Главная / Илм / ГУНДА

ГУНДА

gundaГУНДА (Lathrodectes tredecimguttatus), як навъ тортанаки захрнок. Рангаш сиёх буда, шикамаш холхои сурхи гирдашон сафед дорад. Дарозиаш то 2 см; наринааш хурдтар (4 – 7 мм) аст. Г. дар Африкаи Шимоли, Осиё Гарби, Европаи Чануби дида мешавад; дар Осиёи Маркази, аз чумла Точикистон низ маскун аст. Г. бештар дар заминхои партов, сохили чуй, чари ва г. зиндаги карда, асосан хашарот мехурад.
Г. аз чарангмор 15 маротиба захрноктар мебошад. Чои газидаи Г. сурхча шуда, баъди 10 – 15 дак. шикам, миён, кафаси сина ва пойхо ба дард медароянд; аксар вакт сар низ дард карда, чарх мезанад; одам безобита гашта кай мекунад, нафастанг ва пуст кабуд мешавад. Баъди 3 – 5 руз дар пуст доначахо медаманд ва холи бемор бех мегардад. Бемор, одатан, пас аз 2 – 3 хафта шифо ёбад хам, беш аз як мох худро бемадор хис мекунад. Хангоми ёрии тибби надодан, баъди 1 – 2 рузи газидани Г. мурдан мумкин аст.
Бо максади муолича ба вена ё зери пуст фиристодани 30 – 70 мл зардоби зидди гунда, 10 мл махлули 10 фоизаи сулфати магний (ба вена), инчунин истифодаи дорухои дил ва рафъи дард (новокаин, промедол, строфантин ва г.) тавсия мешавад. П. И. Мариковский бо гугирдчуб сузонидани (то 1 – 2 дак. баъди газидан) чои Г. газидаро тавсия кардааст (аз таъсири гарми захр тачзия мешавад).
Аз захри Г. шутур, гов ва асп бештар зарар мебинанд. Бинобар ин дар чойхое, ки Г. хаст, аввал чарондани гусфандон мувофики максад мебошад, зеро онхо аз захр кам зарар дида, Г.-хоро поймол мекунанд. Воситаи бехтарини муолича истифодаи зардоби махсуси зидди захри Г. аст. Онро дар шароити лаборатория бо рохи ба организми хайвонот, хусусан асп, фиристодани вояи ками захри Г. тайёр мекунанд. Вале чунин зардоб сафедахои гайр низ дорад, бинобар ин онро бехтараш якчоя бо вояи табобатии преднизолон ё доруи гормонии дигар истифода бурдан лозим аст.
Гундагазида бояд ба худтабобат машгул нашавад, машруботи спирти истеъмол накунад. Машруботи спирти харакати хунро зиёд карда, бо ин рох захрро зуд ба тамоми организм пахн менамояд. Чои гундагазидаро бо жгут бастан хам мумкин нест. Захр хох нохох дар чои захм боки мемонад ва дар вакти кушодани жгут зуд ба мачрои хун ворид мешавад. Дигар ин ки хангоми бо жгут бастани узв хучайраи девораи рагхо дар чои осебёфта медиатор хосил мекунанд, ки он нафакат ба организм таъсири номатлуб мерасонад, балки таъсири худи захрро низ афзун мегардонад. Кушиш кардан лозим, ки захр ба организм харчи дертар кора намояд. Барои ин чабрдида бояд аз харакатхои чисмони худдори кунад, дар зери офтоб нагардад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …