Главная / Илм / ГЕРИАТРИЯ

ГЕРИАТРИЯ

geriatriyaГЕРИАТРИЯ (Geriatria; аз юн. geron – пир ва iatreia – муолича), як фасли геронтология. Г. масъалаи кумаки тибби ба пиронсолон, хусусиятхои беморихои пири, табобат ва пешгирии онхоро тадкик менамояд. Бисёр масъалахои Г. ба табибони кадим низ маълум буданд. Як бахши махсуси «Ал-Конун»-и Абуалии Сино ба тадбири пирон бахшида шудааст. Бахши мазкур аз фаслхои гизои пирон, шароби пирон, кушодани суддахои пирон, масхи пирон, варзиши пирон иборат мебошад. Мас., дар фасли гизои пирон омадааст, ки «Гизои пирро бояд ба бахшхои кам – кам чудо намуд ва онро ба хасби кувваи гувориш ва нотавонии он ду ё се бор дод. Бояд соати се нони хуб сохташуда бо ангубин бихуранд ва соати хафт пас аз гармоба чизе бихуранд, ки шикамро нарм созад… Бояд аз хурдани гизои ситабре, ки савдо ва ё балгам бизояд ва аз хар чизи гарми тези хушкифизо, аз кабили комахо ва дегафзорхо пархез кунад, магар ба тарики доруги истифода барад… Пиронро бо равган, хусусан бо равгани зайтуни хуш хукнарези кардан судманд аст, чаро ки бар асари он изофа ба истифрог андомхои даруни нарм хохад шуд …».
Дар ашхоси аз 75 – 80-сола боло бинобар тагйироти синнусоли ва патологи баъзе узву системахо заиф мешаванд. Дар натича бисёр беморихои пиронсолон ба таври номахсус чараён мегиранд. Тагйироти синнусоли кабл аз хама дар магзи сар, системаи дилу рагхо, роххои пешобгузар ва дастгохи такяву харакат ба вучуд меоянд. Аз ин лихоз тира шудани акл, депрессия, чакмезаки, гохо бехуши нишонахои бисёр амрозе мебошанд, ки дар давраи пиронсоли ба мушохида мерасанд.
Кобилияти чубронсозии организми ашхоси солхурда хеле суст аст. Бинобар ин аломатхои бисёр беморихо дар одамони пиронсол нисбат ба чавонон дар даврахои аввали маризи ба мушохида мерасанд. Дар онхо хатто мумкин аст тиреотоксикози сабук хам боиси иллати дил ва андаке калон шудани гадуди простата мучиби наомадани пешоб гардад.
Одамони пиронсол бисёр вакт ба саломатии худ эътибор намедиханд. Онхо бемори ё ягон иллати дигарро нишонаи пири дониста аз паи дармон намешаванд. Дар синни пири беморихо вазнинтар мегузаранд, бинобар ин пешгири ва табобат кардани онхо аз ахамият холи нест.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …