулф ошно мешавад. Зулф канд афканда Назарро ба он кух мебарад ва Назар он чо гул, сарв ва булбулу тазарвро тамошо мекунад. Назар Зулфро видоъ мекунад ва Зулф ба у чанд тор аз Зулф медихад, ки агар лозим шавад, дар болои сангу охан оташ афруз ва торе бар руи оташ гузор, ман хозир мешаваму туро халос хохам кард. Назар ба дасти морпоён дар шахри Шом асир меафтад ва аз онхо халос шуда ба шахри Дидор меояд он чо зангибачахоро мебинад:

Хама дар рангу буй мушкинон, Гулу насрину ёсуманчинон.

Назар ки будани онхоро пурсид. Онхо гуфтанд, к гуломони Холи Хусн хастанд. Назар Гамза ном бародаре дорад. гамза харохи Хусн аст. Назар Гамзаро мебинад, ки дар Гулшани Рухсор дар байни наргисзор нишастааст. Гамза ба назар хамла кард. Дар чанг Назарро банди кард, вале шинохт, ки бародараш аст:

Гуфт: Ман будаму бародари худ,

Хар ду ду нури чашми модари худ.

Чун зи хурди чудо шудем зи хам,

Модар аз мехр мухрае махкам.

Дар ду бозуи мо зи лаъли хушоб,

Басту аз хачр кард дида пуроб.

Хусн огох шуда Назару Гамзаро даъват мекунад. Хазинадори Хусн Садрхозан дар руи когаз пайкари сангеро кашида ба назар медихад. Назар сурати Дилро мешиносад. Дил писари шохи Магрибу Шом мебошад. Хусн аз Назар хохиш мекунад, ки уро ба висоли Дил бирасонад:

Ба Назар роз дар миёна расонд, Шаби хичрон дар фасона кушод.

Назар саргузашти Дилро ба Хусн баён мекунад. Хусн гуломи худ Хаёлро хотаме медихад ва бо хамрохии Назар ба пеши Дил равон мекунад. Дил бо Хаёл сухбат карда мехохад Хуснро бубинад ва бо Хаёл меравад. Вазири Дил холати Дилро ба падари у-Ак хабар медихад.пас аз аклу вазир мехоханд Назару Хаёлро асир гиранд. Назар хотамро ба дахон андохта Дил, Химмат ва Хаёлро гул заду ба назди Хусн рафт. Назар хост аз чашмаи Гулшани Рухсор об нушад, вале хотамро афтонд. Ин вакт ракиб пайдо шуду Назарро махбус кард. Назар муе аз Зулфро оташ дод, ки Зулф хозир шуду уро начот дод. Назар вокеаро ба Хусн гуфт ва Хусн Гамзаро бо Назар фиристод, то ки Дилро асиру аклро дастгир карда биёрад. Зарки Рохиб писаре дошт, ки у Тавба ном дошт. У сокини кухи Зухд буд.

Дил ва Аклро ба назди Хусн меоранд ва Хусн дояе дошт, ки номаш Вафо буд. Боре Хусн ба Вафо гуфт: Ту Дилро ба касри висол биёр. Ба хамин тарик, Хусн ба висоли Дил мерасад.

Гайр низ мехохад ба висоли Дил даст ёбад. У чунин хам карда ба висоли Дил мерасад. Хаёл холати Дилу Гайрро мебинад:

Харду махушу масту лояъкиил,

Аз чахону чахониён гофил.

Хусн бохабар шуда Дилро дар кухи Укоб меафканад. Гайр ин холро ба падараш Ракиб мегуяд. Ракиб бошад табассум, Дил ва Назарро банди мекунад ва онхоро дар водии Фирок махбус менамояд.

Химмат барои халосии Дил ба шахри Комат омад. Баъд Хаммат ба шахри Бадан омада Ишк Аклро халоси бахшид ва ба Махр фармуд, ки Ракибро зиндон кунадва Дилу Табассум ва Назарро озод кунад. аклро аз Чин оварда ба садри вазорат чойт медиханд. Дар охир хама як чо чамъ шуда Вафо, Ноз ва Мехр ба хам мепайванданд ва Дилу Химматро эхтиром мекунанд. Дар хамин чо хутбаи никохи Хусн ва Дил хонда мешавад. Химмат Дилро ба суи чашма ва пайдо кардани Хизр мебарад. Достон ба хамин тамом мешавад.

Хусусиятхои Достон

Ин достон рамзи буда кахра монхои он асосан узвхои инсонанд. Хусусиятхои узвхо ба назар гирифта шудаанд. Инчунин майлхои инсони низ хар кадом табиати сириштии худро нигох медоранд: Ишк, Хусн, Акл, Дил, Хаёл, Назар, Гамза, Комат, Химмат, Мехр, Вафо, Ноз, Зулф, Табассум, Номус, Тавба, Зарк, Ракиб ва г. ширкаткунандагони достонанд.

Тавассути ташхис ва рамзу киноя хар кадом амал мекунанд. Муносибату рафтор, гуфтору кирдор ва фаъолияти мусбату манфи будаву доштани онхо мисли он аст, ки онхо дар вучуди инсони доранд.

Масалан, Гайр, Зарк, Тавба бештар садди рохи ошику маъшукаанд вале, дар достон хар кадоми инхо фаъолияту амали худро мустакилона ба кор мебаранд.

Кахрамонхои асосии асар: Аклу Дил ва Ишку Хусн мебошанд. Дигар кахрамонхои лахзаги ва ё ёрирасон мебошанд. Онхо хатти амалиётро фаъол гардонида ба чараёни ходисаву вокеахо тахким мебахшанд. Хадаф аслан баёни холоти ошику маъшука мебошад, ки онхо Хусну Диланд. Ин кахрамонхо (асоси ва ёвар) дар ашъори орифона вазифаи дигар доранд. Инчунин дар ашъори лирики низ дучор мешаванд. Маснавии «Гулзори Ирам» хатто аз унвони он пайдост, ки дорои кавитари охангхои ирфони-тасаввуфи аст.

Аз нигохи сабку услуб, шеваи баёну хунари эчод, истифода вазну кафия, радифу санъатхои адаби, мазмунхову хунари тасвир, корбасти калимахову иборахо, таъбирхои халки ва гайра низ достон хеле чолиб аст.

Кушиши шоир дар эчоди маснави аз он иборат аст, ки у хостаст дар заминаи суннати бой ва бисёрсолаи богановат тозакори бикунад. У аз ухдаи он хам баромада тавонистааст.

Албатта, дар ин мавзуъ Ибни Сино, Шайх Шохубиддин Сухраварди («Рисолата фи хакикат-ал-Ишк») вале чун асари адаби-бадеи Фаттохии Нишопури («Хусну Дил»), Котиби («Хусну Дил») навиштаанд. Мушфики бештар такя дар Фаттохи кардааст:

Аввал, ки муншии устод,

Дафтари «Хусни Дил» ба дастам дод.

Вале ба кавли Мушфики, Фаттохи дар эчоди асар ба нуксонхо бештар рох дода аст. Аз ин ру, асари уро «колаби бе рух» ва «чамани бе об» мегуяд:

Мучмале кисса он ки дошт зухур,

Нусхае аз фасехи Нишопур.

Гоире аз назм ночашида футух,

Дар назар хамчу колаби берух…

Ин аст, ки достони Мушфики бештар дар таърихи адабиёт махбубият пайдо кардааст. Шоири асри XVII Нишони аввалин касест, ки навиштааст. Чандин шоирони дигар низ бо ин ном ва ё дар хамин мавзуъ асархо навиштааст.

Савол ва супоришхо:

  1. Оид ба чараёни зиндагии Мушфики чи медонед?
  2. Мушфики кай ба шеъру шоири ру овардааст?
  3. Сабаби ба Самарканд сафар кардани Мушфикиро шарх дихед.
  4. Муносибати шоир бо амирони давр чи гуна буд?
  5. Сабаби ба Хиндустон ру овардани Мушфики дар чист?
  6. Мушфики кай ва дар дарбори ки сохиби унвони «Малик-уш-шуаро» гардид?
  7. Поёни умри шоир дар кучо сипари шудааст?
  8. Аз мероси адабии Мушфики то кунун чи боки мондааст?
  9. Мавзуъ ва мундаричаи газалиёти Мушфикиро баён кунед.
  10. Арзиши адабии касидахои шоир дар чист?
  11. Кадом хусусиятхои характеноки хачву мутоибахои шоирро медонед?
  12. Газали Мушфики «Хар шабе аз охи дил кошонаро оташ занам»-ро азёд кунед.
  13. Кадом маснавихои Мушфикиро медонед?
  14. Мазмуни мухтасари маснавии «Гулзори Ирам»-ро накл кунед.
  15. Образхои асои ва лахзавии мавнавии «Гулзори Ирам»- ро шарх дихед.
  16. Хусусияти фарккунандаи маснавии «Гулзори Ирам»-ро гуед.
  17. Нуфузи эчодиёти Мушфики ба адабиёт давр ва шуарои мутааххирин чи гуна аст?

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …