Главная / Илм / ГЛЮКОНАТИ КАЛТСИЙ

ГЛЮКОНАТИ КАЛТСИЙ

calsiy-glukonatГЛЮКОНАТИ КАЛТСИЙ (Calcium gluconate), як навъ дору; дар шакли махлул ва курс истехсол мешавад. Г. к.-ро барои муоличаи норасоии калтсий, гипопаратиреоз, ихтилоли витамини D (рахит, спазмофилия, остеомалятсия, гиперфосфатемия, хуншорихои сабабашон гуногун, беморихои аллерги (саглес, хориш, дерматозхои хоришнок, варами ангионеврози), зики нафас, сили шуш, эклампсия, захролудии чигар, нефритхо ва г. истифода мебаранд. Кабзият, ангезиши луобпардаи рохи меъдаю руда, дилбехузури, кай, исхол, брадикардия, эхсоси тасф, паст шудани фишори шараён, аритмия, бехуши ва г. таъсироти номатлуби Г. к. махсуб мешаванд.
Курс (таблетка)-и Г. к.-ро пеш аз хурок истеъмол мекунанд: калонсолон 1 – 3 г, кудакони то 1-сола 0,5 г, аз 2 то 4-сола – 1 г, аз 5 то 6-сола – 1 – 1,5 г, аз 7 то 8-сола – 1,5 – 2 г, аз 10 то 14-сола – 2 – 3 г рузе 2 – 3 маротиба. Махлули 10%-аи онро ба калонсолон рузе 5 – 10 мл тазрик мекунанд (ба мушак ё вена); барои кудакон (вобаста ба синну сол) баъди хар 2 – 3 руз аз 1 то 5 мл махлули 10 фоиза истифода мешавад (ба вена). Ампулаи Г. к.-ро пеш аз истифода гарм (баробари харорати бадан) мекунанд. Г. к.-ро ба мушаки кудакон фиристодан тавсия намешавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …