Главная / Илм / ГИПОГАЛАКТИЯ

ГИПОГАЛАКТИЯ

ГИПОГАЛАКТИЯ (Hypogalactia; аз гипо … ва юн. gala, galaktos – шир), кам шир хосил кардани гадуди шир. Г. дар натичаи ихтилоли фаъолияти гадудхои эндокрини (махсусан суст гаштани тарашшухи пролактин – гормони кисми пеши гипофиз) инкишоф меёбад. Захролудии бардавоми организми зан бо алкогол, тамоку (никотин), беморихои давомнок (сил, камвитамини), камхуни, зарбаи рухи, хунравии зиёд хангоми таваллуд ва г. ба пайдоиши Г. мусоидат мекунанд. Г.-е, ки фавран баъди таваллуд зохир мегардад, Г.-и якумин ва Г.-е, ки дар натичаи риоя накардани тартиби истеъмоли гизо, хоб ва макондани кудак, инчунин истифодаи антибиотикхо ва дорухои гормони (экстрогенхо) авч мегирад, Г.-и дуюмин номида мешавад.
Бо максади муоличаи Г. аз ангезандахои ширафзо, витаминхо ва дорухои кувватбахш истифода мекунанд.
Бахри пешгирии Г. пистонхоро рузе 4 – 5 маротиба масх кардан лозим аст; баъди таваллуд пас аз 6 – 12 соат кудакро сина мемаконанд. Синаро дар вактхои муайян бояд маконд (кудак дар 15 – 20 дак. аз шир сер мешавад). Баъди хар дафъаи сер гаштани кудак шири бокимондаро душидан лозим аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …