Главная / Илм / ГИРУДИНОЗ

ГИРУДИНОЗ

gurudinozГИРУДИНОЗ (Hirudiniasis; аз лот. hirudo, hirudinis – шуллук), беморие, ки бинобар ба пуст ё чавфи гуногуни организм (мас., рохи нафас, рохи меъдаю рудахо) часпидани шуллук ба вучуд меояд. Шуллук ба организми одам хангоми ошомидани оби хавзу кулхо, чуйбор, оббози кардан ё пои барахна гаштан дар шибарзаминхо рох меёбад. Шуллук гирудин (антикоагулянти таъсираш сахт) ва моддаи шабехи гистамин (мурагхоро васеъ месозад) ихроч мекунад. Сабаби хуншор шудани чои часпидаи шуллук низ дар хамин аст. Г. бо хунрави, камхуни, сардард ва аломатхои дигар падид меояд. Хусусан, ба роги садобаро ё девораи трахея часпидани шуллук хавфнок буда, он метавонад боиси асфиксия гардад.
Бо максади муоличаи Г. шуллукро бадар овардан лозим аст. Аз сатхи пуст онро бо пахтае, ки дар махлули йод ё спирт тар карда шудааст, чудо карда мегиранд; онро бо алангаи гугирдчуб сузондан хам мумкин аст. Барои аз чойхои ба чашм намоёни луобпарда гирифтани шуллук намакобро кор мефармоянд. Холатхои бо чаррохи берун овардани шуллук низ мавчуданд (мас., аз бини, гулу, ханчара ва г.).
Бахри пешгирии Г. оби кулу хавзхоро эхтиёткорона нушидан лозим аст. Хангоми кор дар шибарзамин музаи резини мепушанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …