Главная / Илм / ГИПОГОНАДИЗМ

ГИПОГОНАДИЗМ

gipogonadizmГИПОГОНАДИЗМ (Hypogonadismus; аз гипо…, лот. gonas, gonadis – гадуди чинси), гипогенитализм, холати маризие, ки дар натичаи нукси фаъолияти гадудхои чинси ва кам шудани тарашшухи усораи гормонхои таносул ба вучуд меояд. Хангоми Г. узвхои таносул аз инкишоф монда, аломатхои чинсии дуюмин дуруст падид намеоянд. Г. якумин ва дуюмин мешавад.
Г.-и якумин бинобар осеби гонадахо, баъди кастратсия хангоми омоси гадудхои чинси, дар мардхо дар аснои крипторхизм инкишоф меёбад.
Г.-и дуюмин дар натичаи ангезиши нокифояи гадудхои чинси аз чониби гормонхои гонадотропии гипофиз пайдо мешавад. Дар занхо яке аз сабабхои асосии суст гаштани махсули гормонхои мазкур некрози гипофиз баъди хуншории бисёр хангоми таваллуд аст. Г.-и дуюмин факат дар давраи балогат ё баъди он ошкор карда мешавад. Он метавонад хангоми акромегалия, нанизм ва диг. беморихо падид ояд.
Дар одамони гирифтори Г. бисёр вакт ихтилоли мубодилаи сафедаю равган (фарбехи), кахексия, нукси дил ва устухону пайвандгоххо ба мушохида мерасад. Г.-и якумин, ки дар давраи туфулият инкишоф ёфтааст, боиси инфантилизм мешавад; дар натичаи Г.-и дуюмин холати рухии бемор тагйир меёбад.
Г.-ро дар асоси нишонахои узвхои таносул ва аломатхои чинсии дуюмин ташхис мекунанд. Г.-и якумин бо гормонхои чинси табобат карда мешавад. Хангоми Г.-и дуюмин ба организми бемор гонадотропин (баъзан якчоя бо гормонхои чинси) фиристода мешавад. Дору ва вояи онро ба таври фарди интихоб мекунанд. Хангоми муоличаи Г.-и бачагон бемории крипторхизмро низ табобат (бо дору ё чаррохи) кардан лозим аст.
Табобати мунтазам боиси пайдоиши аломатхои дуюмини чинси мешавад; дар занхо хайз ва дар мардхо хисси шахвони ба вучуд меояд.
Муоличаро, одатан, дар клиникахои махсус огоз карда, сипас дар амбулатория зери назорати эндокринолог, уролог, гинеколог идома медиханд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …