Главная / Илм / ГИМНАСТИКАИ КОРГОХи

ГИМНАСТИКАИ КОРГОХи

gimnastikaГИМНАСТИКАИ КОРГОХи, мачмуи машкхои чисмони, ки барои бехтар намудани фаъолияти организм, нигох доштани кобилияти хуби кори, вазъи саломатии коргарон ва донишчуён ба тартиби рузи кор дохил карда мешавад. Г. к. амрозеро, ки ба онхо шароити мехнат сабаб мешаванд, пешгири мекунад. Ба туфайли пешрафти илму техника, автоматони ва механиконии истехсолот мехнати одамон сабук шудааст. Дар айни замон касбу корхое низ мавчуданд, ки хангоми ичрои онхо шиддати рухию асаби афзуда, диккат, кувваи босира ва хофизаи хуб зарур аст. Одатан, ин гуна касбу кор харакати одамро махдуд месозад (кормандони компютер, рузноманигорон, операторхо, мусаххехон, ронандахо ва г.).
Хангоми дар як чо бисёр нишастан ва кам харакат кардан, мубодилаи моддахо ва харакати хун суст шуда, дар узвхои коси хурд ва андомхои поён хун чамъ мешавад, мушакхо заиф мегарданд, сабзиши каду комат халал меёбад. Одамоне, ки касбашон ба камхаракати вобаста аст, зуд-зуд ба дарди сар, беморихои силсилаи дилу рагхо, ихтилоли мубодилаи моддахо ва г. гирифтор мешаванд. Дар ин гуна мавридхо Г. к. норасоии харакатро талофи мекунад. Хангоми кори вазнини чисмони Г. к. таъсири ногувори якхеларо ба мушакхо рафъ сохта, мушакхои бекорро ба харакат медарорад, тарзи фаъолияти мушакхои дар харакат бударо тагйир медихад.
Мачмуи машкхои Г. к., хамчунин вакт ва тарзи гузаронидани онро мувофики хусусияти кор, омодагии чисмонии кормандон (донишчуён), тагйири вазъи функсионалии организм дар давоми рузи кор ва шароити санитарию гигиении мехнат (тахсил) интихоб мекунанд.
Мачмуи намунавии машкхо мувофики 4 навъи мехнат, ки аз руи дарачаи харакати мушакхо ва шиддати рухи фарк доранд, чунин мебошанд: 1) барои касбу коре, ки бо мехнати зиёди чисмони вобаста аст; 2) барои касбе, ки хам мехнати фикри ва хам мехнати чисмони баробар сарф мешавад, яъне кори сабук; 3) барои коре, ки шиддати зиёди рухи ва сарфи ками кувваи чисмониро талаб карда, асосан дар холати нишаст ичро мешавад; 4) барои касбу коре, ки бо мехнати фикри вобаста аст. Чунин мачмуи махсуси машкхо барои кормандоне низ тартиб дода шудааст, ки рост истода кор мекунанд.
Дар ибтидои руз кобилияти кории одам суст буда, барои он ки организм пурра ба мехнат омода шавад, вакти муайян лозим аст. Машкхои чисмонии гимнастикаи мукаддимави ба суръати дуруст касб кардани фаъолияти мехнати (тахсил), кобилияти баланд ва кавии кор мусоидат намуда, ба хастагии бармахали одам рох намедиханд. Гимнастикаи мукаддимавиро 10 дак. пеш аз огози кор (дарс) ба муддати 5 – 7 дак. мегузаронанд. Барои ин мачмуи махсуси варзишро мувофики харакатхои зарури, суръат ва диг. хусусиятхои кор интихоб мекунанд.
Танаффуси гимнастики дар давоми рузи кор ё тахсил шакли истирохати фаъол мебошад. Он хастагии организмро рафъ намуда, кобилияти баланди кориро нигох медорад. Аз чанд машк иборат аст ва 5 – 6 дак. давом мекунад. Вакти дар давоми руз гузаронидани танаффуси гимнастикиро мувофики хусусияти кор – дарачаи тахмили чисмони, шиддати асабию рухи, фаро расидани хастаги ва г. муайян менамоянд. Барои корхое, ки ичрои онхо чолоки, дакики ва бодиккатиро такозо доранд (мас., операторон), дар давоми руз 1 – 3 маротиба бо усули гурухи танаффуси гимнастики мегузаронанд. Барои кормандоне, ки ба мехнати фикри, инчунин ба мехнати сабук машгуланд, аз чумла барои коргароне, ки асосан рост истода кор мекунанд, 2 – 3 дак. танаффуси гимнастики тавсия мешавад.
Мачмуи машкхои чисмониро хар сари чанд вакт бо машкхои нав, ки ба организм таъсири мушобех мерасонанд (такр. дар 10 – 14 руз як маротиба), иваз намудан хело муфид аст. Вакти гузаронидани Г. к.-ро мувофики тартиби рузи кор муайян мекунанд. Дар нимаи аввали рузи кор, такрибан баъд аз гузаштани се соати он, танаффуси гимнастики гузаронидан зарур мебошад. Онро дар нимаи дуюми руз низ гузаронидан мумкин аст. Агар шароит бошад, Г. к.-ро бевосита дар коргох ва бо мусики ба чо овардан манфиат дорад. Пеш аз Г. к. хонаро шамол медиханд. Доимо дар хавои тоза ичро кардани Г. к. органимзро ба таъсири сарди тобовар мегардонад. Г. к.-е, ки бо радио интишор мешавад, барои одамони корашон камхаракат пешбини шудааст. Азбаски огози рузи кори одамон гуногун аст, мачмуи машкхоро сабт намуда, дар вакти ба коргарон мувофик шунавонидан мумкин аст. Танаффуси нисфирузиро барои Г. к. истифода намебаранд. Дар биное, ки харораташ аз 250С баланд ва нами аз 70 фоиз зиёд аст, гузаронидани варзиш чоиз нест. Ниг. низ Гимнастика.

Е.Г. Алиева.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …