Главная / Илм / ГЛАУКОМА

ГЛАУКОМА

glaucomaГЛАУКОМА (Glaucoma; аз юн. glaukos – сабзи нилгун), бемории музмини чашм. Нишонаи асосии Г. баланд шудани фишори дохили чашм мебошад. Баъзе бофтахои чашм (зучочия ва карния) дар натичаи давр задани моеъи даруни чашм (дар таркибаш моддахои гизои дорад) гизо мегиранд. Моеъи ба тозаги хосил ва ба гузаи чашм воридгашта бо моеъе, ки аз дохили чашм мебарояд, микдоран баробар мебошад. Аз ин сабаб фишори дохили чашм доимо як хел аст (ниг. Чашм). Бо сабабхои гуногун (бештар аз иллати рагу асабхо) гардиши моеъи чашм ихтилол ёфта, боиси гун шудани он дар дохили чашм ва баланд гаштани фишори даруни он мегардад. Аз устувор баланд шудани фишори дохили чашм фаъолияти босира халал ёфта, иллатхои зерин ба вучуд меоянд: махви нуги торхои асаби шабакия; пурра тагйир ёфтани асаби босира; бад шудани биниш ва хатто нобинои. Г. аксаран дар синни балогат ва миёнсоли, баъди 45 – 55-солаги инкишоф меёбад; баъзе кудакон ва чавонон хам Г. мешаванд. Ба назар намудани доирахои рангин дар гирди чароги фурузон аввалин нишонаи инкишофи Г. аст. Чизхои пеши назар хира метобанд. Ин нокисихо, одатан, аввал дар як чашм ба вучуд меоянд. Баъзан (бештар пагохи) ба муддати 1 – 3 соат фишурда шудани атрофи чакка, пешони ва худи чашм хис карда мешавад. Хангоми зухури чунин аломат ба духтур мурочиат кардан зарур аст.
Фишори дохили чашм муътадил (на бештар аз 27 мм сут. симоби), андаке баланд (28 – 32 мм сут. симоби) ва баланд (зиёда аз 32 мм сут. симоби) мешавад. Хамчунин холати хуручи шадиди бемориро низ фарк мекунанд, ки дар мавриди он фишори дохили чашм ба 50 мм сут. симоби мерасад. Хангоми 27 – 28 мм сут. симоби баланд шудани фишори дохили чашм муоинаи пурраи офталмологи зарур аст.
Г. баъзан ногахон бо хуручи шадид огоз меёбад. Дар ин асно чашм ва сар сахт дард мекунад, чашм сурх шуда, пилкхо варам менамоянд, кувваи босира суст мегардад. Баъзан ахволи бемор бад, дил бехузур, харорати бадан баланд мешавад, у кай мекунад.
Табобати Г. дар давраи аввали ташаккули он натичаи хуб медихад. Табобат аз усулхои гуногуни таъсир ба чашми бемор, хамчунин ба тамоми организм иборат аст. Баъди муоинаи амик ба хар бемор табобати алохида мукаррар мекунанд. Агар зарур бошад, уро барои муоина ба беморхона мехобонанд. Барои табобати босамараи Г. режими дуруст лозим аст. Бемор бояд хар шаб 7 – 8 соат хоб равад. Пеш аз хоб истеъмоли хурок мумкин нест, хавои хона бояд тоза бошад, сайру гашт дар хавои тоза муфид аст. Бемор бояд ба болишти баланд хобад, дар акси хол хуну моеъи чашм шах ва фишори дохили он баланд мегардад. Хар пагох варзиши сабук кардан лозим. Ба шахсони мехнаташон фикри зарур аст, ки дар давоми руз ягон кори чисмони намоянд, дар хавои тоза сайру гашт кунанд. Шахсони гирифтори Г. набояд сахт хаму рост шаванд; ба онхо шустани фарши хона, хишоваи полиз, чомашуи, шикастани хезум, навохтани асбобхои нафаси, бардоштани бори вазнин ва г. мумкин нест (ин хама фишори дохили чашмро баланд мекунанд). Ба ин кабил беморон аз хад зиёд гарм нигох доштани сар норавост. Ба онхо хаммоми гарм, дар назди печка нишастан, сари луч зери офтоб гаштан ва ваннахои офтоби чоиз нест. Факат дар хонаи равшан хондану навиштан, расм кашидан, духтан мумкин аст. Торики фишори дохили чашмро баланд мекунад. Аз ин ру ба беморони Г. пушидани айнаки сиёх, нишастан дар хонаи торик ва дар вакти хоб пушидани пардаи тирезахо мумкин нест. Хангоми тамошои телевизор хона бояд каме равшан бошад. Ба ин кабил беморон айнаки сабзи равшан муфид аст (ранги сабз фишори дохили чашмро кадре паст мекунад). Онхо худро бояд аз гаму андух ва хаячон дур гиранд. Хешу табор ва атрофиён барои бемор бояд осудахоли мухайё намоянд.
Ба беморони гирифтори Г. кабули дорухои атропиндор (фишори дохили чашмро баланд карда, хатто Г.-ро сахт ба хуруч оварданаш мумкин) манъ аст. Беморон дар вакти ба диг. духтурон мурочиат кардан, бояд гирифтори Г. буданашонро маълум намоянд.
Дар аснои Г. тагзияи мураттаб ахамияти калон дорад. Хурокро рузе 4 – 5 маротиба дар вакти муайян хурдан лозим аст; хуроки шомро ду соат пеш аз хоб бояд хурд. Хурдани гизохои дуддода, шур ва тунду тез чоиз нест. Хуроки аз равгани растани тахияшуда бехтар аст; гушту мохии беравган (гушти гов, мург, шуртан, капур, суфмохи, равганмохи, симмохи)-ро бояд дар об пухта истеъмол намуд. Шир, чургот, творог, сабзавоту мева нафъ дорад. Истеъмоли шурбои аз сабзавот, тахияшуда ва хафтае 2 – 3 бор истеъмол кардани шурбои гуштин ё занбуруги тавсия мешавад. Бемор бояд дар як шаборуз аз 5 – 6 истакон зиёд моеъ (об, чой, шурбо) нанушад; дар як дафъа аз як истакон зиёд истеъмол кардани чой зарар дорад. Нушидани чойи талх, кахва, нушокихои спиртдор, кашидани тамоку манъ аст. Хангоми кабзият дорухои мусхил истеъмол кардан лозим.
Г.-ро бо дору факат духтур (офталмолог) табобат мекунад. Дар вакти хуручи шадиди Г. ёрии таъчилии тибби зарур аст. Агар дар мавриди муоинаи махсус ба Г. гирифтор будани бемор муайян карда шавад, пас то омадани духтур баъди хар 15 – 20 дак. (дар муддати як соат), сипас баъди хар соат ба чашми у пилокарпин чакконида, дар як вакт доруи мусхил (1 кошук сулфати магний ба ним истакон об) медиханд; пояшро ба ваннаи гарм (20 – 30 дак.) гутонида, баъди он мехобонанд, ба пой гармкунак, ба гардану пушти сар хардалкогаз мегузоранд; хангоми дарди сахти чашм 0,5 г амидопирин ё аналгин медиханд. Агар аз таъсири дору фишори дохили чашм паст нашавад ё нокифоя паст шавад, пас чаррохи ногузир аст.
Пешгири. Хар як шахси синнаш аз 40 боло хар сол акаллан як маротиба (аломатхои касалии чашм надошта бошад хам) бояд ба духтури чашм мурочиат намояд. Муоинаи пешаки имкон медихад, ки бемори саривакт ошкор карда шавад. Агар беморон аз дорухои танзимгари фишори даруни чашм истифода баранд, инкишофи Г.-ро пешгири хохад кард.
Ад: Офтальмология, М. 2005.

З.Д. Ахророва.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …