Главная / Илм / ГЕНОДЕРМАТОЗХО

ГЕНОДЕРМАТОЗХО

genodermatozГЕНОДЕРМАТОЗХО (Genodermatosis; аз юн. genos – пайдоиш ва дерматозхо), беморихои ирсии пуст, ки бинобар мутатсияи генхо (барои инкишоф ва фаъолияти муътадили пуст заруранд) рух менамоянд. Г. метавонанд дар натичаи мутатсияи як ген (Г.-и моногени) ё таъсири мутакобили генхо ва омилхои гуногун ба вучуд оянд (Г.-и гуногуномил). Иллати ирсии пуст дар аснои беморихои хромосоми, мас., синдроми Даун низ ба мушохида мерасад. Г.-и гуногуномил (псориаз, нейродермит ва г.) нисбатан бештар вомехуранд. Онхо бо рохи аутосоми – доминанти, гохо аутосоми – ретсессиви ба мероси мегузаранд.
Г. аксаран баъди таваллуд ё дар моххои аввали хаёти кудак мушохида мешаванд; баъзе Г. (мас., синдроми Вернер) дар калонсолон падид меоянд. Г. метавонанд аз беморихои узвхои дохили низ дарак диханд (синдроми Пейтс – Егерс – Турен). Бисёр Г. тарзи муоличаи босамар надоранд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …