Главная / Илм / ГИПЕРТЕНЗИЯИ ЧУМЧУМАВи

ГИПЕРТЕНЗИЯИ ЧУМЧУМАВи

gipertenziya-goloviГИПЕРТЕНЗИЯИ ЧУМЧУМАВи, баланд шудани фишори дохили косахонаи сар (чумчума). Г. ч. дар натичаи омос, думбал, хуномоси магзи сар, гидросефалия, варами майна рух менамояд. Дард кардани сар (хусусан пагохирузи, баъди аз хоб хестан), ки бо дилбехузури ва кай сурат мегирад, аломати Г. ч. аст. Хангоми халал ёфтани ихрочи моеъи дохили хароммагз, хусусан дар мавриди руст будани рохи он дар чукурчаи паси косахонаи сар, бемор дар баробари сардард ва кай мачбур мешавад, ки сарашро ба пеш ё кафо хам карда истад; набз суст шуда, нафаскаши душвор мегардад, фишори шараён ноустувор аст. Нишонаи мухими Г. ч варамидани каъри чашм ва тагйироти гипертензияви дар рентгенограммахои чумчума мебошанд.
Дар сурати гумон бурдан аз Г. ч., хусусан хангоми мушохида шудани варами каъри чашм, беморро бетаъхир ба назди духтури асабшинос ё чаррохи асаб фиристодан лозим аст. Ташхиси моеъи хароммагз бояд факат дар беморхона гузаронида шавад.
Фарчоми бемори ба сабабе, ки онро ба вучуд овардааст, вобастаги дорад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …