КОНУНИ ЧУМХУРИИ ТОЧИКИСТОН
Дар бораи геодезия ва харитасози
(Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон соли 2006, №3, мод. 162; соли 2008, №12, кисми 2, мод.1008)
Бо Карори Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон аз 20-уми декабри соли 2005, № 207 (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, соли 2005, № 12, моддаи 730) кабул гардидааст.
Бо Карори Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон аз 24-уми феврали соли 2006, № 188 (Ахбори Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, соли 2006, № 2, моддаи 50) чонибдори гардидааст.
Конуни мазкур асосхои хукукии фаъолиятро дар сохаи геодезия ва харитасози мукаррар менамояд ва бахри фарохам намудани шароит барои конеъгардонии талаботи давлат, шахсони вокеи ва хукуки бо маводхои геодези ва харитасози нигаронида шудааст.
БОБИ 1. МУКАРРАРОТИ УМУМИ
Моддаи 1. Мафхумхои асоси
Дар Конуни мазкур мафхумхои асосии зерин истифода мешаванд:
-геодезия –илм дар бораи омузиши шакл ва андозаи сатхи замин, кисмхои алохидаи он ба воситаи ченкуни, аксбардори, инчунин коркарди онхо, тахияи харитахо, накшахо, буриши амуди (профилхо) ва усули истифодабарии ин натичахо ва мавод чихати халли масъалахои мухандиси, иктисоди ва дигар эхтиёчот;
-харитасози – фаъолияти илми, техники ва истехсоли, ки чихати тахия, омузиш, сахехкуни, навсозии маводи харитави ва истифодаи ин мавод барои хар гуна максадхо равона гардидааст;
-фаъолияти геодези ва харитасози –фаъолияти илми, техники ва истехсолии марбут ба идоракуни ва ичрои корхои геодезию харитасози; (КЧТ аз 31.12.08с №474).
-корхои геодези ва харитасози – чараёни офариниши махсулоти геодези ва харитасози, хуччат ва маълумотхо;
-фонди геодези ва харитасози –мачмуи мавод ва маълумоти дар натичаи фаъолияти геодези ва харитасози тахия, сахех ва навшуда, ки барои истифодаи минбаъда нигох дошта шудаанд;
-махсулоти харитасози –мавод бо накшаи (тасвири) китъаи хурди махал то сатхи умумии замин, ки тавсифи онхо имкон медихад тули тарафхо, масохат, баланди, координатхои нуктахо, инчунин алокаманди, хусусият ва асли чойгиршавии онхо муайян карда шаванд; (КЧТ аз 31.12.08с №474).
-махсулоти геодези – натичаи ченакхои геодези, геодезияи астрономи, гравиметри ва тарозасанчи; (КЧТ аз 31.12.08с №474).
-нуктахои геодези – нуктаи сатхи замин, ки мавкеи он дар системаи маълуми координатхои накшави бо ченаки геодези муайян карда мешавад; (КЧТ аз 31.12.08с №474).
-нуктахои геодезияи астрономи– нуктаи сатхи замин, ки координатхои он бо ченакхои геодези ва мушохидоти астрономи муайян карда мешавад; (КЧТ аз 31.12.08с №474).
-нуктаи гравиметри – нуктаи ченаки кувваи чозибаи Замин; (КЧТ аз 31.12.08с №474).
-шабакаи тарозави – системаи нуктахои сатхи замин, ки баландии онхо аз сатхи бахр бо тароза муайян шудааст;
-гравиметрия – ченаки кувваи чозибаи Замин ва тагйирёбии маконии вай бо максади муайян намудани шакли Замин; (КЧТ аз 31.12.08с №474).
-топография- кисми геодезия, ки омузиши чугрофи ва геометрии махал, инчунин усулхои тасвири онро дар бар мегирад; (КЧТ аз 31.12.08с №474).
-гидрография – тасвири дарёхо, кулхо, обанборхо ва китъахои чудогонаи онхо бо тавсифи сифати ва микдори;
-делимитатсия – муайяннамоии мавкеъ ва самти сархади давлати бо тасвири чадвали;
-демаркатсия – мукаррарнамоии хатти сархади давлати дар махал;
-зонд – тадкикоти каблии боигарихои табии ба воситаи маводи наворхои кайхони.
Моддаи 2. Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи геодезия ва харитасози
Конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи геодезия ва харитасози ба Конститутсияи (Сарконуни) Чумхурии Точикистон асос ёфта, аз Конуни мазкур ва дигар санадхои меъёрии хукукии Чумхурии Точикистон, инчунин аз санадхои хукукии байналмилалии эътирофнамудаи Чумхурии Точикистон иборат мебошад.
Моддаи 3. Фаъолияти геодези ва харитасози
- Фаъолияти геодези ва харитасози аз руи таъиноти корхои ичрошаванда амалхои зеринро дар бар мегирад:
– корхои геодези ва харитасозии таъиноти давлати, ки натичахои онхо ахамияти умумидавлати, байнисохави доранд;
– корхои геодези ва харитасозии таъиноти махсус (сохави), ки зарурати гузаронидани онхо аз руи эхтиёчоти макомоти давлати, макомоти махаллии хокимияти давлати, сохахои алохида, шахсони вокеи ва хукуки муайян карда мешаванд.
- Ба корхои геодези ва харитасозии таъиноти давлати дохил мешаванд:
– муайянсозии параметрхои шакли Замин ва майдони берунаи гравитатсиони;
-тахия, навсози ва нашри харитахои давлатии топографи ва накшахо дар шакли аналоги (графики), раками ва дигар шаклхо, ки ба халли масъалахои марзиву маъмури, мудофиави, тадкикоти илми, тахкикот ва дигар масъалахои давлати мусоидат мекунанд; (КЧТ аз 31.12.08с №474).
– сохтан, таракки додан ва дар холати кори нигох доштани шабакахои давлатии тарозави ва геодези, аз чумла шабакахои гравиметрии устувор ва дарачаи якум, ки зичи ва дакикии онхо тартибдихии харитахои давлатии топографи ва накшахо, халли масъалахои умумидавлати, марзи, маъмури, илми, тадкикоти ва дигархоро таъмин менамоянд;
– тадкики фосилавии замин бо зонд бо максади таъмини фаъолияти геодези ва харитасози;
– тадкикоти геодинамики дар асоси ченкунихои геодези ва кайхони;
– ташкил кардан ва пешбурди фондхои давлати ва минтакавии харитасозию геодези;
– ташкил кардан ва пешбурди шабакахои чугрофии ахборотии таъиноти давлати ва минтакави;
– тархрези, тартибдихи ва нашри харитахои умумичугрофи, сиёсию маъмури, илмию маълумоти ва дигар харитахои мавзуи ва атласхои таъиноти байнисохави, китобхои таълимии харитасози;
– гузаронидани корхои геодези, харитасози, топографи ва гидрографи бо максади таъминоти мудофиа ва амнияти Чумхурии Точикистон;
– таъмини геодези, харитасози, топографи ва гидрографии делимитатсия, демаркатсия ва тафтиши гузариши хатти Сархади давлатии Чумхурии Точикистон;
– таъмини метрологии корхои геодези, харитасози ва топографи;
-стандартикунонии махсулоти топографи, геодези ва харитасози, инчунин бахисобгири номгуйхои чугрофи; (КЧТ аз 31.12.08с №474).
– тадкики захирахои табии бо рохи тадкики фосилавии Замин бо зонд;
– ичрои корхои тадкикоти-илми ва тачрибави-конструктории самтхое, ки дар банди мазкур нишон дода шудаанд;
– ба тартиб андохтани кадастри давлатии нуктахои ахолинишин, биною иншоотхо;
– ташкили истехсоли силсилавии техникаи геодези ва харитасози.
- Ба корхои геодези ва харитасозии таъиноти махсус (сохави) дохил мешаванд:
– тартиб додан ва тачдид намудани накшахои топографи, ки барои тахияи накшахои генералии, китъахои сохтмони иншоотхои мухталиф, шабакахои зеризамини ва иншоотхо, васли бино ва иморатхо ба китъахои сохтмон, инчунин барои ичрои корхои дигари махсус нигаронида шудаанд;
– тартиб додан ва пешбурди шабакахои чугрофии ахборотии таъиноти махсус;
– сохтани харитахои мавзуи, накша ва атласхои таъиноти махсус дар шакли аналоги (графики), раками ва дигар шаклхо, нашри ин харита, накша ва атласхо; (КЧТ аз 31.12.08с №474).
– корхои геодези, топографи, аэроаксбардори ва дигар корхои махсус хангоми кофтуковхои мухандиси, сохтмон ва истифодаи бино ва иншоотхо, хадгузории заминхо, заминсози ва ба тартиб андохтани кадастри замин, дигар кофтуков ва корхои махсус.
Моддаи 4. Субъект ва объекти муносибатхои хукуки дар сохаи фаъолияти геодези ва харитасози
- Субъекти муносибатхои хукуки дар сохаи фаъолияти геодези ва харитасози (минбаъд субъектхои фаъолияти геодези ва харитасози) шахсони вокеи ва хукуки ба хисоб мераванд.
- Объекти муносибатхои хукуки дар сохаи фаъолияти геодези ва харитасози худуди Чумхурии Точикистон, обхои дохили ва фазои кайхони, аз чумла чирмхои табиии осмони ба хисоб мераванд.
БОБИ 2. ТАНЗИМ ВА АМАЛИ НАМУДАНИ
ФАЪОЛИЯТИ ГЕОДЕЗИ ВА ХАРИТАСОЗИ
Моддаи 5. Салохияти Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон дар сохаи геодезия ва харитасози
Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон дар сохаи геодезия ва харитасози салохият дорад, ки шартномахои байналмилалиро оид ба делимитатсия ва демаркатсия вобаста ба масъалахои Сархади давлатии Чумхурии Точикистон тасдик намояд.
Моддаи 6. Салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи геодезия ва харитасози
Салохияти Хукумати Чумхурии Точикистон дар сохаи геодезия ва харитасози иборат аст аз:
– тахияи шартномахои байналмилали оид ба муайян намудан ва тагйир додани Сархади давлатии Чумхурии Точикистон;
– тахияи хуччатхо доир ба делимитатсия ва демаркатсияи Сархади давлатии Чумхурии Точикистон;
– маблаггузории ичрои корхои топографи-геодези ва харитасозии ахамияти давлати, инчунин корхои геодези ва харитасозии ахамияти махсус (сохави) дошта; (КЧТ аз 31.12.08с №474).
– мукаррар намудани системахои ягонаи давлатии координатхо, баландихо, ченакхои гравиметри, инчунин силсилаи микёсии харитахо ва накшахои давлатии топографи;
– муайян намудани макоми ваколатдори давлати дар сохаи геодезия ва харитасози.
Моддаи 7. Салохияти макоми ваколатдори давлати дар сохаи геодезия ва харитасози
Салохияти макоми ваколатдори давлати дар сохаи геодезия ва харитасози иборат аст аз:
– таъмин намудан бо маводхои геодези, харитасози, топографи ва гидрографи барои тайёр намудани шартномахои байналмилали доир ба муайян сохтан ва тагйир додани Сархади давлатии Чумхурии Точикистон;
– гузаронидани корхо ва тайёр намудани маълумотхои геодези ва хуччатхои харитасози рочеъ ба делимитатсия ва демаркатсияи Сархади давлатии Чумхурии Точикистон;
– амалисозии функсияхои ичроияви, таксимоти, ичозатдихи ва назорати;
– гузаронидани мониторинги иншоотхои дорои ахамияти давлати;
– ба тартиб андохтани кадастри давлатии нуктахои ахолинишин, бино ва иншоотхо;
– тахкики захирахои табии бо рохи тахкики фосилавии замин бо зонд;
– ба хисоб гирифтани нуктахои давлатии геодези ва тахти назорат гирифтани амнияти онхо;
– тайёр намудани хуччатхо доир ба ошкоргардонии сирри маводхои топографи-геодези ва харитасози;
– тайёр намудани хуччатхо барои мукаррар сохтани системахои ягонаи давлати, координатхо, баландихо, ченакхои гравометри, инчунин силсилаи микёсии накша ва харитахои давлатии топографи;
– халли бахсхо хангоми гузаронидани корхои топографи-геодези ва харитасози;
– тахти назорат гирифтани сиёсати ягонаи техники дар сохаи геодезия ва харитасози;
– тахия ва бо тартиби мукарраршуда барои тасдик пешниход намудани андозаи чаримахо чихати конуншиканихо дар сохаи геодезия ва харитасози.
Моддаи 8. Хуччатхои меъёрию техники дар сохаи фаъолияти геодези ва харитасози
- Хуччатхои меъёрию техникии сохаи фаъолияти геодези ва харитасози стандартикунонии махсулотро дар сохаи геодезия ва харитасози, инчунин тартиби ташкили корхои геодези ва харитасози, талаботи техники ба онхо, меъёру коидахои ичрои онхоро мукаррар намуда, аз тарафи макоми ваколатдори давлати дар сохаи геодезия ва харитасози тасдик мегардад.
- Риояи хуччатхои меъёрию техникии сохаи фаъолияти геодези ва харитасози барои хамаи субъектхои фаъолияти геодези ва харитасози хатми буда, бахри стандартикунони, танзими давлатии фаъолияти геодези ва харитасози мукаррар карда шуда ва барои гузаронидани санчишхо, амали намудани назорати давлатии геодези оид ба фаъолияти геодезию харитасози, инчунин халли масъалахои бахснок асос ба хисоб мераванд.
Моддаи 9. Таъминоти метрологии фаъолияти геодези ва харитасози
Таъминоти ягонагии ченкунихои геодези, амалисозии фаъолият оид ба озмоиши воситахои ченкунии геодези, иштирок дар корхои стандартикунонии воситахои мазкур, ташкил ва ичрои корхои сертификатсиякунонии хатмии махсулоти геодези, харитасози ва топографи, мукаррар кардани назорати метрологи дар сохаи фаъолияти геодези ва харитасози ба ухдаи макоми ваколатдори давлати дар сохаи геодезия ва харитасози мебошанд ва аз чониби он мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон дар сохаи стандартикунони, метрология ва сертификатсия дар доираи салохияташ ба амал бароварда мешавад.
Моддаи 10. Маблаггузории фаъолияти геодези ва харитасози
- Фаъолияти геодези ва харитасозии барои эхтиёчоти давлат зарури аз хисоби Бучети давлати маблаггузори карда мешавад.
- Фармоишгари давлатии корхои геодези ва харитасозии таъиноти давлати макоми ваколатдори давлати дар сохаи геодезия ва харитасози, вале фармоишгари корхои геодези ва харитасозии таъиноти махсус (сохави) макомоти дахлдори хокимияти давлати мебошанд.
- Фаъолияти геодези ва харитасозии барои дигар талаботи зарури аз хисоби шахсони вокеи ва хукуки, ки фармоишгари махсулоти геодези, харитасози ва топографи мебошанд, маблаггузори карда мешавад.
- Субъектхои фаъолияти геодези ва харитасози, ки фармоишгар ва (ё) ичрокунандаи корхои геодези, харитасози ва топографи ба хисоб рафта, мувофикан аз хисоби Бучети давлати маблаггузори карда мешаванд, вазифадоранд хуччат ва маълумотхои геодезию харитасозии пештар гирдовардашударо истифода баранд.
Моддаи 11. Фонди давлатии геодези ва харитасозии Чумхурии Точикистон
- Маводу маълумотхои геодези, харитасози, топографи, гидрографи, наворхои аэрокайхони, гравиметри, аз чумла дар шакли раками, ки дар натичаи фаъолияти геодези ва харитасози ба даст омадаанд ва дар макоми ваколатдори давлати дар сохаи геодезия, харитасози ва ташкилотхои тобеи ин макоми давлати нигох дошта мешаванд, фонди давлатии геодези ва харитасозии Чумхурии Точикистонро ташкил медиханд.
- Маводу маълумотхои фонди давлатии геодези ва харитасозии Чумхурии Точикистон ба таркиби амволи ташкилотхои хусусишаванда ворид карда намешаванд.
- Дар таркиби фонди давлатии геодези ва харитасозии Чумхурии Точикистон фонди давлати, фондхои геодези ва харитасозии сохави дохиланд.
- Фондхои давлатии геодези ва харитасози мавод ва маълумотхои ахамияти умумидавлати ва байнисохавии дар кисми 1 моддаи мазкур нишондодашударо дар бар мегиранд ва дар ихтиёри макоми ваколатдори давлати дар сохаи геодезия ва харитасози мебошанд. Фондхои геодези ва харитасозии макомоти хокимияти давлати оид ба мудофиа дар ихтиёри у мебошанд.
- Фондхои сохавии геодези ва харитасози мавод ва маълумотхои таъиноти махсуси (сохавии) дар кисми 1 моддаи мазкур нишондодашударо дар бар мегиранд ва дар ихтиёри макомоти дахлдори хокимияти давлати мебошанд.
- Низомномахои фондхои давлати ва сохавии геодези ва харитасози, фехрасти маводу маълумотхои ба он воридшуда бо тартиби мукаррарнамудаи Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик карда мешаванд.
- Маводу маълумотхои фонди давлатии геодези ва харитасозии Чумхурии Точикистон, ки бо тартиби мукарраргашта ба таркиби Фонди бойгонии Чумхурии Точикистон мансуб дониста шудаанд, мувофики тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон нигох дошта мешаванд.
- Барои истифодаи маводу маълумотхои фонди давлатии геодези ва харитасозии Чумхурии Точикистон музд ситонида мешавад, ки он харочоти ташкилу нигохдори ва расонидани ин маводу маълумотхо, инчунин хизматонаи чудо карда гирифтани маводу маълумотхои мазкур ва тайёр намудани нусхахои онхоро дар бар мегирад.
- Маблаги барои истифодаи маводу маълумотхои фонди геодези ва харитасозии Чумхурии Точикистон ситонидашуда, барои ташкил ва идораи фондхои геодези ва харитасози истифода мешавад.
- Ба шахсони сеюм додани мавод ва маълумотхои аз фонди геодези ва харитасозии Чумхурии Точикистон гирифташуда ва нусхабардори намудани онхо бе ичозати макоми дахлдор, ки ин маводу маълумотхоро ихтиёрдори менамоянд, манъ аст.
- Дастраси барои истифодаи маводу маълумотхои фонди давлатии геодези ва харитасозии Чумхурии Точикистон, ки дорои маълумоти сирри давлатианд, мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон дар бораи сирри давлати сурат мегирад.
- Шахсони вокеи ва хукуки ухдадоранд як нусха аз маводу маълумотхои геодези ва харитасозии тахиянамудаи худро беподош ба фондхои дахлдори геодези ва харитасози бо нигохдории хукукхои муаллифи супоранд.
- Назорати давлатии геодезии ба фондхои дахлдори геодези ва харитасози супоридани маводу маълумотхои геодези ва харитасози аз чониби шахсони вокеи ва хукуки, нигохдори ва истифодаи ин маводу маълумотхо, инчунин тартиб додани номгуи давлатии фондхои сохтории геодези ва харитасози ба зиммаи макоми ваколатдори давлати дар сохаи геодезия ва харитасози мебошад.
- Шахсони вокеи ва хукуки – истифодабарандагони маводу маълумотхои фонди давлатии геодези ва харитасозии Чумхурии Точикистон вазифадоранд:
– хуччату маълумотхои барои истифодаи муваккати гирифтаашонро эхтиёт намоянд ва дар мухлати муайяншуда баргардонанд;
– ахбороти сирри давлатидоштаи хуччату маълумотхои мазкурро фош накунанд.
- Корхои ташкил ва идораи фондхои геодези ва харитасози аз тарафи макоми ваколатдори давлати дар сохаи геодезия ва харитасози аз хисоби маблаги бучети дахлдор ва пардохтхо барои истифодаи маводу маълумотхои ин фондхо маблаггузори карда мешавад.
Моддаи 12. Хукуки муаллифи ба маводхои геодези ва харитасози
Масъалахои хукуки муаллифи ба маводхои геодези ва харитасози, аз чумла топографи, гидрографи ва наворхои аэрокайхони мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон ба танзим дароварда мешаванд. (КЧТ аз 31.12.08с №474).
Моддаи 13. Моликияти давлати ба махсулоти геодези ва харитасози
Махсулоти геодези ва харитасози, аз чумла маводу маълумотхои геодези, харитасози, топографи, гидрографи, наворхои аэрокайхони ва гравиметрии дар натичаи фаъолияти геодезию харитасози ба даст овардашуда, ки аз хисоби Бучети давлати амали гардидааст, инчунин маводу маълумотхои фонди давлатии геодези ва харитасозии Чумхурии Точикистон моликияти давлати хисобида шуда, аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон идора карда мешавад.
Моддаи 14. Ичозатномадихи ба фаъолияти геодези ва харитасози
- Фаъолияти геодези ва харитасози дар асоси ичозатнома ба амал бароварда мешавад.
- Ичозатнома барои фаъолияти геодези ва харитасози дар асоси тартиби мукаррарнамудаи Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи ичозатномадихи ба баъзе намудхои фаъолият» дода мешавад.
Моддаи 15. Назорати геодезии давлати ба фаъолияти геодези ва харитасози
- Назорати геодезии давлати ба фаъолияти геодези ва харитасози аз чониби макоми ваколатдори давлати дар сохаи геодезия ва харитасози анчом дода мешавад.
- Макоми ваколатдори давлати дар сохаи геодезия ва харитасози хангоми назорати давлати хукук дорад, ки:
– рафъи конуншиканихоро дар ташкил ва ичрои корхои геодези ва харитасози, инчунин чамъ овардан, ба хисоб гирифтан, нигох доштан, истифода намудани маводу маълумотхои дар рафти ичрои корхои номбаршуда ё наворхои аэрокайхони ба даст овардашударо талаб намояд;
– дар макомоти дахлдори хокимияти давлати, инчунин дар дигар ташкилотхо новобаста ба шакли моликияташон бо тамоми хуччатхои лозима доир ба масъалахои фаъолияти геодези ва харитасози бо тартиби муайяншуда шинос шавад;
– бо тартиби мукарраршуда аз макомоти давлати, инчунин ташкилотхо новобаста ба шакли моликияташон барои амали гардонидани вазифахои аз тарафи Конуни мазкур пешбинишуда маълумот гирад.
- Макоми ваколатдори давлати дар сохаи геодезия ва харитасози вазифадор аст, ки ба субъектхои фаъолияти геодези ва харитасози доир ба махалли тахкикшудаи китъахои корхои ба накша гирифташуда маълумоти дахлдор дихад.
- Макоми ваколатдори давлати дар сохаи геодезия ва харитасози мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон чихати асоснокии додани ичозатномахои дахлдор масъулият ба зимма дорад.
- Низомнома оид ба назорати давлатии фаъолияти геодези ва харитасози аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик карда мешавад.
Моддаи 16. Фаъолияти геодези ва харитасози бо максади таъмини мудофиа ва бехатарии Чумхурии Точикистон
Фаъолияти геодези ва харитасози бо максади таъмин намудани мудофиа ва бехатарии Чумхурии Точикистон аз тарафи макомоти дахлдор дар доираи салохияти онхо амали карда мешавад.
Моддаи 17. Додани иттилоот оид ба иншоотхои махал
Шахсони вокеи ва хукукии молики иттилоот оид ба иншоотхои махал дар худуди Чумхурии Точикистон, ки бояд дар харитахои чугрофи, топографи ва дигар харитаю накшахо инъикос ёбанд, бо талаби тахиягарони харитахои чугрофи, топографи ва дигар харитаю накшахо ё макомоти ваколатдори давлати дар сохаи геодезия ва харитасози нусхахои хуччатхоеро, ки чунин иттилоотро доранд, ба онхо медиханд.
Макомоти дар моддаи мазкур номбаршуда ва тахиягарон арзиши нусхабардори ва оварда расонидани хуччатхои мазкурро пардохт менамоянд.
Моддаи 18. Хифзи нуктахои шабакахои давлатии геодези
- Нуктахои геодезияи астрономи, геодези, тарозави ва нуктахои гравиметри, аломатхои руизамини ва марказхои ин нуктахо (минбаъд нуктахои геодези) ва дигар иншоотхои мухандисии аз хисоби Бучети давлати сохташуда моликияти давлатианд ва тахти мухофизати давлати мебошанд.
- Кучонидани аломатхои беруна ё аз нав поягузори кардани марказхои нуктахои геодези танхо бо ичозати макоми ваколатдори давлатии сохаи геодезия ва харитасози амали карда мешавад.
- Истифодабарандагони китъахои замине, ки дар онхо нуктахои геодези чойгиранд, бояд макоми ваколатдори давлатии сохаи геодезия ва харитасозиро аз хамаи холатхои осеб дидан ё бархам додани нуктахои геодези огох намоянд, инчунин имконияти ба нуктахои геодези рох ёфтанро хангоми ичрои корхои геодези ва харитасози мувофики конунгузории Чумхурии Точикистон фарохам созанд.
- Чудо намудани китъахои замин барои дар онхо чойгир кардани нуктахои геодези мутобики Кодекси замини Чумхурии Точикистон амали мегардад. (КЧТ аз 31.12.08с №474).
- Коидахои минтакахои мухофизати ва хифзи нуктахои геодези аз тарафи Хукумати Чумхурии Точикистон тасдик карда мешавад.
Моддаи 19. Чавобгари барои риоя накардати талаботи Конуни мазкур
Шахсони вокеи ва хукуки барои риоя накардани талаботи Конуни мазкур мутобики конунгузории Чумхурии Точикистон ба чавобгари кашида мешавад. (КЧТ аз 31.12.08с №474).
Моддаи 20. Чуброни зарари дар натичаи фаъолияти геодези ва харитасози расида
Зараре, ки дар натичаи фаъолияти геодези ва харитасози аз амали (беамалии) гайриконуни ба моликияти шахси вокеи ё хукуки расидааст, аз тарафи шахси гунахкор бо тартиби мукаррарнамудаи конунгузории Чумхурии Точикистон пурра чуброн карда мешавад.
БОБИ 3. МУКАРРАРОТИ ХОТИМАВИ
Моддаи 21. Мавриди амал карор додани Конуни мазкур
Конуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал карор дода шавад.
Президенти Чумхурии Точикистон Э.Рахмонов
ш. Душанбе 3 марти соли 2006
№172