Главная / Илм / ГИДРОСЕФАЛИЯ

ГИДРОСЕФАЛИЯ

gidrocefalijaГИДРОСЕФАЛИЯ (Hydrocephalia; аз юн. hydor – об ва kephale – сар), обварами майна, барзиёд гун шудани моеъи хароммагз (ликвор) дар меъдачахои магзи сар ва фазои зери парда; бо нишонахои баланд шудани фишори дохили чумчума падид меояд.
Г. модарзоди ва гайримодарзоди мешавад. Сабаби Г.-и гайримодарзоди илтихоби парда ва магзи сар, осеби косахонаю майна, омосхо ва беморихои ангали (паразити)-и магзи сар мебошанд. Г.-и модарзоди дар натичаи сирояти дохилибатни ва нукси инкишофи силсилаи асабхо рух менамояд. Сари чунин кудакон курашакл ва калон (даври он то 50 – 70 см мешавад) аст; дар натичаи авч гирифтани истиско (обварам) сар аз будаш хам калонтар мешавад. Пешони барчаста ва пайвандгохи устухони фарки сар (ташнак) калон мебошад; набз эхсос намешавад. Устухони косахонаи сар тунук, дарзхои он аз хамдигар дуранд. Кудак аз сабзиш монда, хеле дер рохгардон мешавад; дасту по ва неруи босираи у заиф аст.
Г.-ро дар беморхона табобат мекунанд. Дар мавриди хуручи бемори аз дорухое, ки фишори косахонаи сарро паст менамоянд, истифода бурда мешавад. Хусусан ба табобати бемории асоси, ки сабаби Г. шудааст, эътибори чидди дода мешавад. Назорати мувозанати электролитии хун ва пешоб, диурез, фишори вена ва артерия хатмист. Дар баробари истифодаи дору бо рохи пунксияи ташнаки калон моеъи хароммагзро кашида мегиранд.
Дар сурати натичаи дилхох надодани дорушифои ба амалиёти чаррохи даст мезананд. Максади чаррохи хорич сохтани моеъи хароммагз ё бартараф намудани сабабхои ихтилоли гардиши он мебошад.
Хангоми дуруст ва сари вакт муолича кардан, инкишофи бемориро метавон пешгири намуд. Бисёр кудаконе, ки муолича карда намешаванд, дар хурди мефавтанд ё сахт маъюб мегарданд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …