Главная / Маданият ва санъат / Гигиенаи ошхона ва хонаи хурокхури

Гигиенаи ошхона ва хонаи хурокхури

Тозаги ва нигохубини муттасили матбах ин ба тарзи хаёти солим мусоидат мекунад ва аз маданияти сохибхоназану ахли оила гувохи медихад. Се намуди рубучин ва тоза нигох доштани матбах (ошхона) мавчуд аст:

Тозакунии харруза, хархафтаина ва бахшида ба чашнворахою идхо, ки онро тозакунии кулли (генерали) низ номидан мумкин аст. Хар яке аз ин намудхои тозакуни аз тоза кардани хавои матбах сар мешавад. Сахар ва бегохи оинахои матбахро кушода мемонанд, то ки хавои ошхона тоза шавад ва баъд асбобу анчоми ошхона ва рузгорро шуста, ба рафхо чо ба чо менамоянд.

ошхона

Баъди рубучин кардан, чихози чанголудро пок мекунанд, баъд фарши матбахро мешуянд. Дар вакти тозакуни болои таом ва озукавориро мепушанд. Сарпуши сатили партов бояд доим пушида бошад. Зарфхо ва табакчаи ифлосро гун карда намемонад. Барои он ки дар матбах ва умуман манзил магас, нонхурак ва хояндахо пайдо нашаванд, болои хурок ва зарфхои ношустаро пушида, хуроки бокимонда ва партовхои ошхонаро сари вакт партофтан лозим аст.

Болои плитаи таомпази ва зарфшуякхоро бояд зуд-зуд пок карда истодан лозим аст. Бо чуткаи намнок ва ё латтаи нам бояд хафтае 1 маротиба матбахро тоза намуд, агар дар хона кудакхои ширхур бошанд, ин навъи  тозакуниро хар руз бояд гузаронд. Дар ин кор чангкашак ё чуткаи махсуси муйдорро барои тоза кардани мебели ошхона истифда намудан мувофики матлаб аст.

Бо латтаи хушк ё каме нам кабургахои гармидиханда (батарея), пештахтаи тиреза, дар ва дастакхои дарро тоза менамоянд. Фаршро бо махлули собундор ё махлули махсус мешуянд ва онро тез-тез нав кардан лозим аст.

Тозакунии кулли (генерали)-ро бояд аз 3 то 5 бор дар 1 сол ичро намудан зарур аст. Тозакунии кулли дар хама чои матбах гузаронида мешавад. Он аз нав кардани когазхои чевони матбах сар шуда, то тозакунии панчарахои хавотозакунак ва гирду атрофи лулахои обгузар идома меёбад. Асбобу зарфхои хамаи чевонхоро гирифта, тоза шуста, хушк карда мегузоранд. Чевонхоро хам пок мекунанд ва 3-4 соат хавои матбахро тоза мекунанд. хамаи асбобу анчомхо ва тачхизотро ба кулли тоза ва пок менамояд.

Тоза кардани дару шишаи тиреза дар охир ичро мешавад. Бехтар мешавад агар шишаи тиреза ва дарро дар хавои салкин сахари ё бегох тоза кунед. Аввал бо латтаи мулоим роми дару тирезаро мешуянд, баъд пештахтаву шишаи тирезаро бо махлули махсус мешуянд.

Шиша ва ромхои тирезаро бо оби муътадил ё ширгарм шуста, баъд бо оби хунуки тоза боз мешуянд. Шишаи тирезаро дар вакти пок кардан аз тарафи дигари он бо равиши амуди пок менамоянд. Ин рох барои тоза шудани шиша мадад мерасонад. Шишаро то чило доданаш бо когаз ё матоъхои мулоим пай дар пай тоза мекунанд. Плитахои газ ё баркиро бомахлули махсус мешуянд.

Дар синфхонахои технологияи мактаби (духтарон) таомпази ва ичрои корхои амалиро дар мизи кори бо истифодаи чойхои шустушуй ва асбобхои гармикуни мегузаранд. Бинобар ин ташкили чои кор вобаста ба кор муайян карда мешавад.

Дар мизи кори бояд махсулотро бо тартиб ва кулай чо ба чо гузошта холату гузориши асбобу анчомхоро бояд ба назар гирифт.

Барои тайёр кардани таом на факат ташкили чои кори, балки холати ичрои кор низ мухим аст. Дар назди мизи кори бояд коматро рост нигох дошта истодан лозим. Пеш аз коркарди технологии махсулот бояд асбобу анчомхои лозимиро интихоб намоем.

 

Инчунин кобед

neft

Конун дар бораи нафту газ

Конуни Чумхури Tочикистон  “Дар бораи нафту газ” 18 марти соли 2015, №1190 кабул карда шудааст, …