Главная / Илм / ГЕМАТУРИЯ

ГЕМАТУРИЯ

gematuriyaГЕМАТУРИЯ (аз гем… ва uron – пешоб), бо пешоб хорич шудани хун; хунпешоби. Агар дар таркиби пешоб хунро бо чашм дидан мумкин бошад, пас онро макрогематурия меноманд; дар мавриди дар зери микроскоп ба мушохида расидани эритроситхо сухан аз боби микрогематурия меравад. Г. аломати бисёр беморихои рохи пешоб аст, мас., омос ва сили гурдахо, пиелонефрит, бемории санги пешоб, систити хунрез, омоси пешобдон (масона) ва г. Г. хамчунин метавонад нишонаи ихтилоли лахтабандии хун хангоми беморихои чигар, хун, зангила ва зиёд кардани вояи антикоагулянтхо бошад. Бо максади дуруст ташхис кардани Г. тахлили сечандаи пешоб кумак мерасонад (пешоби беморро аз аввал, мобайн ва охир дар се истакон мегиранд). Дар истакони якум ба мушохида расидани пешоби хунолуд (макрогематурия) аломати осеби пешоброха аст (мас., зарбу лат хурдан, полип, саратон, сузок, сифилис ва г.). Мавчуд будани хун факат дар истакони охирин (Г.-и терминали) аз иллати кисми акиби пешоброха, гарданаи пешобдон (ниг. Систит), гадуди зермасона (ниг. Простатит), хубобчахои мани далолат мекунад. Дар хар се истакон вучуд доштани хун (Г.-и тотали) мумкин аст дар мавриди беморихои пешобдон, чомчахо ва паренхимаи гурда мушохида шавад.
Дар хар сурати Г. маризро бетаъхир ба назди духтури уролог фиристодан лозим аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …