Главная / Илм / ГЕПАТИТИ ВИРУСи

ГЕПАТИТИ ВИРУСи

gepatiti-virusiГЕПАТИТИ ВИРУСи (Hepatitis epidemica; Н. viralis), заъфармаи сирояти, бемории Боткин, бемории сироятиест, ки аз он бештар чигар иллат меёбад. Ангезандаи Г. в. ба таъсири мухит багоят устувор аст. Бино ба маълумоти солхои охир 7 навъи Г. в. вучуд доранд: А, Б, С, D, Е, G ва F.
Гепатити А (бемории Боткин) нисбат ба диг. шаклхои он бештар вомехурад. Ангезандаи онро с. 1937 олим С. Фейстоун кашф кардааст. Хангоми чушондан дар муддати 5 дак. махв мешавад. Дар ситоплазмаи хучайрахои чигар чой мегирад. Манбаи сирояти гепатити А. одами бемор аст. Вирусхо ба воситаи пасафканд хорич мешаванд. Омили асосии сироят аз онхо об, хурок, ашёи рузгор, гохо хун ва алокаи чинси аст. Вируси бемори аз хамрохак намегузарад, бинобар ин ба тифли батн хавф надорад. Гепатити А бемории мавсими буда, дар Точикистон фаслхои тобистон ва тирамох авч мегирад. Асосан кудакони аз 1-сола боло ва чавонон бемор мешаванд.
Гепатити В (гепатити зардоби) дар байни диг. шаклхои гепатитхо 10 – 30 фисадро ташкил медихад. Маълумоти аввалин оид ба ангезандаи он с. 1965 ба даст омадааст. Вируси гепатити В на кислотаи рибонуклеат (РНК), балки кислотаи дезоксирибонуклеат (ДНК) дорад. Ба таъсири мухит устувор аст. Дар харор. 120°С баъди 45 дак., дар 180°С баъди 60 дак. ва дар харор. 60°С баъди 10 соат махв мешавад. Манбаи сироят хомилони вирус мебошанд (онхо дар Точикистон 10%-ро ташкил медиханд). Ангезандаи бемори тавассути хун мегузарад. Такр. 50 фисади беморон дар муассисахои табобати сироят меёбанд. Бемори хусусан дар байни кормандони тиб ва нашъамандон пахн шудааст. Бо рохи алокаи чинси низ интикол меёбад. Аз модар ба тифли батн мегузарад.
Гепатити С солхои 70-уми а. 20 мукаррар карда шуд. Дар чахон хеле густариш ёфтааст. Хусусан дар чумхурихои Осиёи Маркази бештар дучор меояд. Ангезандаи он ба флавовирусхо шабохат дорад. Манбаи сироят беморон мебошанд. Ангезандаи маризи ба воситаи хун интикол меёбад. Бинобир ин имкон дорад, ки нашъамандон, хамчунин маризони гемофилия, патсиентони марказхои гемодиализ, кормандони тиб ва ашхоси бечогард бемор шаванд (онхоро гурухи хавфпазир меноманд).
Гепатити D аз с. 1977 маълум аст. Аввал ангезанда, сипас аломатхои клиникии бемори тавсиф шуданд. Манбаи сироят беморон мебошанд. Интиколи ангезандаи бемори мисли гепатити В аст. Гепатити D дар байни нашъамандон ва беморони гемофилия бештар дучор меояд. Аз модар ба тифли батн хам гузаштанаш мумкин.
Гепатити E-ро гепатити на А ва на В низ меноманд. Дар Хиндустон, Бирма, Алчазоир ва Осиёи Маркази хуручхои обии он ба мушохида расида буданд. Мас., дар вил. уши Чумхурии Киргизистон гепатити Е дар байни диг. шаклхои гепатит 72,7%-ро ташкил мекард. Дар Душанбе дар давраи байни эпидемияхо такрибан 10,8% холатхои гирифтори ба Г. в. ба гепатити Е рост омадааст. Манбаи сироят бемор ва хомилони вирус мебошанд. Ангезандаи маризи бештар ба воситаи об мегузарад.
Гепатитхои F ва G алхол пурра тахкик нашудаанд. Бештар дар мамолики Африка ба мушохида мерасанд.
Вирус дар организми одам 3 – 6 хафта, баъзан то 1 сол маскун бошад хам, ягон аломати Г. в. зохир намегардад (давраи нихони). Бемадори ва хастаги аввалин аломатхои беморианд. Г. в. аксаран беиштихои, талхии дахон, оруг, зардачуши, дилбехузури, кай ва дарди шикамро ба вучуд меорад; бемор дарунрав мешавад. Баъзан сулфа, зуком, дарди сар, дарди мушакхою банду бугум низ аз Г. в. дарак медиханд. Харорати бадан баланд (баъзан то 39 – 400С), ранги пешоб тира ва ба пиво ё чой монанд мешавад. Пасафканд хокистарранг мегардад. Минбаъд пуст ва сафедии чашм ранги зарди сурхтоб пайдо мекунад. Ачаб нест, ки Г. в. ноаён, яъне бидуни заъфарма, бо каме бад шудани авзои умуми чараён гирад. Ин навъи Г. в. хатарнок буда, саривакт ба духтур мурочиат накардан ва дар беморхона хоб нарафтан, боиси тул кашидани бемори, оризахои вазнин ва сироят ёфтани дигарон хохад шуд.
Г. в.-ро факат дар беморхона муолича мекунанд. Бемор агар речаи бистари ва таъиноти духтурро катъи риоя кунад, бо тези сихат мешавад.
Беморони Г. в.-ро аз сар гузаронида бояд ба саломати эътибори чидди диханд. Агар касбу кор ба саломати зарар меоварда бошад, пас чунин одамонро муваккат (мухталашро духтур муайян мекунад) ба кори сабук гузаронидан лозим; онхо бояд 2 сол зери назорати духтур бошанд. Хомилони вирусро ба назорати диспансери мегиранд. Хар шахси Г. в.-ро аз сар гузаронида бояд дар хотир дошта бошад, ки хангоми риоя накардани реча ва пархези таъинкардаи духтур бемори оризахои гуногун (то сиррози чигар) ба бор меорад. Беморон бояд худро аз хастаги, гармо ва сармо эхтиёт намоянд. Иштирок кардан дар мусобикахои спорти ва бардоштани бори вазнин (аз 3 кг зиёд) то як сол манъ аст. Баъди аз беморхона баромадан, 6 – 12 мох пархез кардан зарур мебошад. Зимни пархез истеъмоли нушокихои спиртдор (аз он чумла пиво), консервахо, хуроквории дудхурда, очор, хуроки тунду тез, бирён ва шоколад манъ аст. Истеъмоли хуроки ширию растаниги, навъхои беравгани гушт ва мохи тавсия мешавад.
Барои пешгирии Г. в. беморро хатман дар касалхона бистари намуда, чои зисташро дезинфексия кардан лозим. Парасторони беморро 45 руз ба муоинаи тибби мегиранд. Бо максади пешгирии Г. в.-и кудакон ба онхо гамма-глобулин тазрик мекунанд. Духтурони бунгоххои санитарию эпидемиологи саломатии кормандони муассисахои хуроки умуми, таъмини об, донорхо ва шахсони бо коркарди хун алокамандро назорат мекунанд. Асбобу анчоми тибби бо диккати том тамйиз (стерилизатсия) карда мешавад.
Ад.: Соринсон С.Н., Вирусные гепатиты, М., 1998; Шувалова Е.П., Инфекционные болезни, М., 1999; Камардинов Х.К., Беморихои сирояти, Д., 2000; Камардинов Х.К., Инфекционные и паразитарные болезни, Д., 2009.

О. Х. Хусайнов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …