Главная / Илм / ГРАНУЛЁМА

ГРАНУЛЁМА

ГРАНУЛЁМА (Granuloma; аз лот. granulum – донача), манбаи илтихоб, ки ба шакли гирехчахо падид меояд. Баъзе Г.-хоро бо чашм базур дидан мумкин аст; Г.-хои дигар хеле калон (диаметрашон чанд сантиметр) мешаванд. Г.-хо дар бофтаю узвхо хангоми баъзе беморихои сирояти ва сироятию аллерги (сил, сифилис, листериоз, махав, манка, домана, тарбод ва г.), хамчунин дар атрофи чисми бегона ташаккул меёбанд. Дар китобхои тибби баъзе Г.-хо номи хос доранд, мас., Г.-и сифилис – гумма, Г.-и махав – лепрома ва г. Г.-хо баъди ба охир расидани даври инкишоф хадша (карахш) мебанданд. Зухуроти Г.-хо ба мавкеъ, микдор, хачм, инчунин дарачаи тачзия ва хадша бастани онхо вобаста аст. Мас., мавчудияти Г.-хои сершумори тарбодии миокард боиси пайдоиши кардиосклерози тарбоди ва нукси дил мешавад. Ниг. низ Илтихоб.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …