Главная / Илм / ГОВ дар Канзи Шифо (Китоб)

ГОВ дар Канзи Шифо (Китоб)

gov-660x330Мизочи гушти гов ки зиёда аз яксола гарм ва хушк аст, вале гармиаш аз гушти шутур камтар ва дар хушки аз гушти буз хушктар аст. Хислатхои шифобахши он: гушташ бадхазм, гализ ва аз хурдани он хуни гафси савдови хосил мешавад, беморихои савдови, монанди: саратон, махав, варами сипурз, филпо, даволи (гафс ва барчаста гаштани рагхои варидии пой), доги сафеди пуст, кутур, шукуфаи пуст, васвос, таби дуруздармиён ва амсоли инхоро пайдо мекунад; инчунин бардавом бихуранд, ба хамаи бугумхои бадан зарар дорад, иллати иркуннасоро (радикулитро) бадтар мекунад; хайз ва зоидани занхоро пеш аз вакт катъ мегардонад; иллати кутур ва хориши баданро ба амал меоварад; ба сабаби пайдо кардани гирех ва бухори гализи бадбуй, ки ба дил ва майна мебарояд, бадахлоки меоварад. Азбаски насоро (христианхо) хангоми хурдани гушти гов аз болояш май меошоманд, инак, онро хазм менамояд ва кувваташро низ боки медорад. Вале касе, ки майхур нест, набояд истеъмол фармояд, бояд ки гох-гох давои дафъкунандаи хилти савдо истеъмол намояд, то ки баданаш аз моддаи савдои зарарнок пок шавад.

Инчунин давохои пешоброн нанушад ва, аз ошомидани шаробхо, обхои вазнини найзор ва обхои истода худдори намояд, чун сузиш ё тафсеро дар бадани худ эхсос кунад, сирко бинушад ё хангомн пухтани гушти гов дар масолехи хурок сирко дохил намояд. Инашро хам бигуем, ки сирко ба он хамрох гашта, барои пайдо шудани хилти савдо мадад мерасонад. Таъми гушти гов лазиз мебошад, барои одамони бо мехнати чисмони ва варзиш машгулбуда, инчунин барои одамони иллати дабба (чурра) дошта мувофик ва форам аст, бадани онхоро фарбех ва кави мегардонад, сафрои ракикро (суюкро) катъ мекунад, вале бадбукунандаи хун аст. Бехтарини он гушти гусолаи фарбехи хушмизоч аст ва аз гусолаи зард бошад, боз хам хубтар аст. Бехтарин вакти хурдани гушти ин хайвон фасли бахор аст.

Бадтарини ин гушти гови пир, логар ва дардманд аст. Чун аз гушти он бо сирко шурбо пухта бихуранд, аз меъда ва чигар рехтани моддаро манъ менамояд. Равганашро батамом чудо карда, баъд гушташро бо сирко шурбо пухта бихуранд, намегузорад, ки моддахои сафрови ба меъда, чигар ва рудахо рехта шаванд ва дар бадан пахн гаштани онро монеъ мешавад; зардпарвин ва равон шудани сафроро дафъ мекунад ва исхоли сафровиро банд месозад.

Чун одамони сардмизоч ва меъдаашон заиф инро истеъмол кардани шаванд, бояд ки онро хуб мухарро бипазанд, бо сирко ё сир, асал ва дигар ширинихо, ки ба гайр аз хурмо бошанд, хамрох карда бихуранд. Аз болои гушти гов хардал (горчица) хурдан бисёр хуб аст, вале аз болои гушти гов оби хунук нушидан бадаст ва факат баъд аз холи шудани шикам мумкин аст об бинушанд. Чун гушти беравгани говро бирён кунанд, он оберо, ки дар вакти бирён шудан чудо мешавад, гирифта, нимгарм дар гуш чаконанд, кирми онро мекушад, агар ба сухтагии оташ бимоланд, намегузорад, ки обила кунад.

Зарари гушти говро мурч, дорчини, занчабил ва мухарро пухтани он ислох мекунад. Чун дар вакти путани он камтар пучоки харбузаро дар дег андозанд, мухарро ва лазиз мегардад. Зарари гушти гусоларо хаммом кардан ва риёзат ё варзиш ислох мекунад. Каллаашро пухта бихуранд, табро дафъ мекунад куввати бохро меафзояд. Чун пеш аз баромадани офтоб майнаи онро ба доги пес бимоланд, онро аз пуст пок месозад.

gov-2-300x187Мизочи шохаш дар дарачаи дувум сард ва дар севум хушк аст. Чун шохи гови нарро хушк карда, бо сухон тароша намуда, хусусан аз нугхои он ба микдори 4,5 грамм бо оби сард биёшоманд, хуни биниро манъ мекунад. Устухони биниаш ва шохи сухтаи он барои таскини дард ва чило додани дандонхо фоидабахш аст. Агар 9 грамми онро бо асал бихуранд, кирмхои кадудонаро аз шикам дафъ менамояд. Чун хар руз 2 грамм аз шохи сухтаи он бо сиканчабин (сиркоасал) биёшоманд, инак бо ин мудовамат намоянд, варами бузурги сипурзро тахлил медихад, куввати бохро бармеангезад. Агар сухтаи инро ба решхои хуранда бипошанд, намегузорад, ки онхо зиёд гарданд.

Шохи барзаговро бисузанд, чонварони газанда ва захрнок аз он чо мегурезанд. Агар аз шохи чапи он ангуштарин сохта, ба ангушти дасти чап бигузоранд, иллати саръ (припадка) ва саръи тифлонро нафъ дорад. Мизочи захраи он кариб дар дарачаи чорум гарм ва хушк аст. Хушки онро махин ос карда, чун сурма ба чашм кашанд, гули чашмро пок мегардонад. Захраи барзаговрю бо асал сиришта, чанд бор лесида бихуранд, дарди гулу, хориши бадан ва нории форси ном реши бадфиолро шифо мебахшад. Захраи навашро бо камтар асал даромехта, дар гуш чаконанд, дарди онро таскин медихад ва омадани римро аз он катъ мекунад. Аммо захраи онро бе асал истеъмол кардан дуруст нест.

Захраи онро бимоланд, хамаи захмхои баданро шифо мебахшад, ба макъад бимоланд, захмхои онро дафъ мекунад. Инчунин онро бо шири занон даромехта, дар гуш бичаконанд, рими равонро аз он катъ мегардонад, агар бо оби гандано бичаконанд, чаранги гушро дафъ месозад, инчунин хамаи садохои дар даруни гуш шунидашавандаро нест мекунад. Захраи барзаговро бо асал даромехта, бо он гаргара кунанд ё онро ба мархамхо дохил намуда гузошта банданд, реши мухликеро, ки чамра (карбункул) ном дорад, шифо мебахшад ва намегузорад, ки вай бикафад.

Чун худашро танхо ба чойи газидаи чонварони захрнок бимоланд, дардашро таскин медихад ва зарарашро дафъ мекунад. Баъзе одамон микдори ним грамми онро хангоми захролуд шуданашон бо шилми мисвок ва асал меошоманд. Онро бо асал даромехта бимоланд, захмхои хабисаро (радии бадфиолро) шифо мебахшад, дардашро хам таскин медихад; инчунин захм ва дарди фарч, закар ва пусти хояхоро дафъ мекунад ва варами он узвхоро тахлил медихад.

Агар захраи барзаговро бо натрун (танакори сурх) ва куфтаи булури бур хамир карда, ба доги пес, кутури тар, сабусаки сар, доги кунчидак ва догхои дигари пуст гузошта банданд, хамаашро дафъ мекунад — сихат мебахшад. Захраи барзаговро бо кивоми чадвор даромехта, пахта ва ё латтаи покизаро ба он олонда, занхо аз таг бардоранд, хайзи бастаро равон мекунад ва бачадонро аз моддахои бегона пок мегардонад.

Захраи барзаговро дар аввали бахор ба танаи дарахти меваги бимоланд, самари онро кирм намехурад ва ба он кирм намеафтад. Мизочи хуни барзагов бисёр гарм ва хушк аст. Агар инро бо орди чав хамир карда, ба варамхои сахт гузошта банданд, онхоро ба ислох меоварад. Ва агар хуни онро бо хуни хайз даромехта бимоланд, дарди никрис (подаграро), инчунин дарди бугумхоро таскин медихад. Хуни барзаговро хангоми гулу буридан дархол 6 грамм бихуранд, гулуро хафа карда мекушад.

Пешоби барзаговро бимоланд, доги кунчидакро аз рухсора дафъ менамояд ва агар инро бо сирко даромехта, ба дандон бимоланд ё бо он даханро чайконанд, дарди дандонро таскин едихад. Пешоби барзаговро бо испанд якчо бичушонанд ва баъд бо он моеи хосилшуда узви карахтро бишуянд, ба хис меоварад — шифо мебахшад.

Чун тухми арпабодиёнро як шабонаруз дар пешоби гусола тар карда, баъд бароварда хушконида, махин бикубанду хар руз мувофики бардошти табъ тановул намоянд, истиско (водянкаро) шифо мебахшад. Закари хушккардаи гусоларо куфта ё бо сухон тароша карда бихуранд, бохро кави мегардонад ва олати мардиро ба харакат меоварад. Хояи барзаговро хушконида, баъд бо сухон тароша кардаи он ва ё равгани онро бихуранд, барои сурфа, сусти ва захмхои касабаи шуш, захмхои меъда ва сустии он, инчунин барои сузиши пешоб (сузок) давои ачоибест. Равгани барзаговро ба ханозер, реш ва чарохатхо бимоланд, фоида дорад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …