Главная / Илм / ГУЛМИЖА

ГУЛМИЖА

hordeolumГУЛМИЖА (Hordeolum), газаки шадид ва римноки гадуди чарби пилки чашм. Г. дар натичаи ба халтачаи мижжа ё гадуди чарб рох ёфтани микробхои фасодовар пайдо мешавад. Дар ибтидои бемори канори пилк каме варам мекунад, сурхию обварами пуст ва луобпардаи пилк пайдо мешавад. Баъди 3 – 4 руз дар нуги чои варамида римхона ба вучуд меояд; дар сурати кафондан, аз он чиркоб мебарояд. Дар мавриди баромадани Г. пилк ва сар дард мекунад, баъзан харорати бадан баланд мешавад. Бисёр вакт Г. бо блефарит хамрох мегардад. Риоя накардан ба коидахои бехдошт, яъне бо даст ё руймолчаю сачоки ифлос пок кардани чашм, боиси пайдоиши Г. мегардад. Баъзан баромадани Г. ба суст шудани кувваи мухофизии организм (мас., хангоми диабети канди Г. зуд-зуд мебарояд) вобаста аст.
Баробари баромадани Г. ба духтур мурочиат бояд кард. Маддаи Г.-ро фишурда баровардан хатарнок аст, чунки дар ин сурат сироят тавассути рагхои хун пахн шуда, боиси оризахои ногувор – сарсом ва уфунат мегардад.
Барои пешгирии Г. бояд коидахои гигиенаи шахси чиддан риоя карда шаванд. Хангоми кор дар хавои чангу губордор айнаки мухофиз пушидан лозим. Сари вакт табобат кардани беморихо ва обутоб додани организм ба пешгирии Г. мусоидат мекунанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …