Главная / Илм / ГЕРОИН

ГЕРОИН

HEALTH Drugs 1ГЕРОИН, диатсетилморфин, маводи мухаддир, хокаи сафеди кристалли. Ох. а. 19 – авв. а. 20 чун дору истифода мешуд. Диатсетилморфинро с. 1874 химики англис А. Райт хосил кардааст. Ба сифати доруи сурфа с. 1898 аз чониби химики немис пешниход гашт (бо тамгаи тичоратии «героин» истехсол мешуд). Онро асосан чун доруи рафъи сурфа ба ивази морфин кор мефармуданд.
Дар муддати чандин солхо духтурон хавфнок будани истифодаи Г.-ро пай набурданд. С. 1924 дар ИМА истифодаи Г. бо кадом максаде, ки набошад, манъ карда шуд. То с. 1971 дар Чумхурии Федеративии Германия Г. дар дорухонахо ба фуруш бароварда мешуд. Имруз Г. дар ягон давлати чахон чун дору истехсол ва фурухта намешавад.
Истифодаи Г. барои хаёти одам хавфи калон дорад. Он тамоми узву бофтахоро захролуд сохта, боиси сар задани аксуламалхои аллерги, шоки анафилакси ва варами Квинке мегардад. Дар мавриди ба вена фиристодани Г. беморихои флебит ва эндокардит рух намуда, клапанхои дил осеб меёбанд. Дар чахон хар сол миллионхо нафар одамон бинобар истифодаи Г. мефавтанд. Ниг. низ Нашъаманди.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …