Главная / Гуногун / Гандуми девона

Гандуми девона

gandumi_devona-660x330Гандуми девона — ин донест аз чав борик ва майдатар, таъмаш каме талх, рангаш моил ба сурхи. Гиёхаш монанди растании гандум дар гандумзорхо меруяд. Бехтарини он фарбехдонаи он аст, ки кухна нагашта бошад. Мизочаш дар дарачаи дувум гарм ва хушкиаш зиёда аз ин дарача мебошад.

Хислатхои шифобахши он: агар инро бихуранд, карахти меоварад, чашмро сиёх мезанонад, овозро вайрон мекунад. Ноне, ки дар он гандуми девона дошта бошад, хангоми хурдан маст мекунад, хоб меоварад ва боиси сиёх задани чашм мегардад.

Куфтаи онро гузошта банданд, хор ва тирро аз бадан кашида берун меоварад ва моддахои руйи узвро пок мекунад. Агар куфтаи онро бо шароб хамир сохта гузошта банданд, дарди суринхоро дафъ мекунад: инро бо сирко пухта, бо равгани зайтун сиришта гузошта банданд, шукуфахои пуст, хоришак ва кутури решгаштаро шифо мебахшад ва бо сафедаи тухми мург хамир карда гузошта банданд, сахтихои баданро ислох мекунад; бо асал хамир сохта гузошта банданд, никрисро, ки дард ва варами ангуштони дасту похо мебошад, ба ибро меоварад; бо тухми загир ва саргини кабутар сиришта, гузошта банданд, пучак ва чиртакхоро мекафонад, чарохатхоро сихат мекунад, варамхоро мегардонад ё пазонида мекафонад; инро бо орди гандум даромезанду бипошанд, шукуфахои пуст ва решхои дигарро сихат мебахшад; агар бо гугирд даромехта гузошта банданд, доги сафеди пустро дафъ мекунад.

Ба чойи гандуми девона себаргаро истеъмол кунанд, раво мебошад. Агар касе гандуми девонаро хурда бошад, давояш равган ва шир хурда кай фармудан ва нушидани оби мевахои турш аст.

Аз гандуми девона равган хам тайёр мекунанд ба ин тарик. Колбаро, ки хар навъи бузургашро бихоханд, гирифта, ба руйи он гили бута молида, даруни онро то гулуяш аз гандуми девона пур мекунанд ва дар гулуяш лифи загирпоя ё дигар лиф чо менамоянд. Баъд лагани калон ё вараки васеътари оханро аз миёначояш мувофики гунчоиши гардани колба сурох карда, он колбаро сарозер ба он сурохи мегузоранду аз боло ба атрофи шиками колба ангишт гузошта оташ меафрузанд, аз тафси оташ равгани гандуми девона чудо гашта, аз лиф софшавон гузашта, ба зарфи дар поён гузошташуда мечакад. Ин равганро бимоланд, шукуфахои пуст, захмхои сари тифлон ва гайри тифлон, сабусаки сар ва догхои кунчидакро дафъ мекунад.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …