Главная / Гуногун / ГУЛВОЖАХОИ ЗИМИСТОНИ

ГУЛВОЖАХОИ ЗИМИСТОНИ

Китоби нависанда мухаббати дил ва ганчхои калби уст. Бехуда Фирдавсии бузург ба эътимод наовардааст:

               Сухан монад аз мо хама ёдгор,

               Ту бо ганч сухан баробар мадор.

Китобро ба даст гирифта, нахуст фол мекушоям. Ва мехонам: “Худо нишон надихад, ки кас дар хонааш китоб надошта бошад”. Шукр мекунам, ки дар китобхонаи ман боз як китоб илова шуд. Ин китоби Нависандаи халкии Точикистон Саттор Турсун ба унвони “Зимистони умр”. Китоб аз “Хасрат” ва “Дусти ман Баротали” ном киссахо, як силсила хикояхои маргуб, сатрхои алохида ба унвони “Фонуси хаёл” ва андешахои бавусъати суханвар доир ба адабиёт, сиёсат ва хаёти фархангиву ичтимоии замон, сухбатхо бо журналистону адибон ба унвони “Садои дузарби хасти” ба тартиб омадааст.

Китобро мутолиа намуда, аз магзу маънии асархое ки дар он гирд омадаанд, ба вачд омада, як чахон лаззат бурдам. Ва ба вучудам як эхсоси шодмони давид. Зеро адиби чирадаст дар асарахояш як олами нотакрори рангину батаъсир ва манзарахои муассирро мухайё сохтааст.

Баъзехо – танхо баъзехо! – онхое ки аз руй шонаю аз пушт фона мезананд, ба оханги истехзо “фу-у-ух!” гуфтанд. Ин шояд бад хам набуд. Зеро худи адиб ба ин басо хуб равшани меандозад: “Вакте ки шаробро азиз дониста, ба чону дил менушему боз “фу-у-ух!” мегуем, ман асли баъзе ноодамихоро бештар дарк мекунам”.

Зимнан кобили зикр аст, ки “Зимистони умр” на танхо ба хонанда, балки ба хамкаламон низ сахт таъсир расонд, дилу чони онхоро ба шур овард. Чаро “Зимистони умр”? Магар Саттор Турсун аз зиндагиву адабиёт дилхунук шудааст?

Не, албатта!

Ва харгиз!

Ин унвон хушдор медихад, ки умри инсон хам чун табиат чор фасл дорад. Дар чор фасли сол мубориза барои зиндаги ва аз нав шукуфтану эхё шудан огоз мегардад. Алкисса, табиат аз чанд имтихон мегузарад, имтихонхои сахту шадид. Одамизод хам ба мисли табиат аст, бояд имтихонхои зиёди зиндагиро паси сар кунад ва аз баландиву пасти, бурду бохт, муроду номуроди, шодиву гами зиндаги рухафтода нашуда, рохи худро ба суи максад пайгирона идома дихад.

Бале, чунин аст маънии зиндаги!

Ва ин аст киммати умр ва лаззати хаёт!

Саттор Турсун ба майдони адабиёт бо “Дили гарм” ворид гардид, бо орзухои баландпарвоз рохи дуру дароз ва пурмашаккатро гузар карда, ба шохрохи матлаб баромад.

Аз тарафи дигар, ин унвон одамро хушёр мекунад, хаёлашро ба гузарон будани дунё мебарад. Ва рубоии Умари Хайём ба ёд меояд:

          Онон, ки кухан буданду онон, ки наванд,

          Хар як паи якдигар якояк бишаванд.

          В-ин мулки чахон ба кас намонад човид –

          Рафтанду равему боз оянду раванд.

Бале, оне ки ба ин дунё омадааст, хатман меравад. Пас чи мемонад у пас аз худ? Ба ин савол худи муаллиф посух медихад: “…аз фарзанди одамизод аввало номи неку кори нек мемонад”.

Оре, дар ин офоки бекарона басо чиз, ки фониста. Аммо номи нек бефаност. Чунон ки Абулкосим Фирдавси аз номи Рустами Достон мегуяд:

          Ба номи наку гар бимирам, равост,

          Маро ном бояд, ки тан маргрост!.

Албатта, расидан ба ин гуна эътибор чандон осон нест. Номи нек тавассути нангу номус ва захмати бегаразу миёншикан ба даст меояд. Шахсе ки хамин хакикатро дарк намуда, ба хидмати халку ватан камар мебандад, хатман гули сари сабади чамиъият гардида, лоики кадр ва эхтиром мегардад.

Дар ин чода адибон хам истисно нестанд. Ва Саттор Турсун катъи изхор мекунад: “Танхо инсони некбин ва тинаташ пок метавонад асари хуб нависад. Кас агар дилсиёх бошад, бехтар аст харгиз ба даст калам нагирад”. Ва боз ба чавонон хушдор медихад: “Бисёр мехохам, ки эчодкор ба худ рохи осон начуяд. Нотарс бошад, ба харфу хичо садокат парварад”.

Ва у ба ин хама гуфтааш чавобгу ва содик мебошад. Аз ин ру дар нисбати худ хеле сахтгир аст. Боэътимод мегуяд, ки: “китоби дар мавзуи замон таълифгардида низ, агар ба дарди хамзамонон кора накунад, ба талаботи адабиёти хакики чавоб дода натавонад, аз буданаш, албатта, набуданаш бехтар”.

Саттор Турсун дар як навиштааш хулоса мекунад, ки сифати хамкаламро аз хамкалам бояд шунид. Чунки хислатхои умда, неку бади у ба чашми гайр зудтар мерасад. Аз ин нигох маколаи Нависандаи халкии Точикистон Абдулхамид Самад бо унвони “Умре гирифтори сухан”, ки дар китоб ба чои пешгуфтор омадааст, хеле мухим аст. Як сухани хак, хоса аз забони шахси шарифе ба кас болу пар мебахшад. Вале баъзан бисёр одамон, махсусан онхое ки аз руи маком ва вазифа карздоранд, хатто ба як сухани нек забонашон намегардад.

 Абдулхамид Самад бо тарзу шеваи ба худ хос рочеъ ба фазилатхою хислатхои неки Саттор Турсун ва эчодиёти у андешахои чолибе ба калам додааст. Дар маколаи худ доир ба мавкеи Саттор Турсун дар адабиёти точик бо эхтиром сухан меронад. Аз рузгори у чолибтарин лахзахоро ба тарозуи андеша гузошта, ба аклу заковат ва имону иродаи у тан медихад, ки ба шарофати хамин гуна адибони асил боги адабиёт обод аст. Ба гуфтахои Абдулхамид Самад, хонанда заррае шубха намекунад. Зеро чунон ки худи Саттор Турсун икрор мешавад, Абдулхамид Самад “…агар чизе мегуяд, огохона мегуяд…” Ва пас эътирофи Саттор Турсун аз тарафи Абдулхамид Самад аз истеъдод, ору номус ва сатхи эчодиёти вай реша гирифтааст.

Бархак, эътирофи хунар хам хунар аст!

Ин олами бехудуд хеле кухан аст ва асрори зиёде дорад. Ва яке аз онхо талоши некиву бади мебошад. Ин талош мисли занчири беохирест. Ва хеч гох неки бар бади голиб наомадааст. Таносуби онхо вобаста ба замон тагир меёбаду халос. Ва адиби дардошно хам орзу мекунад: “…кош фарзанди одам аз кайди ташвишхои гохо вазнин ва нодаркор берун рафта, бештар дар бари хушиву хурсандихо руз мегузаронд. Вале чи илоч, ки хаёт пасту баланди зиёд дорад”. Аслан зиндаги аз рузи азал хамин тавр идома дорад. Ва талоши некиву бади мавзуи човидонаи адабиёт гаштааст. Вазифаи суханвар инъикоси ана хамин хакикати зиндагист. Вале, ба кавли у, худро ба ин кор мачбур кардан мушт ба дирафш заданро мемонад. Вай хамон вакт калам ба даст мегирад, ки дигар нанавишта наметавонад. Ва дар рохи ичрои ин амали савоб аз паи хакикат меравад.

Чун ба дидаи ибрат чакидахои калами Саттор Турсунро киёс кунем, пас мебинем, ки адиб чун Хайёми бузург бар сари “чархи фалак” мушт намебардорад:

          Эй чарх, хама хароби аз кинаи туст!

          Бедодгари пешаи деринаи туст!.

Ва боз чун Хаёми бузург панд намедихад:

          Хуш бош кунун, умр барбод мадех.

Адиби чирадаст рохи осонгузар начуста, аз паи вокиа мустаким меравад. Ва дар ин рох пеш аз хама ба сидку имон такя мекунад. Сидку имонро неъмати воло медонад. Ва менигорад: “…дар чое ки садокат ва имон хаст, чирадасти низ хувайдост”.

Ин аст, ки кахрамони асархои у якрангу дурусткор нестанд. Гуё аз руи гуфтаи Шекспир амал кардааст; оинаро мукобили табиат гузошта, камбудиву нуксонхоро нишон додааст. Аз ин ру хар як офаридаи у исён дорад, зиддият дорад, шубха дорад. Дар ин хам олами ботинии кахрамони асар ба чилва меояд. Поки ва самимияти дили адиб эхсос мегардад. Ва ин хама нохамвори ва мураккабихои зиндаги хонандаро ба хаячон оварда, ба гирдоби андеша мекашад.

Хонанда аз мохияти хасти, макоми инсон дар зиндаги ва пахлухои мутазоди табиату чамъият дафъатан чиддан фикр хохад кард. Ва дар ин бора ки худи адиб хеле хуб менависад: “Яъне у худ кист, чаро ба ин дунёи равшан омадааст, баъд аз сараш мардум дар хакки вай чи мегуянд, ба фарзандонаш маънии аслии хастиро фахмондааст ё не… Ва нихоят, барои чи дар зиндаги некиро ситоиш мекунаду бадиро – махкум?”

Шоистаи таваччух аст, ки Саттор Турсун хамеша ба хаёт ва адабиёт муносибати чидди дошта, дар чустучуй пайгирона мебошад. Аз ин ру бо бозёфти воситахои тозаи тасвир, дар тадкики вокиан бадеии ходисоти рузгори мараккаб хонандагони худро хушнуд мегардонад. Ва ба ин гуфта киссаи “Хасрат” далел шуда метавонад. Олими чавон Мисбохиддини Нарзикул менависад: “Киссаи “Хасрат”-и Саттор Турсун аз нигохи банду баст ва тарзи баёни вокеа андар вокеа ба жанри киссаи суннати наздики дошта, хусусиятхои тасвири бадеи, шахсиятсози, манзаранигории чолиб ва пайгирии андешахою диди тахлилии мусанниф ба он зам гардидааст. Аз ин нигох, ба назари мо, киссаи “Хасрат”-ро метавон хамчун намунаи боризи киссахои солхои охири адабиёти точики ба шумор овард ва ба хунари офарандагии нависандаи сохибзавк Саттор Турсун арч гузошт”.

Воситаи тасвир, сабки баён, хунари адиб пеш аз хама ба мазмуну мундарича, ба максаду хадаф тобеъ гаштааст. Ин аст, ки мавзуъ ва мундарачаи гоявии асар хеле баланд аст. Ба хамин маъни Муслихиддин Саъдии Шерози ба маврид гуфтааст:

            Агар хушманди, ба маъни гирой,

            Ки маъни бимонад, на сурат ба чой!.

Ва аз хама мухимаш набзу нафаси хаётро дар хамбастаги бо дардхои табобатталаби чомиаи муосир бо чашми дил дидаву санчида, дар мизони акл баркашида, дакик ва аник тадкик намуда, ба вай оханги умумиинсони мебахшад. Ва ин хама дар доираи хадшиносиву нозуксанчии адиб карор дорад. Ин аст, ки сарнавишту симохо равшан ба назар мерасанд ва дили хонандаро ба даст меоранд.

Кахрамонхои кисса Хуросон, Исроил, Баходур харчанд дур аз зодгохи худ хастанд, бо одобу ахлок ва анъанахои неки падару бобоён умр ба сар мебаранд. Аммо ба нохакки асло муросо намекунанд. Вакте ки кахру газаб ба умки пайкар мераваду Хуросон бахри дифои нохакки мукобили игвогари гузаро – Сафарали бармехезад, хонанда ба хаячон омада, нафасро зиндони намуда, мегуяд: “Тамом, уро зада мачак мекунад!” Бале, у метавонист ба як мушт Сафаралиро мачак кунад. Вале хадде хаст, ки аз он намегузарад. Ва “Астагфируллох!” гуён гардани шайтонро мешиканад. Дар аввал ин хонандаро ба газаб меорад ва баъдан уро чунин холате рух медихад, ки хафт пушташро андеша карда, ба фикри оянда меафтад.

Кисса ба сухбати ду зани дехоти – Бибирухсора ва Сухайло занчирбанд мегардад, ки ин хам бозёфти эдодии адиб мебошад. Сухбати ин ду зан басо чолиб ва ширадору дилпазир аст. Зеро муомилаву муколамаи онхо оханге аз латофату зарофати халкиро дорост. Ва ширу шакар кардани сухан дар кисса онро басо намакин кардааст.

Кахрамони кисса то дарачае ибратомуз аст, ки дар охир Сухайло бо хавас орзу мекунад:

“ – Кошки Сухроби мо, бадбахт, монанди ту мебуд!”.

Кисса-эссеи “Дусти ман Баротали” хам хеле маргубу хондани баромадааст. Тачрибаи бои каламкаши ва хаёти, мушохидахои амики нависанда ба у имкон додааст, ки характеру образхои мушаххас офарад. Садокат ба халку ватан, пос доштани хотири гузаштагон ва эхтироми арзишхои милли гояи асосии киссаро ташкил медиханд. Муаллиф симои Баротали Олимовро хеле боварибахш ва басо рангину шево офаридааст, ки шоёни ахсану офарин мебошад.

Дар хаёт бисёрихо накши шахсиятро рад мекунанд. Аммо муаллифи кисса инро хазён шуморида, бо мисолхои мушаххас накши шахсиятро исбот менамояд.

Яке аз ин нуктахо муносибат ба мероси ниёгон ва вафодори ба поси хотири бузургон мебошад.  Инсони окилу дурандеш айёми мозиро фаромуш насохта, бештар ба пайванди наслхо эътибор медихад.

Бархак, имруз бе гузашта, фардо бе имруз вучуд надорад!

“…Ку холо худат ба мулохиза гир – аслан хотираи ниёгон ба мо лозим, ё ба онхо?

– Албатта ба мо, – гуфтам ман. – Ёди рафтагон аст, ки ба кадри зиндаги расида, аз гузарон будани дунё вндеша меронем. Ва то метавонем, некиро пешаи худ карор дода, аз мардумозори хазар мекунем. Харчанд инашро хам гуфтан лозим аст, ки дар дунё хар хел одамон хастанд. Яке мефахмад, дигаре намефахмад, ё умуман фахмидан намехохад. Мувофики тамизаш, дилу нияташ…”

Дар кисса таъкид мешавад, ки инсон худашро худаш месозад. Рохи рост ё рохи кач – худаш интихоб мекунад. Албатта, мувофики ахлок ва дилу нияташ. Аз ин ру яке дар гами ободи бошад, дигаре вайрони мехохад. Яке агар ба фитодае даст дихад, дигаре фитодаро лагад мезанад. Ва инхо хатман мукофоти амал хоханд гирифт. Бехуда халк нагуфтааст: “Хар кас кунад, ба худ кунад, хох нек кунад, хох бад кунад”.

Бешубха, зиндагиномаи Баротали Олимов ба хонанда дарси ибрат мегардад. Чунон ки Мирзо Бедил гуфта:

           То чашм ба ибрат накушодаст касе,

           Гардан ба итоат наниходаст касе.

Дар мачмуъа панч хикояи адиб чой дода шудааст. Хикояхо аз чихати мавзуъ мухталиф бошанд хам, дар онхо пахлухо ва чихатхои мухимму номаълум, тазодхои зиндаги ва ходисаву вокеахои муассир инъикос ёфтаанд. Адиб мавзуъхои тоза ва бархурди замонро аз равзани масъалагузори чолиб интихоб намуда, дар банду баст назаррас ва хушобуранг ба тасвир меорад.

Барои таквияти ин акида бигирем, масалан, хикояи “Ноомади кор”-ро. Дар назари аввал хикоя сода менамояд. Вале адиб дар чамъбасти хикоя чунин гардишеро ба амал овардааст, ки хонандаро такон медихад. Ва ба андеша водор месозад. Зеро у сухани ростро менависад. Сафар ва ошноии худро ба ин неругохи азим ичмоли, хатто як ноомади кор, як бебарори мешуморад. Ин икрор мардона буда, шоистаи тахсин аст. Вокиан хам асар бояд гардишхои ногахон дошта бошад. Агар не, он холате ки адиб ба тасвир меорад, факат гапи хушку холи хохад буд.

Саттор Турсун адибест дорои гурури хунари, ки мо онро дар “Фонуси хаёд” – сатрхои гаху ногах бармало мебинем.  Аммо мо бояд ин сатрхои уро ба худбинии у хамл накунем. Зеро замон хаминро талаб менамояд. Ва ин амал аз чониби адибе чун Саттор Турсун, ки дорои табъи воло мебошад, чун як амри вокеи чилвагар мешавад. Худи у ба ин нукта равшани андохта, менависад: “Иззатталаби хислати хуб нест. Лекин дифоъ аз шарафи инсони ва иззати нафси худ шарт аст”.

Агар гуем, ки дар хар як сатр тачрибаи рузгори кори у нухуфтааст, зиёдарави нахохем кард. Афкорашро дар мизони сухан малех, ба гановату фасех ба калам медихад. Хазрати Мухаммад (с) фармудаанд: “Айби сухан дарозии он аст”. Ё дар хадиси дигар таъкид намудаанд: “Зебоии сухан ба кутахи ва ихтисор аст”. Кутахбаёни хусни сухани Саттор Турсунро афзудааст. Саъдии бузург мегуяд:

                  Сухан бисёр дону андаке гуй,

                  Якеро сад магу, садро яке гуй.

Ва маколи руси хам хаст: “Краткост – сестра таланта”.

Саттор Турсун дар аввали “Фонуси хаёл” чунин андеша меронад: “Дар шахру дехоти Гурчистон, ба хусус дар нишастхои дустона, зуд-зуд ба забон меоранд, ки Парвардигор, агар парвоз медихи, парвози укобона бидех; агар марг медихи, марги мардона бидех; агар дуст медихи, дусти вафодор бидех; агар душман медихи, душмани росткор бидех! Мухиммаш, ба зиёда такрор ёфтан низ дар бади кас намезанад ин суханхо. Ва гумон мебарам минбаъд хам давра ба давра дархури хаёти инсонхо мемонад. Зеро Худо накунад, ки фарзанди одамизод гирифтори банди зиллат, тарсу тахлика ва разолат гардад. Ё бадтар аз ин, асири доми пинхон ва захрогини душмани занмизоч бошад. Охир, кам ё беш, ба хар хол… ман дар зиндагии нохамвори худ ба якта-нимта махлукони хапгир ру ба ру омада, хосили макру хиёнати онхоро ба ду чашми сар дидаам!”

Ба андешаи Саттор Турсун: “Таърих модари хакикат аст” наметавон рози нашуд. Вокеан, яке аз мавзуъхои мавриди андешаи адиб масъалаи хакикат мебошад. У хакимона панд медихад: “Адиб агар аз паи хакикат намеравад, ё хамон нимчамуллост, ё умуман вучуд надорад”.

Бояд эътироф кунем, ки сатрхои гаху ногах пур аз хикмат буда, ба хонанда як чахон гизои маънави мебахшанд.

“Миллате ки насри аъло надорад, ба мисли давлатест белашкар, беиктисод, бесаноат…”.

“Баъзан зоги бадмур дар назари чумиа мурги салтанат метобад”

“Одами тинаташ нопок хар кадар донишманд бошад, хамон кадар хавфнок аст”.

“Шубха мухимтарин махак аст дар кашфи хакикат”.

“Миллатчиги айни тачовуз аст”.

“Бади ба асои неки мегардад”.

Яке аз фазилатхои дигари Саттор Турсун ин баёни андешахои хеш мебошад, ки макоми адиб дар мухаббат ба Ватан равшан мегардад. Ва дар ин чода аз доираи инсоф берун намебарояд. Худи у мегуяд: “Нихоят бояд донист – дар хама кор инсоф мебояд”. Шояд аз дили касе гузарад, ки ин кор чи душвори дорад. Гуё ин хама равшану возех аст. Танхо остинро барзада аз паи кор шудан лозим. Тамом вассалом! Не, хато мекунанд. Ин кори он кадар осон нест. Аввалан, фаросати модарзоди лозим. Сониян, дар мавкеъ ва маслаки хеш пайваста устувор бояд буд. Солисан, дилу нияти соф мебояд. Ва ахиран, барои хакгую хакчу будан каму беш часорат даркор. Ин аст, ки Саттор Турсун менигорад: “Пайваста кушиш ба кор бар, ки гирифтори тарс нашави. Хеч гох, бигузор дар сангинтарин холатхо… натарс. Сараввал хазрати Алиро ба ёд ор. Бузургтарин бало тарс аст, – мегуяд у. Ва рост мегуяд…”

Саттор Турсун метавонист аз душворихои хаёт умуман нанависад. Аммо пайваста менависад. Худи у менигорад: “Оё хуб нест, ки факат бехтарин хислатхои худро намоиш дихи? Аз душворихои зиндагиат харфе ба забон наори…

Не, самимият ва дилсофи силохи пуркувват буда, аз печидагихо руирост сухан гуфтан… баръакс – нишона аз тавонгарии шахсият аст, далел аз эътимод ва гановати вучуди уст”.

Бо итминон ва сипос гуфтан мебояд, ки у ба оянда ба чашми умеду эътимод менигарад ва амин аст, ки минбаъд кишвари худро ободу зеботар ва мардуми онро дар нихояти бехрузи хохад дид.

Вай гаштаву баргашта таъкид менамояд, ки пос доштани арзишхои инсони аз масоиле нестанд, ки кучаку беэътибораш шуморем. Баръакс, рух додани беэхтироми ва нописанди аз чониби шахси чохил метавонад боиси марги эшон гардад. Дигар ин ки, созандаги, ободи ва химояи марзу буми Ватан мисли ишк, мухаббат, мехри модар, кимати инсон ва дигар падидахои неки инсони азалиянд ва ба иваз шудани сохти чомеа ва ё ба сари кудрат омадани хизбеву гурухе кимати худро гум намекунанд. Зеро новобаста аз ягон сохти чомеа инсон Ватанашро дуст медорад, ошик мешавад, гузаштагони худро пос медорад ва хамеша ёду хаёли кудаки хамрохи уст.

Баъзехо мегуянд, ки ман ба сиёсат коре надорам. Инро фикри ботил мешуморад нависанда ва менигорад: “Шумо агар аз сиёсат бохабар набошед, сиёсат аз шумо хабардор хохад буд”. Акидахои сиёсии Саттор Турсун хеле бакувватанд. Ва онхо дар кисми публитситикаи китоб фарохам омадаанд.  Саттор Турсун солхои навадум ба ин жанр бештар руй овард. Зеро вазъи ночури ичтимои дар кишвар хаминро такозо мекард. Чунон ки худи у менависад: “…мехостам ба дарди чомиа аз тахти дил шарик бошам, доир ба ин ё он масъалаи дог андешахои худро баён дорам”.

Саттор Турсун ба мавзуи муносибатхои милли хеле нозукона муносиба мекунад. зеро медонад, ки сахлгириву сатхкори дар ин масъала норавост. Ва ба хисси ватандусти бештар диккат дода, миллатчигиро махкум менамояд. Онро бадтарин зухурот дар муносибатхои инсони мешуморад. Ин дагдага бало меорад, боиси чангу чидол ва шурбахтихо мегардад. Аз хама бадаш, ба алокахои сиёсиву иктисоди ва фархангии халкхо футур меравад. Ба худи мардуми миллатчи низ зарбахои фалокатбор мерасад.

Саттор Турсун дар андешахои хеш умри тезгузар ва чи кудрати бузург доштани умедро таъкид месозад. Ва боз бо сузи дил менависад: “Моро бегами мекушад, дар муносибат ба навиштахои  якдигар бетафовут будан мекушад”.

Адиби мо хар чи навиштааст, ба фармони дил ва аз магзи чигар навиштааст. Аз ин ру офаридахояш аз умки дилаш бисёр муассир таровида, ба зехни хазорон хонанда рах ёфта, дили онхоро ба даст меорад. Ва онхоро ба олами инсондустиву нафосат, дарду ормонхои баланд, вусъати хиссу хаячон ва андешаи амик мебарад. Табъу идроки онхро дар олами хасти вусъат мебахшад, ба бедории тафаккури онхо гизо медихад ва бешубха онхо бештар ру ба некиву накукори меоранд.

5 августи соли 2007

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …