Главная / Илм / ГУБАЙРОИ СИЁХ

ГУБАЙРОИ СИЁХ

gubayroi-siyohГУБАЙРОИ СИЁХ (Aronia melanocarpa), бутта ё дарахтест хурд; аз 0,5 то 2 м кад мекашад. Гулаш сафед, мевааш мурудмонанд, сиёхи чилодор, нордон, хуштаъм. Аз хар бех дарахти богии 40-сола то 100 – 250 кг мева мегундоранд. Меваашро тару тоза ва хушконида истеъмол мекунанд. Мева ва оби он мушаххи (иштихоовар) аст, кори узвхои хозимаро таквият медихад. Муайян кардаанд, ки меваи тару тоза ва шираи Г. с. галаёни хунро суст мекунад. Саноати тиб аз меваи Г. с. «курси витамини» (як донааш 50 г) мебарорад, ки барои табобати галаёни хун, хунрави, махмалак, экзема, гастрит ва г. истифода мебаранд. Хосияти табобатии он асосан ба чавхари себ, пектинхо, моддахои дибогат, кислотаи аскорбинат, витамини Р, каротин, рибофлавин, кислотаи фолиеат, токоферол, манган, охан, микроэлементхо ва г. вобаста мебошад. Бо чой ва шарбате, ки аз меваи хушки Г. с. тайёр карда шудааст, бемории атеросклерозро табобат менамоянд (рузе 2 – 3 маротиба нушидан лозим). Агар 4 кошук меваи Г. с.-ро дар 0,5 л об (дар термос) андохта тамоми шаб гузоранд ва пагохи нимсоат пеш аз гизо истеъмол намоянд, фишори хунро мефарорад. Истеъмоли Г. с. дар мавриди бемории захми меъда, рудаи дувоздаха, гастрит (бо зиёдии шираи меъда), кабзият, бавосир, гафс будани хун, тромбофлебитхо зиён дорад.
Ад.: Ковалева Н.Г., Лечение растениями., М., 1972; Турова А.Д., Лекарственные растения СССР и их приминение, М., 1974; Гаммерман А.Ф., Гром И.И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Полуденный Л.В., Эфирномасличные и лекарственные растения, М., 1979; Флора Таджикской ССР, т. 6, Л., 1981; Зохидов Х., Канзи шифо, Д., 1998.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …