Главная / Илм / ГИПОТОНИЯ

ГИПОТОНИЯ

gipotoniyaГИПОТОНИЯ (Hypotonia; аз гипо… ва юн. tonos – шиддат), паст будани шиддати мушакхои суфта ва скелети, ки бо костагии муковимати онхо нисбати ёзидан ва ихтилоли фаъолияти узвхо падид меояд. Паст гаштани тонуси мушакхои узвхои тихии рохи меъдаю рудахо боиси ёзидани девора ва халал ёфтани фаъолияти онхо мешавад. Мас., хангоми Г.-и мушакхои сурхруда фуру додани лукмаи дурушт душвор аст, хол он ки гизои обаки нагз мегузарад; дар сурати Г.-и мушакхои меъда хачми он калон шуда, халта мезанад (гастроптоз); Г.-и мушакхои рудаи гафс метавонад сабаби кабзият гардад. Дар натичаи Г. рагхои хун васеъ шуда, гиперемияи чузъии пуст ба вучуд меояд. Г.-и мушакхои скелет аломати бисёр беморихои худи онхо мебошад.
Дар амалияи табобату ташхис бо ёрии дору Г.-и сунъии мушакхои скелет, мушакхои суфтаи узвхои холи ба вучуд оварда мешавад, ки манзур аз он, мас., тадкики амики рудаи дувоздахангушта дар шароити гипотонияи он аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …