Главная / Илм / ГИЁХХОРи

ГИЁХХОРи

vegetarismusГИЁХХОРи (Vegetarismus), вегетарианият, яке аз тарзхои гизогири. Дар мавриди Г. истеъмоли хурокхои гушти истисно ё хеле махдуд карда мешавад. Г. аз замонхои кадим маълум аст. Принсипхои Г.-ро дар асоси ахкоми дин доираи васеи ахоли тули хазорхо сол дастгири мекард. Г. нимаи дуюми а. 19, баъди дар як катор мамлакатхо барпо шудани Чамъияти гиёххорон маъмул гардид (онхо таргиб мекарданд, ки хуроки табиии одам факат махсулоти наботи аст). Баъзе гиёххорон хатто аз истифодаи пуст ва муинаи хайвонот даст мекашанд; барои онхо хамчунин кор фармудани маводе, ки дар таркиб унсурхои аз хайвонот гирифта доранд (мас., глитсерин, желатина), чоиз нест.
Гиёххорон ба чанд гурух таксим мешаванд. Ашадитарини онхо истеъмоли хар навъ гушт, инчунин шир, тухм ва равгани хайвонотро манъ мекунанд (гиёххорони «кухна»). Гиёххорони «нав» аз хурдани махсулоти гуштин пархез намуда, шир, тухм ва маскаро истеъмол мекунанд.
Ба акидаи гиёххорон гушт боиси дар организм хосил шудани моддахои захрнок гашта, хучайрахоро нобуд, организмро бо дажгол ифлос, умрро кутох ва одамро тундмизоч мегардонад. Духтурон бошанд, манбаи сафедахои зудхазм будани гуштро талкин мекунанд.
Бино ба тавсияхои илми тагзия воя (ратсион)-и хуроки одам бояд омехта бошад, яъне он хам махсулоти наботи ва хам хайвониро дарбар гирад. Гуногунии хурок ба мувозанаи гизо кумак мерасонад. Чунин акидаи гиёххорон хатост, ки гуё хама гуна хуроквори, хусусан гизои хом, метавонад манбаи сафеда бошад. Ферментхои хозима ба сафедаи бисёр махсулоти наботии хом таъсир намекунанд, бинобар ин онхо ба душвори хазм мешаванд. Аксар сафедахои хом бошанд (мас., сафедаи гандум, биринч ва г.) пурра хазм намегарданд. Гиёххорон бархак меваю сабзавотро манбаи мухими витамин, кислотахои органики ва моддахои минерали мехисобанд. Хангоми пухтупаз ва дуру дароз нигох доштани меваю сабзавот, микдори витаминхо кам мешавад. Аз ин ру тавсияи гиёххорон оиди тару тоза истеъмол кардани онхо окилона аст.
Сафедахои махсулоти гушти нисбат ба сафедахои наботи бартари доранд. Ба вучуди ин исбот шудааст, ки вояи мураттаби хурокро бе гушт (аз хисоби махсулоти наботи, шир ва тухм) тахия кардан мумкин аст. Онро бисёр вакт бо максади гизои муоличави (мас., хангоми никрис) кор мефармоянд. Г.-и кутохмуддат барои баъзе беморихои дилу раг нофеъ аст.
Саноати хуроквории баъзе мамлакатхо аз махсулоти наботи «гушт»-хои махсус тайёр мекунад. Мас., дар ИМА аз «гушти соя» консерв истехсол карда мешавад. Алхол олимон кушиш доранд, ки аз сафедахои растани, обсабз ва организмхои якхучайра низ «гушт» тайёр кунанд. Камбудии «гушт» – и наботи дар камлаззати ва пастии кимати биологии он аст.
Хар сол 1 октябр хамчун Рузи байналхалкии гиёххорон кайд карда мешавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …