Главная / Илм / ГУЖМКАРАМ

ГУЖМКАРАМ

brassica-gemmiferaГУЖМКАРАМ (Brassica gemmifera), мугчакарам, карами брюссели, як навъ карам. Пояаш рост (дарозиаш 50 – 70 см), баргаш сабз (дарозиаш 18 – 40 см, бараш 18 – 32 см). Дар бехи пояаш то 30 – 40-то «каллакарам» (вазни умумиашон 200 – 700 г) мебандад. Бештар навъи миёнсолию дерпазаки Г. – «Геркулес 1342»-ро мепарваранд. Дар Точикистон дар хочагихои тачрибави парвариш карда мешавад. Даври нашваш 8 – 10 мох. Онро охири тирамох чамъовари мекунанд.
Дар таркиби Г. моддахои барои организм муфид бисёранд. Он хусусан аз намакхои минералии натрий (7 мг%), калий (500 мг%), калтсий (40 мг%), фосфор (110 мг%), охан (1,3 мг%), йод, аминокислотахо ва ферментхо гани аст. Г. ба микдори зиёд сафедахои зудхазм низ дорад. Дар таркиби Г. микдори витамини С нисбат ба диг. навъхои карам 3 – 5 маротиба бештар аст. Витамини С дар мавриди нигох доштани Г. нест намешавад. Г. бинобар калий, магний ва охан доштанаш барои одамони гирифтори амрози дилу рагхо муфид аст. Г. гизои пархези мебошад. Истеъмоли он барои ашхосе, ки чаррохи карда шудаанд, нафъ дорад. Бино ба баъзе маълумот Г. захмро зуд ба хам меорад ва шифо мебахшад. Оби Г. якчоя бо оби сабзи, коху ва лубиё бахри одамони гирифтори диабети канди давои хуб махсуб мешавад. Аз Г. таомхои хушлаззат мепазанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …