Главная / Илм / ГЕМОГЛОБИНОМЕТРИЯ

ГЕМОГЛОБИНОМЕТРИЯ

gemoglobinometriyaГЕМОГЛОБИНОМЕТРИЯ (аз гемоглобин ва юн. metreo – чен кардан), муайян кардани микдор (консентратсия)-и гемоглобини хун. Г. чанд хел мешавад: колориметри, газометри ва усулхое, ки ба муайян кардани микдори охан дар таркиби хун асос ёфтаанд. Дар амалияи клиники бештар аз усули колориметри истифода мекунанд; он ба кобилияти гемоглобини хун, ки хангоми реаксияхои химияви хосилахои ранга, мас., оксигемоглобин, карбоксигемоглобин, метгемоглобин, гемиглобинсианид ва г. хосил менамояд, асос ёфтааст. Консентратсияи гемоглобини хун бо гемометр муайян карда мешавад. Гемометри ГС-3 аз штативи хурд ибора буда, дар лонахои он пробиркахои ченакдор ва ду пробиркаи кафшершуда, ки махлули рангкардаи стандарти доранд, чой дода шудаанд. Аз чои сузанзадаи пуст хунро бо пипеткаи чанакдор то нишонаи 0,02 (20 мкл) гирифта, охиста ба пробиркаи ченакдори гемометр, ки махлули кислотаи хлорид дорад, мечаконанд; сипас маводро бо каламчаи шишаги омехта карда, пробиркаро ба лонаи гемометр (байни пробиркахое, ки махлули стандарти доранд) мегузоранд. Ба пробиркае, ки махлули санчиши дорад, то хамранг шудани махлулхои он бо махлули стандарти оби тактири (дистилятсияви) мечаконанд. Аз руи ченаки пробирка сатхи махлул, ки ба консентратсияи гемоглобин мувофик аст, мукаррар карда мешавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …