Главная / Илм / Гандано дар Канзи Шифо (Китоб)

Гандано дар Канзи Шифо (Китоб)

gandano_piyoz-600x330Гандано — Пиёзи гандано навъхои гуногун дорад: дашти, кухи ва бустони. Бехтаринаш бустони аст, ки онро мардум мекоранд ва пухта мехуранд. Инро бинобар тундтаъм буданаш пиёзи гандано хам меноманд. Баргаш монанди барги пиёз борик, аз миёни баргхояш поя бармеоварад, дар сари пояаш монанди пиёз гул мекунад, тухмаш низ чун тухми пиёз сиёх мебошад.

Мизочи ин пиёз дар дарачаи севум гарм ва дар дувум хушк аст. Хислатхои шифобахши он: баргашро куфта, бо сирко сиришта, ба пеши сар бимоланд ё гузошта банданд, хуни биниро манъ мекунад.

Агар барги онро бихуранд, касабаи шуш, яъне рохи нафасро пок мегардонад, гирехи чигарро мекушояд; хозима ва камарро кувват мебахшад, дарунро мулоим мекунад; кулинчро, ки дард ва варами рудахои гафс аст ва онро ба руси колит меноманд, дафъ мекунад: пешоб ва хайзро равон месозад; агар баъд аз таом бихуранд, дар меъда турш шудани онро манъ мекунад ва барои хазм ёри мерасонад, бохро кувват мебахшад.

16 грамм аз оби он бинушанд, хуни бавосирро катъ мегардонад, бохро ба харакат меоварад. Агар ин микдор оби онро бо асал биёшоманд, беморихои узвхои даруни синаро, ки аз сарди ва тари бошанд, шифо мебахшад; варами шушро тахлил медихад ва хамаи ин иллатхоро мепазонад. Агар инро бо оби чав ва онро бо чав пухта бихуранд, дарди узвхои даруни сина ва дамкутахиро сихат мекунад. Барги онро як шаб дар сирко тар карда, баъд бихуранд, гирехи чигар ва сипурзро мекушояд, кулинчро дафъ мекунад.

Баргашро куфта бихуранд, бохро кави мегардонад ва барои бавосир фоида дорад. Инчунин баргашро куфта, занхо аз таг бардоранд, рутубати бечои аз бачадон ояндаро хушк мекунад ва намегузорад, ки бачаи занони хомила бияфтад. Пиёзи ганданоро дар об бо сирко ва намак чушонида, дар он об занхо то ноф даромада нишинанд, дахани бастагии бачадонро мекушояд ва инчунин сахтии онро тахлил медихад.

Он обро, ки дар он пиёзи гандано чушонида шуда бошад, бимоланд, бавосирро нафъ дорад ва бохро кувват мебахшад. Оби ганданоро бо равгани гули сурх ва сиркои кухна даромехта, нимгарм дар гуш чаконанд, дарди ин узвро таскин медихад ва чаранги онро дафъ мекунад.

gandano_piyoz-0-300x200Пиёзи онро куфта гузошта банданд, барои газидани чонварони захрнок ва мори афъи тарёк мешавад, инчунин онро бо шахдоб биёшоманд, захрхоро аз бадан дафъ мекунад. Пиёзи ганданоро куфта, бо куфтаи татум хамир сохта гузошта банданд, шаро (аллергия) ва озаххоро дафъ мекунад; бо намак даромехта банданд, захмхои хабиса (злокачественные язвы)-ро шифо мебахшад.

Хурдани хамаи навъхои гандано назар ба пиёз дерхазм аст, боднок ва бодангез мебошад, хунро месузонад, чашмро хира мекунад ва милки дандонро вайрон месозанд, ба одамони гарммизоч зарар дорад; дидани хобхои бадро ба амал меоварад. Давои хамаи ин гуна зарархояш — кашниз ва коснии тару тоза хурдан аст. Чун корд ва гайра тегхоро бо оби гандано об диханд, тези ва буррогии онхо нест намегардад, яъне хеч кунд намешаванд.

Мизочи тухмаш дар охири дарачаи дувум гарм ва хушк аст. Хислатхои шифобахши он: 9 грамм тухми онро бо хамин микдор тухми мурд бихуранд, хамаи беморихоеро, ки аз сарди бошанд, дафъ мекунад; хун кай кардан ва хунравихоро манъ мекунад: гирехи балгамии чигарро мекушояд, иштихо меоварад, гурда ва хичакро кувват мебахшад. Агар инро бо шароб биёшоманд, куввати бох мебахшад ва бохро багоят ба харакат меоварад. Тухми ганданоро то буяш баромадан тафсонида, бо самари мурд бихуранд, рафтани дарун ва хуни макъадро мебандад.

Агар ин тухмашро сухта, дудашро ба мавзеъ бигиранд, бавосирро шифо мебахшад. Усораи тухмаш, яъне оби тухмашро дар офтоб гафс гардонида, гузошта банданд, барои газидани афъи дору мешавад, доги кунчндак ва дигар догхои пустро дафъ мекунад, инчунин хамаи дардхоеро, ки аз сарди бошанд, таскин медихад. Вале истеъмоли тухми гандано ба дарун барои гурда ва хичак зарар дорад — давояш асал хурдан аст.

Инчунин кобед

manorai-efil

Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТочикистон

Солхои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Точикистон муд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …