Главная / Илм / ГИСТОПЛАЗМОЗ

ГИСТОПЛАЗМОЗ

gistoplazmozГИСТОПЛАЗМОЗ, бемории Дарлинг, ситомикози Дарлинг, микози амик; аксар боиси иллати шуш ва узвхои дигар мегардад. Ангезандаи Г. занбуруги Histoplusma capsulatum мебошад. Дар хоки нам ва об то 6 хафта махфуз мемонад. Одам дар натичаи ба рохи нафас афтодани спорахои занбуруг сироят меёбад. Холатхои аз одам ба одам сироят намудани ангезаи Г. ба кайд гирифта нашудаанд.
Давраи нихонии бемори 7 – 14 руз аст. Г. чанд навъ дорад, вале бештар Г.-и шадиди шуш дучор меояд. Бемори 2 – 3 хафта давом мекунад. Хангоми вазнин будани чараёни маризи харор. бадан то 40 – 41°С баланд шуда, бемор табларза ва мушаку устухонхо дард мекунанд. Дарди сандуки сина, сурфа, баъзан дарди шикам, дилбехузури, кай, исхол низ ба вучуд меояд. Бемори то 1 сол давом меёбад.
Г.-ро бо дорухои аэрозоли табобат менамоянд. Хангоми Г.-и шадиди шуш фарчоми бемори хуб аст; дар мавриди Г.-и музмини шуш окибати маризи чидди мебошад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …