Главная / Илм / ГУЛОБ

ГУЛОБ

gulobГУЛОБ (арабхо мо-ул-вард гуянд), обест мусаффо ва шаффоф, ки аз гулхои садбарги хушбуи чойдори (гули сурх, оташи, гулоби ва г.) бо рохи тактир хосил мекунанд. Бештар аз он шарбатеро тайёр карда менушанд, ки кандугулоб ном дорад. Г. дар Эрон, Покистон, Бангладеш, кисман дар Хиндустон, баъзе мамлакатхои араб ва дар аксар шахрхои Осиёи Маркази аз замонхои хеле кадим (хазорсолаи якуми то м.) маъмул аст. Муаллифони китобхои тибби кадим Г.-ро тавсиф карда, аз манфиат ва хикмати он сухан рондаанд. Мас., дар «Эхёу-т-тибби Субхони» чунин гуфта мешавад: «Накутарини он тез ва хушбуй бувад; мукаввии димог ва мусаккини судоъ бошад; таквияти дил ва меъда кунад, лисаро (вораро) сахт гардонад, дарди чашм сокин созад. Хурдани он беморихои нафсуддам, хафакони гарм ва гаширо нофеъ бувад, чун бар сар резанд, хуморро сокин кунад, ба муй бисёр моланд, сафед гардонад».
Г.-ро хамчунин дар махсулоти канноди ба кор мебаранд. Мас., ба нишолло, мураббои сабзи, лавз ва г. меандозанд, ки хеле хушбуй мекунад. Тарзи тайёр намудани Г. чунин аст: субхидам, пеш аз баромадани офтоб, гулхои навшукуфтаи садбарги хушбуи чойдориро чида, як шабонаруз дар соя мегузоранд, пас баргхоро чудо карда мегиранд. Обро дар деги махсуси гулобкаши, ки анбик ном дорад, чушонда, барги гулхоро ба он меандозанд, 2 – 3 дакика мечушонанд. Агар сатхи об аз гулхо паст бошад, боз кадре об меандозанд, то ки баргхо пушида гарданд. Баъд аз он сарпуши анбикро гузошта, давро-даври онро бо хамир махкам мекунанд ва дар оташи паст 1,5 – 2 соат мечушонанд. Аз мили анбик катрахои Г. меояд, ки дар зарфхо андохта дахонашро сахт мебанданд, то ки хаво надарояд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …